Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ЗАРУРАТИ ТАНЗИМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Танзими ҳуқуқии муносибатҳои шартномавӣ дар системаи алоқаҳои хоҷагии ҷаҳон бо нормаҳои байналхалқӣ ба амал бароварда мешавад. Ду намуди шартномаи байналхалқӣ дар фаъолияти иқтисодиёти беруна аҳамияти муҳим доранд.хоҷагии ҷаҳон бо нормаҳои байналхалқӣ ба амал бароварда мешавад. Ду намуди шартномаи байналхалқӣ дар фаъолияти иқтисодиёти беруна аҳамияти муҳим доранд. Ба намуди аввал шартномаҳое дохиланд, ки онҳо тартиботи савдоро нисбати байни ду давлат ё гурӯҳи давлатҳо муқаррар мекунанд. Аз рӯи мазмун онҳоро ба 5 шакл ҷудо мекунанд: шартномаи савдо ва созишнома; созишнома оид ба ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ; созишномаи техникӣ; созишнома оид ба расонидани ёрии молиявӣ, созишнома оид ба ҳифзи сармоягузорӣ.
Дар созишномаи савдо ва созишномаи навъи умумӣ тарафҳо, шарту шароит ва тартиби барои ҳар ду тараф муфидро нишон дода, дар соҳаи боҷи гумрукии тарафайн, ҳама гуна андозҳои имконпазир аснои воридоту содирот, инчунин ситонидани андоз аз киштиҳои як мамлакат дар бандари мамлакати дигар (аз рӯи қоидаю расмияти соридотию воридотӣ) муайян мекунанд.
Мамлакатҳои аъзои ТУС нисбати ҳамдигар тартиботи аз ҳама мусоидро истифода бурда, вале байни худ созишномаи махсус надоранд. Дар баъзе созишномаҳои савдо нишон дода мешавад, ки принсипи аз ҳама муфидро тарафҳо фақат дар соҳаи додани литсензияи воридотӣ ба кор бурда метавонанд. Аз сабаби он ки шартномаи савдо барои муддати тулонӣ баста мешавад, вай дар муносибатҳои савдоии байни мамлакатҳо муътадилии муайянро ба вуҷуд меорад. Бо ҳамроҳии шартномаи савдо, одатан рӯйхати молҳои байни мамлакатҳо савдошаванда пешниҳод карда мешавад. Агар воридоти ягон моли дар рӯйхат буда аз маҳдудияти миқдорӣ озод набошад, онгоҳ барои он контингенти ризоият -миқдор ё нарх нишон дода мешавад, оид ба баъзе мавқеъҳо имконияти зиёдкунии контингентҳо пешбинӣ карда мешавад. Баъзан дар рӯихат фақат номи молу ҷамъи пули молфиристонии тарафайн (бе нишондоди контингентҳои алоҳида) оварда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо бо созишнома 4 рӯйхат пешниҳод карда мешавад, ки дутои он номгӯи молу контингентҳои алоҳидаро доранду дутои дигараш – фақат номи молро. Гуфта мешавад, ки молҳои номбаршуда бе маҳдудияти миқдорӣ ворид карда мешаванд.
Дар як қатор мавридҳо дар созишномаи савдоӣ нишондод оид ба муайянкунии пайдоиши моли фиристодашаванда дохил карда мешавад. Ғайр аз ин, дар онҳо ҳуқуқи ҳар кадом тараф оид ба ҳангоми воридот талабкунии шаҳодатномаи мувофиқ муқаррар карда мешавад.
Чун қоқда, созишномаи савдоӣ тақрибан доираи масъалаҳои якхеларо танзим менамояд.
Созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ дар васеъкунии савдои молҳои илмталаб нақши муҳимро мебозанд. Бо роҳи мубодилаи мактуб тарафҳо оиди баамалбарории лоиҳаҳои алоҳида гуфтугӯй мекунанд. Дар базаи созишномаи ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ созишномаи махсус қабул карда мумкин аст (оид ба масъалаҳои алоҳида). Дар аснои ин яке аз тарафҳо уҳдадор мешавад, ки барои лабораторияҳо ва институтҳои техникӣ ва илмӣ маводҳои таълимӣ ва таҷҳизот мефиристад, барои сохтани корхонаҳо, фиристодану васл кардани таҷхизотҳо, ташкили таъмини техникии аҳолии маҳаллӣ ва барои ба «н мақсад ҷалбкунии омӯзгорони мамлакати худ ва таълими донишҷуёну таҷрибаомӯзон бо имкиноияти таълимгирию баланд бардории ихтисос дар мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои давлатии ҳамон мамлакат ёрӣ диҳад.
