Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


НАРХГУЗОРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Омӯзиши нарх дар савдои беруна масъалаи асосӣ буд ва хоҳад монд, зеро он фаъолияти мақсадноки иқтисодии берунии ҳар як давяатро муайян мекунад. Вобаста ба ҳар як давраи дохилшавӣ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, ин омил аз ҷиҳати аҳамиятнокиаш тағйир меёбад.Хусусиятҳои асосии нархгузорӣ дар бозори ҷаҳон
Омилҳои ба нархгузорӣ таъсиррасон
Нархгузорӣ дар бозорҳок молии навъҳои гуногундошта
Амалия ва усулҳои муайянкунии нархи савдои беруна
1. Хусусиятҳои асосии нархгузорӣ дар бозори ҷаҳон
Омӯзиши нарх дар савдои беруна масъалаи асосӣ буд ва хоҳад монд, зеро он фаъолияти мақсадноки иқтисодии берунии ҳар як давяатро муайян мекунад. Вобаста ба ҳар як давраи дохилшавӣ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, ин омил аз ҷиҳати аҳамиятнокиаш тағйир меёбад. Барои бозори ҷаҳон мавҷудияти системаи нарх – нархи ҷаҳонӣ хос аст. Барои он, ки шароитҳои иқтисодии истеҳсолот дар ҳар кадом мамлакат ба куллӣ фарқ доранд, бинобар ин харҷи омилҳои истеҳсолот барои истеҳсоли воҳиди ҳамон як хел мол дар мамлакатҳои гуногун ҳар хел аст. Тавассути ин нархҳои дохилӣ на ҳамеша барои эквивалент будани мубодила (аснои хариду фурӯш дар бозори ҷаҳон) ченак шуда метавонанд. Алалхусус, ки ин нархҳо ба асъори дохилӣ ифода ёфтаанд. Бозори ҷаҳон талабу пешниҳодро баробар карда, дар асоси он нархи худро ба миён меоварад ва онро дар асъори ивазшаванда, ки аз ҷониби умум зътироф шудааст, иваз менамояд.
Бинобар он, асоси ташкилёбии нархи ҷаҳониро нархи интернатсионалии истеҳсолот ва шакли дигаршудаи он, нархи интернатсионалии истеҳсолот, ҳамчун ифодаи ҳисоби миёнаи хароҷоти меҳнати ҷамъиягӣ ташкил медиҳад. Маҳз тавассути муборизаи пуршиддати рақобати нархҳои ҷаҳонӣ оид ба дараҷаи харҷи меҳнати зарурӣ дар миқёси ҷаҳон тасаввурот медиҳанд.
Нархи ҷаҳон ифодаи пулии нархи интернатсионии молии дар бозори ҷаҳон фурӯхташаванда мебошад. Дар амалия вай ҳамчун нархи фурӯшандагону харидорони муҳими марказҳои асосии савдои байналхалқӣ баромад мекунад ва дар рафти баамалбароии амалиёти калону доимӣ бо мол (ба воситаи асъори озод ивазшаванда) дар бозори ҷаҳон муқаррар карда мешаванд.
Масалан, нархҳои ҷаҳонии мошину таҷҳизотҳоро асосан нархи тавлидгарони аврупоӣ, ҷаҳонӣ ва амрикоӣ; нархи ангиштро-нархи воридотии бандарҳои аврупои ҷанубӣ; нархи руҳ, қурғошим, қалъагӣ, никел, алюминиӣ – нархи бирҷаи Лондонии металҳои ранга ва ғайра муайян мекунад. Савдои ҷаҳонӣ аз рӯи нархҳои ҷаҳонӣ мегузарад. Нархҳои ҷаҳониро шароитҳои истеҳсолотии мамлакатҳои асосии истеҳсолкунандаи ҳамон мол ва талаботу пешниҳоди он мол дар бозори ҷаҳон танзим менамоянд.
Аснои тағйирёбии шароити истеҳсолот нархи (арзиши) истеҳсолот ва нархҳои дигар иваз мешаванд. Бинобар он, ҳаракати нархро қонуни арзиш муайян мекунад. Инро Карл Маркс муайян карда буд.
Консентратсияи истеҳсолот, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, прогресси техникӣ, камшавии харҷи ашёи хом ва нархи қувваи корӣ- ҳамаи инҳо ба арзиш ва нархи маҳсулоти фурухта мешуда таъсир мерасонанд.
