Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ТАЪСИРИ АНТРОПОГЕНӢ БА ОЛАМИ РАСТАНӢ

Олами растанӣ сарчашмаи асосиву аввалини ҳастӣ дар рӯи Замин инкишофдиҳандаи ҳаёт, бавучудоварандаи раванди фотосинтез аст.Дар раванди фотосинтез растаниҳи сабз аз гази карбон ва об моддахои органикиро бавуҷуд оварда, сарчашмаи маҳсулотҳои зарурии ғизо (мева, сабзавот, ғалладона) ва ҳамчунин ашё барои соҳаи саноат ва сохтмон маъсуб меёбад.Структураи аввали алоқаи байни олами растанӣ ва ҳайвонот.НАКША:
1.АҲАМИЯТИ РАСТАНӢ ДАР ТАБИАТ ВА ҲАЁТИ ИНСОН.
2. ТАЪСИРИ АНТРОПОГЕНӢ БА ОЛАМИ РАСТАНӢ
3. ҶАНГАЛ САРВАТИ БЕБАҲОИ ТАБИӢ ВА ПРБЛЕМАХОИ ЭКОЛОГИИ ОН ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИТОН.
4.ЧОРАБИНИХОИ хИФЗИ ОЛАМИ РАСТАНӢ
5.Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.
Олами растанӣ сарчашмаи асосиву аввалини ҳастӣ дар рӯи Замин инкишофдиҳандаи ҳаёт, бавучудоварандаи раванди фотосинтез аст.Дар раванди фотосинтез растаниҳи сабз аз гази карбон ва об моддахои органикиро бавуҷуд оварда, сарчашмаи маҳсулотҳои зарурии ғизо (мева, сабзавот, ғалладона) ва ҳамчунин ашё барои соҳаи саноат ва сохтмон маъсуб меёбад.Структураи аввали алоқаи байни олами растанӣ ва ҳайвонот.
Растаниҳои сабз

