Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Таъсири антропогенӣ ба олами ҳайвонот ва оқибатҳои экологии он

Боқимондаҳои ҳафриётӣ ва дигар далелҳо исботи он аст, ки дар тӯли 500 млн. сол панҷ – шаш маротиба дар сайёраи Замин ҳолати фалокатовар дар байни намудҳои гуногуни ҳайвонот ба амал омадааст.НАКША:
1. Таъсири антропогенӣ ба ҳайвонот, сабабҳои нобудшавии ҳайвонотҳо ва оқибатҳои экологии он.
2. Истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот.
3. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи олами ҳайвонот.

Боқимондаҳои ҳафриётӣ ва дигар далелҳо исботи он аст, ки дар тӯли 500 млн. сол панҷ – шаш маротиба дар сайёраи Заамин ҳолати фалокатовар дар байни намудҳои гуногуни ҳайвонот ба амал омадааст.
Инкишофи илму техника ба шумораи олами ҳайвоноти дар сайёраи Замин паҳн гардида таъсир расонидааст ва боиси кам шудани шумораи он гардидааст. Таъсири инсон ба олами ҳайвонот бо ду роҳ мегузарад :

Бевосита.
Бавосита.
Ба таъсиррасонии бевосита қир намудани ҳайвонот, ҷой ивазкунонӣ, кӯчонидан, афзоиши сунъӣ, таъқиб аз тарафи инсон, танг кардани марзи ҳайвонот мисол шуда метавонад. Асосан ба гурӯҳи ҳайвоноти шикорӣ бо мақсади истифодаи гӯшту пашм ва равған таъсири бевосита расонида мешавад, ки он сабаби кам шудани баъзе намудҳо ё ба пуррагӣ аз байн рафтани онҳо мегардад.
Ба таъсири бевоситаи инсон ҳамчунин , захираҳои химиявӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода бурда мешавад ва партовҳои заҳролуди корхонаҳои саноатиро ба вуҷуд меоварад, ҳайвонотҳои зиёд нобуд мегарданд шоил карда мешавад.
Ба таъсиррасонии бавосита бошад тағйир додани шароити зисти ҳайвонот, ивазкунии муҳити зист, бурридани ҷангалҳо, шудгори даштҳои калон, хушконидани ботлоқзорҳо, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтани шаҳрҳо ва роҳҳо дохил карда мешавад.
Баъзе намудҳо дар шароити зисти аз тарафи инсон ивазшуда барои худ шароити мӯътадил пайдо мекунанд ва зуд мутобиқ гашта миқдоран зиёд мешаванд ё худ баръакс аз байн мераванд.
Дар зери таъсири инсон намудҳои хоси ҳайвонот бинобар мутобиқат пайдо намудан гуногуншаклиро ба вуҷуд меоваранд.
Ба муҳити нав ҳамаи намудҳо мутобиқат пайдо карда наметавонанд ва дар натиҷа шумораи онҳо кам гардида, оқибат ба нести мерасанд. Аз маълумотномаҳои олимон бар меояд, ки дар натиҷаи кишт шудани даштҳои калон шумораи умумии ҳайвонот, аз чумла суғуи обӣ, мурғобиҳо, ки асосан дар ғорҳо зиндагӣ доштанд ба пуррагӣ ба нестӣ расиданд. Таъсири манфӣ ба олами ҳайвонот то ба он дараҷае расид, ки ҳар сол дар рӯи замин як намуд ё зер намуди ҳайвоноти мӯҳрадор нест шуда истодааст. холо хатари нестшавӣ ба 600 намуди паррандаҳо ва 120 намуди ширхӯрҳо таҳдид мекунад.
