Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ ФАРОМИЛЛАЛӢ

Корпоратсияҳои трансмиллӣ иштироккунандагони фаъоли тақсимоти байналхалқии меҳнат ба ҳисоб мераванд ва ба инкишофёбии он таъсир мерасонанд. Ҳаракати сармояҳои корпоратсияҳои трансмиллӣ одатан аз равандҳое, ки дар мамлакати пайдошавии (базавӣ) корпоратсия ба вуҷуд меоянд, новобастаанд.Корпоратсияҳои трансмиллӣ иштироккунандагони фаъоли тақсимоти байналхалқии меҳнат ба ҳисоб мераванд ва ба инкишофёбии он таъсир мерасонанд. Ҳаракати сармояҳои корпоратсияҳои трансмиллӣ одатан аз равандҳое, ки дар мамлакати пайдошавии (базавӣ) корпоратсия ба вуҷуд меоянд, новобастаанд. Корпоратсияҳои трансмиллӣ системаи истеҳсолоти байналхалқиро, ки дар xой ба xойкунии филиалҳо, ширкатҳои фаръӣ, шўъбаҳо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон асос ёфтаанд, муайян мекунанд. Онҳо ба соҳаҳои истеҳсолоти технологияи баланддошта, илмталаб, ки кадоме сармоягузориҳои калон ва коргарони баландихтисосро талаб мекунанд, дохил мешаванд. Дар ин ҳолат тамоюл ба монополизатсиякунонии ин соҳаҳо аз тарафи корпоратсияҳои трансмиллӣ аниқ дида мешавад.
Хусусияти мавxудияти фаъолияти ширкатҳои байналхалқӣ ин диверсификатсияи истеҳсолот ва хадамоти онҳо ба ҳисоб меравад. Масалан, консерни автомобилии шведии “Волво” на танҳо автомобилҳо, ки дар тамоми ҷаҳон машҳуранд, истеҳсол мекунанд. Ин корпоратсияи трансмиллӣ, кадоме зиёда аз 30 ширкатҳои фаръии (духтарӣ) калон, ки дар соҳаҳои гуногун дар Шветсия фаъолият мебаранд ва даҳҳо филиалҳо дар хориҷа доранд, муҳаррики дарунсeз барои киштиҳои баҳрӣ муҳаррикҳо барои тайёраҳо, маҳсулоти хўрокворӣ ва ҳатто пиво (“Приппс”) истеҳсол мекунанд. Дар навбати худ ҳар яке аз 50 корпоратсияҳои трансмиллии калони ШМА ба ҳисоби миёна корхонаҳое, ки дар ёздаҳ соҳа фаъолият мебаранд, дорад ва баъзе аз онҳо то 30-50 соҳаро дар бар мегиранд. Дар гурeҳи 100 ширкати саноатии пешсафи Англия 96-тоаш бисёрсоҳа ба ҳисоб мераванд, дар Олмон – 78, дар Фаронса – 84, дар Италия – 90. Шумора ва хусусияте, ки ба корпоратсияҳои трансмиллӣ дохил мешаванд, корхонаҳоро асосан аз рeи ба мақсади иқтисодӣ мувофиқ омадани онҳо муайян мекунад.
Базаи истеҳсолии пуриқтидорро соҳиб буда, корпоратсияҳои трансмиллӣ чунин сиёсати истеҳсолӣ- тиxоратиро мегузаронад, ки кадоме ба нақшагирии самараноки истеҳсолот, бозори молиро таъмин мекунад. Банақшагирӣ дар чорчўбаи ширкати модарӣ (базавӣ) амалӣ гардонида ва ба ширкатҳои фаръӣ (духтарӣ) паҳн карда мешавад.
Аз тарафи корпоратсияҳои трансмиллӣ сиёсати мувозинат дар соҳаи сармоягузорӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналхалқӣ гузаронида мешавад.
