Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Проблемаҳои экологии сарвати об дар Тоҷикистон

Аҳамияти муҳими сарвати об – дар он аст, ки он сарчашмаи асосии муҳити зист, оксиген барои раванди ҳаётгузаронии организмҳои зинда ба ҳисоб меравад. Бе об раванди фотосинтез намегузарад. Об ягона сарчашмаи оксиген аст. Об барои раванди биохимиявӣ, биофизикавӣ хеле зарур аст.Накша:
1. Аҳамияти сарвати об дар табиат ва ҳаёти инсон
2. Захираи сарвати об дар Точикистон
3. Проблемахои экологии сарвати об. дар Точикистон.

Аҳамияти муҳими сарвати об – дар он аст, ки он сарчашмаи асосии муҳити зист, оксиген барои раванди ҳаётгузаронии организмҳои зинда ба ҳисоб меравад. Бе об раванди фотосинтез намегузарад. Об ягона сарчашмаи оксиген аст. Об барои раванди биохимиявӣ, биофизикавӣ хеле зарур аст. Сарвати об ба ақидаи гурўҳи олимон нигоҳдорандаи қонунияти сайёраи Замин аст, зеро он 3/4 ҳиссаи сайёраи Заминро ( 36 млн. км2) сарвати об иҳота кардааст. 96, 5 % – намии сайёраро уқёнусҳои ҷаҳон таъмин мекунанд . Соле аз сатҳи уқёнусҳо 500,10 км ³ ё худ 86% намӣ ва 14 % намӣ аз сатҳи хушкӣ ба атмосфера бухор мешавад. Уқёнуси ҷаҳон массаи бузурги энергияи офтобро дар ҳаҷми ( 90 к.кал. см ² дар як сол ва хушкӣ бошад 50 к.кал. см ² дар як сол) аз худ мекунад. Дар уқёнуси ҷаҳон 7,3 х 10 к.кал. гармӣ нигох дошта мешавад. Ивазшавии гармӣ ва намӣ омили асосии муайянкунандаи иқлим дар сайёраи мо аст, ки ахамияти сарвати об хеле калон аст.
Тақибан 89 – 90% – и массаи растаниҳо ва 75 % – и массаи ҳайвонот, 65 % – и танаи инсон аз об иборат аст. Ба инсон барои конеъ гардонидани талаботи худ дар як шабонарўз 2 т. литр об зарур аст.
Об – ин хуни зинда аст, ки ба табиат ва сарватҳои он ҳаёт мебахшад.
Саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидросфераи Осиёи Миёна назаррас аст. Аз 115,6 км ³ оби ҳавзаи баҳри Арал 90 % – и он аз ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад.
Оби дарёҳои Тоҷикистон 64 км ³ ва оби кўлҳо 44 км ³ – ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дорои 20 км ³ оби нўшокии тоза аст ва дар зери замин 6 км ³ оби тоза ба кайд гирифта шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки хангоми окилона истифодабарии сарвати об давлати Точикистонро инкишофи тамоми самтхои фаъолияти хаёти дар пеш аст .
Тайи солҳои тўлонӣ як силсила нерўгоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар Тоҷикистон қомат афрохта ба хонаҳо рўшаниву гармӣ бахшиданд ва фаъолияти саноатиро ба пеш бурданд . Бунёди нерўгоҳҳои азими Қайроққум, Сарбанд, Хоруғ, Помир, Бойғозӣ, Рогун ва Норак саҳифаҳои заррине дар таърихи энергетикаи ҷумҳурӣ маҳсуб шуда,кадамхои бузург ва устуворе дар шоҳроҳи истиқоли энергетики он мебошанд.
Об сарчашмаи шифои беморон аст. Абўалӣ Ибни Сино дар асри Ҷ – ум дар асари «Қонуни илми тиб» дар қатори дигар воситаҳои муолиҷаи маризон, обро чун нигоҳдорандаи саломатӣ қайд кардааст.
Аз асрҳои гузашта халқи тоҷик махсусан мардуми вилояти имрўзаи Суғд аз обҳои чашмаҳо чун воситаи шифои беморон истифода мебурданд. Оби дарёи Сир, дарёчаҳои Хоҷабақирғон, барои муолиҷаи касалиҳои пўст истифода бурда мешуданд.

Оби чашмаи Деҳмой (ноҳияи Ҷ. Расулов) барои раҳо ёфтан аз касалии зардпарвин, лойқаи шифобахши Оқсуқон (ноҳияи Ашт), обӣ чашмаи Шўйбулоқи санаторияи Хаватағ (ноҳияи Истаравшан) аз бемориҳои узвҳои ҳаракаткунанда, сил, узвхои ҳозима, торҳои асаб инсонро шифомебахшад.
Захираи сарвати об дар Точикистон .
Аксарияти обҳои ширини Тоҷикистон дар пиряхҳои он захира шудаанд. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи ғизогирии дарёҳои Осиёи Миёна мебошад.
Пиряхҳо аз барфҳои бисёрсола ҳосил мешаванд. Се намуди пиряхҳои аниқ карда шудааст:

рўизаминӣ,
шелфӣ
кўҳӣ.
Пиряхҳои Тоҷикистон кўҳи мебошанд. Онҳо дар як шабонарўз аз якчанд сантиметр то 4 -5 метр ҳаракат мекунанд ,ки ҳаракати онҳоро фақат яхшиносон ( глясиологҳо) муайян карда метавонанд. Масоҳати Яхбастаи кўҳҳои Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна 17000 км² буда 60 % – и он дар маркази Тоҷикистон воқеъ аст.
