Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Тағийрёбии таркиби гази атмосфера ва оқибатҳои экологии он

Инсон ва табиат аз ҳамдигар ҷудо нашаванда буда, ягонагии бузургро ташкил мекунанд. Барои инсон табиат ҳамчун муҳити зист ва ягона сарчашмаи қонеъ гардонандаи талабот ба ҳисоб меравад. Табиат ва сарватҳои он боигарии асосиест, ки инсон дар он умр ба сар мебарад ва ҷамъияти инсонӣ инкишоф меёбад.НАКША.
1. Аҳамияти атмосфера дар табиат ва ҳаёти инсон.
2.Сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфера ва таснифи онҳо.
3.Тағийрёбии таркиби гази атмосфера бо фаъолияти хоҷагииинсон ва оқибатҳои экологии он.
4.Тағийрёбии таркиби гази атмосфера бо фаъолияти хоҷагии инсон ва оқибатҳои экологии он.
5.Пестисидхо ва таъсири он ба саломатии инсон.
6. Гармшавии иклим дар сайёраи Замин ва таъсири он ба сарватхои табиии Точикистон.

Инсон ва табиат аз ҳамдигар ҷудо нашаванда буда, ягонагии бузургро ташкил мекунанд. Барои инсон табиат ҳамчун муҳити зист ва ягона сарчашмаи қонеъ гардонандаи талабот ба ҳисоб меравад. Табиат ва сарватҳои он боигарии асосиест, ки инсон дар он умр ба сар мебарад ва ҷамъияти инсонӣ инкишоф меёбад.Тӯли асрҳои зиёд табиат ба таври мунтазам инкишоф меёфт, вале дар солҳои охир дар асоси таъсир расонии инсон ин инкишофёбӣ як қадар коста гардид, зеро халалдоршавӣ фаъолияти инсон, бесару сомонӣ ва муносибати ғайриоқилона вазъи экологиро шадид гардонд. Мутахассисони соҳаи экология чунин ҳисоб кардаанд, ки ҳар сол дар сайёраи Замин то 6 млрд тонна сӯзишвории шартӣ сӯзонида шуда, ба атмосфера то 20 млрд тонна гази карбон, 150 млн. т. сулфат, бештар аз 40 млн. т. чанги хокистар, тақрибан 600 млрд тонна пасмондаҳои саноатию маишӣ ҳамроҳ мешаванд. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳар сокин дар як сол аз 6 то 8 кг чангу ғуборро нафас мекашад. Газҳои сӯхтаи автомобил ва дигар воситаи техникӣ, пасмондаҳои корхонаҳои саноатӣ , пасмондахои фермаҳои чорводорӣ, аэрозолҳо, нуриҳои органикию ғайриорганикӣ ба табиат ворид шуда, онро ифлос менамоянд. Халалдор шудани муҳити табиӣ тавассути пасмондаҳои саноатӣ ва маишӣ, газҳои сӯхта , заҳрхимикатҳо ва нуриҳои химиявӣ сабаби ифлос шудани қабати атмосферӣ, нобуд шудани намудҳои зиёди набототу ҳайвонот мегардад.
Элементҳои химиявӣ бо воситаи ҳаво гардиш намуда, ба об ва хок ҳамроҳ шуда боиси ба амал омадани касалиҳои гуногун мегардад. Аз ин рӯ чорабиниҳои мушахасе андешида мешавад, то ки таркиби сарвати табиӣ ифлос нагардад ва аз тарафи инсон он ҳифз карда шавад. Дар моддаи 44 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ( 1994 ) « хифзи табиат,ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст ».
хамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Оид ба фазои атмосфера» аз 01.01.94 сол қабул гардид, то ки муносибати инсонро ба қабати ҳавоӣ мӯътадилу оқилона созем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилотҳои экологӣ фаъолона иштирок намуда, як қатор Конвенсияҳои байналмиллалии Созмони Миллалӣ Муттаҳидро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, алалхусус истифодаи оқилонаи ҳавои атмосферӣ ва ҳифзи онро тасдиқ намуд ва барои амалӣ намудани он барномаҳои миллӣ ва стратегияҳо таҳия карда аст. Шароити ба амал омадан ва тараққӣ намудани ҳаёт дар сатҳи Замин ба қабати ҳавоӣ вобаста аст. Атмосфера аз газҳои гуногун ва қабатҳои алоҳида иборат буда ҳар як қабат аҳамият ва вазифаи муҳими худро дорад. Масалан қабати аввалини атмосфера қабати тропосфера буда , танзимкунандаи иқлими сайёраи Замин ба ҳисоб меравад. Қабати стратосфера қабати муҳофизаткунанда аз ҷирмҳои кайҳонӣ ва фурӯбарандаи нурҳои ултробунафш аст. Қабати ионосфера қабатест, ки ионизатсияи молекулаи газҳои зиёд дошта тамоми мавҷудоти зиндаро аз таъсири радиатсияи кайҳонӣ муҳофизат мекунад.