Ба сифати мисоли аниқи пайдошавӣ ва инкишофёбии корпоратсияҳои байналхалқӣ корпоратсияҳои трансмиллии “Электролюкс”-ро овардан мумкин аст, ки вай 25% бозор xаҳонии асбобҳои электрикии хонагиро ба дасти худ гирифтааст. Дар натиҷаи муттаҳидшавии ду ширкати шведӣ “Электролюкс” соли 1912 пайдо шудааст. “Электролюкс” аллакай дар охири солҳои 20-уми асри ХХ ба бозори Австралия ва Зеландияи нав баромад ва дар он xо истеҳсолоти худро ташкил кард. Дар даҳсолаҳои охир “Электролюкс” ширкати “Уайт Консалидейтед”-ро ,ки дар ШМА xои сеюмро ҳамчун истеҳсолкунандаи техникаи хонагӣ дар зери тамғаи “Вестингауз”, “Гибсон” ва ғайра баромад мекунад, “Занусси”-ро, ки истеҳсолкунандаи калони молҳои электрикӣ дар Итолиё ва дар тамоми Аврупои Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад ва инчунин “АЕГ” – истеҳсолкунандаи асосии молҳои электрикӣ дар Олмон ба ҳисоб меравад, аз они худ намуд.
Баъд аз муттаҳид намудани ин се ширкат “Электролюкс” ба пешсафи ҷаҳонии соҳавӣ табдил ёфт, кадоме системаи инкишофёфтаи истеҳсолӣ, фурeш ва хадамоти электроникаи хонагиро дар 75 мамлакати ҷаҳон дорост. Дар нимаи солҳои 90-уми асри ХХ дар корхонаҳои ин корпоратсияҳои трансмиллӣ зиёда аз 110 ҳазор одамон кор мекарданд ва гардиши солонаи он дар соли 1994 – 16 млрд. долларро ташкил мекард.
Фаъолияти худро васеъ гардонида корпоратсияҳои трансмиллӣ шаклҳои гуногуни омeзиши бозори ҷаҳониро истифода мебаранд. Ин шаклҳо дар дараҷаи муайян дар муносибатҳои созишномавӣ асос меёбанд ва бо иштирок дар сармояи саҳҳомии дигар ширкатҳо вобастагӣ надоранд.
Ба шумораи чунин шаклҳои фаъолиятбарии корпоратсияҳои трансмиллӣ одатан дохил карда мешаванд:

ҷувозномадиҳӣ;
франчайзинг;
созишномаҳои идоракунҳ;
расонидани хадамотҳои техникӣ ва маркетингӣ;
супоридани корхона бо шартномаи “калидӣ”;
шартномаҳо оиди созмон додани корхонҳои муштарак ва созишнома оид ба амалигардонии амалиётҳои алоҳида, ки мўҳлати маҳдуд доранд.
Дар амал аниқ xудо намудани ин ё он шакли фаъолияти корпоратсияҳои трансмиллӣ бисёр ҳам мушкил аст. Онҳо ғайриxудогона истифода мешаванд ва одатан бо ҳамдигар печдарпечанд. Бисёри вақт онҳо ба сармоягузории хориҷии анъанавӣ алтернатива шуда наметавонанд ва фақат онро пурра мекунанд.
Хусусияти муҳими инкишофёбии ин шаклҳо аз он иборат аст, ки онҳо дар дараҷаи муайян дар муносибати байни худи корпоратсияҳои байналхалқӣ истифода бурда мешаванд ва шиддатнокшавии самтҳои мақсадноки тамоюлро инъикос мекунанд.
Асосан созишномаи xувозномавӣ васеъ паҳн шудааст. Соли 1990 ҳаxми созишномаҳои xувозномавии корпоратсияҳои трансмиллӣ нишондиҳандаи соли 1970 – ро қариб 10 маротиба гузаронид.
Созишномаи ҷувозномавӣ ин шартномаи ҳуқуқӣ мебошад, ки аз рўи кадоме xувозномадиҳанда ба xувозномагиранда ҳуқуқи муайянро дар мўҳлати муайян ва бар ивази мукофотпулии муайян медиҳад. Додани xувознома ҳам аз рўи шартномаи дохилифирмавии корпоратсияҳои трансмиллӣ ва ҳам аз рўи каналҳои берунаи додани технология амалӣ карда мешавад.
