Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


МАМЛАКАТҲОИ ТАРАҚҚИКАРДАИСТОДА ДАР СИСТЕМАИ МИБ (Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ)

Мамлакатҳои рў ба тараққӣ тақрибан 140 давлати ҷаҳонро дарбар гирифта, дар китъахои Осиё, Африка, Амрикои лотинӣ ва Океания ҷойгир мебошанд. Қисми зиёди ин давлатҳо дар замони барҳам хурдани системаи мустамликавӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба онҳо истеҳсолоти ақибмондаву аз омилҳои беруна вобастаро мерос мондаастМамлакатҳои рў ба тараққӣ тақрибан 140 давлати ҷаҳонро дарбар гирифта, дар китъахои Осиё, Африка, Амрикои лотинӣ ва Океания ҷойгир мебошанд. Қисми зиёди ин давлатҳо дар замони барҳам хурдани системаи мустамликавӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба онҳо истеҳсолоти ақибмондаву аз омилҳои беруна вобастаро мерос мондааст. 85% ахолии ҷаҳон дар ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд. Дар соли 2005 мамлакатҳои тараққикардаистода 25% МУД-и ҷаҳониро (аз рўи ҳисобу китоб дар асоси қурби чории асъор) ва 48% МУД-и ҷаҳониро (дарасосӣҳисобу китоб аз рўи курби харидории асъор) истеҳсол менамуданд.
Ҳисобу китобҳо нишон медиҳанд, ки барои он ки мамлакатҳои тараққикардаистода ақибмонии иҷтимоию муаммоҳои технологиашро аз байи бурда, фарқияти ақибмониро нисбат ба давлатҳои рушдёфта кам намоянд, бояд ба ҳисоби миёна дар як сол 6% афзоиши МУД-ро ташкил намоянд. Ин нишондиҳанда дар соли 1991-2000 3,3% ва дар солҳои 2001-2006 4,7%-ро ташкил намуд. Ин суръати пешравии иқтисодиёт аз ҳисоби омилҳои дохилӣ, сарфаи капитал, баланд бардоштани квалификатсияи қувваи корӣ ва истифодаи навоварихои илмию техникӣ ба даст оварда шуд. Қариб дар ҳамаи мамлакатҳои тараққикардаистода пешравии истеҳсолот бо роҳи экстенсивӣ ташкил гардид. Гузаштани иқтисодиёти ҷаҳон ба модели нави техникию иқтисодӣ, дарасосӣистифодаи васеъи технологияхои электронӣ ва информатсионӣ барои мамалакатдои ру ба тараққӣ дар пешравии иқтисодиёташон муаммоҳои навро ба миён мегузорад,
Ҳиссаи мамлакатҳои тараққикардаистода дар истеҳсолоти ҷаҳон на он қадар баланд буда, ҳамагӣ 21,6%-ро (дар соли 2006) ташкил намуд. Ҳиссаи мамалакатдои ру ба тараққӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии маҳсулотҳои ниёзи мардум зиёд гардид. Ин Гурўҳи давлатҳо 25% истеҳсоли ҷаҳонии маводӣ гизоӣ, 30% нушокидо, 48,4% маводҳои тамоку ва 40% маҳсулотҳои саноати сабукро (аз ҷумла 43,6% газвордо, 40% либосворӣ, 43,5%) пойафзолро) дарбар мегирад.
Чи тавре қайд гардид, пешравии мамлакатҳои тараққикардаистода бо роди экстенсивӣ ва индустриякунонӣ ташкил гардид. Индустриякунонӣ дар асоси сиёсати воридотивазкунӣ, яъне ба барпо намудани соҳаҳои коркардкунандаи саноатӣ барои аз бозорӣ дохилӣ берун кардани Шэлдои воридотии хориҷӣ равона гардидаанд. Дар индустриякунонии иқтисодиёти мамлакатҳои тараққикардаистода нақши давлат зиёд мебошад, ки мақсад, самтдо ва воситадои ба даст овардани ин мақсадро муайян намудааст.
Мавқеи мамлакатҳои тараққикардаистода дар хоҷагии ҷаҳон (дар тақсимоти байналҳалқии меднат) пеш аз ҳама алоқамандии ин зергурўҳ бо дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳамчунин таъсири ин алоқамандиро ба бозорӣ дохила муайян менамояд.
Алоқаҳои иқтисодии беруна барои дигаргунсозии сохтори иқтисодиёти ин давлатҳо, модернизатсиякунонии истеҳсолот таъсири калон мерасонанд. Сектори хориҷӣ имконият медиҳад, ки воситадои нави техники, технологияи наву навтарин ва дигар воситаҳои истеҳсолиро ба даст дароварда, самаранокии истеҳсолоти дохилиро барпо намоянд.
