Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ТАЪМИНИ АХБОРОТИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Гузаронидани тадқиқотҳо дар соҳаҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ бе истифодаи ахборотҳои мувофиқ имконнопазиранд. Бинобар он, ҷамъоварӣ, интихоб ва таснифи (классификатсияи) ахборотҳо кори хеле муҳим мебошад.Намудҳои асосии иттилооти иқтисодӣ
Ташкили омори байналхалқӣ
Сарчашмаҳои иттилооти муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ
1. Намудҳои асосии иттилооти иқтисодӣ
Гузаронидани тадқиқотҳо дар соҳаҳои муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ бе истифодаи ахборотҳои мувофиқ имконнопазиранд. Бинобар он, ҷамъоварӣ, интихоб ва таснифи (классификатсияи) ахборотҳо кори хеле муҳим мебошад.
Таҳлили дуруст ва пурраи масоили муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва пешбинӣ намудани вазъият ча фақат баҳисобгирии омилҳои соф иқтисодӣ, балки баҳисобгирии дигар омилҳои мустақим, гайримустақим таъсиррасонро тақозо менамояд. Ин омилҳо шароитҳои географ, муҳити сиёсӣ ва қонунгузорӣ, хусусиятҳои пешрафти иҷтимоӣ-маданӣ ва ғайра ба ҳисоб мераванд.
Иттилоот барои гузаронидани таҳлили ин ё он масоил ё таҳлили ҳолат ва вазъи иқтисодӣ пешбинӣ карда мешавад. Одатан се намуди онро ҷудо мекунанд: умумӣ; бухгалтерӣ; фаврӣ (оперативӣ).
Ахбороти умумӣ вазъи умумӣ, ҳолат ва рушди хоҷагии миллиро нишон дода, рафту ҳолатҳои иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат (ё қисми мамлакат)-ро нишон медиҳад. Дар ин асно методҳои махсуси назорат ва таҳлили ҳодисаҳои бешуморро истифода мебаранд.
Ҳисоби бухгалтерӣ бошад, аз тарзи ифодакунии воситаҳои корхона ва ташкилот, вобаста ба ҳолат, ҷойгиршавӣ, истифода ва сарчашмаи пайдоиши ин воситаҳо иборат аст.
Ахбороти фаврӣ маълумоти зарурӣ барои фаъолияти ҷорӣ, барои қабули қарори фаврӣ мебошад. Нишондиҳандаҳои омории расмӣ, маълумотҳои нашрнашуда, ки натиҷаи назорати бевосита, таҷрибаи шахсӣ, озйоишҳои гуногун мебошанд, ахбороти расмӣ ҳисобида мешаванд.
Тадқиқотҳо дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ то рафт симои глобалӣ гирифта, ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ такя карданро тақозо менамоянд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаи асосии ахборот омор ба ҳисоб меравад. Ин асно маълумотҳои тайёри расмии омориро истифода мебаранд, ки онҳо тавассути тадқиқотҳои мушаххаси омории ягон субъекти муайян ба даст оварда мешаванд. Ҳама гуна тадқиқотҳои оморӣ бо ҳодисаҳои зиёд вобаста буда, таҳти таҳлил қарор гирифта объектро аз нигоҳи микдорӣ тадқиқ намуда, илму амалияро бо далелҳои дониш оиди ба объекти тадқиқот ғани гардонда, барои таҳлили назариявӣ маълумотҳо муҳаё менамоянд.
Ахбороти оморӣ дар маълумотномаҳои махсуси ташкилотҳои омории байналмиллалӣ, миллӣ, ташкилот расмию тахассусӣ андӯхта нашр карда мешаванд, ва дастраси аҳолии ҷаҳониён гардонда мешаванд.
2. Ташкили омори байналхалқӣ
Ба кори ташкил намудани омори байналхалқӣ бори нахуст гурӯҳи оморчиёни аврупоӣ шуғл варзидаанд (соли 1853). Онҳо таклиф намуданд, ки Конгреси Байналхалқии Оморӣ таъсис дода шавад. Ҳадафи онро, дар асоси илмӣ, тартибдодани усули (методи) ягонаи қоидаҳо ва барномаи якхелаи корҳои якҷоя тасаввур мекарданд. Минбаъд тибқи форуми байналхалқӣ Институти байналхалқии оморӣ (ИБО) дар еоли 1985 таъсис дода шуд. Мувофиқи Оиннома вазифаи асосии ИБО рушд ва такмили усулҳои оморӣ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон иборат буд. ИБО роҳҳои бадастоварии нишондиҳандаҳои омории муқоиса-шавандаро, тибқи коркарди методҳои якхелаи ҳисобкунии онҳо ва тартиб додани таснифи умумиэътирофнамудаи чунин нишондиҳандаҳо барои соҳаҳои мухталифи оморӣ, роҳи инкишоф додани мубодилаи ақидаҳо байни кормандони соҳаҳои имлу амалияи оморӣ ва ташкилотҳои омориро пеша намудааст.
ИБО ҳамчун ташкилоти байналхалқии алоҳида дар назди СММ ҳуқуқи консултативӣ дошта, ба системаи муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ шомил нест, вале дар кори Комиссияи омории СММ иштироки доимӣ дорад ва аъзои он намебошад. Фаъолияти амалии ИБО-ро мақомоти иҷрояи он -Бюрои доимии дар шаҳри Воорбурги Нидерландия воқеъ буда идора мекунад.
Дар механизми ҳозираи омори байналхалқӣ тақсимоти махсуси меҳнат мушоҳида карда мешавад. Як гурӯҳи ташкилотҳои оморӣ методологияи оморӣ, барномаи мушоҳидаро кор карда баромада, бевосита ба ҷамъоварӣ, коркардабароӣ ва нашри маълумотҳои оморӣ машгул мебошанд. Ба типи якуми ташкилот пештара Конгресси байналхалқии омориро дохил кардаанд, ки ҳоло ҳамчун Институти Байналхалқии Оморӣ амал мекунад. Ба типи дуюм – дастгоҳи омории СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда ва хизмати омории ташкилотҳои зиёди байналхалқӣ мансубанд.
Фаъолияти амалии асосиро дар ҷодаи омори байналхалқӣ хадамоти тахассусии СММ ба амал мебарорад^ ки қисми зиёди кор ба души Комиссияи оморӣ ва Бюрои омории Котиботи СММ вогузошта мешавад.
Комиссияи омории СММ (соли 1946) яке аз комиссияҳои вазифагии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС) буда, вай фаъолияти тамоми зерсистемаҳои СММ-ро оид ба соҳаи омор равона ва назорат мекунад. Ҳадафи кори Комиссияи оморӣ дар:
таҳлили таҷрибаи мамлакатҳои алоҳида оид ба методологияи оморӣ;
беҳтар намудани маълумотҳои муқоисавӣ ва тартиб додани стандартҳои байналхалқӣ;
дар омори байналхалқӣ истифода бурдани мошинҳои электронии ҳисоббарор ва вусъат додани системаи ҳамҷояи ҷамъоварӣ ва коркардабароиӣ ахбороти байналхалқӣ;
андешидани чораҳо оиди ёрӣ расонидан ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дар соҳаи пешрафти омори миллӣ ва ғайра тасаввур карда мешавад. Ҳадафи (мақсади) охирини Комиссияи оморӣ бадастории системаи ягонаи ахборот, коркардабароӣ ва паҳн намудани ахбороти омории байналхалқӣ ба ташкилоту муассисаҳои СММ. Вазифаҳои Бюрои омории Котиботи СММ чунинанд:
тайёр намудани тамоми чорабиниҳо баҳри сессияи Комиссияи оморӣ;
тайёр ва то охир коркарда баромадани маърӯзаҳои методологӣ ва таҳлили хулосаҳои мамлакатҳо ва ташкилотҳои гуногун оид ба масъалаҳои оморӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил, нашркунӣ ва азнавкунии маълумотҳои омории аз мамлакатҳои аъзо ва муассисаҳои тахасеуси СММ ҷамъоварда шуда;
беҳтар намудани муқоисашавандагии маълумотҳо бо роҳи ташкили тадқиқотҳо ва ҳисобкуниҳои иловагӣ;
координатсиякунии фаъолияти омории СММ, муассисаҳои махсусгардонидашуда, ташкилотҳои омории миллй ва иқтисодии байналх&лқӣ;
кўмакрасонӣ барои вусъат ва инкшофи соҳаи омор дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, тайёр намудани маълумотҳои зарурӣ ва хизматрасонӣ ба сессияи оморӣ ва ғайра.
Бюрои оморӣ аз шаш қисм иборат буда, ҳар яке аз онҳо доираи вазифаҳои мушаххаси ахборотӣ, вазифагӣ, техниқиро ҳал намуда, нашрияҳои мувофиқи рақамию методологиро тайёр менамояд.

3. Сарчашмаҳои ахбороти муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ
Ахбороти иқтисодӣ дар нашрияҳои ташкилотҳои омории миллию байналхалқӣ, бюлеттенҳо, маҷалаҳо ва ғайраҳо мавҷуд буда, онҳо дараҷаи гуногуни пай дар пай нашршавӣ доранд.
Нашриёти институти омори байналхалқӣ, Нашрияи асосии он дар шакли бюлеттен буда, аз соли 1933 инҷониб ҳар квартал аз чоп мебарояд. Институт маълумотҳои сессияҳои навбатии ИБО-ро ба чоп омода намуда, баромадҳоро оид ба проблемаҳои алоҳида нашр менамояд. Аз соли 1994 сар карда, ИБО бо ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ Обзори ҳарсолаи омори байналхалқиро нашр менамоянд. Нашри нави Луғати ибораҳои омориро бо 14 забон омодаи чоп намудаанд.
Нашриётҳои омории СММ. Асосан нашриёти симои умумииқтисодӣ дошта мебошанд: маъмулотҳои солона – аз соли 1949 инҷониб чоп карда мешаванд (бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ) ва маълумотҳои хеле зиёди самти иқтисодию иҷтимоӣ доштаро дар бар мегирад (оид ба аҳолӣ, қувваи корӣ, истеҳсолоти кишоварзӣ, саноати истихроҷу маснуот, сохтмон, соҳаи энергетикӣ, сӯзишворӣ, савдои дохилию берунӣ, нақлиёту алоқа, истеъмол, баланси пардохт, музди кор, тандурустӣ, комплекси истиқоматӣ, маориф, илм, маданият).
Бюлеттени моҳонаи оморӣ. Ин нашрия ғайр аз маълумотҳои моҳона (барои 18 моҳ), маълумотҳои кварталӣ ва солонаро (барои 7-8 сол) низ чоп мекунад. Аз соли 1946 бо забонҳои англисию фаронсавӣ чоп мешавад. Дар он маълумотҳо оид ба вазъи демографӣ, сиёсати меҳнатии давлатҳо, истеҳсоли махсулоти саноатӣ, савдои берунаю дохилӣ, рушди нақлиёт, вазъи иҷтимоӣ ва ғайра дарҷ карда мешаванд.
Маълумотҳои солонаи оморӣ аз рӯи ҳисобкуниҳои миллӣ аз соли 1953 то инҷониб бо забони англисӣ таи чандин ҷилдҳо чоп карда шудаанд. Дар яке аз ҷилдҳои аввал маълумот оиди асъори миллии беш аз 200 мамлакату қаламрави онҳо; нишондиҳандаҳо оиди истифодаи МУМ, даромади миллӣ, тақсимоти МММ аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт, захираҳо ва истифодаи молу, тақсими омилии даромад аз истеҳсолоти дохилӣ, хароҷоти дастгоҳи давлатӣ, хароҷотҳои шахсӣ, ташкилёбии сармояи асосӣ, амалиётҳои ҷорӣ (даромаду хароҷот), амалиёт бо сармояи ҷамъият, институтҳо, муассисаҳои давлатй ва хоҷагиҳои хусусӣ, амалиёти хориҷӣ нашр карда мешаванд.
Баъзе нашрнётҳои махсусгардонидашуда. Ба ин гурӯҳ асосан маҷмуаи солонаи демографӣ, маълумотномаи тиҷорати хориҷӣ, маълумотномаи омории моли Савдои ҷаҳонӣ (замима) ва ғайра мансубанд.
Комиссияҳои минтақавии дар доираи ЭКОСОС амалкунанда нашриётҳои омории худро доро буда, дар онҳо маълумотҳои васеъро оиди вазъи иқтисодии мамлакатҳои минтақаи худ нашр менамоянд. Маълумотҳои омориро ФБА, ФАО,ТБМ, ЮНКГАД, ЮНИДО, ТҲИД (ОЭСР), Иттиҳоди Аврупо низ пешниҳод ва нашр намоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.