Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


БОЗОРИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҚАРЗҲО

Бозори байналхалқии асъор ва бозори қарзи байналхалқӣ алоқаи зич доранд. Бозори байналхалқии қарз соҳа ва шакли ташкили ҳаракати захираҳои қарзиеро, ки дар байни мамлакатҳои хоҷагии ҷаҳон маҳфузанд ва қисми бозори сармояи қарзиеро ки қарзи хориҷии миёна ва дарозмуҳлат медиҳанд, дар бар мегирад.Бозори байналхалқии асъор ва бозори қарзи байналхалқӣ алоқаи зич доранд. Бозори байналхалқии қарз соҳа ва шакли ташкили ҳаракати захираҳои қарзиеро, ки дар байни мамлакатҳои хоҷагии ҷаҳон маҳфузанд ва қисми бозори сармояи қарзиеро ки қарзи хориҷии миёна ва дарозмуҳлат медиҳанд, дар бар мегирад.
Ин қисмати бозори сармояи қарзӣ дар солҳои 80 ва нимаи аввали солҳои 90-уми асри XX ба дигаргуниҳои калон дучор гардид. Соли 1980 ҳаҷми қарзи байналхалқӣ 320 млрд. доллар буду ва кунун 9,5 трлн. долларро ташкил медиҳад, ки ба 40% МУД-и мамлакатҳои ОЭСР баробар аст.
Қисми хеле муҳими бозори байналхалқии қарзро бозори аврупоӣ (еврорқнок) ташкил медиҳад. Вай чунин бозорест, ки дар он амалиётҳои депозитӣ ва қарзӣ бо евроасъор ба амал бароварда мешаванд. Евро (авро) – асъори нав нест. Евроасъор (масалан, евродоллар, евромарка, евроиен ва ғайра) асъори миллӣ буда, вай бо ҳисоб дар бонки хориҷӣ гузошта мешавад ва бонк онро барои амалиётҳои қарзӣ дар ҳар гуна мамлакат истифода мебарад. Бозори аврупоӣ аз нигоҳИ\’ географӣ дар як худи аврупо махдуд нест.
Ин бозор аз бисёр ҷиҳат ҳамчун реаксия ба набудани асъори ҷаҳонӣ дар шароити интернатсионаликунонии ҳаёти хоҷагӣ пайдо шудааст. Иштирокчиёни асосии бозори аврупоии қарз органҳои давлатӣ (марказию маҳаллӣ), корхонаҳои давлатӣ, ШФМ, бонкҳои транснатсионалӣ, инчунин институтҳои байналхалқии қарзӣ-молиявӣ мебошанд.
Қарз дар ин бозор бо шартҳои зер пешниҳод карда мешавад:

аз рӯи ставкаи фоизии мустаҳкам;
аз рӯи ставкаи шинокунанда (қарзҳои ролловерӣ);
стенд-бай;
синдикатикунонидашуда.
Муҳлати оддии қарзҳо аз рӯи ставкаи устувор то 2 сол аст. Аз ҳама паҳншуда қарзи роллеверӣ аст, ки он аз нав дида баромадани ставкаи фоизро баъди муҳлати муайян пешбинӣ менамояд.
Шарти «сгенд-бай» ба мизоч имконият медиҳад, ки қарзро бо евроасъор аз рӯи фоизҳои муайян гирад. Бонк низ барои уҳдадории ба мизоҷ пешниҳодкунии захираҳои молиявӣ, новобаста аз истифода бурдан ё набурдани қарз, андози комиссионӣ меситонад.
Қарзи синдикатикунонидашударо синдикатҳои бонкҳо пешниҳод мекунанд, ки он барои якҷоя гузаронидани амалиётҳои қарзӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Пайдоишу васеъ паҳншавии қарзҳои аврупоии синдикатӣ оа он алоқаманданд, ки мувофиқи қонунгузории мавҷуда бонк наметавонад, ки ба як қарзгиранда аз ҳаҷми фоизи муайяни сармояи худ зиёд пешниҳод намояд. Ғайр аз ин қарзи синдикатӣ имконият медиҳад, ки хатари қарзи диверсификатсия кам карда шавад.
Бозори ҷаҳонии қарз бо бозори ҷаҳонии молиявӣ зич алоқаманд буда, ба интишори қогазҳои қимматнок ва муомилоти минбаъдаи онҳо махсусгардонида мешавад. Дар бозори молиявӣ интишори (баровардани қоғазҳои қимматнок) қарзҳои облш атсионии хориҷию байналхалқӣ ба амал бароварда мешавнд. Ҳиссаи қисми қарзҳои облигатсионии хориҷӣ комилан тамоюли пастшавӣ дорад. Бозори облигатсияи байналхалқӣ бошад, бо суръати тез меафзояд. Дар ибтидои солҳои 80-уми асри ХХ ҳаҷми қарзҳои облигатсионӣ то ба 259 млрд. доллар ва ҳоло аз 2 трлн. доллар гузаштааст.
Қисми зиёди қарзҳои облигатсиониро еврооблигатсияҳо (облигати бо евроасъор) ташкил медиҳанд. Онҳо дар намуди зоҳирӣ аз интишори асъори дигар мамлакатҳо фарқ доранд ва дар бозори байналхалқии сармоя ҷойгир мешаванд. Муҳлати адои еврооблигатсияҳо одатан аз 10 то 15 сол мебошад.
Ғайр аз еврооблигатсияҳо воситаҳои гуногуни амалиётҳои бозори сармояи қарзи: евровексел, сертификатҳои депозитӣ ва ғайра арзи вуҷуд доранд.
Евровекселҳоро ширкатҳои рейтинги расмӣ надошта низ нашр карда метавонанд (ба муҳлатҳои гуногун).
Сертификатҳои депозитӣ шаҳодатномаи хаттиест, ки онро оид ба депоникунонии воситаҳои пулӣ ба маблаггузорон медиҳанд. Вай ба маблаггузор ҳуқуқи гирифтани пасандоз ва фоизро медиҳад (муҳлати пасандоз аз як моҳ то якчанҷ сол мебошад).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.