Нобуд шудани ҳайвонот на танҳо бо фаъолияти инсон, балки бо сабабҳои табиӣ ҳам ба амал меояд, ки ин ҳолат пеш аз ба вуҷуд омадани инсон ҳам вуҷуд дошт. холо ба каму зиёд ё тамоман нобуд шудани ин ё он намуди ҳайвонот тағйири иқлим, захираи хӯрок, ҳодисаҳои хуруҷи вулқон, заминҷунбӣ, обхезӣ, набудани об, тағйирёбии релеф, ҳаёти дарранда сабаби асосӣ бошад ҳам, лекин аз ин зиёдтар фаъолияти инсон сабабгори муҳими ба нестӣ расидсни намуди ҳайвонот ба ҳисоб меравад, зеро инсон бо аз худ кардани замин, сохтани роҳҳо, васеъ намудани марзи деҳоту шаҳр, дар марзҳои табиӣ гашту гузори одамон (чангалзорҳо, сайри кӯҳсор…) ба табиат ва сарватҳои он таъсир мерасонад.
Бонги хатар нисбати аз байн рафтану кам шудани шумораи намудҳои ҳайвонот беасос набуда, аз рӯи маълумоти олимон бар меояд, ки аз оғози асри ХVII то охири асри ХХ аз сатҳи замин 68 намуди ширхӯрон, 130 намуди паррандагон, 28 намуди хазандагон, 6 намуди моҳӣ ва 6 намуди обхокиҳо маҳв гаштаанд.
Аз рӯи маълумоти Иттиҳоди байналхалқии муҳити зист, бо миқдори миёна дар сайёраи Замин соле як намуд ё зернамуди ҳайвоноти мӯҳрадор аз байн рафта истодааст.
Муайян карда шудааст, ки фавти ҳайвонот асосан дар давлатҳои алоҳида қобили қайд аст. Масалан, дар Австралия – 7 намуди кенгуру, дар Шотландия – 14 намуди парранда, дар ҷазираҳои Гавая 26 намуди парранда ё худ 60 % фаунаи ин марз ба фавт расидааст.
Аз маълумотҳои олимон Фиттер ( 1958 ) ва К.П.Митрюшкин бошад маълум мегардад, ки ба фаъолияти хоҷагидории инсон, дар соли 1600 ҳамагӣ 4226 намуди ширхӯрон истифода бурда мешуд, дар як давраи таърихӣ аз фаъолияти хоҷагии инсон қариб 105 намуди ширхӯр – то соли 1700 33 намуд, то асри ХVII- Х IХ 36 намуд ва дар 50 соли охир бошад 40 намуд нобуд шудааст. Аз паррандаҳо баъд аз соли 1600 –ум то ҳол 94 намудаш нобуд шудааст. Инчунин дар айни ҳол, қариб 600 намуди ҳайвонот дар ҳолати тамоман нобуд шудан мебошад. Хусусан ҳайвоноти калонҷусса, ки шикораш осону қулай аст, тез кам мешавад.Наҳангшаклон, фил, гавазн, оҳу, шутурмурғ аз ҷумлаи онҳоанд, ғайр аз ин, рама – рама, тӯда ё села шудани олами ҳайвонот хусусан, ҳангоми шикор ё дар вақти ягон ҳодисаҳои нохуши табиӣ якто не, якбора чандинтои онҳо нобуд мешаванд.
Якчанд намудҳои ҳайвоноте мавҷуданд, ки ба пурра аз сатҳи замин нест шудааснд:
1. Тур – ( зоти қадимаи чорвои калони шохдори аврупоӣ ) соли 1599 ҳамагӣ 24 сар буд ва дар соли 1627 охирин шуморааш нобуд шуд, дар айни ҳол танҳо сурати он боқӣ мондаасту халос.