Ухдадории мамлакатҳои қабулкунанда барои
баландбардории лоиҳаҳои қитъаи замину биноҳои дар шартнома пешниҳодшуда, масрифоти роҳ, эксперту омӯзгорон ва мутахассисони техникӣ, боркашонӣ ба амал баровардани лоиҳаҳо ва ғайра лозим буда, зарур мебошанд.
Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ одатан барои 3-5 сол имзо карда мешаванд. Ин созишнома ҳамчун асоси ҳукуқии ёрии техникӣ ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф аҳамити калони иктисодиро молик аст. Ширкатҳои калон имконияти иштироккуниро дар сохтмони корхона ва идоракунии онҳо гирифта, кушиш менамояд, ки ба барномаи дарозмуддати тараққиёти иқтисодӣ мамлакаг таъсир расонанд. Аз тарафи дигар, чунин созишномаҳо ширкатҳоро бо имконияти васеъкунии фурӯши мошину дастгоҳҳо ва дигар молҳо таъмин менамоянд.
Шартномаҳои иқтисодии байниҳукуматӣ ба созишномаҳои савдоии шакли умумӣ шаёоҳат доранд ва аз онҳо бо он фарқ мекунанд, ки дар якум, дар баробари масъалаҳои муомилоти молу хизмат, дар шакли умумӣ пешбинӣ карда мешавад, ки тарафҳои аҳдбаста дар доираи нормаҳои ҳуқуқии дар ҳар кадом мамлакат амалкунанда уҳдадоранд, ки истисморро нисбати ҳаракати сармоя ва пардохти тарафайн истифода набаранд. Муҳлати амали созишномаи иқтисодӣ 1-1,5 сол мебошад.
Созишномаи байниҳукуматӣ ва ёрии молиявӣ розигии ҳукумати яке аз тарафҳоро дар хусуси додани қарзи дарозмуддат (бо нишондиҳии ҳаҷми қарз) пешбинӣ мекунад. Дар хусуси шарти қарз ва тартиби истифодаи он гуфта мешавад, ки ин ҳолат дар шартномаи махсус мутобиқ карда мешавад.
Дар шароити доимо зиёдшавии ҳисссаи мошину таҷҳизот дар содироти мамлакатҳои мутараққӣ ва тезутундшавии рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳон, афзоиши талаботи мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба маҳсулоти мошинсозӣ (дар ҳолати зиёдшавии қарзи берунаи онҳо) мамлакатҳои содиротчӣ методҳои маблаггузориро ба молҳои содиротӣ баҳри боло бардории рақобатпазирии ширкатҳои худ, такмил медиханд.
Аҳамияти созишномаро доир ба ёрии молиявӣ, ҳамчун воситаи сиёсати савдо, он чиз муаяйн мекунад, ки қисми зиёди қарзҳои додашавандаро мамлакатҳои қарзгир (дебитор) харҷ мекунанд. Ҳамин тавр, ин созишнома моҳиятан шакли васеъкунии содироти мамлакати қарздеҳ (кредитор) мебошад.
Мамлакатҳои қарздиҳанда ҳамчун манфиатдори мустаҳкамкунии мавқеи худ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф диққати худро бештар ба қарзҳои дутарафа, дар доираи созишномаи ёрии молиявӣ, равона мекунанд. Зеро маблағгузории савдо ба воситаи муассисаҳои қарзии байналхалқӣ зери таъсири пурзури ИМА қарор доранд ва аз бисёр ҷиҳат ба фиристодани молҳои амрикоӣ вобастаанд.
Мамлакатҳои мутараққӣ аз болои истифодаи қарзи созишнома оиди ёрии молиявӣ доимо назорат бурда, самаранокии онро таҳлил менамоянд. Тавассути тезутундшавии рақобати байни мамлакатҳои қарздеҳ ставкаи миёнаи фоиз аз рӯи шарти ёрии молиявӣ хело паст шуда, муҳлати миёнаи қарз торафт зиёд мешавад.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳимояи инвеститсия ухдадориҳои тарафҳои аҳдкунандаро оид ба нагузаронидани ҳуқуқпомолкунӣ нисбати маблағгузориҳои тарафайн, иҷозатдиҳӣ ба озодона гузаронидани сармоя ва даромад ва фақат ҳангоми ҳатман пардохтани нархи сармоя роҳ надодан ба маблаггузории тарафи дигарро ба қайд гирифтааст. Созишнома оиди ҳифзи инвеститсия яке аз тарзҳои суғуртакунии сармоя аз хатари сиёсӣ мебошад.