Дар Тоҷикистон 14509 пиряхи дорои 11146 км² масоҳат дошта ба кайд гирифта шудааст , ки 6 % масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Пиряхҳои кўҳҳои Помир 6,2000км ² масохат доранд . Дар Помир 10 пиряхи аз 15 км дароз мавҷуд аст. Пиряхҳои калонтарин дар Тоҷикистон пиряхи Федченко буда, майдонаш 651,7 км, дарозии он 77 км аст.Ин чунин пиряхои дигар ба кайд гирифта шудааст, ки калонтарини он Бивачний буда 22 км дарозӣ, майдонаш 197 км ² аст. Пиряхи Грум –Гриҷмайло 143 км ² , пиряхи Гарм 114, 6 км ² масоҳат , 36,7 км дарозӣ дорад. Пиряхҳои « Ҷамъияти геогрофӣ» 81,8 км ² масоҳат дошта, дарозии он қариб 22 км аст. Пиряхи Савуқдори Калон дорои 53,0 км ² масоҳат ва 25,2 км дарозӣ аст.
Дар қаторкўҳи Зарафшон ва ҳисору Олой, Туркистон низ пиряхҳо мавҷуданд. ҳамагӣ 1500 км ² ташкил медиҳанд. Яке аз калонтарин пиряхи Зарафшон масоҳаташ 41 км ² буда 25 км дарозӣ дорад дар баландии 4200 – 5000 метр воқеъ аст.
Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи оби дарёҳои Осиёи Миёна мебошанд. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 460 км 3———————- оби сифатан баланд дошта маҳфуз аст. Маҷмўи захираи ях дар пиряхҳо тақрибан 845 км ³ ташкил дода 13 маротиба аз ҷараёни солонаи дарёҳои тамоми ҷумҳурӣ зиёд аст.
Дар пиряхҳои Ватанамон 52 % – захираи оби нўшокии Осиёи Миёна ҷамъ шудааст.
Аксарияти дарёҳои калонтарин Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон, Сирдарё оби худро аз пиряхҳо мегиранд. Пиряхҳо ҳам дар натиҷаи нисбатан гарм шудани обу ҳаво ва иқлим аз хати барфӣ ба поён фаромада аз миқдори муқаррарӣ зиёдтар об мешаванд.
ҳазорҳо солҳо, ки Сирдарё сарчашмаи зиндагии одамон, асоси пайдоиш ва тараққиёти вохаҳои маданияти зироатии ба обёри асосёфта, шохобҳои дарёи Сир – рудҳо ё ки сойҳо буданд. Ин сойҳо Хоҷабақирғон, Исфара, Оқсу, Ошоба, Пунук, Қаромазор, Ушкансу, Чолато, , Оби Ашт, Понгоз ном дошта, аз пиряхҳо ва барфҳои доимии кўҳҳои Туркистон ва Қурама ғизо мегиранд. ҳамаи ин сойҳо шохоби чап ва рости Сирдарё ба шумор рафта дар Осиёи Миёна баъд аз Амударё калонтарин ба шумор меравад. Сирдарё аз якшавии дарёҳои Норин ва Кародарё ба вуҷуд омада, ба баҳри Арал мерезад.
Сирдарё яке аз дарёҳои киштигард буда аз ҳудуди 4 – давлат: Қирғизистон, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қазоқистон мегузарад. Дарозиаш 2137 км, аз саргаҳи Норин бошад 3019 км. ҳавзаи Сирдарё аз чануби Шарқ ва шимоли ғарб тўл кашидааст. Қисми ҷанубиро кўҳсор, шимоли ғарбиашро ҳамвори ихота кардааст . Масоҳати ҳавзааш – 219000 км2 ҳисоб карда шудааст. ҳавзаи Сирдарё дарёю канал ва коллекторҳои бисёре дорад. Дарёҳои Норину Кародарё чун Сирдарё аз дарёбоди васеи Фарғона чори мешавад. Аксари шохобҳои дарё аз рост – Консой, ва Чодаксой, аз чап – Исфайрамсой, Сух, Исфара ва Хочабақирғон аз кўҳҳо сар шуда, бинобари он, ки оби ин дарёхо барои обёри сарф мешаванд дар конусҳои селовард нест шуда мераванд, то резишгоҳи худ – Сирдарё рафта намерезанд. Аз дарёҳое, ки ба сўи води чори мешаванд, қариб 700 канал ва аз худи Сирдарё 50 канал об гирифта мешавад. Калонтарини онҳо – Канали Калони Фарғона, Канали калони Андичон ва Канали Шимоли Фарғона (аз дарёи Норин), инчунин каналҳои Андиҷон, Шахрихон, Канали ба номи Охунбобоев хисоб мешавад .
Сирдарё ҳангоми аз водии Фарғона баромадан кўҳҳои Фарҳодро миёнбур карда, ба самти шимоли – ғарб тоб мехўрад ва аз дарёбоди васеи 10- 15 км каму беш ботлоқзор низ мешавад. Дар қисми ҳамвори ҳавзаи дарё камобтар мешавад, чунки бештари оби онро барои обёри истифода мебаранд. Сарфи бисёрсолаи оби дарёи Норин дар наздикии деҳаи Учкурғон ба ҳисоби миёна 434 м3 / сония, оби Кародарё дар наздикии посёлкаи Кампирработ 122 м3/ сония,дар наздикии баромадгоҳи водии Фарғона 566 м3/ сония, поёнтар аз ҳамроҳшавии дарёи Чирчик 703 м3/ сония, дар наздикии шаҳри Казалинск 446 м3/ сония мебошад. Аввали солҳои 70 –уми асри ХХ барои обёрии 2,2 млн га замин ба каналҳо зиёда аз 40 км3 об ҷудо карда шуда буд , обҳои дар коллекторҳо ҷамъшуда 13 км3 – ро ташкил дод.