Шакли махсуси созишномаи xувозномавӣ ин франчайзинг мебошад (франшиза).
Франчайзинг – ин созишномаи xувозномавие, ки дар мўҳлати дурудароз ҳисоб карда шудааст. Дар ин ҳолат “франчайзер” ба “ширкати – мизоxон” ҳуқуқи муайянро пешкаш мекунад. Ин ҳуқуқҳо инҳоро дар бар мегиранд: истифодабарии тамғаи савдо ё ин ки номгўи ширкат, инчунин хизматрасонӣ оид ба ёрии техникӣ, баланд бардоштани ихтисоснокии қувваи корӣ, савдо ва идоракунӣ бар ивази маблағи муайян.
Аз охирҳои солҳои 80 – уми асри ХХ чунин шакли фаъолияти корпоратсияҳои трансмиллӣ ба монанди хадамоти идоракунӣ ва маркетингӣ машҳур шуда истодааст. Шартнома оид ба пешкаш намудани хадамоти идоракунӣ ин созишномае мебошад, ки аз рўи кадоме назорати фаврии корхона, ё ин ки фазаҳои фаъолияти он ба дигар корхона бар ивази мукофотпулии муайян пешкаш карда мешавад. Вазифаҳое, ки аз тарафи корхона оид ба созишнома иҷро карда мешаванд, метавонанд идоракунии истеҳсолотро, аз он ҷумла ўҳдадорӣ оид ба нуқтаи назари техникӣ ва муҳандисии истеҳсолотро дар бар гирад; идоракунии кадрҳо аз он ҷумла таъинкунӣ ва озодкунии хориxиён ва омeзонидани қувваи кории маҳаллӣ; хариди техника ва ашё; маркетинг ва идоракунии молиявӣ.
Аз рўи шартнома оид ба расонидани ёрии техникӣ корпоратсияҳои трансмиллӣ хадамоти техникиро амалӣ мегардонад, ки кадоме муносибатро ба ягон хел нуқтаи назари махсуси фаъолияти ҳамин ширкат дорад. Одатан, чунин шартномаҳо бо таъмиркунии мошинаҳо, маслиҳат оид ба истифодабарии “ноу-хау”, бартараф намудани авария ва назорат аз болои сифат вобастаанд.
Паҳншавии васеъро шартномаҳо оиди супоридани завод зери калид гирифтаанд. Дар ин ҳолат корпоратсияҳои трансмиллӣ ба худ ўхдадориро оид ба амалӣ гардонидани тамоми намудҳои фаъолият (ё ин ки қисми зиёд), ки кадоме барои ба нақшагирӣ, ё ин ки сохтмони объекти муайян лозим аст, мегирад.
Умуман, тамоюли истифодабарии шаклҳои гуногуни фаъолияти корпоратсияҳои трансмиллӣ ҳамчун раванди интернасионализатсияи сармоя ва истеҳсолот инкишоф ёфта истодааст ва шаклҳо ва равияҳои навро инъикос мекунад.
Яке аз шаклҳои навтарини забткунии бозорҳои байналхалқӣ аз тарафи корпоратсияҳои байналхалқӣ ин аз тарафи онҳо дар хориҷа ташкил намудани ширкатҳои сармоягузори махсус мебошад. Вазифаи ин сохторҳо сармоягузорӣ ба корхонаҳои фаръӣ (духтарӣ) ва шарикии корпоратсияҳои трансмиллӣ барои ҳавасмандкунии ҳаракати маҳсулоти онҳо дар бозорҳои минтақавӣ мебошад. Алалхусус, чунин равияро ширкатҳои калони байналхалқӣ оид ба фурўши нўшокиҳои ғайриалкаголӣ “Пепси-кола” ва “Кока-кола” дар Африка, истифода мебаранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.