Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ШАРТНОМАВӢ

Маълум аст, ки асоси муносибатҳои иқгисодии байналхалқии имрӯзаро алоқаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ дар байни ширкатҳои мамлакатҳои гуногун ташкил медиҳанд.Нақш ва мақоми муносибатҳои шартномавӣ дар системаи алоқаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ
Хусусиятҳоя муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи амалиётҳои байналхалқии тиҷорат
1. Нақш ва мақоми муносибатҳои шартномавӣ дар системаи алоқаҳои хоҷапш ҷаҳонӣ
Маълум аст, ки асоси муносибатҳои иқгисодии байналхалқии имрӯзаро алоқаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ дар байни ширкатҳои мамлакатҳои гуногун ташкил медиҳанд. Чунин алоқаҳо дар шароити иқтисодиёти бозорӣ истифодаи васеи шаклҳои шартномавиро тақозо дорад. Барои иҷрои ухдадориҳои қабулшуда субъектҳои ҳоҷагидори фаъолияти иқтисодии беруна пурра масъуланду дар ихтиёрашон ҳуқуқ ва захираҳои кофй доранд. Иштирокро дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқй манфиати тарафҳо, фоидаи аз фаъолияти хориҷии иқтисодй овардашуда водор мекунанд.
Солҳои 70-уми асри XX дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ нақши асосиро савдои хориҷй мебозид. Ин чунин маъно дошт, ки фаъолияти иқтисодии бурунмарзии корхона, ширкат ва соҳибкори алоҳида ба амали тиҷоратии содироту воридоти молу хизмат оварда мерасонад. Пешравиҳо дар структураи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ дар замони ҳозира соҳаҳо, самти алоқаҳои шартномавии байни мамлакатҳоро васеу дигаргун намудаанд.
Инкишофу ҳамкориҳои истеҳсолию илмӣ-техникй нақши муҳими шартномаи байни тарафҳоро муайян намуд. Кооперативонӣ бо таври мушаххас мустаҳкам кардани уҳдадориҳои тарафҳо, муайян намудани системаи чораҳои иқтисодй ва ҷазогии иҷрои онҳоро таъминкунанда дар асоси шартнома тақозо дорад. Имкониятҳои нави таҷрибаи шартномавӣ бо таъсису фаъолияти корхонаҳои шарикӣ, ШФМ ва гурӯҳҳои саноатӣ-молиявӣ алоқаманд буда, объекти шартнома дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ хизмйтҳои ахборотӣ, консалтингӣ ва маркетингӣ, инҷиниринг ва ғайра шуда мемонанд.
Дар баробари ин, соҳаи хоҷагии ҷаҳонӣ, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ як қатор хусусиятҳо доранд, ки ба баъзе хусусиятҳои муносибатҳои шартномавй дар дараҷаи байналхалқӣ боис шудаанд. Ба инҷо одатҳову қоидаҳо ва конвенсияҳои байналхалқй, шартномаҳои байнидавлатии бисёртарафаю дутарафа нақши зиёд мерасонанд. Аз даст додани ҳариф дар алоқаҳои байналхалқии хочагй маънои дар иқтисодиёти миллӣ бойдиҳиро дорад. Маҳз аз ҳамин сабаб масъалаи механизм ва амалияи муносибатҳои шартномавӣ дар ин соҳа аҳамияти махсус пайдо мекунад.
2. Хусусиятҳои муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи амалиётҳои байналхалқии тиҷорат
Объекти амалиёти тиҷорати байналхалқӣ маҳсулоти молй-моддй, хизмат ва натиҷаҳои ҳамкориҳои истеҳсолию илмӣ-техникии дар мубодила шакли молро соҳиб шуда ба ҳисоб мераванд. Ин объектҳо намуди амалиёти тиҷоратӣ ва хусусияти муносибатҳои шартномавиро аснои ба амалбарории онҳо дар бозори ҷаҳонӣ муайян мекунанд.
Амалиёти тиҷорати байналхалқиро ба ду гурӯҳ: асосӣ ва таъминкунанда тақсим мекунанд. Якум дар асоси подош байни иштирокчиёни бевоситаи ин амалиёт (контрагентҳои мамлакатҳои гуногун) ба амал бароварда мешавад. Шакли дуюм дар ҳаракати мол аз фурӯшанда ба харидор алоқаманд аст.