Ҷараёни об ба воситаи обанборҳо танзим карда мешавад. Якчанд обанборҳои калонтарин дар дарёи Сир ба монанди, Қайроққум, Фарҳод, Чордара, Тухтагул ва ғайраҳо бунёд карда шудааст. Дар ҳавзаи дарё 61 неругоххои обии барки (аз ҷумла неругохи обии барки – и «Дўстии халқҳо» дар шаҳри Қайроққум) сохта шудааст,ки дар натиҷаи бастани маҷрои дарёи Сир ва сохта шудани сарбанд обанбори Қайроққум – «Баҳри тоҷик» (ҳаҷмаш 4 млрд м3) бавуҷуд омад. Захираи оби обанбори Қайроққум барои бунёди стансияҳои нави насоси, обёрии 300 ҳазор га замини Мирзочўл ва 75 ҳазор га замини поёноби Сирдарё имкон дод. Обанбори Қайроққум манбаи асосии парвариши навъҳои хуби моҳи гардид. Хоҷагиҳои моҳидорӣ дар солҳои пеш 1500 т моҳӣ мегирифтанд. Инчунин дар соҳили бахр комплекси истироҳати бунёд карда шуда, ин ҳамчун аҳамияти рекреатсионии Сирдарёро нишон медод.
Дар соҳилҳои Сирдарё якчанд шаҳрҳои Осиёи Миёна ба монанди Хуҷанд, Бекобод, Чордара, Қизилдарё, Қазалинск ва ғайра воқеъанд , ки хамчун истифодабарандагони бузурги сарвати об хисоб мешаванд.
Сирдарё ҳанўз аз замонҳои хеле қадим ахамияти хеле калон дошта, дар сарчашмаҳои таърихию адаби ҳар хел ном бурда мешуд . Масалан, муаррихони Юнони Қадим – Яхартес (Яксарт) ва баъзан Танаис гуфтаанд. Дар китоби муқаддаси зардуштиён Авесто – Дану, дар осори муаррихони араби забон – Сайҳун, дар « ҳудуд –ул – олам» ( асри – Ҷ) ҳашарт, дар «Шоҳнома» – и А.Фирдавси – Гулзарриюн, дар асарҳои Абурайҳони Беруни – ҳасарт номбар шудааст. Инчунин Сирдарёро дар маҳалҳои гуногуне, ки обаш чори мешуд ва аз сарватхои оби он истифода мебурданд чунин номида буданд : оби Фарғона ё дарёи Фарғона, дарёи Узган, оби Хуҷанд, дарёи Шош, дарёи Банокат ва ғайраҳо.
Ибораи Сирдарё бори нахуст дар асари муаррихи Рим Плиний (асри I – милоди) дар шакли «Силис» вомехўрад. Ибораи «Силис» (ё ин ки Сир) эҳтимол аз номи қабилаи маскуни атрофи дарё гирифта шуда бошад. Ба гуфти баъзе таърих нигорон ба монанди А.Девонакулов Сирдарё чунин маънидод шудааст. Сирдарё бо ҳеҷ гуна асроре вобастагӣ надошта, маънии луғавии Сирдарё на «Дарёи асрорангез» будааст, балки маънои «Дарёи сероб, пуроб, обшор» – ро доштааст. Маълум аст, ки дар имлои қадима шакли дурусти Сердарё ба маънии дарёи саршор, дарёи пуроб, дарёи сероб боқи монда, минбаъд дар талаффуз шакли «Сирдарё» – ро гирифтааст, ки он ба маънои «Рози нухуфта» меояд.
ҳоло танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ҳазор дарёю дарёча бо дарозии бештар аз 30 ҳазор км ба қайд гирифта шудааст. ҳамаи ин дарёҳо ба ҳавзаи ду дарёи азим – Ому ва Сир таалуқ доранд.
Дар ноҳияи шимолии ҷумҳури ва Фарғонаи тоҷик дарёи Сир чори мешавад. Дар ҳудуди ҷумҳуриамон дарозии ин дарё ба 195 км мерасад. Бисёр дарёчаҳое, ки бо ибораи гидрологи «Дарёҳои хурд» мегўянд аз доманаи чанубии кўҳи Қурама ва доманаи шимолии қаторкўҳҳои Туркистон чори мегарданд, вале онҳо то резишгоҳи худ яъне дарёи Сир нарасида, барои киштзорон оби онҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад, аз ин рў онҳо то Сирдарё омада намерезанд. Қайд кардан чоиз аст, ки худи Сирдарё низ солҳои охир аз сабаби истифодаи об барои зироаткори ва обёри заминҳои корам ба резишгоҳи худ баҳри Арал рафта намерезад.
Барои омўзиши Сирдарё махсусан олимону ҷуғрофҳои соҳаи гидрология монанди Корҷеневский Н.Л., Шулӣ В.Л., Ғукин И.С., Ғеглова О., Лҳвович М.И., Ӣигелҳная И.Д., Конкина А.Г., Забирова Р.Д., Глазовская М.А. ва бисёр дигарон хизмати босазо кардаанд.
