Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Гардиши модда ва энергия дар биосфера

Маҷмӯи организмҳои зиндаи сайёраро В.И. Вернадский моддаи зинда номида буд, ки асосан ба воситаи масса, тар-киби кимиёвй ва энергия тавсиф карда мешавад.Маҷмӯи организмҳои зиндаи сайёраро В.И. Вернадский моддаи зинда номида буд, ки асосан ба воситаи масса, тар-киби кимиёвй ва энергия тавсиф карда мешавад. Аз ин ҷиҳат биосфера он соҳаи Замин аст, ки бо таъсири модда ба амал меояд. Хусусияти муҳимтарини моддаи зинда ин аст, ки вай энергияи аз кайҳон оянда (асосан нури Офтоб)- ро ФУРӮ бурда, ба навъҳои дигари энергия (механикӣ, элек-трикй) бадал мекунад, ҳол он ки табиати ғайризинда (масалан, санг) онро фақат пароканда мекунад. Махсусан тавас-сути фотосинтез ҳосилщавии минбаъдаи моддаи органикӣ ҷолиби диққат аст. Ин ҳодисаи нодир ва протсеш ягонаи сатҳи сайёра аст, ки ҳангоми он энергияи афканишоти Оф-тоб ба мӯҳлати дурудароз захира карда мешавад, зеро имрӯз сӯхтани як пора ангиштсанг натиҷаи аз банд озод кардани он энергияи Офтоб аст, ки миллионҳо сол қабл во-риди таркиби наботот шуда буд.
Хусусияти дигари модцаи зинда қобилияти худи-стеҳсолкунии такрорист, яъне вай қобили истеҳсоли бисёр-каратаи шаклҳоест, ки аз ҷиҳати таркиб ва фаъолият ба на-сли пештара айнан монанданд. Дар таркиби кимиёвии мод-даи зинда 70% оксиген, 18% карбон ва 10% гидроген аст. Ҳамаи 10 модцаи дигар (нитроген, натрий, магний, силит-сий, фосфор, сулфур, калий, калсий, оҳан, хлор) якҷоя 1,5% ва микроэлементҳо камтар аз 0,01% – ро ташкил медиҳанд.
Истеъмоли доимии элементҳои кимиёвй ва ҳамеша да-страс намудани баъзе аз онҳо сабаби ҳаҷми маҳдуди мод-даи зиндаи рӯи сайёра аст. Ин масъаларо табиат ба воситаи Гардиши даврии модда ва ҷузъҳои он ҳал мекунад. Дар та-шаккул ва гардиши модда океигени дар атмосфера ҷамъшуда чун туршкунанда мавқеи багоят муҳим дорад, ки худ маҳсули иловагии фотосинтези организм аст. Аз ҷиҳати микдор оксиген қисми асосии материяи зинда аст. Масалан, дар таркиби организми одам вай 62,8% аст.
Қобилияти ба вуҷуд омадани пайвастагиҳои сершумор сабаби гардиши мураккаби оксиген мешавад. Ҳангоми фо-тосинтез дар шакли газ ҷудошавии оксиген баракси ис-теъмоли вай аст. Аз ин рӯ каму зиёд шудани оксиген ҳангоми фотосинтез ба нафаскашии гетеротрофҳо мувози-нат мекунанд ва таркиби фоизии вай дар атмосфера (20,95%) доимй мемонад. Аз биология маълум аст, ки гар-диши даврии оксиген ба самти мукобили гардиши гази ан-гидриди карбон ба амал меояд.
Бо вуҷуди он ки массаи умумии карбони биосфера (2.10,бт) назар ба микдори дар байни организмҳо, хок литосфера ва атмосфера гардишкунанда ҳазор бор зиёдтар аст, сарфи оксиген ва хориҷшавии ангидриди карбон дар тано-суби малекулавии баробаранд.
Дар гардиши даврии карбон газҳои СО ва ССЬ мавқеи муайянкунанда доранд. Нисбат ба гардишҳои биогеоки-миёвии дигар гардиши карбон дарбайни муҳитҳои гуногу-ни ғайриорганикӣ ва дар организмҳои зинда (ба восит-аи гизо) бо суръати баландтар ба амал меояд. Таркиби атмо-сфера ҳамагӣ 320 млн. т гази ангидриди карбон дорад. (Дар давоми солҳои 1958-1974 аз 316 млн. то 334 млн. т ва дар 150 соли охир 22% зиёдтар шудааст). Бо вуҷуди чунин да-рачаи сусти ғилзат маҳсули аввалини автотрофӣ дар хушкӣ махз ба туфайли ин ғаз аст. Микдори дар уқёнус ҳалшудаи он нисбат ба атмосфера 50 бор зиёдтар аст.
Дар табиат гардиши нитроген низ мураккаб аст. Аз микдори умумии нитрогени биосфера 78%- аш дар таркиби атмосфера (75% ё 3,8.1015т) буда, нисбат ба карбон дар ада-ди камтари пайвастагиҳои газй дучор меояд. Бо вуҷуди аз ҷиҳати кимиёвӣ камтар фаъол буданаш вай дар просесҳои синтез, масалан дар таркиби сафеда вайроншавии моддаи органикӣ иштирок мекунад.
Ба воситаи истеҳсол ва истеъмоли моддаҳои газшакл организмҳои биосфера таркиби ҳавои атмосфераро доимӣ нигоҳ медоранд.
Ба гардиши даврии элементҳои биогении асосӣ, ки фа-заи газӣ доранд, фосфор низ дохил мешавад. Миқцори фосфори минералй дар қишри Замин аз 1% беш нест. Ман-баъҳои асосии фосфори ғайриорганикй ҷинсҳои такшин-шуда ё дар натиҷаи оташфишонӣ аз қаърй Замин барома-даанд. Дар хушкӣ фосфори ғайриорганикиро растаниҳо фурӯ мебаранд ва аз онҳо чун ғизо ба ҳайвонот мегузарад. Баъди ин фосфатҳои органикй якҷоя бо часаду партовҳои мавҷудоти зинда ба хок баргашта, дар гардиши нав ишти-рок мекунанд. Бархилофи оксиген ё карбон микдори боз-гашти табиии фосфор ба хушкӣ нисбат ба ҳаҷме, ки ба обҳои уқёнус ворид мешаванд камтар аст. Ин ифодаи но мукаммалии гардиши табиии фосфор аст, бинобар ин да-холати хурде дар вайрон кардани ин мувозинат ба окибатҳои ногувор меорад.
Ба ҳамин тариқ, таъсири ҳамдигарии омилҳои абиотекӣ ва организмҳои зиндаи экосистема сабаби он мегардад, ки байни биотоп ва биосеноз дар шакли пайвастагиҳои гоҳе органикиву гоҳе минералӣ моддаҳо ҳамеша дар гардиши даврӣ мешаванд.
Саволҳо

Моддаи зипда чист?
Кадом хусусиятҳои моддаи зиндаро медонед?
Ҳаракати воситаи нақлиётии имрӯз истифоданамудаи Щу-мо аз ҳисоби чигуна энергия имконпазир гардид?
Дар атмосфераи Замин чанд фоиз оксиген аст?
Аз маълумоти ин мавзӯь истифода бурда, муайян намоед, ки массаи атмосфера чӣ қадар аст?
Массаи оксигени атмосфераи Заминро муайян намоед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.