Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Вазъи экологии имрӯза дар Тоҷикистон

амоили бадшавии вазъи экологӣ хоси танҳо давлатҳои мутараққии ҷаҳон нест. Албатта ба дараҷаи баланди ис-техсолоти саноатии чунин мамлакатҳо ногувории бештари экологӣ мувофик меоянд, вале ҳамбастагиву робитаи сайё-равӣ сабаби тагйироти муҳити зисти мо низ мегардад.Тамоили бадшавии вазъи экологӣ хоси танҳо давлатҳои мутараққии ҷаҳон нест. Албатта ба дараҷаи баланди ис-техсолоти саноатии чунин мамлакатҳо ногувории бештари экологӣ мувофик меоянд, вале ҳамбастагиву робитаи сайё-равӣ сабаби тагйироти муҳити зисти мо низ мегардад. Ғайр аз ин омилҳои зиёди дохилӣ ба дигаршавии шароити маҳал сабабгоранд. Масалан, то солҳои 70-ум ба ҳар сари аҳолии ҷумҳурии 0,15 га замини обёришаванда, вале ҳоло 0,11 га чунин замин мувофиқ меояд. дар давоми як сол аз ҳисоби оби дарёи Сир 420 ҳазор т. ва Аму 500 ҳазор т. намакҳои гуногун, ҳангоми обёрӣ, сабаби шӯразании заминҳои корам мешаванд.
Ҳаҷми солонаи истифодаи пептитсидҳо (хлорофос, фо-залон, тиодан, сумисидин ва гайра) солҳои оҳир дар ҷумҳурӣ бештар аз 14 ҳазор т. буд ки ба ҳар гектар 16 кг рост меомад. Дар обҳои зеризаминӣ пайвастагиҳои нитро-ген одатан дар шакли нитратҳо, нитритҳо ва ионҳои аммо-ниӣ ба кайд гирифта мешаванд.
Партовҳои моддаҳои заҳрнок ба атмосфера аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ (64%), Вазорати сохтмон ва истифода-барии роҳҳои автомобилгард (10%), Кумитаи давлатии са-ноати хӯрокворй, ширкати «Агрохим» ва гайра бештар аз 100 ҳазор т буд. Баъди андешидани баъзе чораҳои беҳбуди вазъи экологӣ, инчунин аз аввалҳои солҳои 80-ум манъ на-мудани коркарди майдонҳои пахта бо пеститсидҳо тавас-сути тайёраҳо партовҳои ифлоскунандаи атмосфера дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1989 ба 23% кам карда шуданд. Танҳо дар соли 1990 ба 16 ҳазор тонна кам кардани чунин партовҳо пешбинй шуда буд.
Мушоҳидаи ҳавои атмо бахусус Турсунзода дар давоми солҳои 1990-96 нишон дод, ки ба ҳаво воридшавии моддаҳои заҳрнок, бо вуҷуди та-моили камшавй доштанашон, амалан пурра истисно наме-шаванд. Сабабҳои асосии ифлосшавии ҳавои шаҳр наклиёти автомобилй (аз 53% то 70%) аст. Солҳои 80-ум ифлосшавии атмосфераи ш. Душанбе то андозае буд, ки онро ба шаҳри азиме чун Ню-Йорк мукоисашаванда меҳисобиданд.