Таъсири алоқаҳои беруна ба раванди такрористедсолкунӣ дар давлатҳои ру ба тараққӣ нисбат ба давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳон ва таркиби пешравии иқтисодиёташон бештар ва мудимтар аст. Масалан, дар соли 2004 31% МУД-и ин зергуруд дар хориҷа фурухта шуда, воридот бошад, 28% МУД-ро ташкил намуд. Барои пешравии ин зергурўҳ таъсири даракати байналмилалии капитал камтар мебошад. Дараҷаи хдмгароии молиявиашон ба хоҷагии ҷаҳон он қадар назаррас нест. Таносуби ҷараёни капитали хусусӣ нисбат ба МУД дар давлатҳои тараққикардаистода 10,2% мебошад (соли 1990 – 5%). Аз сабаби он, ки дар сохтори ин зергурўҳ ҳам нисбатан давлатҳои пешрафта ва ақибмонда мавчуданд, бинобар ин дараҷаи иштирок дар равандҳои хоҷагии ҷаҳон ба дараҷаи тараққиёти иқтисодии давлат вобаста мебошад. Доштани дараҷаи баланди иқтисодиёти кушод ба давлатҳои дараҷаи миёнаи даромад дошта хос мебошад.
Дар мамлакатҳои тараққикардаистода гузаронидани ислоҳоти дохилии иқтисодӣ ва мувофик гардонидани асосхои конунгузорӣ, ки ҷараёни пешравии сохибкории хусусиро тезонид, ба ҷалби капитали байналмилалӣ (маблағгузориҳои каииталии байналмилалӣ) муосидат намуд. Сохтори маблағгузориҳои капиталии хориҷӣ ба мамлакатҳои ру ба тараққӣсифатан хуб гардид. Агар солҳои 70-м – 80-ми асри XX қисмати зиёди ин маблағгузориҳоро карзхои бонкӣ ташкил менамуд, солҳои 90-м ва 2000-м ин бештар ба намуди маблағгузориҳои мустаким ва ғайримустаким (портфели) табдил ёфт, ки ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт равона гардидааст. Ҳаҷми умумии ин маблағгузориҳо, агар солҳои 1983-1988 16,9 млрд. долларро ташкил намояд, солҳои 1992-1996 бошад, аллакаӣ ба 604,6 млрд. долл. расид. Агар ин нишондиҳандаҳоро нисбат ба МУД хисоб намоем, солҳои 1990-1998 ҳиссаи маблағгузориҳои капиталии хориҷӣ 5% МУД ва солҳои 2003-2006 6,9% МУД-ро ташкил намуд.
Аз рўи пешбинихои иктисоддонҳои Ғарб суръати ҳаракати капитали байналмиллалӣ дар 15 соли наздик ба мамлакатҳои ру ба тараққӣ баланд мегардад ва фақат аз ҳисоби мамлакатҳои рушдёфтаи индустриалӣ тақрибан 1,5-2 трлн. доллар ба иқтисодиёти ин зергурўҳ маблағгузориҳои капиталӣ ворид мегардад.
Бояд қайд намуд, ки қисмати зиёди маблағгузориҳои мустақими хориҷӣ ба ҳиссаи ками мунтазам пешравандаи мамлакатҳои ру ба тараққӣ ворид мегардад. Масалан, солҳои 1993-1998 62,6% ҷалби умумии маблағгузориҳои хориҷӣ ба чор давлати нави индустриалин Осиё, ҳамчунин ба Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Мексика, Туркия, Аргентина ворид гашт. Ҳамзамон қисми зиёди мамлакатҳои ру ба тараққӣ ислоҳоти иқтисодиро дамин тавр ташкил карда истодаанд, ки иклими инвеститсионӣ барои маблаггузорони хориҷӣ мусоид гардад. Аз ин хусус аз рўи пешбинидо, ба ин зергуруд дар соли 2010 тақрибан 1430 млрд. доллар ва дар соли 2015 аз 2400 то 3800 млрд. доллар маблаггузоридои мустақими хориҷӣ ворид мегардад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷамъи умумии маблағгузоридои мустақими хориҷӣ, тақрибан 15% ёрии иқтисодӣ мебошад.
Ҳамин тавр, тарзе ки дар боло қайд гардид, суръати даракати капитали байналмиллалӣ дар мамлакатҳои ру ба тараққӣ ва дачми умумии воридоти маблаггузоридои мустақими хориҷӣ сол аз сол афзун мегардад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.