Дар шароити кунунӣ ҳар кадом мамлакати алоҳида барои истеҳсоли тамоми маҳсулоти барояш зарур буда, ки он дорои сифати баланд бошад, қодир нест. Ҳато мамлакатҳои аз ҳама тараққикарда наметавонанд (ва ин ҳам ба мақсад мувофиқ нест), ки тамоми талаботи худро бо молу хизмати худӣ таъмин намоянд. Бо ҳамин сабаб тамоми ҳолати истеҳсолоти ҷаҳон дигар мешавад. Агар ба истеҳсолоти ягон корхонаи калон назар афканем, пас мебинем, ки истеҳсолоти он як қисми истеҳсолоти на танҳо дохили мамлакат, балки инчунин тамоми дунё мебошад
Нархи ҷаҳонӣ ҳамчун ифодакунандаи объективии арзиши мол, чунин аломатҳо дорад: ин нархест, ки аз рӯи он амалиётҳои калони содиротию воридотӣ ба амал бароварда мешаванд; ин дар чунин амалиётҳо нархест, ки пардохт аз рӯи он ба воситаи асъори озод ивазшаванда гузаронида мешавад.
Сарчашмаҳои ахбор оид ба нархҳои ҷаҳонӣ (маълумотҳои рақобатӣ) хело гуногунанд:

Маълумотҳои бо роҳҳои гуногун гирифта шуда оид ба нарх дар амалиётҳои тиҷоратӣ, ки ҳисобу китоби онҳоро фирмаҳои хориҷӣ дар байни худ (ба воситаи асъори озод ивазшаванда) мегузаронанд.
Маълумотҳо дар бораи нархномаҳо, ки дар маҷалаҳои соҳавӣ ва дигар матбуоти даврагии иттиҳодияҳои байналхалқӣ ва дигар ташкилотҳои махсусгардонидашуда нашр карда мешаванд (асосан нархҳои нафт, ангишт, металлҳои сиёҳу ранга ва молҳои ашёи хомию маҳсулоти нимтайёр).
Шартномаи воридотчиён ва содиротчиён аз дигар мамлакатҳо.
Ахборот оиди нархҳое, ки ташкилотҳои савдои беруна дар амалиётҳои оддии тиҷоратӣ аснои хариди мол аз ширкатҳои мамлакатҳои дигар истифода мебаранд.
Маълумот оид ба нархҳое, ки аз рӯи онҳо ташкилоти савдои беруна моли мазкурро бар бозори аниқ фурӯхтааст (харидааст).
Пешниҳод (офердҳо), ҳисобот-фактур, мактуби ниятӣ, протокол оид ба гуфтушунид ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар он нархи гуфтушунидшуда ифода меёбад.
Прейскурантҳо, каталоги корхона ва дигар сарчашмаҳо.
2. Омилҳои ба нархгузорӣ таъсиррасон
Ҳаракати нархҳои ҷаҳонии молҳои алоҳида ё гурӯҳи молҳо таъсири омилҳои зиёдеро ба истеҳсолу фурӯши ин молҳо ифода мекунад. Омилҳои нархпайдокунанда гуногунанд. Аз рӯи симо, дараҷа ва ҳавзаи амал онҳоро ба 5 гурӯҳ ҷудо мекунанд:
1. Умумииқтисодӣ, ки новобаста ба намуди маҳсулот ва шароити мушаххаси истеҳсолу фурӯши он амал мекунанд:

сикли иқтисодӣ;
вазъи ҷамъи талаботу пешниҳод;
инфлятсия (беқурбшавӣ).
2. Мушаххасиқтисодӣ, ки бо хусусияти маҳсулоти мазкур, шароити истеҳсолу фурӯши он муайян карда мешавад:

хароҷот;
даромад;
андозу боҷ;
– талаботу пешниҳод ба моли мушаххас ё хизмат бо баҳисобгирии ҳамдигарро ивазкунӣ;
– ҳосиятҳои истеъмолӣ: сифат, устуворӣ, намуди зоҳирӣ, афзалиятнокӣ.
3. Хусусият, ки нисбат ба молу хизмати мушаххас амал мекунад:

мавсимӣ;
харҷи ба истифодадиҳӣ;
комплексӣ будан;
-кафолат ва шароити хизмат.