Тамоили ба атмосфера камтар воридшавии газҳои заҳрнокро дар шароити Тоҷикистон бо он шарҳ додан мумкин аст, ки аз як тараф раванди технологии истеҳсолот такмил дода шуда аз тарафи дигар ҳаҷми худи истеҳсолоти саноатӣ назаррас коҳиш ёфта буд. Афзоиши бемайлони ҳаҷми боркашонӣ тавассути наклиёти ҳавоӣ низ сабаби ифлосшавии муҳити атроф ме-гардад. Ба ҳисоби миёна як тайёраи реактивй дар як соат 15 I сӯзишворӣ ва 625 т ҳаво истифода карда, ба муҳити атроф бештар аз 47 т гази ангидриди карбону ғубор, 635 кг окиси нитроген, 15 кг окиси сулфур ва ғайра хориҷ мекунад. Ин аст, ки дар фосилаҳои гуногуни шабонарӯз таркиби хавои мавзеъҳои назди фурудгохи ҳавой аз маҳалҳои дуртари шаҳр фарк мекунад. Барои ба ин нукта бовар кардан ба ёд овардани минтакаҳои шартан «тоза» ва «ифлос» номидаи умури санитарию эпидимиологии ш. Душанбе кофист. Аз рӯи мушоҳидаҳои дар давоми сол гузаронидашуда мукар-рар намудаанд, ки микдори моддахои заҳрноки ҳаво дар минтака (зона) -и ифлос 2 бор зиёдтар аст.
Муассисаҳои муолиҷавии пешгирикунандаи бемориҳо аз рӯи таҳлили маълумоти гирифтаашон ба хулосае омада-анд, ки дар байни аҳолии минтакаи «ифлос» теъдоди бемо-рон 1,8 маротиба зиёдтар астЛАз чумла бемориҳои роҳи нафас 1,7 маротиба, бемории ишемикии дил 2,3 маротиба, бемориҳои гипертонӣ 2,2 маротиба, бемориҳои пӯст 2,6 ма-ротиба, бемориҳои узвҳои ҳозима 2,4 маротиба бештар ду-чор шуданд. Чунин тамоил нисбат ба кӯдакон низ ошкор карда шуд ва мутаасифона нишондиҳандаҳои дар боло овардашуда барои кӯдакон бадтаранд. Масалан, ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ дар зонаҳои «ифлос» ва «тоза» муво-фикан микдори зайли беморон ба қайд гирифта шудаанд: байни калонсолан 341 ва 178 нафар, байни кӯдакон 357 ва 216 нафар.
Мушоҳидаи вазъи экологии обҳои территорияи ҷумҳуриро лабораторияҳои Вазорати ҳифзи муҳити зист, Вазорати тандурустӣ,Тоҷикгеология ва корхонаҳои калони саноатӣ ба ӯҳда доранд. Ҳангоми ба дараҷаи олудашавии обҳо баҳо додан аз ҳудуди ҷоизи дараҷаи ғилзати моддаҳои захрнок дар обанборҳои моҳипарварӣ, обҳои ошомидани ва ба мақсадҳои маишӣ пешбинишуда истифода менамоянд.
Муқаррар карда шудааст, ки сабаби кобили истифода набудани оби дарёҳои Сир, Кофарниҳон, Вахш ба онҳо воридшавии поёнобҳои заминҳои обёришуда, заводу хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермаҳои чорво ва ғайра мебошанд.
_ Истифодаи бенизоми поруҳои минералӣ, заҳрҳои кими-ёви партовҳои саноативу маишй ва комплексҳои чорводорд сабаби аз меъёр бештар ифлосшавии обҳои зеризаминй низ мегардад. Инро аз рӯи мушоҳидаи минтақаҳои ҳамсояи за-води нуриҳои маъдании Вахш, Комбинати электрокимиё-вии Ёвон, заводи арзизи ш. Турсунзода ва монади ин кор-хонахои азими саноатӣ ошкор намудаанд. Обҳои зериза-минии Шаҳристон, Файзобод, Қалъаидашт, Даштиработ, Муминобод, Ховалинг нисбатан тозаанд.