Аҳамияти атмосфера барои табиат ва ҳаёти инсон басо калон аст. Атмосфера ҳамчун пардаи берунии замин аҳамияти химиявӣ дошта, метеоридҳои ба сатҳи замин ояндаро қудратӣ сӯзонидан дорад. Офтоб ба сӯи замин миқдори зиёди энергияро мефиристад, лекин аз ҳисоб таъсири атмосфера танҳо он миқдор энергия ба сатҳи замин мерасад, ки барои ҳаёти организмҳои зинда зарур аст. Боқимонда ё ҷаббида ё нест мешавад ва ё ба кайҳон бебозгашт бар гардонида мешавад.
Агар атмосфера намебуд рӯзона ҳарорат бениҳоят гарм ва шабона бениҳоят сард мегашт. Нурҳои кӯтоҳмавҷи ултробунафш, ки барои ҳаёти организмҳо хавфноканд маҳз қабати атмосфера онро нигоҳ медорад, ки асосан ин раванд дар қабати азонӣ ба амал меояд ва мубодилаи доимиии замин ва атмосфераро таъин мекунад.
Қабати озонӣ дар болои қабати тропосфера ва поёнии стратосфера ҷойгир шуда организми зиндаро аз таъсири марговари нурҳои ултробунафши кӯтоҳмавҷи офтоб ҳифз менамояд.
Ба ҳисоби миёна 19% – и нурҳои кӯтоҳмавҷи офтобро, ки ба сатҳи замин равона мешаванд, атмосфера фурӯ бурда, 30% ба кайҳон паҳн мешавад.
Бақияи нурҳо 51% ба қабати сатҳи замин паҳн мегардад.Аз ин шумора тақрибан 21 % дар шакли мавҷҳои дароз ба кайҳон пас гардонида шуда, 30 % ба атмосфера дар шакли ҳарорат дода мешавад.
Ба ғайр аз дар меъёри муайян нигоҳ доштани ҳарорат, атмосфера вазифдор аст, ки намии иқлимро низ танзим намояд. Ҷойгирии массаи ҳавои гарм ва сард, ҳамчунин абр ва маҷмӯи абрҳои сиёҳ , ҳарорати маҳал ва боришот – сарчашмаи ба амал оварандаи иқлими маҳал аст, ки бевосита роли фишори атмосферӣ ва шамол калон аст.
Атмосфера як қисми муҳити зист ба ҳисоб меравад, ки организмҳои гуногун дар он маскун гардидаанд.
Организмҳои зинда бенафас кашидан умр ба сар бурда наметавонанд, аз ин лиҳоз аҳамияти гази оксигени дар таркиби ҳаво буда, хеле роли муҳимро мебозад. хисоб карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна инсон дар як шабонарӯз зиёда аз 500 л. гази оксигенро барои нафас кашидан истифода мебарад. Сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфера газҳои гуногун, буғи ҳиссачаҳои гарду дуд ва маводҳои маҳлул шуда буда, барои организмҳои зинда таъсир манфӣ расонда сатҳи зисти онҳоро номӯътадил менамояд.хамчунин сарчашмаи дигари ифлосшавии таркиби гази атмосфера соҳаҳои саноат ва маводҳои химиявие, ки зидди организмҳои зараровар мавриди истифода қарор дорад, партовҳои нақлиёт, ифлосиҳои радиоактивӣ маъсуб меёбанд. Аз ин рӯ сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфераро ба ду гурӯҳ тасниф карда мешавад :

сарчашмаи ифлосшавии табиӣ.
сарчашмаи ифлосшавии сунъӣ.
Ифлосшавии табиӣ – ин ифлосшавиест, ки дар раванди табиӣ ба амал меояд ва ҳангоми аз ҳад зиёд ҳамроҳ гаштани чангу гардҳои табиӣ ба такриби атмосфера таркиби гази атмосфераро дигаргун мекунад. хама вақт дар такриби ҳаво чангу гарди табиӣ маҷуд аст, ки бо гуногун сарчашмаҳои табиӣ ҳамроҳ гардида аст. Аз ҷиҳати пайдоиш гардҳои табииро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд :

маъданӣ – ғайриорганикӣ.
органикӣ.
кайҳонӣ.
Гарди маъданӣ ин маҳсулоти бодлесшавӣ ва вайроншавии маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Ба онҳо гарди қум , ҳиссачаҳои хок, хокистар, намак, ки бо ёрии буғи мавҷи уқёнусҳою пошхӯрии заррачаҳои сахт вориди атмосфера мегардад шомил аст. Ба ин гурӯҳ гарди дар натиҷаи сӯхтори ҷангал, торф, фаввораи вулканҳо ба амал меояд таалуқ дорад. Баъзан гарди маъданӣ дар сатҳи атмосфера конденсатсияи баланд дорад. . Бештар баланд шудани конденсатсияи гарди маъданҳо дар вақти тӯфонҳои гард дар натиҷаи вайрон шудани қоидаи агротехниекӣ, фаввораи вулканҳо ба амал меояд.
Гарди органикӣ – аз бактерияҳо, вирусҳо, гарди растаниҳо ҳосил мешавад.
Гарди кайҳонӣ – аз боқимондаҳои метеоритҳои сӯхта дар раванди ба сатҳи замин фаромадан пайдо шуда ба таркиби гази атмосфера таъсир мерасонад.