2. Тарпан – ( аспи ёбоии даштии аврупоӣ ), ки гӯшти болаззат дошт, шумораи охиринаш дар соли 1913 нобуд шуд ва дар айни замон дар осорхона устухонбандии онро мебинем.
3. Гови обӣ – шумораи охиринаш дар соли 1768 нобуд шудааст. Он 7 – 8м қад, 3,5 т, вазн дошта, гурӯҳ – гурӯҳ дар ҷойҳои камоб, дар байни обсабзҳои ғуллӣ зиндагӣ карда, ба одам чун дилфин наздик буд ва ҳоло якчанд устухонбандии он дар осорхонаи зоологӣ боқӣ мондааст.
4. Гагаркаи бебол, ки дар соҳилҳои Атлантика зиндагӣ мекард, одамон 18 ҳазор сол пеш аз давраи солшумории мо онро шикор мекарданд.Дар солҳои 1732 – 1760 шумораи ками он дар Исландия зиндагӣ дошт ва дар соли 1844 шумораи охирини он ҳам нобуд шуд. холо аз он 70 хӯса, 90 устухон банд ва 74 дона тухм ҳамчун нишон боқӣ мондааст.
5. Парранда дронт дар ҷазираҳои назди уқёнуси хинд зиндагӣ мекард. Ин парранда ба ҳаҷми ғоз баробар буда, серравған, гӯшташ боллазат буда аз одам наметарсид, аз ҳамин сабаб португалиҳо онро паррандаи гӯл ё бефаҳм меномиданд. Дар асри ХVII миқдори ин парранда зиёд буд. Аммо дар соли 1681 ин намуд тамоман нобуд шуд ва танҳо хӯсаи он дар осорхона боқӣ мондаасту халос.
6. Баклан – як навъ паррандаи обӣ то соли 1826 миқдори сершумор дошт, бинобар дар фаъолияти хоҷагӣ истифода бурдани инсон – ҳамчун ғизо шумораи охиринаш соли 1850 нобуд шуд ва танҳо хӯсаи он дар осорхона боқӣ мондааст.
7. Гага – як навъи мурғобии шимолӣ, ки пару пати нарм дорад, то соли 1842 дар гулӯгоҳи Лаврентия ва Лабрадор паррандаи шикорӣ ба шумор мерафт. Соли 1852 намояндагони ин навъ тамоман аз сатҳи замин нест шуданд. Танҳо 48 хӯсаи он дар осорхонаҳо нигоҳ дошта шудааст.
8. Кабӯтари саёҳатчӣ, ки дар охирҳои асри ХIХ дар штати Онтариои Ш.М.А. зиндагӣ дошт ва миқдоран он хеле зиёд буд, аз сабаби он, ки гӯшти болаззат дошт, бо баҳонаи зараррасони саҳро соле ба миқдори 1,5 млн. шикор мекарданд. Дар натиҷа шумораи охирини он дар соли 1914 ба боғи ҳайвонот гузошта шуд.
Ин таъсиррасонҳо ба олами ҳайвонот таъсиррасонии ниҳоят бузург буда, миқёси фаъолияти инсон дар асоси ин таъсиррасонӣ торафт васеъ мегардад. Яке аз омилҳои торафт кам гаштани бисёр намудҳо ё аз байн рафтани он ба он оварда мерасонад, ки баробарвазнии экологӣ коста гардида, экосистемаҳои табиӣ ҳолати табии худро гум мекунанд.
То ҳол ин амал давом дорад ва дар ин самт таъсири антропогени хеле назар рас аст. Муҳимтарин омилҳое, ки ба фаъолияти ҳайвонот таъсир мерасонад инҳо ба қайд гирифта шудаанд :