4. Махсус, ки ба амали механизмҳои махсус ва воситаҳои иқтисодӣ алокаманданд:
– танзими давлатӣ;
-қурби асъор.
5. Берунаи иктисодӣ:
-сиёсӣ;
-ҳарбӣ;

дини;
этникӣ ва ғаӣра.
Ба бозори ҷаҳонии имрӯза гуногунии нархҳо хос буда, онро сиёсати нархии монополияҳо, амали савдои берунаи давлат, омилҳои савдоӣ-сиёсӣ, тиҷоратӣ ва ғайра боис мешаванд. Гуногунии (бисёрии) нарх маънои мавҷуд будани гуногунии нархи молҳои якхела ё молҳои сифати якхела доштаро дар хамон як соҳаи мубодила дар базаи якхелаи нақлиётӣ ё фрахтӣ мефаҳмонад.
Дар шароити ҳозира чунин дараҷаи нархҳои ҷаҳониро ҷудо мекунанд:

Нархҳо аз рӯи амали оддии тиҷорат бо пардохт ташкил ёфта: а) дар намуди бо асъори озод ивазшаванда ва б) бо асъори ивазшаванда ва ё маҳдуд ивазшаванда;
Нархҳои аз рӯи шартномаи крилингӣ ташкил ёфта;
Нархҳои аз рӯи барномаҳои ёрирасон ба вуқӯъ пайваста ва ғайра.
Барои он, ки нархҳои ҷаҳонӣ дар шароити гунонгунии нархҳо муайян карда шавад, талаб карда мешавад, ки вай ба як қатор талаботҳо ҷавоб гардонад. Агар ба воситаи нарх амалиёти калони тиҷоратии дар он амалиёти ҷудогонаю бо ҳам алоқаманд набудаи содироту воридоти нишон додашуда ба амал бароварда шавад, он гоҳ вай нархи ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Дуюм, пардохтҳо бояд ба воситаи асъори озодивазшаванда ба амал бароварда шаванд, зеро пардохт бо асъори ивазшаванда дар аксар вақт боиси баландшавии нарх мегардад. Сеюм, нархи ҷаҳонӣ ҳамон нархест, ки агар вай дар марказҳои муҳимтарини савдои байналхалқӣ, ки дар он ҷо амалиётҳои калони содиротию воридоти гузаронида мешаванд, ба амал бароварда шавад.
Дар хусуси нархи молҳои алоҳида бошад, нРрхи аз ҳама намОёнИ ба нархи ҷаҳонӣ наздикшаванда, масалан, Эархи ашёи хом, нархи содиротии истеҳсолкунандагони асосии ин мол, Шнчунин нархи вкридотии бозорҳои аврулоӣ вР бирҷаҳои калонтарин дониста мешавад.
Нархгузорӣ ба мошину таҷҳизотғо проблемаи махсусро ба вуҷуд меорад. Зеро ин маҳсулотҳо хело гуногунанд.

3. Нархгузорӣ дар бозорҳои молии навъҳои гуногун
Дар шароити иқтисоди бозорӣ нархгузорӣ дар савдои байни субъектҳои иқтисодии берунаи мамлакатҳои гуногун дар шаркити муҳити рақобатпазир ба амал бароварда мешавад. Вале он вобаста ба навъи бозор аслоҳотро тақозҷ менамояд. Ченаки асосии таснифи бозорҳ., аз ҷумла бозорҳои ҷаҳонӣ низ симова дараҷаи озодии рақобат ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ин меъёрҳо иқтисоддонон чаҳор навъи бозорро ҷудо мекунанд:

соф рақобатӣ;
соф монополӣ;
рақобатӣ – монополӣ;
рақобатӣ- олигополии молбаророни начандон зиёд карда, Ин бозорҳо, қабл аз ҳама, аз рӯи субъекти савдо фарқ
мекунанд, ба механизми нархгузорӣ таъсири мустаким мерасонанд.