Ифлосшавии табиӣ дар сурати мӯътадил буданашон ба таркиби гази атмосфера тағийроти ҷиддӣ ба амал намеоваранд. Вале афзудани партовҳои гард, хокистар, газҳои вулкан, сӯхторҳои ҷангалу торф ба таркиби ҳавои атмосфера тағийроти ҷиддӣ ба амал меоварад. Хусусан ба растаниҳои кишоварзӣ зарари зиёд меоваранд. Зарраҳои гард масомаҳои баргро маҳкам намуда, раванди физиологии онҳоро номӯътадил месозад.
Дар маҷмӯъ ифлосшавии табиии атмосфера асосан ба саломатии инсон ва мӯътадилии муҳит зараровр нест, чунки онҳо ба қонунҳои биологии танзимгари гардиши моддаҳо ва энергияи дар табиат буда мусоидат менамояд.
Ифлосшавии сунъӣ ( антропогенӣ) .
Тағийрёбии таркиб ва сифати ҳавои атмосфера асосан ба фаъолияти инсон вобаста аст.Сарчашмаҳои асосии ифлосшавии сунъии ҳавои атмосфера партовҳои саноатӣ, нақлиёт ва маишӣ мебошад. Аз ҷиҳати хислат ва тарзи таъсиррасонӣ ифлосшаии сунъиро ба ду гурӯҳ тасниф мекунанд :

механикӣ
химиявӣ
Ифлосшавии механикиро зарраҳои хурдтарини гарди корхонаҳои саноатӣ, дуди аз сӯхтани ангишт ба амал омада ташкил медиҳад.
Ба ифлосшавии химиявӣ партовҳои гардмонанду газмонанд, ки дар реаксияҳои химиявӣ қобилияти якҷоя амал карданро дорад дохил мешавад. Таркиби химиявии партовҳо ба намуди сӯзишворӣ , тарзи сӯзиш, тркиби ашёи истеҳсолӣ, технологияи истеҳсолот вобаста аст.
Аз маълумоти олимон бар меояд, ки аз ҷониби инсон ҳоло соле бештар аз 100 млрд.т. моддаҳои гуногун мавриди истифода қарор дорад. Агар бо чунин суръат истифодаи маводҳои ифлоскунанда идома ёбад, аз эҳтимол дур нест, ки то охири саддаи равон шумораи онҳо ба 300 млрд.т. мерасад. ҳисоб карда шудааст, ки аз сӯхтани ангишт дар як сол ба атмосфера тақрибан 120 млн.т. хокистар партов мешавад.
Мувофиқи маълумоти олим Д. Арманд, (1966 ) дар 100 соли охир ба таркиби атмосфера бештар аз 1,7 млн.т. арсен, 1,5 млн.т. никел,
1,6 млн.т. силитсий, 1,2 млн.т. гази карбон, 1млн.т. руҳ ва ҳамон қадар мис ворид гаштааст.
сарчашмаи вайронкунии таркиби гази атмосфера соҳаҳои саноат ва маводҳои химиявие, ки зидди организмҳои зараровар мавриди истифода қарор дорад, партовҳои нақлиёт, ифлосиҳои радиоактивӣ маъсуб меёбанд

Захираи ҳаво дар муҳити атрофи кураи замин , ки онро атмосфера меномем беҳад зиёд аст. хаво аз таъсири ҳодисаҳои табий (заминчунбӣ, вулқон, гирдбод…) ва фаъолияти инсон ифлос шуда метавонад, ки он ба набототу ҳайвонот ва ба саломатии одамон зарари калон дорад . масалан , яке аз сабабҳои ифлосшавии ҳаво зиёд шудани миқдори гази карбон ва ба ҳаво бардошта шудани чангу ғубор мебошад.
Сабабҳои зиёдшавии гази карбон дар атмосфера сӯхтани ҳар гуна сӯзишвориҳо (ҳезум, ангиштсанг,торф, маҳсули нафтӣ , газҳои сӯзанда) ба ҳисоб меравад.
хисоб карда шудааст, ки ба ҳар 1 см*2 сатҳи кураи замин 5770 грамм гази карбон рост меояд. Аз ин миқдор 0,125 грамм дар таркиби ҳаво , 7,5 грамм дар уқёнусҳо , 0,1 грамм дар растаниҳо , 0,0015грамм дар ҳайвонот , боқимондаи зиёдаш дар таркиби минералҳо аст.
Миқдори гази карбон дар атмосфера 0,03-0,04% бошад, кифоя буда, он барои растаниҳои сабз ( дар проӣесси фотосинтез ) аҳамиятнок асту манбаи пайдоиши дигар моддаҳои органикӣ мегардад. Аз рӯи ҳисоби К.А. Тимирязев , ҳар сол барои фотосинтези растаниҳо 175 миллиард тонна гази карбон мешавад , ки аз ин миқдор 155 миллиард тоннааш барои растаниҳои сатҳи хушкӣ сарф мешавад, ки рексияи он чунин аст:
6 СО -2 ӯ 6 Н-2 О равшанӣ, гармӣ С 6 Н-2О-6 ӯ 6О-2
ҳамин тавр , муддати 35 сол растаниҳо ҳамаи гази карбони дар атмосфера бударо як маротиба фурӯ бурда , як маротиба аз нав иваз мекунандва як миқдораш ба шакли моддаҳои пӯсида , торф , нафт, ангиштсанг , графит, минерал боқӣ мемонд.