Майдони ҳавзаи дарё
Сирдарё дуюмин (баъди Амударё) калонтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Миёна мебошад. Қисми асосии ҳавзаи Сирдарё дар қисми кўҳие, ки ба системаи кўҳии Тиёншон ва Помиру Олой мансуб мебошанд, вобаста аст. Асоси ҳавзаи обғундории Сирдарё дар қисми шимолӣ – шарқӣ, яъне дар ҳавзаи Норин ташкил мегардад. Қисми нисбатан ками ҳавзаи обғундории дарё бошад, чанубтари чукидаи Фарғона ҳисоб мешавад.
Сарфи миёнаи солонаи об.
Сарфи миёнаи солонаи дарё баъди якшавии Норин бо Кародарё 600 м3/с—– – ро ташкил медиҳад, ки 85% – аш ба дарёи Норин рост меояд. Дар қисми резишгоҳи бошад, сарфи миёнаи солона 430 м3/ —сония аст.
Ҷамъшавии миқдори асосии об чунин аст: дар фасли баҳор – 41%, дар фасли тобистон – 26 %, тирамоҳ – 18%, зимистон – 15 % -ро ташкил медиҳад. Миқдори ҷараёни солонаи Сирдарё 14,5 км3— ё 30% – и захираи умумии обро ташкил медиҳад. Солҳои охир оби Сирдарё ба резишгоҳи худ – бахри Арал рафта намерезад ё танҳо ҳангоми давраҳои сероби қисман рафта расиданаш мумкин . Яке аз сабабҳои асоси аз он иборат мебошад, ки оби дарё барои зироаткори гирифта мешавад
Сароби дарё. Дарёи асосие, ки Сирдарёро ташкил медиҳад -Норин 534 км дарозии дошта, ҳавзаи 58370 км2 мебошад. Дарёи Норин бо якшавии дарёҳои Норини Калон ва Норини Хурд (44 км шарқтари шаҳри Норин) шакл мегирад. Дарёҳои Норинро ташкилкунанда аз акбаи Арабел, аз қаторкўҳи Четимбел сарчашма мегирад. Сарфи миёнаи Норин Калон 48 м3 / сония аст. Онҳо якчоя 22%- и ҷараёни обии Норинро ташкил мекунанд. ҳар ду дарё (Норини Калон ва Хурд) ҳавзаи обғундории баланд доранд, яъне онҳо аз баландии 3770 м ва 3494 м баланди ҷорӣ мешаванд. Манбаи ғизогириашон пиряҳию барфи мебошад. Обхезии максимали ба моҳи июл рост меояд.
Дуюмин дарё, ки Сирдарёро ташкил мекунад ин – Кародарё мебошад, Қародарё аз якшавиии дарёҳои Тар ва Қарокўлча, кадоме, ки оби худро аз нишебиҳои ҷанубӣ –ғарбии қаторкўҳӣ Фарғона ва қисман нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Олой ҷамъ мекунанд, сарчашма мегирад. Сарфи миёнаи дарёи Тар ба 44 м3/ с баробар аст, дарёи Қарокўлча бошад ба 20 м3/с баробар мебошад. ҳар ду дарё ба типи ғизогирии барфию – пиряхи мансубанл. Давраи обхези ё ҷараёни максимали моҳи июн аст, ҷараёни минимали ба моҳи январ – феврал рост меояд.
Поймаи дарёи Қародарё баъзан ботлоқзор аст. Қародарё ба монанди Норин типи ғизогирии барфию – пиряхи дорад. Қародарё дар баландии 2599 м( ба ҳисоби миёна) ҷойгир аст. Норин бошад -2775 м. Ҷараёни Қародарё нисбат ба Норин барвақттар сурат мегирад, бо вуҷуди ин ҷараёни максимали дар моҳи июн мушоҳида мешавад. Масалан, миқдори ҷараёни обӣ дар давраи июл – сентябр 29 % -ро ташкил карда, дар моҳҳои март – июн бошад, баробари 53 % аст. Чунки ғизогирии дарё чӣ хеле, ки қайд карда шуд, барфию пиряхист, аз тарафи дигар асосан обшавии барф дар моҳҳои март – июн сурат мегирад.

Чӣ хеле ки қайд кардем Сирдарё сарчашмаи худро аз Тиёншони Марказӣ, аз қаторкўҳҳои Терскей – Алатоу мегирад. Вақте, ки Сирдарё баъди якшавии ду дарё ( Кародарё бо Норин) номи Сирдарёро гирифта ба води Фарғона дохил мешавад, махсусан аз тарафи рост шохобҳои зиёде чори мегарданд . Онҳо аз қаторкўҳҳои Қурама ва Чаткал, Фарғона чорӣ мешавад. Инчуини шохобҳои чап: Исфайрам, Сух, Исфара, Оксу аз нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Туркистону Олой чорӣ мешаванд, кадоме, ки оби онҳо асосан барои обёри гирифта мешавад.Ин шохобхои дарё низ хамчун захираи об маъсуб ёфта талаботи инсонро аз замонхои кадим конеъ мегардонад . Тавсияи чанд шохоби Сирдарё, ки хамчун захираи сарвати об хисобида мешавад кайд карданиям .