Офтоб

Ҳайвонот

СО2

Карбон ва дигар моддаҳои ғизоӣ

О2

Аз ин структура бар меояд, ки ҳар як компонентҳои табии ба ҳам вобаста ва ба ҳамалоқаманданд, маҳз дар асоси ин алокамандӣ ва баҳамвобастагӣ гардиши моддаҳо ба амал меояд ва асоси ҳастии табиат инкишоф меёбад. Таркиби гази ҳавои атмосферӣ аз растаниҳо вобаста аст. Соле растаниҳои сабзи кураи Замин тақрибан 100 млрд. т. моддахои органикӣ ҳосил менамоянд, ки қариб 1,8 х 1018 Кҷ (45 х 1017 ккал) энергия дорад. Дар ин маврид онҳо қариб 1,7 х 10 8 т гази карбонатро гирифта, тақрибан 11,5 х 107 т. оксиген хориҷ ва 1,6 х10 13 т об бухор мекунанд. Нури офтоб манбаи энергияи рӯи заамин, нури вайро дар ҷараёни фотосинтез растаниҳо, ки модаҳои органикиро ҳосил ва оксигенро ҷудо мекунанд табдил медиҳанд.хосил шудани модаҳои органикӣ ҳодисаи эндотермӣ ва оксид гардидани онҳо ҳодисаи экзотермианд. Баробари фотосинтез дар растаниҳои сабзи рӯи Замин ҳангоми нафаскашӣ, туршшавӣ ва пӯсиш, ки дар натиҷаи гармӣ, об ва гази карбонат ҷудо мешавад, оксидшавии модаҳои органикӣ ба амал меояд, ки миқёсан қариб ба фотосинтез баробар аст.Агар растаниҳо намебуданд раванди фотосинтез намегузашт, миқдори гази карбонат дар хаво хеле зиёд гашта боиси ҳалокати ҳайвоноту одам мегашт. Як гектар зироати ҷуворимакка дар як сол 15т. гази оксиген хориҷ мекунад, ки барои нафаскашии 30 нафар одам кифоягӣ мекунад. Дар тулӣ 300 сол растаниӣ он миқдори гази карбонро аз худ намудааст, ки миқдори он дар таркиби атмосфера ва об буда гази карбонро ташкил медиҳад.Растаниҳо дар пайдоиши гумус роли муҳим мебозанд,кадоме, ки қисми муҳими таркиби хокро ташкил медиҳанд ва ҳосилнокии зироатро таъмин мекунанд.
Бо баробари гази кабон, гидроген, оксиген ба таркиби моддаҳои органикӣ атоми нитроген, фосфор, сулфур, ҳамчунин элементҳои оҳан, коболт, магний, руҳ ҳатмӣ зарур аст,ки ҳамаи ин элементҳои химиявӣ бо воситаи растаниҳо аз хок ва муҳити обӣ бо намуди ионҳо дар натиҷаи туршавӣ баррасӣ мегардад.Намакҳои минералӣ аз сатхи болоии хок шуста намешаванд,зеро растанихо онҳоро доимо ҷаббида ба воситаи ғизо ба организми ҳайвонот ворид мекунанд. Хайвонот ҳамчун растаниҳо пас аз фавт, моддахои органикиро боз ба хок ҳамроҳ мекунанд ва растаниҳо ин модаҳоро аз хок боз ҷаббида мегиранд бо ин раванд нигоҳдории элементҳои химиявӣ дар таркиби хок таъмин карда мешавад ин хосияти муҳими ҳосилхезӣ дар хок аст. Олами растанӣ ба иқлим, обҳавзҳо, олами ҳайвонот ва дигар элементҳои биосферӣ таъсир намуда, байни онҳо алокамандиро таъмин менамояд.Вобаста ба растаниҳо ав пахншавии онхо характери морфологӣ ва структураи функсионалии бавуҷудоии биосеноз, экосистема танзим карда мешавад, Аҳамияти растаниҳо дар ҳаёти инсон хеле бузург аст, зеро растаниҳо муҳити ҳаётиро барои инсон таъмин менамоянд. Флораи табии фонди бебаҳои генетикиӣ барои селексияи навъҳои нави растаниҳои маданӣ ба ҳисоб меравад.Аз рӯи маълумоти Н.М.Чернова (1995) қисми зиёди растаниҳо тақрибан 90% -и озуқаи ҷаҳон бо роҳи маданикунонии растаниҳо ба даст омадааст.Олимони донишкадаи растанипарварии Умумироссия муайян кардаанд, ки дар Рассия наздик 600 намудҳои табиӣ асоси растаниҳои маданӣ маъсуб меёбад.Бисёрии ин растаниҳо ҳамчун сарчашмаи зиёда аз 1500 навъҳои нави растаниҳо ба хисоб мераванд. Дар тӯли якчанд асрҳо инсон аз растаниҳо моддаҳои гуногуншакли доруовар, ки он ба дардҳои гуногун ҳамчун хосияти шифои дошта ҳисобида мешуд ба даст меоварданд. хисоб карда шудааст, ки дар бозори ҷаҳонӣ зиёда аз 1000 намуди растаниҳои шифобахш дар гардиши маҳсулот иштирок доранд.Дар байни ин растаниҳо ҷенғени ҳақиқӣ, арникаи кӯҳӣ, лимони хитойӣ яке аз муҳимтарин ва арзишноктарин растаниҳои доруворӣ ё худ хосияти шифобахш дошта ҳисобида мешаванд. Доруҳои табобатии растаниҳои шифобахш ва аҳамияти онҳо барои амалияи тиб бо он муайян карда мешавад, ки онхо дар таркиби худ чӣ гунна модаҳои фаъоли ҳархелаи биологӣ: алкалоидҳо, гликозид,равғани эфирӣ ва омехтагиҳои ҳархелаи мураккаби органики ба организми одам ва ҳайвонот таъсир муайян мерасонад дорад. Алколоидҳо – фаъолияти хуби физиологӣ дорад ва асосан аз решаю барги гиёҳҳои шифобахш бо усусли химиявӣ ҷудо карда мешавад ва ба ҳамаи дардҳо хосияти шифобахшӣ дорад. Витаминҳо дар растаниҳо мавҷуд буда дар муддати кӯтоҳ ба организм таъсир карда хосияти шифобахшӣ дорад, ҳангоми пай дар ҳам таъминии организм бо витаминҳо боиси бардами ва саломатии тани инсон мегардад. Гликозитҳо барои ҳаракати мушаки дил ва танзими кори дил истифода бурда мешавад, ки асосан дар таркиби растаниҳои зардалафи хокистарранг ( ҷелтушник ) , адониси тобистонӣ дида мешавад. Зиёда аз 80 % -и аҳолии дар мамлакатҳои ру ба тараққи ниҳода барои барқарор намудани саломатии худ ба растаниҳои шифобахш такя мекунанд,зеро таркиби ин растаниҳо аз элементҳои табии бой аст. Олами растаниҳо муҳимтарин сарвати ғизоӣ барои инсон аст. Аксарияти растаниҳоро дар равандҳои гуногуни соҳаҳои саноат истифода мебаранд алалхусус дар соҳаи пивопазӣ, нонпазӣ,тозакунии оби равон бештар истифода бурда мешаванд. Олами растани ҳамчун базаи ғизоӣ барои ҳайвонот, бавуҷудоварандаи ҷинсҳои кӯхӣ, канданиҳои фоиданок маъсуб меёбад. Аз фаъолияти вайронкории об ва шамол сатҳи заминро муҳофизат мекунад, заминҳои корамро аз пӯшиши кум нигоҳ медорад. Олами растанӣ роли индикаториро дорад, зеро аз рӯи ҳолати барг ва пахнаки он, пӯстлохи танаи дарахт муайян кардан мумкин, ки то чӣ андоза гуногун элементҳои химиявӣ ба растаниҳо таъсири худро мерасонад. Хангоми омӯхтаниу истифодабарии методи биоиндикатсионии мониторинги экологӣ ҳолати мухити зистро муайян кардан мумкин аст. Масалан: ҳангоми зард шудани барг, сурохӣ пайдо кардани он ё қисман хушк шудани паҳнаки барг таъсири элементҳои вазнинро инъикос мекунад,ки асосан ин ҳолат дар растаниҳои дар гирду атрофи шоҳроҳҳои нақлиёт гард ба назар мерасад. Аз ин мушоҳида бар меояд, ки хатарноктарин модаҳои заҳрӣ хорич гардида ба мухити атроф таъсир мекунад.