Агар аз як тараф , гази карбон барои фотосинтез сарф шавад , ҷои он аз ҳисоби сӯхту сӯзи моддаҳои органикӣ , аз ҳисоби мубодилаи моддаҳо (газҳо ) дар ҳайвонот, наботот , инсон ( ҳангоми нафаскашӣ) , инчунин дар вақти пӯсиши моддаҳои органикӣ пур шуда меистад , бинобар он, мақсади проблемаи муҳофизати ҳаво ин аст , ки ҳамин ҳолати баробарӣба тариқи зарарнок тағийр наёбад.
Академик А. Е. Ферсмен тахмин кардааст , ки агар гази карбон дар атмосфера 2 баробар зиёд шавад, ҳарорати гармии миёнаи кураи замин 4*0 С зиёд мегардад, ки он дар ҳаёти растаниҳо тағийроти калоне меорад. Мувофиқи назарияи ӯ , ин ҳолат ба тарзи фоҷиавӣ не, балки дар муддати 500 сол ба вуҷуд меояд . ҳисоб карда шудааст , ки дар кураи замин аз соли 1900 то соли 1958 танҳо 87 миллиард тонна ангишт , нафт , сланеӣи сӯзанда сӯхта шудааст . Ин миқдори сӯзишворӣ 12,3 миллиард тонна гази карбонро ба ҳаво ҳамроҳ кардааст.
Тағийрёбии таркиби гази атмосфера дар натиҷаи моддаҳои радиоактивӣ низ ба амал меояд, ки он се хел мешавад :
1.радиоактивӣ табиӣ
2. дар натиҷаи кори коргоҳҳои атомӣ – истгоҳҳои барқии атомӣ
3. таркиши силоҳи атомӣ .
Радиоактиви табии аз нурҳои космикӣ ба амал омада , ба фаъолияти инсон вобаста набуда, он дар қабатҳои болоии атмосфера ба вуҷуд меояд, ки ба он тамоми организмҳои зинда одат карда, ягон зарар намебинанд.
Дар вақти санҷиши истифодабарии яроқҳои атомӣ ҳаво ифлос мешавад. Ба ин мисол шуда метавонад:Семипалатинскийи Қазоқистон, ки маркази санҷишҳои яроқҳои атомиӣ аст . Агар моддаи радиоактивиӣ ( хусусан изотопи йод – 131 , стронӣий – 90 , ӣезий – 137 ) ба узви растанӣ бо воситаи хок ё гуногун роҳҳо ворид гардад, онро чорво хӯрад,ба воситаи шири он ба одам мегузарад . Дар ин ҷо воқеаи Чернобол, ки 29 – уми апрели соли 1986 руй дод , вайрон шудани танҳо як агригати стансияи электрикии атомӣ ба маблағи 16 млрд сӯм харобӣ овард ва боз чӣ қадар растанию ҳайвонот нобуду одамони зиёде ба касалиҳои вазнин ду чор шуданд . Ин чунин аҳолии садҳо деҳот ба дигар ҷойҳо кӯчонида шуд . хол ин, ки ин гуна стансияҳои барқии атомӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 50 адад сохта шуда буд.
Соли 1945 дар Япония ду бомбаи атомии на он қадар калон тарконда шуда буд . Қариб 200 ҳазор нафар ҳалок шуд ва аз ин ҳам зиёд одамони заҳролуд шудаи зинда монда то ҳол худашон ва насли онҳо беморанд.
Агар як бомбаи атомии ҳозирар дар рӯи замин тарконем , даҳҳо млн тонна чинсҳои кӯҳиро мисли заррачаҳои ба назар ноаён ба баландии 9- 12 км ба ҳаво бардошта пас аз кристаллизасия шудан ба масофаи саддҳо км*2 ба рӯи замин омада , организмҳои зиндаро заҳролуд мекунад . Агар ҳачми заррачаҳои ба ҳаво бардошташуда 0.1 мм бошад , пас аз 2 ҳафта дар рӯи замин баргашта мефарояд . Агар бомбаи атомии дар ҳаво тарконда шавад , радиоактивӣ он то баландии 30 км мерасад ва пас муддати солҳои зиёд оҳиста-оҳиста ба рӯи замин омада мерасаду таъсири манфии худро мегузорад .
Бомбаи атомиро дар куҷое, ки тарконем дар як радиуси муайяни марз зарари калон мерасонад ва як миқдори ҳавои зарар дида , дар вақти ҳаракат қариб ба тамоми курраи замин паҳн мешаваду бо ҳамроҳии боришот ва ё дигар зарраҳои таркиби ҳаво ба рӯи замин омада мерасад.
Баъзан бомбаҳои атомиро дар оби уқёнусҳо метарконанд, ки дар натиҷа олами бои организҳои зиндаи обӣ нобуд мешаванд.
Аз таъсири бомбаҳои атомӣ микроорганизмҳои касалиовар вирусҳо, бактерияҳо мутасия шуда, сохти нав мегиранд ва сабаби ҳар гунна касалиҳои нав мегарданд, ки ин кори олимони соҳаи тибро хело душвор мегардонад.
