Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


МЕХАНИЗМИ МИЛЛИИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИҚТИСОДӢ

Ҳар як давлат дар инкишофи фаъолияти иқтисодии берунии худ фаъолона иштирок намуда, соҳа ва объектҳои фаъолияти бурунмарзии худро муайян мекунад. Таъсироти давлат бо ёрии воситаҳои махсус ба амал бароварда мешавад ва ин воситаҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: иқтисодӣ ва маъмурӣ.Ҳар як давлат дар инкишофи фаъолияти иқтисодии берунии худ фаъолона иштирок намуда, соҳа ва объектҳои фаъолияти бурунмарзии худро муайян мекунад. Таъсироти давлат бо ёрии воситаҳои махсус ба амал бароварда мешавад ва ин воситаҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: иқтисодӣ ва маъмурӣ.
Ба гурӯҳи воситаҳои иқтисодӣ боҷҳои тарифии гумрукӣ, андозу хироҷҳои гуногун, депозити воридотӣ мансуб дониста шудаанд. Имтиёзҳои миқдорӣ, системаҳои иҷозат (литсензия) ва маънкунӣ (эмбарго) ба ворид ё содиркунӣ, худмахдудкунӣ аз ҷониби содиротчиён, талаботҳои махсуеи техникӣ ба молҳо, мураккабкуниҳои гумрукӣ ва ғайра ба гурӯҳи воситаҳои маъмурӣ мансубанд. Дар байни ин ду гурӯҳ тафовутҳо низ мавҷуданд. Аснои истифодаи воситаҳои иқтисодӣ ҳуқуқи интихоби моли содиротӣ ё маҳалӣ, захира дар ихтиёри истеъмолгар меистад ва вай нарх, сифат, шароити фиристодани маҳсулоту додани захираро ба роҳбарӣ мегирад. Аснои истифодаи воситаҳои маъмурӣ механизми бозорӣ вайрон карда мешавад, номгӯи молҳо ва имконияти дастрас будани захираҳо кам шуда, интихоби маҳсулот ё захираҳо бо роҳи зурӣ пешакӣ ба фоидаи шахсӣ, ватанӣ ҳал карда мешавад.
Методи тарифӣ таърихи нистабан қадимаи истифодашавӣ дорад. Вай воситаи иқтисодии танзими савдои берунӣ мебошад. Тарифи гумрукӣ рӯйхати ба система даровардашудаи боҷи ғумрукӣ аст, кӣ он аз молҳои воридшаванда ва дар баъзе мавридҳо аз молҳои содиршаванда гирифта мешавад. Давлат боҷи гумрукиро гирифта, бо ҳамин барои €аландшавии нархи воридотӣ замина тайёр намуда, рақобатнокии ондоро паст мегардонад. Боҷи содиротӣ аз ҳамон молҳое ситонида мешавад, ки онҳо талаботи дохилиро қонеъ карда наметавонанд, ё ки, бо ягон сабаб, содиркунии онҳо ба мақсад мувофиқ нест.
Ду намуди сиёсати гумрукӣ амал мекунад: протексионизм ва «савдои озод». Протексионизм сиёсати ба молҳои аз хориҷа овардашуда, муайян кардани боҷи баланд ва «савдои озод» ба ҳамаҷониба ҳавасмандкунии воридоту содироти молҳо бо роҳи муқаррар кардани дараҷаи ҳадди ақали боҷи гумрукӣ ё тамоман барҳам додани онҳо нигаронида мешавад.
Вобаста ба хусусияти хоси тарифи гумрукии ҳар кадом мамлакат онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:

тарифи мамлакатҳои мутараққӣ;
тарифи мамлакатҳои рӯ ба инкишоф.
Дар мамлакатҳои мутараққӣ, вобаста ба он, ки мол азони кадом мамлакат аст, ҳамон як хел мол дараҷаи гуногуни боҷро дорад.
Аз рӯи тарзи гирифтан чунин боҷҳоро фарқ мекунанд:
а) адвалорӣ – ба ҳисоби фоиз аз нархи мол;
б) махсус – аз рӯи ҳаҷм, дона ва вазни мол;
в) комбинатсионӣ – ҳамҷоянамоӣ;
г) мавсимӣ – дар давраи муайяни сол, масалан, ҳангоми
ҷамъоварии ҳосил ситонида мешавад.
Аз рӯи мазмуни иқтисодӣ боҷҳои гумрукӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