Дарёи Исфара – яке аз дарёҳои калонтарини Тоҷикистони шимолӣ мебошад. Дар нишебиҳои шимолии қисми шарқии қаторкўҳи Туркистон дарё сарчашмаи худро мегирад. Аз баландиҳои 4500-5500м чорӣ мешавад. Як қисми дарёи Исфара аз деҳаи Ворух равон аст. Пости гидрологии «Ворух» ҳанўз бо ташаббуси хоҷагии оби Осиёи Миёна моҳи июли соли 1990 таъсис ёфта буд. Дар болооби дарёи Исфара 34 пирях, бо масоҳати 88,7 км2– ҷойгир шудааст.Дарёи Исфара аз марзи 3 чумҳурӣ: Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон мегузарад. Аз нишебиҳои шимолии қаторкўҳӣ Туркистон сар шуда, болообии Оксу, миёнаобаш Қаравшин ва поёнобаш Исфара ном дорад. Тўлаш – 107 км, ҳавзааш баробари 3240 км2– мебошад. Сарчашмагирии ин дарё пиряху барф, асосан аз пиряхи Оксу об мегирад. Исфара дар болооби худ аз дараҳои танг гузашта, ҷаранёаш хеле тезоб мегардонад. Давраҳои пуроби ба моҳҳои июл, сентябр давраҳои камобӣ ба фасли зимистон рост меояд. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар наздикии ш. Исфара 14,7 м3/ —сония, сарфи максималии об бошад 15,6 м3/ сония, сарфи минималиаш 3,95 м3/ сония, баҳору тобистон оби дарё одатан лой аст, масалан, дар 1 м3 об 8800 г ҷинсҳои таҳшин дорад.Дарёи Исфара пурра барои обёрии заминҳои корам истифода мешавад.
Хоҷабақирғон – дарёест, ки аз марзи ноҳияи Лайлаки ҷумҳурии Қирғизистон ва ноҳияи Б.Ғафурови ҷумҳурии Тоҷикистон чори мегардад . Аз нишебиҳои шимолии қаторкўхи Туркистон сар шуда дар наздикии шахри Хуҷанд ба охир мерасад ,яъне резишгоҳи он дарёи Сир мебошад, вале аз сабаби оби дарё пурра барои обёри истифода шудан дарё ба резишгоҳи худ намерезад. Танҳо ҳангоми обхези ё боронҳои зиёд дарё ба Сирдарё омаданаш мумкин аст. Тўлаш 117 км, масоҳати ҳавзааш 2150 км2, шохобҳои асосиаш Лайлак ва Кизбола буда, манбаи ғизогирии дарё барфу борон ва пирях мебошад. Сарфи миёнаи солонааш 10,3 м3/ сон, давраи пуробиаш баҳору тобистон аст. Оби дарё баҳорон, махсусан моҳи апрел лой мешавад, оби дарёи Хоҷабақирғон пурра барои обёрии заминҳои кишт истифода мешавад. Инчунин дарё захираҳои моҳӣ ба монанди ширмоҳӣ, зағирмоҳӣ дорад.
Дар болоби дарёи Хоҷабақирғон 28 пирях, бо масоҳати 34,9 км2 мавҷуд мебошад,ки хамчун захираи оби тоза хисоб меёбад .
Бояд гуфт, ки барои ҳамаи дарёҳои хурд ва сойҳои водии Фарғона Сирдарё ҳамчун резишгоҳ хисобида мешавад . Оби ин дарёву сойхо низ барои обёрии заминҳои кишт истифода бурда мешавад аз тарафи дигар онҳо ба дохили қуму рег даромада мераванд. Баъзе олимон, гидрологҳое, ки Осиёи Миёнаро омўхтанд дар он ақидаанд, ки қисме аз дарёҳо бо воситаи хамрохшави ба оби зери замини ба резишгоҳи худ -Сирдарё мерезанд. Ғайр аз ин исбот карда шудааст , ки бинобар –
1). Нобаробар ҷойгиршавии захира ва объектҳои об, махсусан дарёҳо.
2). Мавқеи ҷойгиршавии махал .
3). Вобаста ба хусусиятҳои иқлим, яъне дорои иқлими хушк ва континенталии шиддатнок будани территорияхо ба дарёи Сир нарехтани оби дарёхо сабаби асоси хисобида мешавад .
Чанд ҷумла дар бораи сойҳои Тоҷикистони Шимоли, ки хамчун захираи мухими сарвати об хисобидан мумкин . Мувофиқи гидрография сойҳои Тоҷикистони Шимоли ба ҳавзаи дарёи Сир мансубият доранд. Дарёи Сир бошад ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешавад. Сойҳои Тоҷикистони Шимоли: Оксу, Исфара, Шавозсой, Ширинсой, Басманда, Шаҳристон шохобҳои чапи Сирдарё хисоб меёбад .Ин сойхо аз қаторкўҳи Туркистон чорӣ мешаванд. Оби онҳо қариб тамоман барои обёри сарф карда мешаванд, аз ин рў ба резишгоҳи худ Сирдарё намерезанд. Танҳо баъзе онҳо ба монанди Хоҷабақирғон, Оксу ҳангоми обхези ё боронҳои сел ба Сирдаё рехтанашон мумкин аст.