Дар соли 1945 дар Хелсинки шартнома бо иштироки якчанд давлатҳо оид ба кам кардани истифодаи яроқи атомӣ баста шуд . Инчунин моҳи августи соли 1963 дар Москва байни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ , Амрико ва Англия оид ба қатъ намудани озмоиши бомбаи атомӣ дар ҳаво , замин ва об шартнома баста шуда буд. Бо мақсади кам кардани истеҳсоли яроқҳои атомӣ соли 1976 дар Хелсинки ҷамъомаде барпо гардид , ки яке аз фаъолони он давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Боз аз ҳама муҳимаш он аст, ки бо мақсадибарҳам додани ҷанги ҷаҳонӣ ва то 50 % кам кардани яроқҳои атомию водородӣ , ракетаҳои миёнапарвоз вохӯрии чандин сарони давлатҳои бузурги ҷаҳон ба амал омад. Аз ҷумла вохӯрии сардорони ҳамаи давлатҳои Аврупо дар Париҷ (ноябри соли 1990) ба он мақсад равона карда шуда буд , ки дар оянда мардум осоишта зиндагӣ намуда бо обу ҳавои тоза таъмин бошанд. Яъне яроқҳои ҳар як давлат то ҳаддал имкон каму равобитаҳои дӯстӣ дар соҳаи илм, техника, маданият, санъат, иқтисодиёт зиёдтар шавад.
хамаи ин кӯшишҳо барои дар оянда тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера аз нурҳои радиоактивӣ нигоҳ доштани саломатӣ, барҳам додани хавфи ҷанги ядроӣ ва барои ҳаёти осоиш кӯшиш намудан аст. Зеро дар оянда чӣ қадар хароҷоти ҳарбӣ аз бюҷети ин ё он давлат кам карда шавад, ҳамон қадар барои беҳбудии зиндагии мардумаш сарф карда мешавад.
Тағийрёбии таркиби гази атмосфера аз партовҳои саноатӣ.
Проблемаи тағийрёбии таркиби гази атмосфера дар назди ҳар як давлат, ноҳия ва ташкилотҳои ҷудогона гузошта шудааст. Бо ин мақсад конференсияҳои илмӣ мегузаронанд, материал нашр мекунанд , тарғиботу ташвиқот мебаранд , армияи кормандони санитария, химикҳо, физикҳо, инҷенерҳо, иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон, биологҳо, географҳо ва педагогҳо ба ҳалли он кӯшиш мекунанд.
Саноат бо партовҳои худ яке аз сарчашмаи асосии ифлос кунандаи ҳавои маҳал мебошад ва агар имконияти ҳамаи ин партовҳоро аз нав кор кардан ба роҳ монда шавад, боз чандин млну млрдҳо сӯмина маҳсулоти иловагӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Аммо ин мақсади наҷиб аллакай дар баъзе давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба монанди ИМА, Германия, Япония дуруст ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ва шаҳру ноҳияҳои бисёре ба ин масъала эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Заводҳои сементе, ки филтрати чангфурӯбаранда (чангкашак) надоранд, ҳар сол ба миқдори 400 ҳазор тонна гарди семент (сементи аълосифат) ҳамчун чангу ғубор ба ҳавои атмосфера ҳамроҳ шуда, онро ифлос мекунад.
Дуд бошад аз ҳар гуна сӯзишвориҳо хориҷ шуда, таркиби газии атмосфераро вайрон мекунад. Дар вақти сӯхтани як тонна бензин 60 кг. гази карбон хориҷ мешавад. хол он ки дар як рӯз танҳо дар шаҳри Париҷ аз сӯзишвориҳои нақлиётӣ 50 млн м *3. гази карбон хориҷ мешавад. Дар ИМА дар як шабонарӯз ҳамон қадар гази карбон ҷудо мешавад, ки вазни он ба вазни мошинҳои бордоре баробар аст, ки аз Чикаго то Ню-Йорк қатор истад. Дар як соат, ин миқдор мошинҳо зиёда аз 4 млрд. тонна дуд хориҷ мекунанд. тасаввуркард, ки дар миқёси дунё ҳар соату ҳар рӯз ва ҳар моҳу ҳар сол чӣ қадар дуд хориҷ мешаваду сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегардад.
Дар дунё ба ҳисоби миёна агар 200 млн мошин ҳар шабу рӯз дар ҳаракат бошаду ба ҳисоби миёна ҳар яки он 10 литрӣ сӯзишворӣ сарф кунад, ҳисоб кунед, ки ҳамаи мошинҳо чӣ қадар сӯзишворӣ сӯхта, чӣ қадар гази карбон хориҷ мекунанд. Барои мисол ҳисоб кунед, ки дар шаҳри Душанбе ҳар рӯз 30 ҳазор мошинҳои сабукрави шахсӣ, 20 ҳазор мошинҳои гуногун, 1,5 ҳазор мошинҳои шаҳру ноҳияҳои дигар ва боз 3 ҳазор мотосикл дар ҳаракат буда ба сӯзишвориҳои бензинӣ, керосинӣ, соляркагӣ ва газӣ ҳавои шаҳрро чӣ қадар ғуборолуд мекунанд. Ба замми он, манбаъҳои обгармкунӣ истифодабарии сӯзишворӣ аз тарафи аҳолӣ, нафаскашии 611,2 ҳазор аҳолии таҳҷоӣ ва қариб 10 ҳазор меҳмонҳо, инчунин як миқдор ҳайвонот ба ҳавои шаҳр чӣ гуна таъсир мерасонанд.
