Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли проблемаҳои экологии глобалӣ

Аз маълумоти мавзӯъҳои дар боло овардашуда дидан душвор нест, ки проблемаҳои глобалии сайёраамонро бо кӯшиши як давлат е ҳатто гурӯҳи давлатҳои алоҳида ҳал кардан мумкин нест.Аз маълумоти мавзӯъҳои дар боло овардашуда дидан душвор нест, ки проблемаҳои глобалии сайёраамонро бо кӯшиши як давлат е ҳатто гурӯҳи давлатҳои алоҳида ҳал кардан мумкин нест. Дар ин ҷода фаъолияти муштаракона, ҳамкориву ҳамраъйии кулли давлатҳо зарур аст. Ба про-блемаи глобалӣ табдил ёфтани бӯҳрони экологиро, ки ав-вал дар соҳаҳои локалй ва сонитар байналмилалй зоҳир мешавад, тадриҷан дарк менамоянд. Дар қатори дарки беҳтари мураккабиву мушкилоти ҳалли проблемаҳои эко-логӣ ин ҳам аёнтар мешавад, ки онҳо сарҳад ва мансубия-тимиллй надоранд.
Тадбирҳои глобалие, ки барои суст кардани ҷараёни бӯҳрони экологии ҳатто минтақаи\’ алоҳида андешида ме-шаванд, ба шартномаву мушоҳидаи гурӯҳи давлатҳо бояд асос ёбанд, зеро аз ифлосшавии кимиёвӣ ё радиоактивӣ танҳо дар худуди як давлат кушиши ҳифз намудани муҳит бегумон самараи камтар медиҳад.4^.
Нахустин созишномаи байналмилалие, ки дар масъалаи бо маҳсулоти нафтӣ ифлос накардани оби баҳрҳо ӯхдадориҳои давлатҳоро муқаррар намуд, Конвенсияи дар ш. Лондон (с.1954) ба имзорасида буд. Зимни қарордодҳои ин Конвенсия дар Англия (с. 1955, 1963, 1971) қонунҳои махсус қабул карда шуд, ки дар онҳо қатъ намудани иф-лосшавии минбаъдаи оби баҳрҳо бо маҳсулоти нафтй ҷиддан таъкид карда мешуд;-Мувофиқи ислоҳи санитаре, ки ба Коывенсияи номбурда ворид намуданд (с.1969), холо ифлос намудани оби ҳама уқёнусҳои сайёра манъ аст. Кон-весияи махсуси дигаре (Женева, с. 1958) ба масъалаи ифлос накардани тунукобҳои наздисоҳилии қитьаҳо бахшида шу-да буд. Дар крнфронси мамлакатҳои африкоӣ (Аруш, с. 1961) оид ба ҳифзи табиат манифесте қабул карда шуд, ки то с.1966 кариб ҳама давлатҳои ин китъа ба он ҳамроҳ шуданд.
Дар давоми солҳои 1960-80 дар ИМА низ роҷеъ ба ин масъалаҳо якчанд конун ва с. 1970 Агентии ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд. Мувофики конунгузории ин давлат дар мавриди риоя нашудани бандҳои алоҳида то 100 ҳазор доллар ҷарима ва ё то 10 сол аз ҳукуки озодӣ маҳрум кар-дан пешбинӣ шудааст.
Созишномаи ҳамкорие, ки 9 сентябри с.1969 дар ш. Бон ба имзо расид, ба масъалаи ҷустучуи тадбирҳои катъ наму-дани ифлосшавии минбаъдаи обҳои Баҳри Шимолӣ бах-шида шуда буд, зеро пайвастагиҳои карбону гидрогенӣ дар таркиби оби ин минтака аз ҳадди эътидол гузошта буд. Ма-салан, соле ба он ПОт симоб, ПООт кадмий, 21800т кургошим, 109000т рӯҳ, садҳо ҳазор тонна пеститсидҳо ва гайра партофта мешуд. Дар робита ба ин масъала такроран с.1987 дар Лондон Конфронси байналмилалӣ баргузор гар-дид ва бо таассуф бетағйир мондани вазъи ногувори ин баҳр кайд карда шуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.