– вайроншавӣ ё деградатсияи муҳити зисти ҳайвонот.
– аз ҳад зиёд таъсир расонӣ ба ҳамон як намуд.
– таъсири намудҳои интродусия шуда.
– нест шудан, кам гаштан ва ё паст шудани сифати ғизои ҳайвонот.
– мубориза бар зидди зараррасонҳои хоҷагии кишоварзӣ, ҳайвонотҳои зараррасони хонагӣ. ( нигаред ба расми №1)
Ин омилҳо ба олами ҳайвонот гуногун таъсир мекунад, ҳатто дар марзҳое, ки онхо умр ба сар мебаранд, таъсири ин омилҳо барои ҳар намуд гуногун аст.
Дар Россия кам шудани миқдори ширхӯрони баҳрӣ ба қайд гирифта шудааст, ки сабаби асосии он ифлосшавии обҳои назди соҳилҳо ва кам шудани миқдори ғизо дар муҳити обӣ.
Аз соли 1986 то 1991 миқдори морҷ аз 200 то 100 ҳазор, гурбаи баҳрӣ аз 5– то 300 ҳазор сар бинобар омилҳои дар боло қайд гашта кам шудааст.
Ба кам шудани миқдори ҳайвонот шикорӣ аз ҳад зиёд ба ҳамон як намуд таъсир кардан аст. хангоми пурра нест шудани генофонди ин ё он намуд аз байн ба пурра нест шудани ҳайвонот аз эҳтимол дур нест.
Вайрон кардани меъёри санитарии нигоҳдории захираҳои маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ба инкишофи миқдори хояндагони зараррасон меоварад. Васеъ гардидани марзи зисти ин хояндагон боиси паҳн шудану сарчашмаҳои бемориҳои сироятӣ мегардад. Аз рӯи маълумоти олимон бар меояд, ки дар шаҳри Москва калламушон соле 60 – 80 ҳазор т. озуқавориҳоро хӯрда корношоям мегардонанд.
Муайян шудааст, ки миқдори лаклак, ҳайвонотҳои ваҳшӣ, ғоз, кабк, ва бисёр ҳашаротҳои гардолудкунанда дар сарҳади маҳвшавӣ қарор дорад. Дар замони муосир 7- намуди ширхӯрон дар шароити боғи ҳайвонот нигоҳ дошта шуда истодаанд.
Оқибати аз байн рафтани ҳайвонот натанҳо шикор, ин пеш аз ҳама сарфаҳм нарафтану бенақша истифодабарии ҳайвонот аст, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон суръат гирифтааст – ин бурридани ҷангал, хушконидани ботлоқзорҳо, васеъ намудани чарогоҳ барои ҳайвоноти хонагӣ, химизатсияи хоҷагии кишоварзист.
Таъсири интенсивонаи инсон ба табиати нотакрор ба он оварда расонд, ки бисёр намуди ҳайвонот аз ҷои зист, марзи табии худ маҳрум гаштанд. Инкишофи туризм ба марзҳои табиӣ таъсири манфӣ расонд, зеро қисми зиёди ҳайвонотҳо бинобар ин самт мавзеъҳои табии худро гум карданд.
Чуноне, ки И. Гёте изҳор мекунад, ҷавобгарии ҳар як мо барои нигоҳ доштани табиат бо чунин сатрҳо изҳор мегардад. « Табиат шӯхиро намебахшад, он ҳама дам ҳақҷӯй, сахтгир ва доимо ҳақ аст. Хатогӣ ва гумроҳи танҳо аз тарафи инсон содир мегардад » .