Fайр аз ин, дар таркиби ҳаво заррачаҳои гӯгирд (сулфур), қӯрғошим, оҳан, дуоксиди силисий, сеоксиди алюминий, пайвастагиҳои сулфур, фосфор, калсий, магний, сулфиди аргенитум, нуқра, мис ва ғайра ҳаст. Ин заррачаҳо хосияти оптикӣ дошта, равшаниро паҳн мекунанд, нурҳои радиасионии офтобро фурӯ мебаранд ва хусусияти патогенӣ (касалиоварӣ) ҳам доранд. Агар заррача то 0,3-0,5 микрон бошад, ба алвиолаҳо (ковокиҳои ҳавоӣ)-и шуш рафта мерасад. Аз ин сабаб баъзе кормандони ин ё он истеҳсолоти саноатӣ ба касалиҳои касбӣ дучор мешаванд. хисоб карда шудааст, ки дар 1см*3 ҳавои шаҳр 100 ҳазор заррачаҳои ғуборӣ ҳаст ва дар 1м*3 ҳавои болои баҳру уқёнус ё назди дарё бошад, аз он 10 маротиба камтар заррачаҳо дорад. Он заррачаҳои ҳавоӣ дар баландии 2 км 50 маротиба кам мешавад ва дар баландии 5 км (нисбат ба баландии 2 км ) 1000 маротиба кам мешавад.
Fайр аз ин, ҳаво дар натиҷаи ҷангҳо ё санҷишҳои ҳарбӣ (истифодабарии тиру тӯб, танк, самолёт, мошин, ракета, бомба) ифлос мешавад.
Аз печу оташдонҳо ба ғайр аз дуда боз гарди хокистар баромада ҳаворо ифлос мекунад. Мисол, дар Англия ҳар сол 200 млн. тонна маҳсулоти нафтро ба сифати сӯзишворӣ ба кор мебаранд, ки аз он 31,4 млн. тоннааш ба ҳаво мебарояд. Як ТЭӢ (стансияи барқии олавӣ СБО) дар як шабонарӯз 2 ҳазор тонна ангиштсангро истифода мебарад, ки аз он 520 тоннааш насӯхта, ба воситаи дудкашак ба ҳаво меравад.
Инчунин дар ифлосшавии ҳаво поезд ҳам таъсир мерасонад, ки аз он дуда, хокистар баромада, ба радиуси 30 км. паҳн мешавад.
Дар ш. Душанбе ҳавои микрорайонҳои шимолӣ, комбинати гӯшт, фурудгоҳи тайёра, вокзали роҳи оҳан, хиёбонҳои ба номи Ҷ. Расулов, Б.Fафуров, нисбат ба дигар қисмҳои шаҳр ифлостар аст. Чунки дар ин ҷойҳо бештар ҳаракати нақлиёт ва ҷойгирии корхонаҳои саноатӣ ба назар мерасад
Мувофиқи маълумотҳои сардухтури стансияи эпидимологии ш. Душанбе, тараққиёти босуръати саноатӣ ва нақлиёт ба ифлосшавии ҳавои шаҳр бо моддаҳои заҳрнок таъсири худро мерасонад, ки ба он 68% нақлиёт гуннаҳкор аст.Инчунин ба он ҳарорати иқлим, камборишӣ, бад кор кардани системаи хоҷагии коммуналӣ ва идораҳои сабзу хуррамгардонии шаҳр сабабгоранд . Аз корхонаҳои саноатӣ дар навбати аввал заводи семент, иттиҳоди истеҳсолии масолеҳи хонасозӣ, заводи арматурбарорӣ, , заводи хиштбарорӣ, заводҳои равған, гӯшт, чармистеҳсолкунӣ ҷамъ 130 корхона гунаҳкор аст. Аз ин сабаб ҳавои болои ш. Душанбе бо чангу ғубор, гази сулфур, оксиди нитроген, формалдегид, бензапирен, оксиди карбон ва ғайра якҷоя шуда пардаи ғализеро мемонад. Ин ифлосии ҳаво ба пӯст, роҳҳои нафас, узви биноӣ таъсир расонда сабабгори касалиҳои дарди чашм, бронхит (диққи нафас), касалиҳои пӯсту системаи рӯдаю меъда ва асаб гардида, дар ҳуҷайраҳо мубодилаи ангиштобаю сафедаро вайрон карда, сабабгори касалиҳои инфексионӣ мешавад. хатто бензапирен ба касалии саратон ибтидо мегузорад.
Дар Лондон сӯхтани ангиштсанг ҳанӯз аз соли 1276 ( аз давраи шоҳ Эдуарди1) манъ карда шудааст. Чунки заводу фабрикаҳои шахсӣ хело зиёд буда, инчунин ба муҳити шаҳр рӯзҳои зиёд шамол намевазид. Агар шаҳр дар чуқурӣ ё дар иҳотаи кӯҳу тепаҳои баланд ҷойгир бошад, ба он бод намевазад. Бинобар он, дуду чангу ғубори хориҷшуда дар болои шаҳр мисли парда меистад, ки онро смог меноманд. Масалан , Мехико шаҳрест, ки ҳар рӯз ба рӯяш 200 тонна чангу ғубори атмосфера мешинад.хавояш чунон серғубор аст, ки то 4 км. масофаро дидан мумкин асту халос. хол он ки соли 1940 – ум дар ҳамон ҷо то 20 км – ро дидан мумкин буд.