Аз нишебиҳои ҷануби – шарқии қаторкўҳи Қурама якчанд дарёчаҳои камоб ё бо ибораи гидрологӣ сойҳо чорӣ мешаванд ,ки онҳо низ ба Сирдарё намерасанд: Октошсой, Олмаликсой, Ошоба, Понгоз, Мулломир, Аштссой, Гудос, Каромазор, Шайдонсой, Саримсаҳли, , Олтин – Топкан ва ғайра. Онҳо низ барои обёрии заминҳои корам, барои зироати пахта ва боғу токпарвари истифода мешаванд. Аз тарафи дигар хусусияти табии онҳо: бухоршавии зиёд хусусан дар давраи тобиистон ва ба регу қум даромада рафтани онҳо кобили кайд аст ..
Хусусияти асосии сойҳои Тоҷикистони Шимолӣ аз он иборат:
1). Нобаробар ҷойгиршавии сойҳо ва захираҳои обии онҳо.
2). Ташаккулёбии сой дар қисми кўҳӣ, яъне қариб ҳамаи сойҳо аз кўҳҳо ҷорӣ шуда, то резишгоҳӣ худ омада намерезанд.
3). Баъзе сойҳо ба монанди Қаромазор, Долона, Саримсахли, , Оксу, Ширинсой, Уткансой характери мавсими доранд, танҳо охирҳои тирамоҳ ва аввали бахор ҳангоми обхези ҷорӣ мешаванд, дигар вақт бо намуди чашмаҳо аз баромадгоҳи кўҳҳо бо чараёни суст чори мешаванд . Суръати ҷараёни сойҳо дар территорияи Тоҷикистони Шимолӣ бо ҳисоби миёна -0,8- 1 м/с – ро ташкил медиҳад. Дар давраи сероби бошад, ба ҳисоби миёна 1,8- 2 м/с ба кайд гирифта шуда аст .
Аз рўи хусусиятҳои гидрографи сойхои мазкур баромадгохи об надорад ва системаи сарбастаро ташкил мекунанд.
Типи ғизогирии дарёхо ва сойхои Тоҷикистони шимолӣ
Дарёхои Тоҷикистони Шимолӣ, ки оби худро ба дарёи Сир мерезад дар давраи барфобшавӣ, ки ин ба моҳҳои март- июн рост меояд, аз 20 то 80 % ҷараёни оби солонаи худро пур мекунанд. Махсусан дарёхо ва сойҳои Исфара, Қаромазор, Мулломир, Ошоба, Хоҷабқирғонро қайд кардан лозим, ки онҳо бо ин амалиёт то 80% чараёни солонаи худро таъмин мекунанд . Дар он дарёҳое, ки типи ғизогириашон борони аст ба ин гурўҳи дарёҳо аз 20 то 60% миқори ҷараёни солона рост меояд.
Дарёҳое, ки типи ғизогирашон пиряхию барфист, одатан ҳавзаи обғундории чунин дарёҳо баланд ҷойгир шудаанд. Дар давраи моҳҳои март – июн ин гурўхи дарёҳо миқори ҷараёни солонаашон максимоли буда 40% ташкил медиханд . Даврае, ки пиряҳҳои баландкўҳ об шуда, ин дарёҳо бо об таъмин мешаванд, асосан ба моҳҳои июл – сентябр мувофиқ аст. Ҷараёни солона дар ин дарё аз 30 то 60 % ташкил дода дар моҳҳои июл – сентябр камшавии оби дарё мушоҳида мешавад, ин холат дар сойҳо бошад, то хушкшавии ҷараёни об мушоҳида мегардад, то ҳолати нулӣ (%). расиданаш мумкин аст .
Дар ин давра ин дарёҳо аз обҳои зеризамини низ ғизо мегиранд. Оиди типи ғизогирии дарёҳои Осиёи Миёна якчанд олимон ба монанди Ғеглова О., Шулҳӣ В. Л . Давқдов Л ва дигарон фаъолияти илми бурда ба акидаи профессор Шулҳӣ В.Л. чунин типи ғизогирии дарёҳои Осиёи Миёнаро пешниҳод кардааст:
1. Дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон пиряхию барфӣ.
2. Дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон барфию – пиряхӣ.
3. Дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон барфист.
4. Дарёҳое, ки манбаи ғизогирии барфию борони доранд.
Хусусияти дигари дарёҳои Осиёи Миёна нисбати манбаи ғизогири, масалан, баъзе дарёҳо ҳангоми ба водӣ ё ҳамвори дохил шудан аз кисми кўҳӣ типи ғизогирии онҳо тағйир меёбад. Дарёи Норин (барои мисол) дар ш. Норин манбаи ғизогирии пиряхию барфи дорад, вале ҳангоми аз водии Фарғона баромадан типи ғизогириаш барфию – пиряхи мешавад.
Хусусияти реҷими гидрологи , гидрокимиёвии
дарёи Сир ва сойҳои он.
Реҷими гидрологии Сирдарё нисбати ғизогири ба типи барфӣ- пиряхӣ мансуб аст. Дар мавсими зимистон ( моҳхои декабр – январ) бошад, баъзан дар Сирдарё қисман яхбанди ба амал меояд. Хусусияти асосии реҷими гидрологии дарё: Шароити обғундории дарё, чоришавии дарё бо маҷрои худ аз кўҳ ба водӣ ё ба дарёи асосӣ, маҷрои дарё то пункти мушоҳида (пости гидрологи ), ғайр аз ин дар реҷими гидрологӣ харатери боришоти атмосферӣ пўшиши барфи ва обшавии он низ ба назар гирифта мешавад.