Симои бозори рақобати софро микдори зиёди субъектҳои савдои беруна ва нисбатан якхелабудани маҳсулот дар ин бозор муайян мекунад. Зери таъсири талабу пешниҳод нархҳо майли наздикшавӣ доранд, яъне дар ҳамин минтақа дар муҳлати миёна якхела боқӣ мемонанд. Мушоҳидаҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки дар шароити тамсилаи ин бозор бадастории фоидаи мутлақ аз ҷониби ҳар кадом содиротчӣ ба пастшавии нархи мол оварда мерасонад. Барои нигоҳ дошгани мавқеи худ дар бозор содиротаӣ ба камкунӣ (ё дисконт) кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки он на онқадар зиёд аст. Бурди содиротчӣ дар ин ҳолат, аз то рафт зиёдтар баровардани мол ба бозор зоҳир мегардад.
Дар ин бозор содиркунандагони мол ба қонеъгардонии мутлақи талаботи истеъмолгарон мекӯшанд. Фирмаҳои тавлидгари молу маҳсулот ҳамеша ба тавлиди молҳои дар асоси технологияи пешқадам истеҳсол намудани моли худ майл доранд. Итсеҳмолгарон бошанд, бештар ба фурӯши тибқ бо нархи арзон (бо баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолот) ҳавасаманд мебошанд.
Дар амалия ба чунин навъ савдки байналхалқии молҳои ҳархелаи сирати истеъмолӣ дошта: либос, пойафзол, томоку, маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ ва ғайра мансуб дониста мешавад.
Хусусияти бозори монополияи софро мавҷуд будани тавлидгари ягонаи мол ташкил медиҳад. Нархгузорӣ дар ин ҳолат бо хости монополист сурат мегирад. Вай ба кулли таклифот назорат бурда, вобаста ба талабот майли нархҳоро муайян ва ҳаракати ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаю тағйири нархҳоро ба миён мегузорад.
Монопояист вобаста ба табиати худи ин бозор кӯшиш менамояд, ки нархи молро ба дараҷаи хело баланд (аз рӯи усули хароҷоти пурра) муқаррар намояд, ки он харҷи истеҳсолот ва даромади дилхоҳро (барои истеҳсолчӣ) дар бар мегирад. Вале тартиби муайяне вуҷуд дорад, ки онро монополист маҷбур аст, ки риоя намояд. Ҳамин хел, қатъи назар аз иштироки ягона дар бозор монополист нархи аз ҳама баландтаринро ба мол таъин менамояд, гарчанде медонад, ки дар ин ҳолат даромади умумии ӯ муваққатан кам хоҳад шуд. Ҳамин тавр, интихоби ҳаҷми истеҳсол ва нарх ба амал меояд (бо нишондоди монополист), дар мавриде, ки маҷмӯи даромад то ҳадди имкон боло ва нисбат ба даромади мутлақи воҳиди маҳсулот паст бошад. Ин табиисг, зеро на ҳамаи иштирокчиёни бозори ҷаҳонӣ имконият доранд, ки молро бо нархи аз ҳама баланд ба даст оранд.
Молфиристии монополӣ ба бозори байналхалқӣ нархи моли ба бозор омадаро, вобаста ба нархи мамлакати ворқдотчӣ, аниқтараш вобаста ба вазъи молиявии воридотӣ калавиш медиҳад. Дар ин ҳангом ҳамеша ба ҳисоб гирифта мешавад, ки оё ресодироти (бори дигар содиркунӣ) ин маҳсулот минбаъд даркор мешавад ё на. Нархҳои маҳдудкарадшуда, чун қоида, дар бозорҳои ҷудо, ки дар онҳо ресодирот нест, муқаррар карда мешаванд. Аз ин ҷо мафҳуми табъиз (дискриминатсия)-и нархӣ ба вуҷуд омада амал мекунад.
Дар амалияи ҷаҳони ҳозира монополияҳои соф зиёд нестанд. Солҳои 70-80 асри XX дар бозори ҷаҳонии кайҳонӣ ба сифати монополисти соф ИМА баромад менамуд. Ин бо воситаи ширкати НАСА, ки вай содироти тиҷоратиро пурра таҳти назорати худ дошт. Дар бозори алмос монополияи соф Ширкати Де Бирс ба ҳисоб мерафт.
Бозори рақобати монополистӣ шакли омехтаи бозор буда, дар он як қатор монополистони калон ва миқӣори зиёди ширкатҳои на чандон пурқуввату вале мавқеи муҳим дошта иштирок менамоянд. Дар ин бозор нерӯи нархгузории рақобатӣ -монополӣ ҳукмрон мебошад.