Дар дунё аз ҳама шаҳри дудзада Питсбург (яке аз шаҳрҳои саноатии металлургии ИМА )ва баъд аз он Лос – Анҷелесу Дордмунди Германия баҳисоб меравад.
хар сол ба болои 1км*2 шаҳрҳои зерини Аврупо ( аз рӯи маълумотҳои К. Н. Благосклонов, А. И. Иноземсев ва Т. Н.Тихомиров соли 1967 ) ин миқдор чанг мешинад: Ливерпул – 969т. дар як км*2 ё ин ки 969 гр. дар як м*2, Бирмингем – 480 т., Харков – 456т., Лондон – 365т., Луганск – 364т., Ленинград – 290т.
Аз газу чангу ғубори ашёи баъзе заводҳо бисёр одамон заҳролуд мешаванд ва мемиранд ё қувваи кориашонро гум мекунанд. Аз оксиди рӯҳ, қӯрғошим, сулфур, нарҳои рентгенӣ, гази хлор бром, фтор, марги муш, сурма ва ғайра касалиҳои узви нафаскашӣ, рӯдаю меъда, дилу хун, пӯсту асаб ба амал меояд. Аз таъсири заҳролудшавӣ на танҳо одамон, балки ҳайвоноту наботот ҳам зарур мебинанд. Хусусан стирол ( аз саноати каучук ), фурфурол ( аз саноати пластмасса ), фенол ( моддаи наркотикӣ ), диметилформамид ( аз саноати нахҳои сунъӣ ), гази карбон (аз ғубори ангиштсанг) , пайвастагиҳои фторидӣ ( аз заводи алюминий ) , гарди семент, гарди хокистар… зарарнок мебошанд.
Пестисидҳо ва таъсири он ба саломатии инсон.
Пестисидҳо қобилияти кӯчиш карданро дошта ба ҷузъҳои гуногуни табиат таъсир мерасонанд. хангоми коркарди растаниҳои кишоварзӣ бо воситаи тайёраҳо бештар ифлосшавии атмосфера ба амал меояд, зеро баъди коркарди растаниҳои кишоварзӣ қисми зиёди заррачаҳои пестисидҳо ҳамроҳи бод ба қабатҳои болоии атмосфера бурда шуда, дар он ҷо мӯҳлати зиёд нигоҳ дошта, ҳамроҳи барфу борон боз ба сатҳи сайёраи замин бар мегардад.
Роли асосии даврзанӣ ва ҷамъшавии пестисидҳоро дар муҳити иҳота карда хок мебозад. Вайроншавии онҳо бо ёрии микроорганизмҳои дар хок буда ба амал меояд. Пестисидҳо ба хок ҳамроҳи тухми растаниҳо, коркарди растаниҳо ва боқимондаи онҳо, поруҳои органикӣ ворид мегардад. хангоми боридани барф ё борон онҳо ба обҳо ҳамроҳ мегарданд. Пестисидҳо қобилияти вайронкунандагӣ дошта бештар ба мувозинатии системаи экологӣ таъсир мерасонад.
Пестисидҳо ба организми инсон бетаъсир набуда он асосан бо воситаи нафасгирӣ, пӯст, ва узвҳои хӯрокхазмкунӣ ворид шуда, онро заҳролуд менамоянд.
Бо воситаи узвҳои хӯрокҳазмкунӣ ва нафаскашӣ ба организми инсон пестисидхои хлорорганикӣ ворид мешавад. Онҳо ҳамчун ангезанда ба пӯст ва пардаи луобӣ таъсир намуда, системаи маркази асаб, ҷигар, хун ва гурдаро захмин менамоянд.
Препаратҳои симоборганикӣ бошанд ба маводи заҳролуди балантаъсир таалуқ дошта, хатарноктаринаш гранозан, меркургексан ба ҳисоб меравад. Дар суръати заҳролуд шудан ба ин мавод дар даҳон тамъи металлӣ пайдо шуда, дарди сар, варами решаҳои дандон ва хунравӣ аз онҳо мушоҳида шуда, дилбеҷошавӣ ба амал меояд.
Гузариш ба технологияи саноатии коркарди майдонҳои кишоварзӣ имконият медиҳад, ки воситаҳои химиявиро барои маҳв намудани зараррасонҳои растаниҳои кишоварзӣ самаранок истифода намоем. Такмил додани гуногун воситахо таъсири манфии пестисидҳоро ба одамон, ҳайвонот вам уҳити зист кам менамояд.
Гармшавии иқлим ва оқибатҳои эклоги он.