Дар қисми ҳамворигии ҳавзаи Сирдарё аз сабаби хушк будани иқлим, системаи дарё ташкил намешавад. Дар ин марз он дарёҳое, ҷорӣ мешаванд ,ки аз кўҳҳои атроф сарчашма гирифтаанд, ки оби онҳо бо воситаи каналҳо ба заминҳои обёришаванда фиристода мешавад.
Аз рўи хусусияти гидрологӣ ҳавзаи Сирдарё ба зеринҳо ҷудо карда шуда омухта мешавад:
1. Қисми болоии нишебиҳои қаторкўҳ, ки онҳо ҳамчун ҳавзаи обғундори буда, сарчашмаи дарё ҳисобида мешаванд. Маҷрои дарё, ҳолати таркиби об дар дарё аз тарафи стансияи гидрометеорологи ва гидропостҳо омўхта мешавад;
2. ҳавзаҳои дарё, ки нисбатан масоҳати хурд доранд, ҷараёни табиии дарё ва реҷими гирологӣ дар постҳои системаи хоҷагии об омўхта мешавад;
3. Сойҳои Тоҷикистони Шимолӣ, ки онҳо асосан ҷараёни доими надоранд ё онҳо муваққати мебошанд, танҳо ҳангоми обхези ва селҳои зиёд дарё пур шуда ба резишгоҳ ё дарёи асоси равон шуданаш мумкин аст.
Умуман рафти ҷоришавии оби дарё , миқори об, сарфи миёнаи солона, суръати чоришавӣ ва дигар унсурҳои сарвати обро постҳои гидрологи меомузанд. Масалан: дар дарёи Исфара пости Ворух ё Тошкурғон,дарёи Хоҷабақирғон пости Андархон, Сирдарё пости Қизилқишлоқ ва монанди инҳо мебошанд. Вале аз сабаби бўҳрони иқтисодӣ ва норасоиҳои таҷҳизоти гидрологӣ – гидротехникӣ солҳои охир миқори зиёди ин постҳои гидрологи фаъолият намебаранд. Ин ҳолат махсусан ба постҳои гидрологии Тоҷикитони шимолӣ таалуқ дорад, ки миқори зиёди онҳо амал намекунанд. Махсусан дар ҳудуди водии Фарғона ин ҳолат хеле маҳдуд аст, ки ин ба беназорати нисбати реҷими гидрологии сарвати об меоварад, ки дар оянда мушкилотхои зиёди экологи аз он сарчашма мегирад .
Маҷрои дарё то баромадан аз водии Фарғона устувортар аст, баъди баромад аз води маҷрои дарё устувории худро гум мекунад, яъне миқори оббурда аз ҳисоби ҷинсҳои шусташаванда зиёд мегардад, ки ин ба реҷими гидрохимиявии оби дарё таъсир мерасонад .
Сирдарё обоварди регии худро махсусан аз хисоби чои якшавии ду дарё Қародарё ва Норин мегирад ва хусуси хирагии дарё низ аз хамин сабаб мушоҳида мегардад. Оби Сирадарё ба гурўҳи гидрокарбонатию сулфати дохил мешавад. Миқдори хлор дар дарё кам аст. минерализатсияноки бошад ба ҳисоби миёна 500 мг/л – ро ташкил медиҳад. Минерализатсияи минимали ҳангоми обхезии тобистона мушоҳида мегардад, ки он 300 – 400 мг/л –ро ташкил медиҳад. Давраи зимистон минерализатсиянокии об зиёд мешавад кадоме, ки дар ин давра 900 мг/ л –ро ташкил медиҳад. Махсусан минерализатсияи об баъди сохтани каналҳои бузург ба монанди Канали Калони Фарғона, Канали Калони Андиҷон зиёдтар шуд, чунки баъди истифодаи об барои заминҳои корам обро боз ба дарё равон кардаанд .Селҳои зиёд оби дарёро пур карда ба резишгоҳ ё дарёи асоси хамрох шуда, боиси тагйирдихии таркиби об гардад .
Барои баҳодиҳи ба реҷими гидрохимиявӣ аз сабаби нокифоя будани мониторинг дар шабакаи гидрографи бисёр вақт мушкилихо пеш меоянд. Дар дарёҳои Тоҷикистони Шимолӣ аз рўи меъёрхои зерин тахлили сарвати об гирифта мешавад, ки усулхои умуми кабул карда шудааст .Тахлили маводхо нишон дод ,ки дар роххои гузариши дарё аз шахрхои Конибодом то Бекобод таркиби зиёдшавии элементхои аз меъёри мукарраршуда зиёд буда, аз руи дуруштиии умуми аз 30 то 300% мерасад Асосан дар таркиби онхо анионхо ва катионхо, хлор , калсий, сулфат , мис, калсий мавчуданд .
Таҳлил ва намудҳои солҳои охир нишон дод, ки Сирдарё дар наздикии шаҳри Хуҷанд, дарёи Исфара аз сулфату нитрат, нитрогени аммоний, пестиситдҳо олуда мебошанд. Мувофиқи нишондоди тахлил пестесид аз хадди имконпазири 50% зиёд мушоҳида гардид.
Махсусан дар заминҳои кишт ва обёришаванда минералнокӣ хеле баланд аст. Масалан, дар дарёҳои кўҳӣ минералнокӣ 0,25 г/л бошад, дар қисми ҳамворигии дарё ин ҳолат ба 1 г/л баробар мебошад.