Ҳукмронии ширкатҳои калони як мамлакат дар бозори молҳои алоҳида тавассути таҷовузи ширкатҳои калони монополистии дигар мамлакат ва дигар рақибони «сабуквазн», ки баҳри гирифтани ҳиссаи даромади баланди худ мекӯшанд, суст мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби монополия тағйирнаёбандакунии нарх рақобатчиёт ҳамеша вуҷуд доранду онҳо қобилияти таклифи муфиддиҳӣ доранд. Ба ибораи дигар онҳо нархи муфид дода метавонанд.
Ба нархҳо рақобати монополияҳои соҳаҳои гуногун таъсири назаррас доранд, ки онҳо ба бозор молҳои гуногунсимо ва хусусияти ҷисмонии ҳархела доштаю вале барои як мақсад истифодашавандаро мебароранд. Ба ин тавлидгарони фулузот, металлу пластмассаи ширкатҳои автомобилсозӣ мисол шуда метавонанд. Аснои нархгузорӣ рақобатпазирии молҳои баландсифату имкони молҳои анъанавиро ивазкунанда дошта низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Масалан, Ширкатҳои Австралия ва Англия, ки ба бозори ҷаҳон пашмбаророни анъанавӣ ба ҳисоб мераванд, дар бозор ба рақобати сахти истеҳсолчиёни нахҳои химиявӣ дучор меоянд.
Бозори рақобати молфиристонҳои камшумор-олигополия. Дар ин бозор якчанд ширкатҳои калони тавлидгар-молфирист иштирок дошта, онҳо қисми зиёди бозорро дар ихтиёр доранд ва бозори ҷаҳонро пурра ё ним пурра бо мол таъмин мекунанд. Байни ширкат ва мамлакати воридотчӣ оид ба ҳамкорӣ созишнома вуҷуд дошта, аксар ширкатҳо ҳуқуқи эксклюзивӣ (нисбати хариди ашёи хоми аз нигоҳи стратегӣ зарур) дошта, барои чорабиниҳои таблигӣ (рекламаҳо) маблағи калон мегузоранд.
Амалияи нархгузорӣ ба молҳои ба бозор бароянда собит намуда, ки ҳама гуна қарори қабул кардаи содиротчиён -муқарраркунии нархҳо, муайянкунии ҳаҷми истеҳсолот, харид, сармоягузорӣ ва ғайра – ҳамаҷониба ба вазн задании эҳтимолияти ҷавобгардонии рақобатчиён мусоидат талаб мекунад. Ин ҷо барои нигоҳ доштани ҳуқуқ ба мардум эълонкунию намоишдиҳии созишномаҳои ғайри расмии рақобатчиёни асосӣ нақш намебозанд. Дар рафти гуфтушунидҳои махсус оид ба нархҳои бақайдгирифташаванда ва тақсими бозори фурӯш, ҳаҷми истеҳсол созиш ба даст оварда мешавад.
Талабот баҳри бо ҳам мутобиқкунии фаъолият дар бозори ҷаҳонӣ боиси аз ҷониби ширкатҳо таъсис додани механизми махсус мегардад, ки бо воситаи ин механизмҳо (боҳиссаи зиёди пешгӯӣ) амал кардан мумкин бошад. Шакли аз ҳама одии чунин механизм картел аст, ки дар доираи он созишномаи расмӣ нисбати ҳаҷми истеҳсол ва сиёсати нархӣ нишон дода мешавад. Ширкатҳо оид ба тақсими бозори фурӯш (бо мақсади нигоҳ доштани дараҷаи нархи гуфтушунидӣ) созишнома ба даст меоранд. Картели аз ҳама маъмули ин ҷода, ки то вақтҳои наздик бозори ҷаҳонии нефтро танзим мекард, ОПЕК (Ташкилоти мамлакатҳои содиркунандаи нефт) мебошад.
Иштирокчиёни ин гуна механизмҳо тамоюли ба ҳадди аксар расонидани ҳаҷми даромадро интихоб менамоянд.
Чун қоида, дараҷаи нарх ҳаҷми мушаххаси тавлидгаронро бо ҳиссакунии фоизи муайян (бо баҳисобгирии бозори фурӯши мушаххас, ҳариф, минтақа ва ғайра) ифода мекунад.