Растаниҳо ҳамчун нишондихандаи заминҳои ҳосил хезанд, вобаста ба пӯшиши хок паҳншавии растаниҳо ба амал меояд,растаниҳо ба тағйирёбии шароити мухит тез мутаасиранд. Аз давраҳои хеле қадим одамон растаниҳоро ҳамчун нишондиҳандаи вакт ва самтҳо истифода мебурданд. Растаниҳое буданд, ки вақти аниқро нишон медоданд.Дигар растанихо бошанд вазифаи барометр ва гигрометрро иҷро намуда, индикатор – нишондиҳандаи обҳои шӯр ва ширин ба ҳисоб мерафтанд.холо бошад чунин хосияти худро растаниҳо гум накрдаанд.Барои мубориза бо микроорганизмҳои зараровар растанихо як қатор моддаҳо хориҷ мекунанд, ки ба фаъолияти ин микроорганизмҳои зараровар фишор меоваранд. Мисоли ин гуфтахо антибиотикҳо – пениӣиллин, стрептомиӣин, тетраӣиклин ва фитонӣидҳо, ки хосияти бактериӣидӣ дорад (пиёз, сирпиёз) ин растаниҳоро ҳамчун растаниҳои шифобахш истифода бурда мешавад. Растаниҳои сановбар дар як шабонарӯз то 30 гр моддаҳои ҳаракаткунанда хориҷ мекунанд, хангоми як гектарро ишғол кардани ин намуди растанӣ ҳамон миқдор фитонсид ҷудо мегардад, ки барои тоза кардани як кӯчаи шаҳрҳои калон аз микроорганизмҳои зараровар қудраташ кифоягӣ мекунад.Олами растаниҳо барои инсон ҳамчун сарчашмаи эстетикӣ аст, ки таъсири руҳӣ мебахшад.Бисёр растаниҳо обекти татқиқотии илмӣ буда, махсусан дар соҳаи бионика васеъ истифода бурда мешаванд, мақсади асоси омӯхтани принсипу механизми онҳо буда дар оянда барои сохтани воситаҳои техникӣ истифода мебаранд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки моддаҳое, ки растаниҳо хориҷ мекунанд ба системаи асаби инсон таъсир мекунад аз ин лиҳоз дар муддати кӯтоҳ ҳолати шуурнокии инсон тез тағйир меёбад, ки дар соҳаи равоншиносӣ барои татқикотҳо онро истифода мебаранд. хачунин растанҳо таъсир манфӣ низ доранд, зеро онҳо ҳамчун зараррасонҳо ба растаниҳои табии ва маданӣ таъсир мерасонанд. Чунин маълумотҳо ба қайд гирифта шудааст : дар узви инсон барангезандаи бемории пӯст ( занбӯруғҳо, микроорганизмҳо ),дар фаъолияти хоҷагии инсон низ зарар меоварад – дар баҳрҳо монеъаҳои баҳриро бо воситаи обсабзҳо ба амал меоваранд.хастанд растаниҳое, ки дар намуди табии рӯида ҳамчун растаниҳои бегона дар заминҳои кишт инкишоф меёбанд. хамин тариқ принсипи потенсиалии фоиданокии растаниҳоро бояд ба инобат гирифт,зеро сарвати табиие нест, ки пурра фоиданок ва ё худ пурра зараровар бошад. Генофонди организмҳои зинда ин маҳсули нодири эволютсионӣ буда, бевосита аз истифодаи дурусти он вобастагӣ дорад.
2. ТАЪСИРИ АНТРОПОГЕНӢ БА ОЛАМИ РАСТАНӢ
Инсон бо тамоми фаъолияти худ ба олами растани таъсири ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ дорад хамчун обекти ҳифзнамоӣ олами растаниро бачунин гурӯҳҳо чудо мекунанд.
Растаниҳои обӣ.
Растаниҳои хокӣ.
Растаниҳои зеризаминӣ.
Растаниҳои сатҳи заминӣ.
Растаниҳои обӣ – ин гурӯҳи растаниҳо ба бошандагони обҳавзҳо хеле аҳамиятнок буда аз тарафи инсон кам истифода бурда мешавад. Растаниҳои хокӣ – ин растаниҳо барои бавуҷудоии хок ва ҳосилнокии он аҳамияти махсус доранд, ки дар инҷода роли обсабзҳо, бактерияҳо, занбӯруғҳо назаррас аст.
Растаниҳои сатҳи заминӣ зиёда аз 500 ҳазорнамудаш ба қайд гирифта шудааст, ки аз онхо 300 ҳазораш растаниҳои дараҷаи паст буда, қисми зиёди он аз тарафи инсон истифода бурда мешавад аз ин худ бармеояд, ки таъсиррасони ба ин гурӯҳи растаниҳо аз тарафи инсон хеле зиёд аст. Дар замони муосир муайян кардан хеле душвор аст, ки аз сатҳи сайёра чанд намуди растаниҳо аз байн рафтаанд ? Чунин маълумотҳо ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 30 ҳазор намуд растаниҳо аз байн рафтаанд. Ин маълумоти аниқ набошад ҳам ин рақамҳо моро водор мекунад, ки нисбати ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Танҳо дар марзи давлати Тоҷикистон 50 % -и растаниҳои инкишоф ёфта истода аҳамияти амалӣ доранд, ки худ аз ин бояд хулосаи аниқ барорем,зеро муайян карда шудааст, ки зиёда аз 50 намуди растаниҳои шифобахш ба ҳифз мӯҳтоҷ аст. Дар натиҷаи фаъолияти инсон ва қонеъ кунонидани талаботаш масоҳати бузурги заминҳои бо растаниҳои табии банд буда маданӣ кунонида шуд, яъне инсон муҳити табииро дигаргун намуда олами табии растаниро ба худ мувофиқ гардонд. Ба ҷамоаҳои растанӣ тасири олами зинда кам нест, ҳарчанд ки як қатор растаниҳо дар чарогоҳ барои ҳайвонотхо хӯрданибоб набошанд ҳам, лекин чорво онҳоро поймол карда инкишофи ин намуди растаниро қатъ мегардонад. Чарогоҳхое, ки бенақша истифда бурда мешаванд ба деградатсия оварда мерасонад ва сабаби эрозия бо воситаи обӣ ва шамол мегардад. Таъсири партовҳои саноатӣ ба инкишофи растаниҳо хеле калон аст. Моддаҳое, ки ҳамчун партов аз тарафи корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ба қабати ҳавоӣ ҳамроҳ мешаванд ба узвҳои растаниҳо таҳшин шуда қобилияти инкишофёбии растаниҳоро дигаргун менамояд. Чуноне, ки аз сарчашмахои илмӣ бар меояд инкишофи растаниҳо ҳангоми ифлосшавии сарвати табии – ҳаво, об, хок ду ва аз он зиёд маротиба суст мегардад, ҳатто партовҳое, ки моддаҳои заҳрӣ доранд ба хушк шудани растаниҳо меоваранд.
Муайян карда шудааст, ки зироатнокии ғалладона дар ноҳияҳое, ки саноати металлургияи ранга фаъолият мебарад 40 -50 % махсулоти кам медиҳад, дар таркиби ин зироатҳо бошад 25 – 30 % сафеда кам ба назар мерасад. Партовҳои гуногун сарчашмаи асосии маҳви растаниҳо ба шумор меравад, ҳатто растаниҳои чарогоҳӣ аз он осеб мебинанд. Оқибати вазнин барои растаниҳои ин ҷамъ намудани гули растаниҳо, ғайри нақша истифодабарии марзи табии ва марзҳои аҳамияти рекреатсионӣ дошта аст.
3. ҶАНГАЛ САРВАТИ БЕБАҲОИ ТАБИӢ ВА ПРБЛЕМАХОИ ЭКОЛОГИИ ОН ДАР Чумхурии Точикистон.
Ҷангал ба таркиби гуногуншаклии олами растанӣ дохил шуда хусусияти хоси худ ва аҳамияти муҳим дорад. Ин комплекси табии аз растаниҳои дарахтӣ, буттагии ҳамон ё бисёр намудҳои ба он наздик, ки дар алоқамандӣ ва баҳамвобастагӣ дорад иборатанд.Олами растанӣ ба сарвати хок, об, қабати атмосферӣ таъсир мерасонад. Ҷангал системаи ягонаи табииро ташкил намуда аз компонентҳои ба ҳамалоқаманд ва ба ҳамвобаста иборат аст,ки баробарвазнии динамикӣ, устувории табии, авторегулятсия, хосияти баланди барқароршавии табииро таъмин мекунад.
Муҳимтарин функсияи экологии ҷангал – ҳамчун маҷмӯи ягонаи олами растанӣ бавуҷудоварандаи моддаи органикӣ, шифобахшӣ, эстетикӣ, санитарӣ- гигиенӣ, нигоҳдорандаи баробарвазнии таркиби газии атмосфера, муҳофизатӣ, рекриатсионӣ, нигоҳдорандаи реҷими дарё ба хисоб меравад. Маҷмӯи биомасса дар ҷангал 1017 – 1817 гр. ташкил медиҳад.Ҷангал маҳсулноктарин биомаи сайёраи Замин буда, ин маҳсулнокӣ ба структураи яруснокӣ ва истифодаи эффекти равшании офтоб вобаста аст.Ҷангалзорҳои сӯзанбаргдор соле аз 400 то 2000 г. аз ҳар 1м,2 ҷангалхои нами тропикӣ бошад аз1000 – 5000 г/м2. массаи хушкро бавуҷуд меорад.
Ҷангал ба тамоми компонентҳои биосфера таъсир намуда, ҳамчун компоненти муҳит бавучуд оваранда ба ҳисоб меравад.Роли ҷангал дар табиат басо муҳим аст.