Дар ҷумҳурӣ бештар аз 20 млн. т партовҳои маишии сахт, 17 млн.м3 партовҳои моеъ, бештар аз 200 млн. т пар-товҳои истеҳсолии саноатй истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ (77,1%) ва ғайра мавҷуданд, ки коркарди такрории онҳо кисман зарур аст, вале набудани маблағҳои зарурӣ ва таҷҳизоти технологӣ сабаби таъхири ҳалли чунин масъалаҳо мешавад. Яъне дар ин соҳа ҳам вазъи сарфаи за-хираҳо, безарар гардонидани моддаҳои заҳрноки маишиву саноатӣ ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нест. Дар рӯйхати партовҳои истеҳсолии корхонаҳои ҷумҳурӣ 400 номгӯи моддаҳо дучор меоянд. Манбаъҳои азимтари партовҳои заҳрнок заводи арзизи ш. Турсунзода, Итиҳодияи ис-теҳсолии «Тоҷикхимпром», заводи поруҳои минералии Вахш, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиксемент» ва ғайра ме-бошанд.
Дар ҷумҳурй ҳоло низоми муайяни ҷамъ намудану ис-тифодаи такрории партовҳо мавҷуд нест, иқтидори илмии мавҷуда самаранок истифода намешавад, назорати давла-тии экологӣ беҳбудӣ металабад.
Мувофиқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ ва Ва-зорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба 60% -и заминҳои корам (қариб 500 ҳазор гектар) эрозияи обӣ таъсири номатлуб ра-сонидааст.
Аз рӯи тадқиқотҳои баъди солҳои 90-ум гузаронидаи экспедитсияи гидромелиоративии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ танҳо 68%-и заминҳои обёришаванда дар ҳолати хубанд. Дар натиҷаи риоя накардани меъёру Кондаҳои обёрӣ баландшавии сатҳи обҳои зеризаминй ва шӯрзании заминҳо мушоҳида мешавад.
Дар ин бора тавсияҳои мушаххаси муассисаҳои илмии ҷумҳурй (Пажӯхишгоҳҳои ботаника, чорводорӣ, хокши-носӣ ва ғайра) пешниҳод шудаанд ва дар соҳаи кишовар-зию иктисодии мо бешак кӯмак хоҳанд расонд. Таъсири ан-тропогении имрӯза ба бадшавии ҳолати экосистемаҳо, не-сгшавии навъҳои алоҳидаи набототу ҳайвонот, камшавии масоҳати чангалзорҳо, каммаҳсулии чарогоҳҳо ва дигар погувориҳои экологӣ сабабгор аст.
Бо назардошти вазъи имрӯза дар чумҳурии мо як қатор чораҳои беҳдошти вазъи экологӣ дида шудаанд. Аз ҷумла танҳо дар давоми 6-7 соли охир бештар аз 12 конуну карорҳои ҳуқумати чумҳурӣ дар робита бо экология ва ҳифзи муҳити зист қабул шудаанд. Фаъолияти Вазорати хнфзи мухити зист ва идораву шӯъбаҳои экологияи назди вазоратҳои дигар ифодаи дар мадди назари Хукумати чумҳурй будани ин масъалаи муҳими рӯз аст.
Саволхо

Робитаи вазъи экологии ҷумҳурии мо ва минтақаҳои ди-гарро шарҳ диҳед.
Кадом масъалаҳои бӯҳрони экологиро медонед? Мутобиқан ба ҷумҳурии мо чӣ?
Оид ба сабабу оқибати олудашавии обу ҳавои ҷумҳурӣ маълумот диҳед.
Дар қисми шимолии ҷумҳурӣ кадом масъачаҳои экологӣ беитшр ташвишоваранд?
Оид ба вазъи экологии қисми марказии ҷумҳурӣ чӣ медонед?
Дар бораи эрозияи обиву бодии маҳали худ маълумот диҳед.
Вобситагии олудашавии ҳавои атмосфера ва авҷгирии бе-мориҳоро шарҳ диҳед.
Барои рафъи ифлосшавии оби дарёҳо чӣ бояд кард?
Кадом ташкилотҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд?
Кадом ташкилотҳои байналмилалй машгул ҳалли масьа-лаҳои экологианд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.