фиксалӣ (даромади хазинаи давлатӣ), баҳри зиёдкунии буҷети давлатӣ;
протексионистӣ, барои ҳимояи баъзе соҳаҳои саноати миллӣ аз молҳои воридотӣ истифода бурда мешавад;
преференсионӣ (сабукиҳо баҳри ривоҷи савдои беруна), барои баъзе молҳои мамлакатҳои муайян;
боҷи имтиёзӣ, боҷҳое, ки барои мамлакатҳои алоҳида баҳри ҳавасамандкунии воридоти ягон мол дода мешавад;
баробаркунанда – яъне боҷи воридотиро пурракунанда, бо мақсади баробаркунии нархи моли воридотӣ бо нархи моли ватанӣ.
– компенсатсионӣ (ҷубронӣ, подошӣ)- дар он вақт истифода
бурда мешавад, ки агар ба моли воридшаванда ёрдампулии
давлатӣ (аснои истеҳсол ва содиротӣ он) дода шуда бошад;
Дар амалияи гумрукӣ- тарифӣ боҷи адвалорӣ аз ҳама бештар истифодашешавад. Вобаста ба ин методи баҳодиҳии нархи молҳои воридотӣ аҳамияти махсус пайдо қарда, муайянкунии нархи молҳо баҳри ситонидани боҷ аз бисёр ҷиҳат ба истифодабарии он вобаста аст. Вобаста ба методи истифодашаванда нархи молро 20-50%, ва дар баъзе ҳолатҳо то 2 баробар зиёд кардан мумкин аст.
Вазифаи махдудкунии тарифҳои гумрукӣ асосан ба воситаи нигоҳ дошта шудани ставкаи баланди боҷ дар як қатор молҳо ва ё бо роҳи баландбардории ставкаи боҷ, вобаста ба дараҷаи коркарди маҳсулоти воридотӣ, ба амал бароварда мешавад. Аз ҳама бештар боҷи баландтарин ба маҳсулотҳои анъанавии меҳнатталаб – бофандагӣ, чарму пойафзол, баъзе намуди мошинҳо ва дастгоҳҳо гузошта мешавад.
Ба мақсади ҳимояи саноати коркардабароии миллӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ методи ташкили тарифҳо дар асоси эскалатсияи (тақвияти) боҷ, яъне баланд бардоштани ставкаи онҳо, вобаста ба дараҷаи коркарди молҳо, истифода бурда мешавад. Воридоти ашёи хоми саноатӣ бе боҷ ва ё бо боҷи кам ба амал бароварда мешавад ва барои маҳсулоти нимтайёр ва махсусан маҳсулоти тайёр ставкаи боҷ баланд бардошта мешавад.
Хусусияти хоси тарифҳои гумрукии мамлакатҳои Ғарб дар он аст, ки ҳамаи онҳо ба системаи гармоникунонидашудаи тавсифу бо рамз даровардани молҳо асоснок карда шудаанд, ки онро Шурои ҳамкории гумрукӣ тартиб додаст ва он дар фаъолияти гумрукӣ аз январи соли 1988 бо таври васеъ истифода бурда мешавад.
Тарифи гумрукӣ дар кори танзими воридотии мамлакатҳои ру ба инкишоф нақши муҳимро мебозад. Дараҷаи миёнаи боҷситонӣ аз молҳои воридотӣ дар аксари ин мамлакатҳо аз ҳамингунаи мамлакатҳои тараққикарда хело зиёд аст. Ин ҳолат, қабл аз ҳама, ба ҳимояи соҳаҳои ҷавони саноат алоқаманд аст. Пайваста ба ин, боҷ ҳамчун сарчашмаи муҳими пуркунии буҷети давлатӣ боқӣ мемонад.
Аз нуқтаи назари ҳимояи бозори миллӣ бо монеаҳои тарифӣ се гурӯҳи мамлакатҳои ру ба инкишофро ҷудо мекунад:
Гурӯҳи якумро ставкаи тарифии аз 50 % зиёд набуда ва тартиботи бебоҷи воридоти аксар молҳо хосбуда ташкил медиҳад. Ба ин гурӯҳ як қатор мамлакатҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла Ангола, Нигерия, Боливия, Чилӣ ва ғайра дохил карда мешаванд. Ба онҳо инчунин давлатҳои алоҳидаи Оеиё-Сингапур, Филиппинҳо, Тонго, баъзе мамлакатҳои халиҷи Форс шомил карда шудаанд.
Ба гурӯҳи дуюм давлатҳои етавкаи баланди боҷдошта (аз 50 то 100%) – Алҷазоир, Ливан, Танзания, Аргеитина, Бразилия, Мексика, Эрон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ мансубанд.
Мамлакатҳое, ки дар онҳо ставкаи боҷ аз 100% зиёд аст -Миср, Ботсвана, Марокко, Колумбия, Пекистон, Ҳиндустон, Сурия, Тайланд, Туркия ба гурӯҳи сеюм дохиланд. Дар баробари боҷҳо дар тарифҳои гумрукии аксар мамлакатҳои ру ба тараққӣ андозҳои фискалӣ (хазинадорӣ) ва андозҳои гуногун, аксар андозҳои маъмурӣ ва дохилӣ дохил карда мешаванд.
Дар баробари тарифҳои миллӣ дар ин мамлакатҳо иттифоқҳои гумрукӣ-тарифӣ амал мекунанд. Иштирокчиёни ин иттифоқҳо боҷро дар савдои тарафайн аз байн бардошта, дар савдо бо мамлакати сеюм тарифи гумрукии умумӣ барқарор кардаанд. Дар танзими фаъолияти хориҷии иқтисодӣ (ФИХ) чорабиниҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, ки мамлакатҳои мутараққӣ ва ру ба инкишоф аъзоёни онҳо мебошанд, торафт нақши муҳимро мебозанд. Инҳо ТУС, Конфронси СММ оид ба савдо ва тараққиёт (ЮНКТАД) ва Коммисияи иқтисодии Аврупоии СММ ва ғайраҳо мебошанд. Ҳамин тариқ, давлат дар тараққиёти ФИХ бо ёрии комплекси методҳои махсус фаъолона иштирок менамояд. Танзими давлатии ФИХ аз маҷмуи чораҳое иборат аст, ки давлат онҳоро баҳри такмили ФИХ ба манфиати иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи он аз рақобати беруна ба кор мебарад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.