Таркиби гази ҳаворо тоза мекунад.
Ҷои зист барои ҳайвонот.
Хокро аз эрозия эмин нигоҳ медорад.
Садди боришотҳои тез аст.( обҳои сатҳии дар натиҷаи боришот ба амал омадаро танзим мекунад )
Барои растаниҳои хоҷагии қишлоқ микроиқлими мӯътадилро бавуҷуд меорад.
Монеъаи ифлосшавии об мегардад.
Ҷангал филтри табиӣ аст ва резервуари ҳавои тоза.
Ҷангалро дар гуногун соҳаҳои хочагии халқ истифода мебаранд, он сарчашмаи маҳсулотҳои барои ҳаёти инсон зарур ба ҳисоб меравад.
Исбот карда шудааст, ки ҳар як инсон дар ҳаёти худ 200 дарахтро истифода мебарад, кадоме, ки барои қонеъ гаштани талаботаш ҳатмӣ зарур аст.
Дар замонхои пеш ҷангалзор қисми зиёди сайёраи Заминро пӯшида буд. Аҷдодони мо заминҳои ба ҷангал банд бударо ба заминҳои кишт табдил доданд. Дар натиҷаи инкишоф ёфтани тамаддуни чамият нисбати сарвати чангал талабот афзун гардид ва истифодаи он хеле гуногуншаклу васеъ шуд.Аз рӯи маълумотҳои муосир дар тӯли 100 соли охир 50-70 % -и ҷангалзор аз тарафи инсон бурида шуд. Аз рӯи маълумоти эксперти марзҳои ба ҷангал банд буда дар солхои 80-уми асри ХХ 29,7% – и сатҳи хушкиро ташкил медод,ҷангалҳои дарахтони зич дошта бошанд 24 % сатҳи хушкиро дар бар мегирифтанд.
Масоҳати ҷангал ва захираи чӯб аз рӯи маълумоти Н.Ф. Реймерс, 1990.

Форматсия
Масоҳат

Захираи чӯб

Млн. га

%

т/га

Млн. тн.

%

Ҷангалхои намноки тропикӣ

463

18,9

6,4

1593,5

29,4

Ҷангалҳои намноки тропикӣ,давраи вегетатсияшон дар мавсими боронӣ

260

10,7

2,0

520,0

9,6

Ҷангалхои хушк давраи вегетатсияшон дар мавсими боронӣ. Ҷангалҳои кӯҳӣ.

510

20,9

1,0

510,0

9,4

ҳамагӣ ҷангалзорҳо дар минтақаи тропикӣ ҷой дошта.

1233

50,5

2633,5

48,4

Ҷангалзорҳои минтақаи мӯътадили дар мавсими борон вегетатсия шаванда, ҷангалзорҳои лаврӣ.

20

0,9

6,0

120,0

2,2

Ҷангалзори аз ҷинсҳои сахт иборатбуда.

170

7,0

1,3

221,0

4,1

Ҷангалзори тобистон сабз ва сӯзанбарги кӯҳӣ

395

16,2

4,0

1580,0

29,2

Ҷангалзори сӯзанбари шимолӣ

620

25,4

1,4

868,0

16,1

ҳамагӣ ҷангалзори минтақаи мӯътадил

1205

49,5

2789,0

51,6

ҳамагӣ

2438

100

2,2

5412,5

100

Аз ин таблитса бар меояд, ки масоҳати умумии ҷангал 2438 млн. га аз он ҷумла ҷангалзори минтакаи тропикӣ 1233 млн. га. (50,5 %), ҷангалзри минтақаи мӯътадил 1205 млн. га (49,5%)-ро ташкил медиҳад.Захираи ҷахонии чӯб 5412,5 млн. т буда, саҳми давлати Финляндия хеле назаррас аст, зеро 70% масоҳати ин давлатро ҷангал фаро гирифтааст.
Барои оқилонаистифода бурдани ҷангал онро ба се гурӯҳ ҷудо кардаанд.
Гурӯҳи 1 – Ба ин гурӯҳ чангалзорхои аҳамияти обҳифзкунанда,хокҳифзкунанда, зонаҳои дамгирӣ, ҷангалзорҳои маҳфузӣ, хатҳои муҳофизатии соҳили дарё, қадди роҳро дохил мекунанд.
Гурӯҳӣ 2 – Ба ин гурӯҳ зонаи кам дарахт, ки дар нохияҳои маркази ва ғарбӣ ҷойгиранду аҳамияти муҳофизатӣ ва маҳдудияти истифодабарии ин сарвати растанигиро доранд шомил кардаанд.
Гуруҳи 3 – Ба ин гуруҳ чангалзорҳои зонаи сердарахт, ки аҳамияти таъминкунандагӣ доранд дохил карда мешавад.
Ҷангалзори гурӯҳи аввал истифода бурда намешаванд бо мақсади нигоҳдории санитарӣ, ҷавоннамоӣ, бисёртар равшанӣ ба боқимонда растаниҳо дастрас шудан, баъзе шохи дарахтон буррида мешаванд. Ҷангалҳои гурӯҳи дуюм реҷаи бурридани дарах маҳдуд. Ҷангалзор гурӯҳи сеюм асоси базаи таёркунии чуб башумор мераванд. хамчунин ҷангалро аз рӯи вазифанокиаш ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд.
1. Саноатӣ.
2. Обҳифзкунанда.
3. хифзкунандаи сатҳи замин
4. Ба вуҷуд орандаи марзи дамгирӣ.
Ҷаналзорҳо нобаробар ҷойгиранд аз ин рӯ нигоҳдории ҷангал низ яке аз проблемаҳои муҳими экологӣист қайд кардан ҷоиз аст, ки ба замми ин нобаробарӣ таъсиррасонии антропогенӣ низ хеле назар рас аст
ҶАНГАЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИНСОН
Дар раванди таҳаввулот ҷамъият миқёси таъсирасонии худро ба сарвати табии алалхусус ба ҷангал ва истифодаи он тағйир дод. Олимон муайян кардаанд, ки ҳанӯз дар марҳилаҳои ибтидоӣ ҳангоми шикор, моҳидорӣ (дар охири давраи палеолит ва оғози давраи неолит) аввалин бӯҳрони экологӣ ба амал омада буд
Масоҳати ҷангалзорҳои ҳамворҳои Европа дар натиҷаи бурридан ва ба амал омадани сӯхтор торафт кам мегардид, сарчашмаи асосии ин ҳолат фаъолияти инсон буда соҳаи чорводорӣ ва зироатчигӣ низ ба ин таъсиррасониҳо ҳамроҳ мегардид. Аз рӯи маълумотномаҳо бар меояд, ки масоҳати ҷангалзор то ду мартиба кам гаштааст, баъзе то 40 – 50 % ҷангалхои омехта ва пахнбарг низ ба таъсири антропогенӣ гирифтор шудааст.Суръати бурридани ҷангал торафт афзун гардида истодааст, соле масоҳати ҷангал то 200ҳазор км2 кам гашта истодааст.
Бонги асосиро оиди ҳолати ҷангалзорҳои тропикӣ, ки « шуш» – и сайёраи Замин ном гирифтааст бояд зад, зеро дар як дақиқа 15 – 20 га масоҳати ҷангал кам шуда истодааст.
Дар замони муосир ҳалати ҷангалхои тропикӣ хеле ҳалокатовар аст, зеро дар як дақиқа 15 – 20 га ҷангалҳо буррида шуда истодаанд. Кам шудани масоҳати ҷангалзорҳои тропикӣ ба кам шудани ҳамроҳшавии гази оксиген ба атмосфера оварда мерасонад, ки боиси торафт гармшавии сатҳи сайёраи Замин мегардад. Fайр аз ин афзудани эрозияи хок, хушксолӣ, шамолҳои сахти чангнок, вайроншавии системаи обтаъминкунӣ, афзудани обхезӣ, умуман таъсиррасонии антропогенӣ ба ҷангал ба амал омада боиси вайроншавии экосистема ва генофонди олами ҳайвонот ва растаниӣ мегардад. Танҳо дар қисми европа дар охири асри ХVII то асри ХХ тақрибан 40 млн га ҷангал аз байн бурда шуд. Маҳсулноки биологӣ ва бо растанӣ пӯшидани замин то 50 % кам шуд. Масоҳати ҷангал ҳамчунин аҳамияти рекриатсионӣ низ дорад, ки дар мамлакатҳои собик Шуравӣ 320- 400 ҳаз.