Расми № 1.

6
5

4

3

2

1

1 – бо воситаи шикор сайд кардан..
2 – нест кардани ҳайвонотҳои зараррасони хоҷагии кишоварзӣ.
3 – кам шудан ваё паст сифат гаштани ғизо.
4 – таъсири намудҳои интродусияшуда.
5- аз ҳад истифодабарии ҳамон як намуд.
6 – вайрон кардан ва ё деградатсияи марзи зисти ҳайвонот.

Муҳимтарин оқибати таъсиррасонии инсон ба муҳити зисти ҳайвонот ба он меоварад, ки паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда авҷ мегирад ё худ механизми ҳифз намоии ҳайвонот вайрон мешавад. Чуноне, ки профессор Ханс Либман қайд мекунад паҳн шудани аксарияти бемориҳои сироят кунанда – бактерияҳо, вирусҳо, гелминтҳо асосан дар муҳити об ба амал меояд. Исбот карда шудааст, ки паҳн шудани бемориҳои домана, якчанд намудҳои бемориҳои дизентирия, зардпарвин бо воситаи об сироятёбиро ба амал меоварад. Паррандагони обӣ дар бандарҳои обҳояш бо намудҳои салмонеллаҳо сироятёфта, худ аввал сироят мегарданд ва бо воситаи саргини худ онро паҳн мекунанд, ки дар натиҷа паҳн шудани бемориҳо дар байни дигар намудҳои ҳайвоноти сатҳи заминӣ ба амал меояд, зеро аксарияти ин паррандагон аз сатҳи хушкӣ ғизои худро дарёт менамоянд.
Муайян карда шудааст, ки якчанд муфтхӯрон дар узви инсон ва ҳайвон умр ба сар мебаранд. Мувофиқи тадқиқоти илмӣ, ки дар шаҳрҳои бузурги давлатҳои Европа, Африка, Осиёи шарқӣ гузаронида шуд, нишон додааст, ки соле 1 млн. истиқоматкунандагони ин марзҳо 1,5 млрд тухми гелминтҳоро дар худ мепарваранд. Дар давлатҳои Европа, Америкаи Шимолӣ тухми ин муфтхӯронро дар таркиби обҳои равон дарёфт намудаанд, ки асосан он бо гуногун роҳҳо ба узви инсон ва ҳайвонотҳои хонагӣ ворид гашта муфтхӯрӣ менамояд . Ин проблема торафт шадид гашта натанҳо дар ин давлатҳои ҷаҳон балки дар тамоми дунё проблемаи баҳсталаб ба ҳисоб меравад.
Ифлос намудани таркиби об барои ҳайвонот ва умуман барои қабати ҳаёти хеле хатарнок аст. хамроҳ шудани маҷмӯи моддаҳои заҳрнок дар об боиси марги хайвонотҳои обӣ мегардад, муайян карда шудааст, ки ифлосшудани таркиби об ба гуногуншаклии олами ҳайвонот низ таъсир мерасонад. Обҳои ифлосгардида ба як намуд ё худ ба маҷмӯи намудҳои ҳайвонот таъсир мерасонад. Олимон муайян намудаанд, ки натанҳо ба муҳити об заҳрхимикатҳо, балки моддаҳои минералӣ низ ҳангоми бо миқдори зиёд ҳамроҳ шуданаш метавонад ба олами ҳайвонот манфӣ таъсир намояд.
ходисаҳои хатарнок ба қайд гирифта шудааст, ки то ҳол дар саҳифаҳои таърих сабт гаштааст. Дар соҳилҳои Минамата , ки дар ҷанубии Япония ҷойгир аст, бо ном « боғи баҳрӣ » ном гирифта буд, зеро ин марз аз организмҳои гуногуншакл хеле бой буд. Соли 1956 аввалин мартиба бемории вайрон шудани фаъолияти биноӣ, шунавоӣ, ҳамчунин рафтории инсон ба қайд гирифта шуд, ки то ҳол ин намуди беморӣ ба илм маълум набуд. То соли 1972 292 ҳодисаи ба ин беморӣ гирифтор шудани одамон ба қайд гирифта шуд, ки аз он 62 нафар ба марг расид. Танҳо соли 1969 исбот карда шуд, ки сабаби паҳн шудани ин беморӣ ин моҳии бо оби метилсимоб заҳролуд гашта аст. Моҳии бо ин пайвастагӣ заҳролуд гашта, ҳамчун занҷири ғизо амал намуда аз организми хурд ба моҳӣ, аз моҳӣ ба моҳиҳои нисбатан калон ва аз онҳо моҳигирон заҳролуд гаштанд.
Хатари дигаре, ки то ҳол инсонро таҳдид мекунад ин хояндагон буда, онҳо маҳсулоти ғизоиро таркибан вайрон намуда, паҳнкунандаи бемориҳои сирояткунанда ба ҳисоб мераванд. Онҳо сарчашмаи паҳнкунандаи бемории оқсил ( яшур), бемории Василева – Вейля як намуди бемории зардпарвин, табларза, тиф ва паҳнкунандаи гуногун муфтхӯрон ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи ҳодисаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки боиси марги инсон гардидааст.
Маҳсулоти озуқаворӣ, об, қувваи барқ, марзи зисти инсон ва ҳайвон асоси ҳаёт ба ҳисоб рафта ба ҳолати табии он вобаста аст.

2. Истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот.