Ба амалиёти асосии тиҷоратӣ чунин амалиётҳо шомиланд:
– мубодилаи маҳсулот дар шакли масолеҳӣ-моддӣ;
– мубодилаи донишҳои илмӣ-техникӣ (дар шакли савдои
патент, ноу-хау, литсензия);
– мубодилаи хизмати техникӣ (инҷиниринги консултативӣ ва сохтмонӣ);

иҷоравӣ (лизинг);
туризми байналхадқй;
– пешниҳоди хизмати консултатсионӣ дар соҳаи ахборот ва такмили идоракунй;
– мубодилаи кинофилмҳо ва барномаҳои телевизионӣ;
Амалиётҳое ки гардиши байналхалқии молро таъмин менамоянд инҳо мебошанд:

ҳисоботҳои байналхалқӣ;
нақлиётӣ-экспедиторӣ;
суғуртакунии борҳо;
нигохдории борҳо аснои боркашониҳои байналхалқӣ.
Амалиёти мубодилаи молҳо дар шакли масолеҳӣ-моддӣ амалиёти содиротию воридотии фаъолияти тиҷоратиест, ки ба хариду фурӯши молҳо алоқаманд аст. Мафҳуми содирот фаъолияти ба фурӯш ва баровардани мол берун аз сарҳад, бо мақсади ба моликияти контагенти хориҷӣ додани мол ва мафҳуми воридот бошад, фаъолияти ба харидан ва ворид кардани молҳои хориҷй баҳри минбаъд фурӯхтани онҳо дар бозори дохилии худи мамлакат алоқамандро мефаҳмонад.
Гуногуннамудиҳои амалиёти воридотӣ-содиротй амалиётҳои ресодиротию – реворидотӣ ном доранд.
Ресодирот амалиётеро мефаҳмонад, ки дар он моли пеш аз хориҷа овардашуда боз ба хориҷа бароварда мешавад (беягон коркард). Предмети ресодирот асосан молҳои дар муозидаи байналхалқӣ ва бирҷаҳои молг фурӯхташуда мебошанд.
Реимпорт амалиётест, ки он бо баргардонида овардани моли аз ин пеш ба хориҷа баровардашуда ба ватан алоқаманд аст. ин мол дар хориҷа ба ҳеҷ ягон коркард дучор нашудааст. Инҳо молҳои дар ауксион фурухтанашуда, аз амбори консигнатсионии харидор нуқснок дониста шуда баргардонида шудаанд.
Амалиёти ресодиротӣ бе баровардани мол аз ватани худ низ ба амал бароварад мешавад. Чунин амалиёт ба содирот ва воридоти ҳамин мамлакат, қатъи назар аз он, ки онро муҳандиси гумрукй ба ҳисоб мегирад, дохил намешавад. Онро ширкатҳои тиҷоратӣ бо мақсади бадастории даромад аз ҳисоби фарқи нархи ҳамон як хел мол дар бозорҳои гуногун ба амал мебароранд.
Аксари ин амалиётҳо дар қаламрави минтақаҳои озод ба амал бароварда мешаванд. Молҳои ба ин ҷо оварда шуда дар муҳлати овардан ва аснои баровардан барои ресодирот аз тамоми боҷҳо, андозҳо аз воридот, муомилст, истеъмол ё истеҳсол озод карда мешаванд. Дар амборҳои дар минтақаҳои озод ҷойгирбуда, моли фиристонидаи хориҷиён нигоҳ дошта шуда, қисман бФ боҷи гумрукӣ кор карда баромада мешаванд. Баробари пайдоиши талабот ба чунин молҳо ба онҳо боҷи гумрукӣ дода мешавад ва онҳо ба бозори дохилии мамлакати воридотгар ворид карда мешаванд.

Дар қаламрави минтақаҳои озод амалиёт оиди ба охиррасии раванди истеҳсолот дар соҳаи муомилот (тоза ва хушконидани молҳои ашёи хом, часпонидани тамга ва таъминкунӣ бо калиди қуттиҳои консервӣ, рехтани нушокиҳо ба зарфҳои чакана, интихоби молҳо аз рӯи ассортимент), ба навъҳо ҷудокунию боркунӣ, интихоби намунаи молҳо ва ба харидорон шиноскунии онҳо ба охир мерасад.
Амалиёти савдои донишҳои шшй-техникй ва таҷриба аз амалиёти савдои масолеҳҳо бо он фарқ мекунад, ки предмети мубодилаи байналхалқй дар он натиҷаи фаъолияти «дидашаванда» ба ҳисоб меравад. Ин дар шартномаҳои басташуда низ ифода меёбад.
Мубодилаи байналхалкии технология элементи муҳими система муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ буда, аз бисёр ҷиҳат, симо ва суръати тараққиёти иқтисодии мамлакати мутараққию рӯ ба инкишофро муайян мекунад. Дар асоси мубодилаи байналхалқии технология мубодилаи байни мамлакатҳо мошину таҷҳизотҳои дар асоси техникаи нав, яъне додани технология дар шакли моддӣ меистад.
Шакли модии мубодилаи технология ҳатман бо додани донишу тачрибаҳои илмию техникӣ, истеҳсолию иқтисодӣ аз як мамлакат ба дигараш ба амал меояд.
Амалиётҳои савдои байналхалқии донишҳои техникй бо мубодилаи натиҷаҳои истеҳсолӣ, тадқиқотҳои илмии на танҳо қиммати илмӣ, балки инчунин қиммати тиҷоратӣ дошта алоқаманд аст, ки боис ба ташкилёбии бозори ҷаҳонии технология бо хусусиятҳои хоси он мегардад. Ба сифати мол дар асоси литсензионй натиҷаҳои меҳнати интелектуалй баромад доранд, ки онҳо шакли патент, линсензия, аломатҳои мол, намунаҳои истеҳсолии аз қисми бо ном моликияти истеҳсолӣ иборат буда, инчунин донишу таҷрибаи техникии дар мафҳуми «ноу-хау» муттаҳид карда шуда баромад доранд.
Савдои литсензиягӣ шакли асосии савдои байналхалқии технология буда, хариду фурӯши ҳам ноу-хау, ҳам патенти ихтироотро дар бар мегирад. Амалиёти мубодилаи литсензия аз пешниҳодкунии ҳуқуқ (иҷозат) аз ҷониби соҳиби патент, ки литсензиар ном дорад, ба тарафи дигар (ба шахс ё ширкат), ки литсензиат ном дорад аз ихтирооти саноатй ва тиҷоратӣ иборат аст. Литсензия ба додани ҳуқуқи истифодаи патентҳо бе ноу-хауи мувофиқ, яъне литсензияи патентй дар савдо нақши нисбатан бузург дорад. Ин аз ду сабаб аст.
Аввалан, истифодаи ихтирооти патенткунонидашуда дар истеҳсолот гузаронидани НИОКР-и иловагии зиёдеро оид ба ҷорикунй, ташкили истеҳсолоти таҷрибавии маҳсулоти литсензиявӣ, коркарди ноу-хауро дар соҳаи ташкил, оптималикунонии раванди технология ва ғайраро тақозо дорад. Дар ин ҳолат хатаре вуҷуд дорад, ки ин ихтироот аз нигоҳи иқтисодӣ бесамар ё аз нигоҳи технологй ғайри мақбул ба вукӯъ мепайвандад.
Вобаста ба ин, литсензиядорон ҷорикунии навигариҳои техникии алакай ҷорӣ ва истифодашударо афзал медонанд. Фақат баъзе соҳаҳои саноат, мисли соҳаи дорусозӣ, ба ин ҳолат итоат намекунад. Зеро дар он мавҷудиёти патент барои доруи нав омили ҳалкунандаи бо муваффақият ҷорикунии он аст.
Сониян, ҳуқуқи доштани литсензия барои истифодаи патент худ ба худ барои литсензиатҳои бисёр мамлакатҳое, ки дар онҳо кафолати ҳифзи ҳуқуқи моликияти саноатии литсензиат суст аст, аҳамияти дуюмдараҷа дорад. Пайваста ба ин, бисёри патентҳои мамлакатҳои мутараққӣ додагй ба қайд гирифтанашуда буда метавонанд.
Литсензияҳои номбаршуда чунин афзалиятҳои иловагӣ доранд, ки бисёре аз онҳо хизматрасониҳои инҷинирингиро оид ба ташкили истеҳсолоти литсензионӣ, аксар фиристонидани таҷҳизот, қисмҳои алоҳидаи маҳсулоти тайёр, ашёи хоми ибтидой\’ ва ғайраро пешбинй менамоянд. Ба контрагенти хориҷа додани литсензия оид ба истифодаи ихтироот, донишу таҷрибаи техникӣ, инчунин тамғаҳои молй литсензиякунонии хориҷӣ номида шудаанд.

Созишномаҳои литсензионӣ вобаста ба он, ки онҳо ба содироти моли литсензионй иҷозат медиҳанд ё не, ба таври қисман ё пурра рухсат намедиҳанд аз ҳамдигар тафовут доранд. Маҳдуд ё манъкунии содироти маҳсулоти литсензиониро литсензиар барои он истифода мебарад, ки худро аз рақобати литсензиат нигоҳ дорад.
Созишномаҳои литсензионии чунин шакл ҳиссаи зиёди тамоми литеензияҳоро ташкил медиҳанд, вале ҳиссаи онҳо бо тадриҷ кам мешавад. Инро ба он вобаста медонанд, ки микдори то рафт зиёди мамлакатҳо қонунан литсензиатҳоро аз бастани чунин созишномаҳо манъ мекунанд.
Созишномаи литсензионӣ ба мавҷудият ё набудани уҳдадории литсензиар дар онҳо доир ба дар давоми муҳлати амали шартнома ба литсензиат додани ахборот оиди такмили нави технологияи литсензионй фарқ мекунанд.
Дохилкунии чунин уҳдадорй, баробари тезонидани ҷараёни техникй, инчунин зиёдшавии манфиатнокии литсензиатҳо дар дастгирй намудани алоқаҳои дарозмуддат бо технологиядиҳандагон дар миқдори торафт зиёдшудаистодаи шартномаҳо дар амал санҷида шуда истодаанд.
Созишномаҳои литсензионӣ аз рӯи тарзи додани технология фарқ мекунанд. Агар созишнома додани технологияро новобаста ба додани масолеҳи дар он таҷассумёфтаи литсензия ё хизмат оиди ҷорикунии он, пешниҳод намояд, он вақт ин гуна созишномаи литсенсионй мустақил дониста мешавад. Баракс, ҳангоме, ки литсензия бо якҷоягии шартномаи басташуда оиди сохтани корхона, додани таҷҳизоти комплектй ё хизматраеонии инҷинирингӣ дода шавад, онгоҳ созишномаи литсензионӣ ҳамроҳикунанда номида мешавад. Нақши созишномаи литсензионии ҳамроҳикунанда дар савдои литсензиони камтар буда, вале он дар мубодилаи байналхалқии технология рӯз то рӯз меафзояд.
Савдои литсензионии берунаи иқтисодӣ торафт афзоиш меёбад. Сабаби онро дар нисбатан болоравии даромаднокии амалиётҳои литсензионӣ донистан равост. Аксари ин амалиётҳо нисбаган камхатаранд (нисбат ба инвеститсияи бевосита). Амалиёти фурӯши литсензия дар протсессҳои иловагии технологӣ ва дар ихтироотҳои алоҳида дар истеҳсолоти литсензиар истифодашаванда, дар ҳолати нигоҳ доштани монополияи технологии истеҳсоли тамоми маҳсулот васеъ шудааст ва ин боиси афзудани даромад аз фурӯши технология (бе афзудани хароҷот дар НИОКР) гардидааст. Дар баробари баландшавии ҳиссаи хароҷоти НИОКР дар нархи маҳсулот корхона маҷбур мешавад, ки амалиёти литсензиониро баҳри пушонидани хароҷоти зиёдшуда, васеъ кунад.
Пардохти литсензия бавоситаи пардохти паушалӣ (якбора пардохтан то гирифтани даромади иловагӣ) ё роялтӣ ба ҳисоби фоиз аз нархи маҳсулоти истеҳсолшуда хатари бойдиҳии литсензиарро дар ҳолати бад шудани конъюнктураи бозори маҳсулоти литсензионӣ кам мекунад. Инкишофи бозори литсензия дар мамлакати дараҷаи нисбатан пасти тараққиёти саноатӣ доғта, аксаран дар ширкатҳои сохтмонию саноатӣ имконият медиҳад, ки литсензияро дар технологияи паҳншуда, ки хароҷоташон кайҳо пушонида шудааст, фурӯшанд.
Амалиёти савдои хизматҳои техникӣ (инҷиниринг), ҳамчун намуди мустақили амали байналхалқии тиҷоратии инҷинирингӣ дар асоси шартомаи инҷинирингӣ аз як тараф, ки консултант ном дорад ва тарафи дигар, ки фармоишгар ном дорад, додани комплекс ё намуди алоҳидаи хизмати муҳандисӣ-техникии дар лоиҳакашии сохтмон ва бакорандозии объект, коркарди протсессҳои технологӣ дар корхонаи фармоишгар, такмилдиҳии протсессҳои мавҷудаи истеҳсолӣ то ҷорикунии маҳсулот дар истеҳсолот алоқаманд бударо пешбинӣ мекунад.

Дар асоси шартномаи инҷинирингӣ додани комплекси пурраи хизмат ва фиристониданиҳои барои сохтани объекти нав зарурбударо комплекси инҷинирингӣ меноманд. Вай се намуди алоҳидаи хизмати муҳандисӣ-техникиро дар бар мегирад ва ҳар кадоми онҳо предмети шартномаи алоҳида буда метавонанд. Инҳо:
– инҷиниринги консултативии ба хизмати интеллектуалии ба мақсади лоиҳакашии объектҳо, коркарду нақшаи сохтмон ва назорат аз болои гузаронидани корҳо алоқаманд буда;
– инҷиниринги технологии аз додани технология ба фармоишгар иборат буда, ки он барои сохтани объекти саноатӣ ва истифодаи он, тартиб додани нақшаи сохтмон ва назорат аз болои равиши кор заруранд;
– инҷиниринги сохтмонӣ ё умумӣ, ки аз фиристонидани таҷҳизот, техника ё васли дастгоҳҳо иборат аст, ба ҳисоб мераванд.
Хизматҳои муҳандисӣ-мусоҳибавӣ дар намуди ҳуҷҷатгузории техникӣ, натиҷаҳои тадқиқотӣ, маълумоҳои ибтидоӣ барои сохтмон, ҳисоботҳои иқтисодӣ, сметаҳо, тавсияҳо ва ғайра дода мешаванд.
Соли 1982 ҳуҷҷат оид ба «Дастур доир ба ташкилдиҳии шартномаҳои байналхалқӣ оиди инҷиниринги консултативӣ ва паҳлуҳои ба он алоқаманди ҳамкорӣ (ёрии) техникӣ»-ро Кумита доир ба тараққии савдои комиссияи иқтисодии аврупоии СММ қабул карда шуд, ки дар он рўйхати батафсилу тавсифи шартҳои барои дар шартномаи байни мубоҳис ва фармоишгар заказчӣ зарур буда, инчунин номгӯи хизматҳои муҳандис-мубоҳис пешниҳод карда дохил карда шудаанд. Дар рўйхат чунин намудҳои хизмат ворид карда шудаанд:
– гузаронидани асоснокуниҳои техникӣ-иқтисодӣ ва тадқиқотии пешакии ба лоиҳакашии умумӣ алоқаманд буда;

банақшагирӣ ва тайёр намудани нақшаҳо ва сметаи хароҷотҳо;
таёр намудани ангораҳои пешакӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, нақшаҳо ва таснифоти ботафсил;
– банақшагирию тартиб додани барномаи маблаггузорӣ;

таёр намудани шароитҳои техникӣ барои иштирок дар савдо ва додани тавсия ва таклифҳои омада, баҳо додан ба таклифҳо оиди сохтани объектҳо;
назорат аз болои сохтмон, тайёркунии дастгоҳҳо, васлкунӣ ва ба истифода додани дастгоҳҳо;
додани сертификат оид ба сифати корҳои гузаронида шуда ва ғайра.
Амалиёт оид ба туризми байналхалқӣ намуди фаъолияти васеъ паҳнгардида буда, ҳадафи он пешниҳодкунии намудҳои мухталифи хизмати туристӣ ва молҳои талаботи туристӣ дошта, бо мақсади қонеъгардонии доираи васеи талаботи маданӣ, маънавии туристи хориҷӣ мебошад. Туризми байналхалқӣ шахсони ба хориҷа равандаи дар онҷо ба фаъолияти пулакӣ машғул нашавандаро дар бар мегирад. Ин хусусиятҳо дар созишномаҳои мувофиқ ифода ёфтаанд.
Хизматҳои туристӣ дар гардиши байналхалқии мол ҳамчун «моли ноаён» баромад доранд. Афзалияти ба худ хоси хизмат ҳамчун мол он аст, ки қисми зиёди онҳо бо харҷи кам дар ҷояш истеҳсол карда мешавад ва истифодаи асъори хориҷиро наметалабад. Туристони хориҷӣ аз хизмати корхонаҳои индустрияи туристии мамлакатҳои таъиншуда пешниҳод карда истифода мебаранд. Пайваста ба ин, онҳо ба сифати чизи савғоӣ (туҳфа) миқдори муайяни молҳои аз мамлакати рафтаашон бо асъорӣ хориҷӣ харидаашонро мехаранд ва бо худ мебаранд (пули маҳаллиро бо асъори хориҷӣ пешакӣ иваз мекунанд). Намуди хизматҳои туристӣ, ки дар шартнома қайд карда шуда, ба сифати мол ба бозор пешниҳод карда мешаванд, хело гуногунанд:
хизмати ҷойгиркунонӣ (дар меҳмонхона, мотел, пенсионат ва кемпингҳо);
хизмати ҳаракат то мамлакати таъиншуда ва ҳаракат дар он мамлакат бо намудҳои ҳархелаи нақлиёт; хизмати таъминкунӣ бо хӯрока (дар тарабхона, қаҳвахона, бар, пансионат);
ба қонеъгардонии талаботи мадании туристҳо нигаронидашуда (тамошои театру консертҳо, осорхонаҳо, қуруқҳо, ёдгориҳо, фестивалҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, расмхонаҳо);
хизматҳои ба қонеъгардонии талаботи манфиатҳои кории туристҳо нигаронида шуда (иғтирок дар конфронсу симпозиумҳо, конфронси илмӣ, ярмаркаю намоишгоҳҳо); корхонаҳои савдоӣ (фуруши савғо, туҳфа, лифофа, деапозитивҳо);
тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо (шиноснома, даъватнома ва ғайра). Ба турист ё намуди муайяни хизмат мувофиқи хоҳиши ӯ ё комплекси пурра бо роҳи фурӯхтани бо ном инклюзив-турҳо ё пэкич-турҳо дода мешаванд.
Инклюзив-тур аксаран ҳангоми кашонидан бо роҳи ҳавоӣ ба кор бурда мешавад. Нархи бурдани турист ба ҷои таъинот ва баргаштанаш дар асоси инклюзив-тарифҳои махсус тартиб дода шудааст, ки баъзан аз нархҳои оддӣ ним баробар арзонтаранд, муайян карда мешавад. Дар он нархи ҷойгиркунии турист дар меҳмонхона, хӯроку дигар хизматҳои дар рӯзҳои муайяни дар мамлакат будани турист низ дохиланд. Дараҷаи умумии нархи инклюзив-тур бояд аз тарифҳои оддӣ паст набошад (яъне нархи кашонидан то ҳамон мамлакат).
Ба мизоҷ нархи паушалии инклюзив-тур бе тақсимкунии он ба намудҳои алоҳидаи хизмат эълон карда мешавад. Инклюзив-турҳо чӣ аснои туризми гурӯҳӣ ва чӣ фардӣ истифода бурда мешаванд.

Пэкич-турҳо низ ба мизоҷ додани комплекси пурраи хизматро пешниҳод мекунад. Ба он роҳпулӣ дохил нашуданаш ҳам мумкин аст. Пэкиҷ-турҳо одатан аз рӯи барномаҳои муайян, пешакӣ тартиб дода шуда ташкид карда мешаванд.
Структураи турҳо аз бисёр ҷиҳат, вобаста ба мамлакатҳо, ҳайати туриетон, қобилияти харидории онҳо, симо, ассортимент ва сифати хизматҳои пешниҳод карда мешудагӣ калавиш мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.