. Амалия ва усулҳои муайянкунии нархи савдои беруна
Ба бозори ҷаҳонии имрӯза шумораи зиёди бозорҳои молу хизматҳои гуногуни соҳавӣ ва гуногунии нархҳо хос аст. Дар амал нархи моли аниқ дар ҳамон як хел бозор метавонад хеле фарқ кунад. Бинобар он аснои асоснокунию муайянкунӣ ва созишкунии нархҳои савдои беруна оид ба симои амалиёт, ки он хусусияти интихоби нархро нишон медиҳад, тасаввуроти аниқ доштан зарур аст:
– истифодаи нархи ба амалиётхои содиротию воридотӣ тақсимкардашуда;

нархҳо дар шароити пардохти накд;
нархҳои дар доираи амали тиҷорати оддӣ ташкилёфта.
Дар савдои ҷаҳонии ҳозира, алалхусус дар савдои молҳои ашёи хом ва маҳсулоти нимтаёр ширкатҳои миёнарав ҷои назаррасро ишгол мекунанд. Нархҳои маҳсулоти мошинӣ-техникӣ, молҳои техникаи мураккаб аснои алоқаи байни фурӯшанда-тавлидгар ва харидор-истеъмолгар ташкил меёбанд. Ин ҳолат дар нарх арзишҳои илова барои кафолат, хизмати пеш ва пас аз фурӯш, борпечонӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Барои омӯзиш дар амалия истифода бурдани нишондиҳандаҳои нархи бозори ҷаҳон сарчашмаҳои асосии маълумотҳоро оид ба нарх донистан зарур аст. Айни замон бонки махсуси маълумотҳо барои тамоми намуди молҳо ва гурӯҳҳои молҳои минтақаҳо ва давраҳои муваққатӣ (барои молҳои мавсимӣ) таъсис дода шудаанд. Системаи компутерии телекоммуникатсионии Интернет имкониятҳои бузург медиҳад, ки дар дақиқаҳои ба шумор оид ба тамоми молҳои ба бозори ҷаҳон бароянда маълумот гирифта шавад. Вале онҳо нархҳои эҳтимолӣ (пешакӣ) буда, ба воридотчию содиротчӣ имконият медиҳанд, ки барои гуфтушинид оид ба нарх барои худ майдони ибтидоӣ дошта бошанд.
Нархи бозорҳои ҷаҳонии мол аз руи сарчашмаи ахбор, соҳаи истифодашавӣ ва тарзи истифодабарӣ ба якчанд гурӯҳҳо тақсим карда шудаанд:
Шартномавӣ – нархҳои мушаххас ба маҳсулот, ки дар рафти гуфтушуниди харидору фурӯшанда мувофиқ дониста шудаанд. Ин гуна нарх дар тамоми давраи амали шартнома ҳақиқӣ ба ҳисоб меравад. Ин нархҳоро дар ҳеҷ куҷо нашр намекунанд, зеро ки он сирри тиҷоратист.
Маълумотӣ (справочник) – нархи фурӯшанда, ки дар нашриётҳои махсусгардонидашуда, бюллетенҳо, матбуоти даврагӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, канали ахбороти компутерӣ чоп карда мешаванд. Доираи молҳои ба ин гуна нарх дохилшаванда ашёи хому нимтайёрҳоро дар бар мегирад.
Чун қоида нархи маълумотӣ нисбат ба нархҳои ҳақиқӣ баландтаранд.
Бирҷагӣ – нархҳои молҳои дар бирҷаҳо савдошаванда. Ба молҳои бирҷавӣ асосан ашёи хому моли нимтайёр мансубанд. Нархи бирҷавӣ тамоми тағйиротҳои дар бозори ҳамин мол ба амал омадаро ба таври доимӣ ифода мекунад. Хурдтарин тағйирот ба ин ё он тарафи конъюнктураи бозор ҳамон лаҳза ба нархмонии (савдои) бирҷа таъсир мерасонад. Ин аз он сабаб аст, ки худи нархгузории (котировка) бирҷавӣ нархи ҳақиқии амалиёт маҳз дар ҳамин лаҳза аст. Нархгузории бирҷавӣ дар худ дигар воситаҳои (инструментҳои) савдои байналхалқиро ифода намекунад (шарти фиристодан, пардохт ва ғайра). Тартиби (регламенти) муайяни кори бирҷа ва иштирок дар кори он вуҷуд дорад. Бирҷаҳо ҳар рӯз амал мекунанд ва комиссияи нархгузорӣ нархҳои савдоиро ба қайд гирифта, онҳоро дар бюлетенҳои махсус нашр менамоянд. Ду хели нархгузорӣ вуҷуд дорад: а) фючерсӣ (таъҷилӣ) ба мол, ки айни ҳол вуҷуд надоранд ва б) нархгузорӣ ба молҳои фурӯхташаванда. Амалия нишон медиҳад, ки нархгузории бирҷавӣ «ранҷонандагони» берунаро бо тезӣ ҳис намуда, бо вуҷуди он анъана ва ҳаракати асосии нархро ифода карда наметавонад. Аксар вақт дар бирҷаҳо амалиётҳои ҷалобисимо гузаронида мешаванд.