Вазифаи асосии ҳифзи ҳайвонот аз рӯи принсипҳои асосӣ, бояд намудҳои ҳайвонот на танҳо дар вақти тамоман кам шуданашон, балки ҳамеша дар маъди назар буда муҳофизат карда шаванд. Бо гуногун роҳҳо аз он ҷумла бо роҳи мӯътадил гардонидани шароити ҳаёт шумораи ҳайвонотро барқарор намуда, хавфи нестшавиро аз байн бурд, хусусан ҳайвоноти шикорӣ ва ҳифзи онҳо масъалаи баҳсталаби ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад, зеро онҳо аҳамияти калон доранд. Қиммати чунин намуди ҳайвонҳо дар он аст, ки онҳо аз ҳисоби ғизои табии ба ҳайвонҳои хонагӣ дастнорас ва нобоб зиндагӣ мекунанд. Онҳо низ ба мисоли ҳайвоноти хонагӣ ба ғамхорӣ ниёзмандданд. Аз ҳайвоноти шикорӣ одамон гӯшт, пашм, пӯст, маҳсулот барои соҳаҳои дору тайёркунӣ ва атриёт мегиранд. Аз ширхӯрон ба ин гурӯҳ сумдорон, ҳайвоноти пашмдори муҳити хушкю обӣ дохил мешаванд, ки ҳар яке аҳамияти ба худ хос доранд.
Муҳофизати паррандагони фоидарасони ғайришикорӣ аҳамияти хоси худро дорад , зеро зарурияти муҳофизати ин ҳайвонот дар он зоҳир мегардад, ки онҳо зараррасонҳои зироат ва ҷангалро аз давраҳои хеле қадим нест мекунанд. Агар фаъолияти паррандагони ҳашаротхӯр намебуд, онгоҳ як ҷуфт ҳашароти зараррасон дар шароити мусоид ба тезӣ зиёд гардида миқдори онҳо даҳҳо маротиба меафзуд.
Дар соҳои 30 уми асри ХХ дар бешазори Эйзенахаи Германия кирмаки шапараки думчасурх дарахти букро тамоман аз барг луч кард. хамон вақт дар деҳаи Зеебхаи Германия Берлепш ном шахс дар чакалакзори шахсии худ паррандаҳои зиёдро ром карда буд, ки дар натиҷа ҷангали он аз ҳашарот зарар надида, дар байни дигар ҷангалҳои зарардидаи атроф чун ҷазираи сабз боқӣ монд.
Дар охири асри гузашта энтомологи машҳур И.Я. Шевқрев дар қисми ҷанубии Украина 25 ҷуфт сочро дар лонаи сунъӣ одат кунонида, як миқдор ҷангал ва дигар набототи дар гирду атрофии он буда аз ҳашароти зараррасон озод кард. Олимон ҳисоб кардаанд, ки соч ба чӯҷаҳояш дар як ба лона омадан 3 адад малах меорад, ки ҳар кадомаш 3 граммӣ вазн дорад. Дар як рӯз 1 ҷуфт соч ба чӯҷаи худ 360 гр. малах мехӯронад. Дар як моҳи лонасозӣ як ҷуфт соч 10 кг.800 гр малах ҷамъ мекунад. Дар як баҳору тобистон як селаи сочҳо ба миқдори 2 вагони боркаш ҳашаротро нобуд мекунанд. Миқдори ҳашароти дар як рӯз нобуд кардаи як парранда ба вазни худаш баробар аст.
Мувофиқи нишондоди Мекленбурсев Р.Н. сочи гулобиранги аз 10 ҳазор ҷуфт иборат буда, дар айёми ба чӯҷаи худ хӯрок додан, қудрати зиёда аз 100 т. малахро нобуд карданро дорад.
Эзорсурхак тамоми сол чун духтури танаи дарахт ҳаракат карда, бисёр ҳашароти пӯстлоху чӯбхӯрро ёфта мехӯрад.Пашшахӯрак дар давраи ба чӯҷаҳояш хӯрок додан то 15% тухму кирмаки ҳашароти чӯбхӯр ва 20 -40 % пашшаи муҳити худро нобуд мекунад.
Паррандаҳо на танҳо ҳашарот, балки ҳайвонҳои дигар, хояндагонро низ нобуд карда, ба соҳаи кишоварзӣ фоида меоранд. Барои ром кардани паррандаҳо аз картон, фанер, тахтаҳо, сафол, лой, хас, якчанд хели лонаҳо тайёр карда, дар дарахтони қади роҳ , боғҳои истирохатӣ , боғҳои мевадор, чакалакзор гузошта мешаванд, ки онҳо 5 -6 сол хизмат мекунанд.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аз он ҷумла дар диёри мо низ ин фаъолият дар дӯши мактаббачагон вогузир аст. Қобили қабул аст, ки барои ҳифзи паррандагон « Рӯзи паррандагон » -ро ҳар сол чашн мегирем, ки ин ид бо масъулияти баланд дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва дар ассотсиатсияҳои дӯстдорони табиат гузаронида мешавад.
Қариб дар ҳама ҷой паррандагони муқимию мавсимӣ зиндагӣ карда асосан нафъ мебахшанд. Бинобар он, кӯшиш кардан лозим аст, ки аз ҳисоби паррандаҳои мавсимӣ паррандагони муқимӣ торафт зиёд шаванд. Ба ин паррандагон бештар шароит муҳаё карда, ба зимистон гузаронии онҳо бештар аҳамият додан лозим аст, то қадре бошад ҳам чораҳои мушаххас андешидан лозим аст, ки муҳофизати ин намуд паррандагонро таъмин бояд намоем.
Паррандаҳои « дарранда » -ро, ки баъзан зарарнок мешуморем, бояд ҳифз намуд, зеро онҳо аҳамияти хоҷагӣ, шикорӣ, санитарӣ, эстетикӣ доранд. Чуғз, лочин, уқоб аз ҷумлаи онҳо аст.
хисоб карда шудааст, ки бо уқоб дар як сол ба ҳисоби миёна 50 – 60 рӯбоҳро шикор мекунанд. Дар Қазоқистон соле
30 % -и шикори рӯбоҳро бо уқоб ба ҷо меоранд. