Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ҲАМКОРИИ ҶТ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 1993 ба узвияти Хазинаи Байналмиллалии Асъор пазируфта шуд. Тоҷикистонро Шўрои иҷроияи ХБА Швейтсария намояндаги менамояд, ки айни ҳол директории онро ҷаноби Мишел Чипо ба ўҳда дорад.Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 1993 ба узвияти Хазинаи Байналмиллалии Асъор пазируфта шуд. Тоҷикистонро Шўрои иҷроияи ХБА Швейтсария намояндаги менамояд, ки айни ҳол директории онро ҷаноби Мишел Чипо ба ўҳда дорад.
Квотаи Тоҷикистон дар ХБА 60 млн. СДР (тақрибан 80 млн. доллари ШМА)- ро ташкил менамояд . Ин маблағ дар маҷмўи ҳаҷми квотаҳои ХБА 0,4 фоизро ташкил менамояд. Мувофиқи талаботи Оинномаи ХБА вобаста ба маблағи пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои аъзоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон 0,06 % ташкил менамояд.
Вобаста ба вазъи сиёсии Тоҷикистон гуфтушунидҳо оид ба ҳамкории байни ХБА ва Тоҷикистон зиёда аз ду сол тўл кашид.
Муносибатҳои дутарафаи муфиди Тоҷикистону ХБА аз рўзҳои аввали соли 1995 оғоз ёфтанд. Дар ин сол Тоҷикистон бо кўмаки ХБА асъори миллии худро ба муомилот баровард. Ҳамчунин ҷиҳати ҳамоҳангсозии барномаҳои иқтисодӣ гуфтушунидҳои муфид баргузор гардиданд.
Моҳи ноябри соли 1995 дар шаҳри Душанбе намояндагии ХБА ифтитоҳ ёфт, ки он ба Тоҷикистон имконият медихад, ки ҳамкориро бо ХБА боз ҳам зичтар намояд. Аз моҳи ноябри ҳамон сол ҷаноби Стивен Гилмор намояндаи доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Бо мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ХБА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи иқтисодии соли 1996-ро ҳамоҳанг сохта, моҳи майи ҳамон сол дар доираи механизми «Стэнд – бай» барои Тоҷикистон 15 млн. СДР (22 млн. доллари ШМА) ҷудо намуд. Бо пешниҳоди роҳбарияти ХБА Бонки Ҷаҳонӣ моҳи сентябри соли 1995 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи реабилитатсионӣ (барқарорсозӣ) дар ҳаҷми 50 млн. доллари ШМА ҷудо намуд. Ин қарзҳо натиҷаҳои хеле назаррас доданд. Соли 1996 Бонки Миллии Тоҷикистон дар масъалаҳои нигоҳ доштани устувории қурби рубли тоҷикӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт. То андозае пеши роҳи беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон дар соли 1996 гирифта шуд. Агар дар 7 моҳи соли 1995 баъд аз муомилот баровардани асъори миллҳ (рубли тоҷикӣ) беқурбшавии пул 98,4 % -ро ташкил намуда бошад, пас соли 1996 дар натиҷаи бурдани сиёсати қатъии зидди таваррум ин нишондиҳанда то ба 40,5% кам карда шуд. Қурби табдил (300 рубл ба 1 доллари ШМА) дар тўли сол дар як сатҳ нигоҳ дошта шуд, ки он аз беҳшавии вазъи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медод. Мавқеи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳ гардид. Маоши кормандони буҷетӣ афзуд. Дар Тоҷикистон фурўши мунтазами асъори хориҷӣ дар бирҷаи тозаифтитоҳ ёфтаи асъори хориҷӣ оғоз гардид. Дар соли 1996 бо мақсади нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ тавассути ин биржа 58,6 млн.доллари ШМА фурўхта шуд.
Моҳи июни соли 1997 директор – иҷрокунандаи ХБА Даниэл Кэйзер ба Душанбе омад. E зимни вохўрию сўҳбатҳояш бо Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар роҳбарони як қатор вазоратҳо боварӣ ҳосил кард, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон бомувафаққият идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шартҳои ХБА ва Бонки ҷаониро қариб пурра иҷро намудааст. Дар натиҷаи ин сафар бо мақсади беҳ намудани вазъи молиявии Тоҷикистон барномаи нави муштараки Тоҷикистону ХБА ба имзо расид.
Бо таклифи роҳбарияти ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон 1-октябри соли 1997 ба шаҳри Вашингтон ШМА боздид намуд. Э.Раҳмон бо роҳбарони ХБА ва Бонки ҷаҳони вохўрда, вобаста ба густариши муносибатҳои дуҷониба сўҳбатҳои самимию манфиатбахш оростанд. Дар вохўрӣ масъалаҳои сари вақт амалӣ сохтани барномаҳои расонидани кўмакҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисоди дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсус қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ҳанўз ҳам ба кўмакҳои иқтисодии беғаразона ниёз дорад. Роҳбарияти ХБА ваъда дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда бо мақсади ҷалби сармояи хориҷи ва тезонидани кўмакҳои иқтисодӣ кўшиш менамояд, ки моҳи ноябр таҳти роҳбарии СММ конференсияи махсусро вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки бо назардошти фаъолияти гурўҳҳои намояндагони ХБА дар Тоҷикистон охири соли 1997 дар Душанбе барномаи ислоҳоти иқтисоди барои солҳои минбаъда дақиқ карда мешавад.
Моҳи ноябри соли 1997 бо мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои дар Вашингтон ба имзорасида миссияи ХБА бо сарварии ҷаноби Тапио Савалайнен ба Душанбе омад. Намояндагон чанд рўз дар вазорату идораҳо ва Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти идораҳои марбутаро омeхта, бо мақсади мустаҳкам намудани вазъи пулию молияви созишномаҳоро оид ба додани қарзҳои навбати ба имзо расониданд.
Бо мақсади мўътадил гардонидани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ХБА ду қарзи дигарро дар дораи кўмаки фавқулоддаи давраи баъдиҷанги ҷудо намуд. Қисми аввали қарз дар ҳаҷми 7,5 млн. СДР – 19 декабри соли 1997 ва қисми дуюми он дар ҳаҷми 7,5 млн. СДР – 1 апрели соли 1998 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд. Аз моҳи майи соли 1998 сар карда байни Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагии ХБА дар шаҳри Душанбе муҳокимаи барномаи сесолаи кўмакҳои иқтисодӣ аз ҳисоби захираҳои ХБА дар доираи барномаи ЕСАФ шурeъ шуд.
ХБА дар баробари ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Ҷмҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла барои хароҷоти давлатӣ, андоз ва соҳаҳои гумрук, сиёсати пулию молиявӣ, ташкилотҳои системаи бонкӣ, оморӣ кўмакҳои техникии худро расонидааст.
Барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди ояндаи иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дошта, барои беҳтар сохтани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст гардонидани сатҳи инфлятсия, муваффақ гаштан ба арзиши ҳақиқии ММД мусоидат мекунад.
Бояд қайд намуд, ки барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 1998 – 2002 аз ҷониби Шўрои директорони ХБА пазируфта шуд.
Таҳияи ин барномаи муҳим бо ташаббуси Президенти кишвар Э.Раҳмон шурўъ шуд. Ё шахсан чандин маротиба бо роҳбарону намояндагони ХБА, Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари молиявии байналмиллалии дунё ҳамсўҳбат гашта, борҳо ба Вашингтон, Париҷ, Вена, Токио ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳои ҷаҳон сафар намуда, роҳбарияти созмонҳои молиявии байналмиллалиро бовар кунонд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри азнавсозии иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисоди бозорӣ роҳи дурустро пеш гирифтааст.
29 майи соли 1998 директор – иҷрокунандаи ХБА ҷаноби Мишел Камдессю бо сафари дурўзаи расмии худ аз ш. Душанбе боздид намуд. Фаъолияти кории худро дар Душанбе аз гуфтушунид бо роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов шурўъ кард. Дар натиҷаи мулоқот Мишел Кандессю аз рафти татбиқи ислоҳот изҳори қаноатмандӣ баён намуда, қайд кард, ки самти пешгирифтаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президент Э.Раҳмон ба ў дар рушди ҳамкории минбаъда боварии қатъӣ мебахшад.
29 майи соли 1998 байни Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ва Директор – иҷрокунандаи ХБА гуфтушуниди самимӣ баргузор гардид. Дар рафти сўҳбат Президенти Тоҷикистон барои кeмакҳои зиёди ХБА баҳри рушду густариш ва дастгирии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҷаноби М. Камдессю изҳори сипосгузорӣ баён намуд.
Дар рафти вохўри Директор – иҷрокунандаи ХБА М. Камдессю изҳори қаноатманди кард, ки Тоҷикистон баҳри азнавсозии иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисоди бозорӣ дар марҳилаи аввали давраи осоишта роҳи дурустро пеш гирифтааст. E барои чораҳои андешидаи ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, ки баҳри иҷрои барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар кишвар шароидҳои мусоид фароҳам меоварданд, баҳои мусбӣ дод.
Директор – иҷрокунандаи ХБА М. Камдессю изҳор намуд, ки ба Тоҷикистон дар доираи механизми маблағгузории васеи «ИСАФ» барои дастгирии молиявии раванди иҷрои барномаи сесолаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ кардани ислоҳоти иқтисодӣ қариб 130 млн. доллари ШМА қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ё инчунин тазаккур дод, ки ин иқдоми ХБА барои сохторҳои дигари байналмиллалӣ ва кишварҳои донор ҳамчун нақшаи ба худ хоси гузариш аз мавқеи нигаронӣ ба мавқеи фаъоли дастгирии иқтисодии Тоҷикистон дар ин давра гардад. Муқаррар карда шуд, ки пешравӣ баҳри иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ яке аз усулҳои беҳтарини мустаҳкамшавӣ ва густариши раванди сулҳ дар ҷумҳурӣ мегардад. Бо хоҳиши ҷаноби М.Камдессю Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон доир ба рафт ва имкониятҳои иҷрои созишномаи умумӣ доир ба раванди сулҳ дар кишвар иттилооти муфассал дод.
Дар рафти вохўри инчунин масъалаҳои доир ба усулҳои мусоидати ХБА барои бартараф намудани оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Соли 1998 ХБА ба кишвари мо 49 млн. доллари ШМА ҷудо кард, ки аз ин 40 млн. доллари ШМА барои тақвияти қурби асъори милли, зиёд намудани захираи асъори Бонки миллии Тоҷикистон, 9 млн. барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Вазорати молия пешниҳод карда шудаанд .
Бо кўмаки ХБА дар курсҳои таълимӣ ва семинарҳои соҳаи макроиқтисоди, молиявӣ, андозу буҷет ва мавзўъҳои омории Институти муттаҳидаи Вена 79 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Кормандони масъули намояндагии ХБА дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади риояи нишондиҳандаҳои мақсадноки барномаи тасдиқшуда аз ҳукумати Тоҷикистон талаботи ворид намудани кори ҳисобгирии ҳаррўза ва ҳарҳафтаинаи бақияҳо ва ҳаракати захираҳои байналмиллалии Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои дигари ваколатдори Ҷумхурии Тоҷикистонро талаб намуданд. Дар баробари ин бо назардошти талаботи Ҳукумат ба Ҷумхурии Тоҷикистон барои расонидани ёрӣ ХБА 24 июни соли 1998 18 млн. СДР ва 30 декабри соли 1998 – 22,3 млн. СДР қарз xудо намуд.
Бо кўмаку дастгирии ХБА Ҳукумати Xумхурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2000 дуюмин маротиба бо мақсади минбаъд баланд бардоштани самаранокии низоми пулӣ устувори ва нақши он дар рушди иқтисодиёти мамлакат пули миллии Сомониро ба муомилот баровард. Қарори қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 аз 26 октябри соли 2000 «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии Сомонӣ» муовини мудири маъмурии ХБА Эдуардо Анинат шарҳ дода қайд намуд: «Иштироки Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодии ҷори омили муҳимест, дар тасмими Шўрои Иҷроия нисбати дастгирии Барномаи иқтисодии Тоҷикистон мувофиқи Барномаи «Қарз барои паст намудани сатҳӣ камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ» хеле муфит мебошад».

Стратегия рушди иытисодиёти миллии Жумьурии Тожикистон. Душанбе, 2010 – С 21.
Международное сотрудничества и содействие. М. 2000 – с. 102


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.