Гармшавии иқлим дар сайёраи Замин аз он сабаб ба амал меояд, ки атмосфера нурҳои гармиро фурӯ мебарад ва ба фазои кайҳон баргашта рафтани аз сабаби ҷамъшавии газҳои гармхонавӣ душвор мегардад, ки инро « таъсири гармхонвӣ » меноманд. Дар таъсири бухори ( парниковқй эффект ) гази карбон , ки он аз ҳисоби фаъолияти истеҳсоли инсон дар атмосфера торафт зиёд мегардад. Табиат бо чунин миқдори гази карбон мубориза бурда наметавонад ва ин боиси ноустувории системаи экологӣ мегардад. Яке аз оқибатҳои хатарноки гармшавии иқлим ин об шудани пиряхҳо ва дар натича баланд шудани сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ.
Ин проблемаи глобалӣ ба сарватҳои табии Тоҷикистон низ таъсир расониданаш мумкин . Мувофиқи пешгуиҳои тахминӣ баландшавии ҳарорат дар маҷмӯъ ҷараёни вайроншавии яхбандиро метезонад Дар Помири Шарқӣ – Fарбӣ дар ҳавзаи дарёи Муқсу пиряхи Федченко зиёда аз 3 -5 % ҳаҷми худро аз сабаби надоштани захираи хунукӣ аз даст медиҳад.
Дар Помири Fарбӣ дар давоми ним асри охир бисёр пиряхҳои хурд нест гардидаанд. Дар маҷмӯъ майдонҳои яхбаста дар ин ҷо 15% – 20% ва ҳаҷми яхҳо то 20 – 25 % кам мегардад.
Олимон муқаррар кардаанд, афзоиши партовҳои газҳои бухорӣ бо ҳамин сурат идома ёбад, онгоҳ соли 2100 метавонад ба баланд шудани ҳарорати миёнаи солонаи қабати поёнии фазои атрофии Замин аз 1 то 3,5 *0 С оварда мерасанд, ки дар навбати худ ба обшавии яхҳо ва баланд шудани сатҳи баҳр ба 15 – 95 см меоварад.
Баъзе олимон чунин ақида доранд, ки тундбодҳо ва обхезиҳои зиёди дар солҳои охир ба амал омада, мумкин аст, оқибатҳои гармшавии глобалӣ бошанд.
Боронҳои ишкордор ва таъсири он ба сарватҳои табиӣ.
ханӯз дар нимаи охири асри IХ химики машҳури англис Р.Смит назарияи боришотҳои ишқордорро пешниход намуда буд. Сабаби асосии ба амал омадани чунин боришотро ӯ аз меъёри табиӣ зиёд сӯхтани ангишт меҳисобид. Р. Смит таъсири манфии боришоти ишқордорро барои набототу ҳайвонот, обу ҳаво ва умуман ба сарватҳои табиӣ нишон додаст. Аз нимаи дуюми садаи гузашта оғоз намуда, олимони соҳаи экология таъсири ин ҳодисаро дар табиат ва сарватҳои он ба таври мушаххас мавриди омӯзиш қарор доданд. Мутассифона дар давоми 20 – 25 соли охир ин мушкилот яке аз мушкилотҳои ҷиддӣ ва тезу тунди экологиро ба миён овардааст, зеро ба ҳамаи хислатҳои устувории об, хаво, хок нигоҳ накарда, дар натиҷаи аз меъёри табиӣ зиёд шудани партовҳо рН- и муҳити онҳо тағйир меёбад, ки ин ба табиат ва сарватҳои он таъсири манфӣ мерасонад. Чӣ қадаре, ки рН паст гардад, ҳамон қадар туршии муҳит зиёд мегардад, ин ба афзудани миқдори гази сулфид ва оксиди нитрогени дар атмосфера вобаста буда, ин газҳо бо чакраҳои оби таркиби атмосфера омезиш ёфта, муҳити туршро ҳосил мекунанд дар натиҷа мушкилоти экологиро ба амал меорад. Ин мушкилотҳои экологӣ аз зеринҳо иборат аст: маҳсулнокии зироати хоҷагии қишлоқ паст мегардад, одатан чунин боришот ба пӯстлохи дарахтон зарар мерасонад, ки тағйирёбии мубодилаи моддаҳоро ба амал меорад, хароб шудани ҷангалҳо низ ба ин ҳодиса вобста аст, зеро бо таъсири ин ҳодиса баргу навдаҳои ҷавони дарахтон осеб дида ба иллати нӯгхушкшавӣ гирифтор мешаванд, биноҳои аз оҳаксангу мармарсохта шуда низ зарар дида истодаанд, муҳимтарин мушкилоти ин ҳодиса таъсири манфии он ба саломатии инсон заҳролуд шудани олами ҳайвонот ба ҳисоб меравад.
Хавфи хароб гардидани қабати озонии атмосфера – озоносфера ҳамаро ба ташвиш овардааст. Сабаби асосии ин ҳолат афзун гаштани ҳаҷми атоми хлор, фтор ва метан буда, ҳангоми 1% ам шудани қабати озонии атмосфера шумораи бемориҳои саратони пӯст то 5 % зиёд мегардад ва инчунин барои мавҷудоти зиндаи сайёраи замин таъсири нури ултробунафш таъсир намуда ба марг расониданаш мумкмн аст.Барои ҳалли ин мушкилот соли 1985 дар Вена гуфтугӯи байналхалқӣ барпо гардид, ки « Конвенсияи Венаро оид ба ҳифзи қабати озонӣ » қабул намуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.