км.-ро ташкил менамуд. Ин таъсиррасонӣ низ боиси вайрон шудани экосистемаи ҷангал гардид. «Душман»- и ашадии ҷангал ин оташ ва бавуҷуд омадани сӯхтор аст Сӯхтор дар ҷангал бо андозаи сухтор қиёс карда мешавад, зеро ин ду офати табии мушкилоти зиёдро ба миён меоварад. Агар эрозия ба фаъолияти замин хатар оварад,сӯхтор ба ҷангал хатар меоварад. Дар солҳои 90 –уми асри ХХ дар марзи Руссия соле сӯхтор ба амал омада зиёда аз 2 млн. га заминро дар бар гирифт. Сарчашмаи асосии сӯхтор ва паҳншавии он ин инсон ва табиат аст. Махсусан ҳангоми муносибати нодурусти инсон бо оташ: афрӯхтани гулхан, партофтани тамокуполо ва бо воситаи шамол паҳн шудани оташ боиси майдони васеъро гирифтани оташ мегардад. Аз маълумотномаи омории чаҳон бар меояд, ки 95 % -и сӯхтор дар ҷангал бавуҷуд омада бо гуноҳи инсон ба амал меояд. Зарари аз ҳад зиёдро ба ҷангал хокҳои аз ҳад нам бавуҷудомада, ки ҳангоми зери об мондани замин дар вақти сохтани стансияҳои обии барқи, обанборхо, роҳҳои оҳан ба амал меояд мерасонад. Хушк шудани ҷангал бо таъсири омиҳои дар боло кайд гашта дар тамоми сатҳи сайёраи Замин ба амал меояд. Ба таркиби атмосфера, хок, об ҳамроҳ шудани пайвастагиҳои химиявӣ, ки боиси хушк шудани растаниҳои дарахтӣ ва алафи мегардад омили таъсир кунанда дар ин раванд корхонаҳои саноатӣ нақлиёт ба ҳисоб меравад. хар як намуди растанӣ ба пайвастагии химиявӣ ҳассосии худро дорад.
ҲАССОСИИ ГУНОГУН РАСТАНИҲО БА ГАЗИ SO2
Дар фонди давлатии ҷангали Руссия 1 млн. га замин дар натиҷаи садамаи стансияи атомии Чернобил ба қайд гирифта шудааст, ки дар асоси ҷамъшавии радионуклидҳои дарозумрбинанда ифлосшавӣ ба амал омадааст., ки дар тӯли солхои зиёд фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи ҷангал ғайри имкон аст. Дигар сабаби истифода бурда нашудани ҷангал ин таъсири зараррасонхо ва пахн шудани бемориҳои гуногун аст. Соле дар натиҷаи таъсири зараррасонҳо 2 – 3 млн га ҷангал зарар мебинад, ки ин таъсиррасонӣ сол аз сол майдони васеъро дарбар мегирад.
Яке аз ҳодисаи ташвишоварандаи солҳои охир ин хушк шудани ҷангал аст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса вайрон гаштани алоқаи байни экосистема ба амал меояд ва сабаби аз байн рафтани ҷангал мегардад. Fайр аз ин ҳодисаи ташвишовар паҳн гаштани бемориҳои гуногун низ мушкилоти муосир ба ҳисоб меравад, зеро сарчашмаи ин ҳодиса таъсири партовҳои саноатӣ – ба ҳаво, об, хок ҳамроҳ шудани моддаҳои заҳрӣ ва барангезандаҳои бемориҳо- паҳн гаштани вирусҳо ба ҳисоб меравад. Таъсири омилҳои иқлимӣ, афканишотҳои радиоактивӣ ба растаниҳои дар ҷангал буда кам нест, паҳн шудани ҳашаротҳои зараррасон, сӯхтор дар ҷангал торафт афзуда сифати растаниҳои дарахтиро паст намуда истодааст, ки ин ҳолатҳо низ мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад. Ин мушкилотҳо боиси деградатсияи экосистемаи ҷангал, вайрон гаштани гуногуншаклии олами органикӣ оварда мерасонад.
Имрӯз мо вазифадорем, ки ин мушкилотҳоро дарк намоем, омӯзем, мониторинг гузаронем ва дар асоси он системаи чорабиниҳоро ҷорӣ намоем то садди ин мушкилотҳои экологӣ гардад.
ҶАНГАЛ ВА ТУРИЗМ
Аз давраҳои хеле қадим ҷангал диққати шикорчиён,он шахсоне,ки аз меваҳои ҷангал баҳра мебурданд, занбӯруғ ҷамъ мекарданд ё худ танҳо истироҳат менамуданд ба худ ҷалб менамуд. Бо тараққӣ намудани туризм миқдори одамоне, ки ба ҷангал омада дам мегирифтанд бениҳоят афзуда ва ҳамчун омили таъсиркунанда ба сарвати ҷангал ба ҳисоб рафт , ки ҳангоми чорабинии ҳифзи ҷангал ба ин омил диқкат надода намешуд . Миллионҳо одамон дар мавсими тобистон , махсусан рӯзҳои истироҳатӣ аз гирду атрофии шаҳр ба ҷангал омада истироҳат менамоянд, то , ки аз ҳолати табии баҳра гиранд, ҳазорҳо туристон походҳо ташкил мекунанд, ки як маршрутро дар бар мегирад ин ҳама ба таназзули ҷангал меоварад. хар як тағйроте, ки одамон ба ҷангал меоваранд ( ҳангоми афрӯхтани гулхан, поймол кардани растаниҳо, бурридани он. ) ба растаниҳои ҷавони дарахтӣ таъсири худро мерасонанд .Fайр аз ин ҳангоми дамгирӣ одамон қоғазмайда, банкаҳои гуногун, ашёҳои шишагӣ, полиэтилениро мепартоянд, ки ба барқароршавии холати табии ҷангал таъсир мерасонад.