Шартномаҳои байналхалқии намуди дуюм қоидаҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқии муносибатҳои амлокӣ танзимкунандаро, ки аз шартномаҳои иқтисодии берунӣ бар меоянд, дар бар мегирад. Ба шартномаи байналхалқии ин намуд Конвенсияи СММ оид ба шартномаи хариду фурӯши байналхалқии молҳо (соли 1980) мансуб аст (минбаъд конвенсияи Вена). Ин ҳуччат танзими ҳуқуқии яке аз намудҳои амали савдо – шартномаи хариду фурӯшро ба амал мебарорад. Мақсади асосии конвенсияи Вена унификатсиякунии (якхелакунӣ, ба як шаклдарорӣ) тартиботи амали хариду фурӯши байналхалқӣ мебошад. Аснои бакорбарӣ аз бисёр ҷиҳат тафовути танзими ҳуқуқии амали хариду фурӯш дар ҳуқуқи мамлакатҳои иштирокчӣ барҳам мехурад. Ин ҳолат бастану иҷрои шартномаҳоро осон мекунад, зеро мазмуни ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо якхела муайян карда мешаванд.
Конвенсия (созишнома) симои нормативӣ дорад. Дар баробари ин тарафҳо аз рӯи салоҳдиди худ аз гуфтаҳои он қатъи назар карда метавонанд. Созишнома фақат ба шартномаҳои симои байналхалқидошта паҳн карда мешавад. Барои муқарраркунии симои байналхалқии амали хариду фурӯш чизи муайянкунанда он аст, ки муассисаҳои тиҷоратии иштирокчии амалиёт дар давлатҳои гуногун воқеъанд.
Намудҳои муайяни хариду фурӯш аз соҳаи конвенсия берун карда шудаанд. Инҳо савдои истеъмолӣ, фуруш аз музоида ҳамчун истеҳсолоти иҷрокунанда мебошанд. Конвенсия ба фурӯши қогазҳои қимматнок, киштиҳои обию ҳавоӣ, энергияи барқӣ, шартномаҳои пудратӣ дахл намекунанд. Конвенсия як қатор масъалаҳои муҳими ҳуқуқии чун анъана аз хариду фурӯши савдои беруна пайдо шударо танзим намекунад. Мисоли он низомнома оиди ҷарима ва ноустворӣ ҳангоми иҷро накардан ва ё ба таври лозими иҷро накардани уҳдадориҳо мебошад. Чунин масъалаҳо мувофиқан ба нормаҳои истифодаи ҳуқуқии миллӣ танзим карда мешаванд. Конвенсия танзими ҳуқуқии амалиётхои молфиристии савдои берунаро, ки дар он шартномаҳои қаблан бастаи шартномаҳои байналхалқӣ паҳн карда шудаанд, дахл намекунад.
Дар савдои байналхалқӣ дар намуди ҳуҷҷати ягона шартномаҳои калону мураккаб баста мешаванд. Ҳангоми муносибатҳои кории доимӣ бо ҳадафи мушаххас бо вай гуфтугӯи шарти умумии хариду фурӯш санҷида мешавад, то ки дар таклифи мушаххас ба онҳо иқгибос карда шавад. Аснои тартиб додани матни чунин шартҳои умумӣ хариду фурӯш метавонанд дар сарчашмаҳои минбаъда истифода шаванд:
– шартҳои умумии фиристонидан, ки баъзе давлатҳо ба кор мебаранд. Нишондиҳандаҳои дар он буда дар амалияи арбитраҷию шартномавӣ санҷида шудаанд;

зери роҳбарии Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ тартиб дода шудаи шартҳои умумӣ ва шартномаҳои намудҳои барои намудҳои гуногуни харидуфурӯш. Онҳо беш аз 30 намуд доранд. Чунин шартҳои умумӣ нисбати содироти таҷҳизоти мошинӣ, хариду фурӯши молҳои истеъмолии бардавом ва дигар молҳои металлии истеҳсоли оммавӣ, масолеҳи аррагии ҷинсҳои сузанбарг, хариду фурӯши байналхалқии ситрусҳо мавҷуданд;
дар савдои байналхалқӣ бо таври васеъ шартномаҳои намудҳои қабулгашта (аз ҷониби савдогарони ширкатҳои соҳавии мувофиқ тартибдодашудаи намудҳои муайян истифода карда шаванд. Чунин шартномаҳои типикӣ барои ҳар як намуди моли алоҳида тартиб дода шудаанд (ғалла, равгани растанӣ, пахта, каучуки табиӣ, масолеҳи ҷангал, пуст, ангишт, металлҳои ранга ва ғайра);
– ҳуҷҷатҳои палатаи савдоии байналхалқии симои тавсиягӣ дошта ва аснои мавҷудияти ишора ба онҳо (дар шартнома). Ба қатори онҳо, қабл аз ҳама, қоидаҳои байналхалқии маънидодкунии ибораҳои савдоӣ (Инкотермс) дохиланд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.