Нархи музоидавӣ. Нархҳои тавассути савдо гирифташуда, бо таври воқеӣ талаботу пешниҳодро дар давраи кӯтоҳ, яъне лаҳзагӣ ифода мекунанд. Намуди музоидавии савдо ба худ хос аст, дар савдои музоидавӣ муина, чорво, чиаҳои санъат харидаю фурӯхта мешаванд.
Омории савдои берунӣ – дар маълумотномаҳои омории миллию байналмиллалӣ нашр карда мешаванд. Ин нархҳоро бо роҳи тақсимкунии нархи содирот ё воридот ба ҳаҷми маҳсулоти харидашуда ё фиристонидашуда муайян мекунанд.
Дар раванди савдои ҷаҳонии беруна одатан таҷрибаи кам кардани нархро (скидка) истифода бурда мешавад. Камкунии нархӣ яке аз усулҳои савдокунонии нарх, бо баҳисобгирии вазъи бозор ва шарти ғартнома, мебошад. Тибқи маълумотҳо зиёда аз 40 тарзи пасткунии нарх ва иловакунӣ ба нарх вуҷуд дорад. Аз ҳама намудҳои паҳншудатарини ин гунна камкуниҳо инҳоанд:
– фурӯшанда, ҳангоме\’қи содиротчӣ дар вақти савдо, вобаста ба вазъият дар бозори мушаххас барои ҳаҷми хариди яквақта ё устувории харид камкунии нархро пешниҳод менамояд. 20-30 фоизи нархи ибтидоиро ташкил карда метавонад;
– барои воридотчии эксклюзивӣ, агар фирма-воридотчӣ ягона молфирист дар мамлакат ё минтақа барои фурӯши ин мол бошад ва шароити аз ҳама беҳтарро ноил гардад, ба содиротчӣ низ ёрӣ мерасонад, ки вай ҳам мавқеи худро дар бозори ҳамон мамлакат мустаҳкам намояд.

бонусӣ (ба ҳарифи анъанавӣ) ба воридотчӣ пешниҳод карда мешавад, ки он муддати тулонӣ ба содиротчӣ дар бозор сару кор дорад. Дар чунин ҳолат содиротчӣ ба ҳариф-харидори худ нисбати иҷрои сари вақту дурусти ӯҳдадории шартномавӣ боварӣ дорад. Камкунӣ ба ҳаҷми солонаи фурӯши мол пешкаш карда мешавад.
дар ҳолате, ки воридотчӣ пешакӣ, қисман ё пурра (барои моли фиристодашуда) мепардозад (ин ҳолатро сконто номиданд). Чунин камкунӣ аснои гузаронидани (аз як ҷо ба ҷои дигар) бонкии бевоситаи пул дар вақти тартибдиҳии борхат (накладная) пешниҳод карда мешавад;
барои харидани моли ғайримавсимӣ, ки дар бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ, либосу пойафзол ва ғайра пешниҳод карда мешавад;
диллерӣ (миёнаравӣ) ба савдогарони чакана ва яклухт агентҳо ва миёнаравҳо пешкаш карда мешавад. Ин камкунӣ бояд ҷои хароҷоти диллерҳоро барои фурӯш ва хизмату таъминкунии ҳаҷми муайяни даромадро пӯшонад.
Ҳаҷми камкуниҳоро аз рӯи ҳар як ҳолати мушаххас ба таври алоҳида муайян мекунанд. Ҳаҷми камкуниҳо аз 2 то 10% нархи аввалаи пешниҳодшуда майл дошта метавонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.