Инчунин минералнокии зиёд дар обҳои заҳбурхо зиёдтаранд, яъне аз 3-4 г/л то 8-10 г/л –ро ташкил медиҳад. Чунки ин обҳо ҳамчун захира нигоҳ дошта мешаванд, маълум ки вақте, ки об дар захбуру коллекторҳо меистад, минералнокии он зиёд мегардад.
Ғайр аз ин дарёҳое, ки аз нишебиҳои чанубии қаторкўҳи Қурама ҷорӣ мешаванд: дар 1 литр об 0,9 -1,5 г намаки ҳалшаванда доранд, ин холат дар моҳи март – 1,44 г/л, моҳи апрел – 1,38 г/л, июн – 1,24 г/л, сентябр – 0,92 г /л – ро ташкил медиҳад.
Олудагии фенол махсусан дар обанбори Қайроққум мушоҳида карда мешавад. Ифлосшавии об аз ҳисоби мису руҳ ба 3-6 (ПДК) – аз ҳадди имконпазирии партовҳо зиёд мебошад .Хадаф аз ин маълумотхо дар он аст , ки захира ва таркиби оби вилояти Сугд дар кадом холат аст омухта шуда дар ин кори мазкур чой дода шуд ва оянда ба ин самтхо диккат додан , роххои нигохдории захираи об ва таркиби табии онро чустан яке аз проблемахои экологи ба хисоб меравад .
Проблемахои экологии сарвати об дар Точикистон.
Проблемаи экологии об яке аз проблемахои актуали ба шумор рафта , бевосита ба ахамияти сарвати об , функсияхои экологии он, нобаробар пахншави , сифат ва хусусан тагийрёбии таркиби сарвати об хангоми таъсири техногени вобаста аст .
Исбот карда шудааст , ки дар мавзеъхои ахолии зич дошта проблемаи сарвати об меафзояд ва норасогии сарвати об , ифлос шудани таркиби он ба назар аст ,ки дар натичаи конеъ гардонидани талаботи ахоли он ба миён меояд .
Аломатхои проблемахои экологии сарвати об аз тарафи як катор олимон омухта шуда илми асоснок гардидааст , ки он аз руи чунин равияхо омухта мешавад .
Сабаби пайдоиш – яке аз аломатхои мухими проблемахои экологи ба хисоб меравад . Ба ин аломат таъсири омилхои табии – техногени , нобаробар пахн шудани сарвати об , норасоии оби нушоки , деградатсияи экосистемаи табии , зарар ба фаъолияти хочагии инсон , пахншавии бемори дар байни ахоли дохил карда мешавад .
Элементхои тагйирдихандаи таркиби сарвати об – ин аломати мухими экологи буда , сифати сарвати обро инъикос мекунад . Хангоми норасои ва барзиёдии микроэлементхои алохида дар таркиби об барои организми зинда алалхусус ба инсон хатари зиёд меоварад . Мухимтарин омилхои тагйирдихандаи таркиби сарвати об харакатхои тектоники низ шуморидан мумкин аст ,ки хангоми ба амал омадани он характери вайронкори дорад .
Вакти пайдоиш – ин аломати экологи он проблемаро дар бар мегирад , ки то чи андоза дар мухлати дару дароз ё кутох ин ё он проблемаи экологи ба вучуд меояд ва ба вучуд омадааст . Махсусан ба проблемаи нави ба вучуд омада, ки то ин дам он ба назар ноаён буд такя мекунад , зеро сарчашамаи онро илми асоснок кардан вазифаи ин аломат аст .
Суръати инкишофи проблемаи экологи – ин аломати экологи инъикоскунандаи холати сарвати об, ки дар кадом вакт мухимтарин тагйирёби ( холати фалокатовар ) дар кучо ба амал меояд идора мекунад .
Мавзеъи пахншави – ин аломати проблемаи экологи микёси пахншавии проблемаи экологиро инъикос мекунад, ки он дар кадом зина (махалли, минтакави ва сайёрави ) карор дорад . Шахсан ман проблемахои сарвати обро дар микёси махалли омухта натичаи онро дар ин рисолаи хатм чой додам ва аломатхои проблемаи экологиро хамчун дастур истифода бурдам .
Структураи ( сохтори) тарриториалии бавучудоии проблема – ин аломати проблемаи экологи марзи аники бавучудоии таъсиррасониро ба сарвати об муайян мекунад. Масалан : обхои сахи замини то чи андоза ба кадом мухити аник чи гуна тасир мерасонад .
Типи нохияхо, ки дар он чо проблемаи экологи ба амал меояд – ин аломати экологи инъикос кунандаи марзи аник , ки он аз кадим инчониб ё худ нав азхуд карда шуда марз дохил карда мешавад , ки проблемаи мавчуда аз кадим инчониб ё худ нав бавучуд омадааст , барои омухтани он омилхои бавучудоварандаи проблемахои мазкур ба инобат гирифта мешавад .
Окибатхои проблема – ин аломати проблемаи экологи хатари бавучуд оянда , ки ба табиат ва фаъолияти хочагии инсон зарари калон меоварад инъикос мекунад .
Роххои халли проблемаи экологи – ин аломати проблемаи экологи ба бехтар гардонидани холати табии об , хифзи сарвати об , окилона истифодабарии сарвати об нигаронида шудааст . Зинаи омузиши ин раванд хангоми донистани ахамияти сарвати об дар табиат ва хаёти инсон , баланд намудани маърифати экологи дар чамият амали мегардад .


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.