Кандани гулҳои рангоранг, шохи дарахтон ин амалҳо низ ба растаниҳои дар ҷангал буда бетаъсир намемонад . Бар замми ин бурридани дарахтони ҳамешасабз барои ҷашни соли навӣ, ҳисоб кардан душвор нест, ки як арчаи соли навӣ ба 10 – 15 нафар аҳолии шаҳр рост ояд аз он бар меояд, ки соле чанд дарахти арча буррида мешавад. Бояд ҳар шахси масъул донад,ки ҷангал ин боигарии миллат , қонеъгардонандаи талаботи инсон ва табиат аст.хаёт беҷангал ҳеҷ аст , зеро ӯ «шуш» – табиат буда, ҳастии ҳаётро таъмин мегардонад.Хушбахтона то ин дам ҷангалзорҳои кӯҳӣ боқи мондаанд дар марзе, ки ман зиндагӣ дорам арчаҳо доманаҳои кӯҳҳои осмон ба фалакро пӯшонида ба табиат ҳусн зам мекунад .
4.ЧОРАБИНИХОИ хИФЗИ ОЛАМИ РАСТАНӢ
Сарвати растании сайёраи Замин бениҳоят бой ва нодиру нотакрор аст . Ин сарват метаванад сарчашмаи растаниҳои маданӣ гардад. Муҳимии ҳифз намудани сарвати растанигӣ сол то сол афзуда истодааст, зеро .таъсиррасонии инсон дар асоси қонеъ гардонидани талаботаш хеле зиёд ба назар мерасад. Ин аст,ки инсон растаниҳои дар ҷангал бударо барои саноат ҳамчун ашёи хом, манбаи шифобахш барои худ, захираи асосӣ барои хоҷагии халқ истифода мебарад. Барои он, ки ин талаботҳо қонеъ гардад ба муносбати инсон аҳамият зоҳир намуда, ҳисси оқилона истифодабарии табиат ва сарватҳои онро дар маъдди аввал гузошт.
Муҳимтарин вазифаҳо дар замони муосир ин- нигоҳдории гуногуншаклии растаниҳои табии, ки аз онҳо растаниҳои маданӣ асос гирифтаанд (Ба сифати нигоҳдории генофонди олами растанӣ фаъолияти селексиониро васеъ намудан).
Намудҳое вомехӯранд, ки сарҳади аниқ надоранд.Онҳо бо дигар растаниҳо ,ҳайвонотҳо алоқаманд гаштаанд, бинобар ҳамин ҳам ҳифз намудани чунин растаниҳо ҳатмӣ зарур аст , зеро онҳо бавуҷуд оварандаҳои экосистемаҳои табиианд.
Оқилона иситифодабарӣ ва баркарор намоии олами растанӣ (махсусан ҷангалҳои кӯҳӣ.) дар марзҳое,ки ҷаналҳои сирак доранд мушкилоти зиёди экологиро ба миён меоваранд, яке аз чунин мушкилотҳо ба муҳлати бурридани растаниҳои дарахтӣ эътибор додан аст, зеро ин ҷангалхо функсияи мухофизатиро дорад (обҳифзкунанда, хокҳифзкунанда, санитарию гигиенӣ). хангоми дуруст ба роҳ мондани хоҷагии ҷангал – мӯҳлати бурридани ҷангал дар муддати 80 – 100 сол( ҳамон ҳам агар растаниҳои бурридашаванда тайёр гарданд). хангоми ба ин мӯҳлат эътибор надодан боиси вайрон шудани функсияи иқлим бавуҷудоӣ,ба низом оварии реҷаи сарвати об ба амал меояд.
Муҳимтарин чорабинии оқилона истифодабарии ҷангал – ин мубориза барои аз байн нарафтани растаниҳои дарахтӣ ва ба пурра истифодаи он маъсуб меёбад.
Дар муҳлати зарурӣ барқарорнамудани ҷангал – ин чорабинии асосӣ аст,ки барои барқарор шудани он кӯмак мегардад,аз ин лиҳоз дар майдони ҷангал растаниҳо шинонидан, сар вақт аз боқимондаҳои дарахтони буррида шуда тоза намудани марзи ҷангал зарур аст,то раванди вайронкории табии ба амал наояд
Барои барқарор кардани ҷангал роли чорабинии мелиоративӣ,хушк кардани хоки сернам, ба таркиби хок эътибор додан калон аст, ин инкишофи растаниҳоро таъмин мекунад ва сифати онро беҳтар мегардонад.
хифзи ҷангал аз сӯхтор ва мубориза бар зидди зараррасонҳо яке аз мушкилоти муҳими барқарор намоии чангал аст .
Баъди ба мушкилоти барқарорнамудани ҷангал аз сарчашмаҳо шинос шуда омӯхтанам баланд намудани маърифати экологиро дар зинаи аввал гузоштан мехоҳам, зеро дар вақти ин равандро бедор кардан мушколотҳои экологӣ худ ҳалли худро меёбад.
Ташкил кардани мамнӯъгоҳхо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ин низ яке аз чорабиниҳои баркарорнамудани ҳолати ҷангал ба ҳисоб меравад.
Омӯхтану гузаронидани мониторинг дар марзҳои табии махсусан дар ҷангал ин яке аз нақшаи аниқест, ки дар системаи чорабинии барқарорнамудани ҷангал ва сарватҳои бойи он равона карда мешавад .
Қабули қарори махсус оид ба маҳдуд кардани истифодаи намудҳои растаниҳо алалхусус растаниҳои нодир ба инобат гирифта шавад .
Ташкили участкаҳои коллексинӣ, боғҳои ботаникӣ, инкишоф додани коргоҳҳои илӣ оид ба истифода ва ҳифзи растаниҳо низ яке аз чорабиниҳои асосии барқарорнамудан ва ҳифзи ҷангал, олами растанӣ аст.
5.Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.
Олами наботот – манбаи ҳаёт дар рӯи Замин аст. Дар ҳақиқат мавҷудияти инсон, ҳайвонот ва организмҳои ниҳоят хурдандоза (микроорганизмҳо) – ро бе наботот тасаввур кардан ғайри имкон аст.дар раванди фотосинтез, ки фақат хоси растаниҳои сабз мебошад, аз яктараф, агар ҳаво (атмосфера) аз оксиген бой гардад, аз тарафи дигар, аз гази барзиёди карбонат (дуоксиди карбон) тоза мегардад.
Аксарияти растаниҳои мазрӯъ аз растаниҳои худрӯй пайдо шудаанд. Аз ин ҷост, ки барои пешбурди корҳои селексионӣ (навъофарӣ), яъне барои ба вуҷуд овардани навъҳои гуногуну серҳосили зироатҳои кишоварзӣ растаниҳои худрӯйро истифода мебаранд.
Ҳамин тавр, дар вақти бо растаниҳо муносибат кардан бисёр хусусиятҳои хоси онҳоро бояд ба назар гирифт. Вале баъзан дахолати гуногунҷабҳаи инсон ба табиат боиси тамоман кам ва ҳaтто нобуд шудани бисёр намудҳои нотакрору нодири растаниҳо мегардад, Масалан, инкишофи босуръати соҳаҳои гуногуни саноат, сохтмони заводу фабрикаҳо, комбинатҳо, афзудани миқдори шаҳрҳои навбунёд, маҳалҳои гуногуни аҳолинишин, афзун шудани саршумори чор­вои хонагӣ, сохтани роҳҳои нави оҳану мошингард, мунтазам аз худ кардан ва обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида, кофтани каналҳои обёрикунанда, сохтани обанборҳои сунъӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон наметавонад ба ҳолати муҳити атроф ва алалхусус ба олам наботот бетаъсир бошад.
Оқибати чунин таҳсиррасониҳо боиси он шуданд, ки дар Тоҷикистон дар айни замон 208 намуди растанҳои гулдор (199 намуди ра­станиҳои алафӣ ва 27 намуди растаниҳои дарахтию буттагӣ) дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Бинобар он, барои ҳифзи онҳо, ни растанихои нодир ва дар ҳолати нестшавӣ қарордошта ба \”Китоби Сурхи Тоҷикистон\” дохил карда шудаанд. \”Китоби Сурх\” – китоб -ҳуҷҷати илмии байналхалқӣ аст, ки оиди наботот ва ҳайвоноти ҳифзшаванда ва роҳҳои барқарор кардани онҳо маълумоти муҳими муфассал медиҳад.
Ба \”Китоби Сурхи Тоҷикистон\” аз растаниҳои дарахтӣ ва буттагӣ чунин растаниҳо аз қабили бодоми Вавилов, дӯлонаи дарвозӣ ва Помиру Олой. олуи дарвозӣ ва тоҷикистонӣ, ноки каёнӣ, хурмои мукаррарӣ ва ғайраҳо дохил карда шудаанд.
Гурӯҳи дигар растаниҳо, ки гули зебо дошта баҳори барвақт мешукуфанд – намудҳои зиёди гули лола. сичак (сич), гули ҳолмон, гули сиёҳгӯш, гули наврузӣ, бойчечак ва ғайраҳо низ дар ҳолати нест­шавӣ қарор дошта, ба \”Китоби Сурхи Тоҷикистон\” дохил карда шудаанд.
Аз 87 намуди пиёзи худрӯй, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, 17-тоаш ба «Китоби Сурх\” дохил карда шудааст. Инҳо (сиёҳалаф, гӯши бузак, модил) растаниҳое мебошанд, ки аз сабаби ҳар сол ҷамъоварӣ кардани қисми рӯизамини онҳо пиёзакашон сол аз сол камқувват шуда, аз сабзишу инкишоф бозмемонад. Намуди дигари пиёз, ин пиёзи анзур ё ансал мебошад, ки онро барои намакӣ кунондан ба миқдори зиёд ҷамъоварӣ мекунанд. Дар натиҷа сол аз сол камшавии ҳудуди майдони нашъунамои ин намуди пиёз ба мушоҳида мерасад.Ва бешубҳа вай мӯҳтоҷи ҳифз аст.
Чӣ тавре ки маълум аст, зира растании бисёрсолаи маъмулу хушбӯй аст. Вайро ҳамчун растании шифобахш ва барои хуштаъм кардани таом истифода мебаранд. Ҷамъоварии зира бо роҳи дарав кардани қисми рӯизаминии он дар давраи пеш аз пухтани тухмаш сурат мегирад. Чунин муносибати ғайриоқилона имконияти аз тухмаш сабзидану афзоиш кардани зираро номумкин мегардонад. Аз ин рӯ, зира низ ба ҳифзи қонун эҳтиёҷи комил дорад.
Растании зебои дигар, ки ба \”Китоби Сурх\” дохил карда шудааст, ҳолмон мебошад. Ҳолмон охирҳои моҳи март гул мекунад. Одамон ва сайёҳон аз гулҳои зебои он гулдастаҳо карда, хусусияти аз тухм афзоиш кардани онро маҳдуд мекунанд. Аз дигар тараф мардуми деҳот (таҳҷоӣ) пиёзаки онро барои ҳосил кардани нишоста ҷамъоварӣ мекунанд. Ин ҳар ду омили номатлуб боиси кам шудани майдонҳои ҳолмон гардидаанд.
Барои ҳифзу пешгирӣ кардани камчинӣ ва нобудшавии растаниҳои нодир, мебояд тамоми аҳли мардуми Тоҷикистон нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир кунанд. Дар ин иқдом хусусан муаллимон ва хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, бояд ҳиссагузор бошанд. То ки ин растаниҳои нодир на танҳо ҳифз карда шаванд, балки барои зиёд кардани ҳудуди паҳншавии онҳо аз сидқи дил ғамхорӣ зоҳир кунанд. Муҳофизати растаниҳо бояд қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони соҳибхирад бошад.

Степановский А.С. Экология М.: ЮНИТИ – ДАНА,2003, са[ 471.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.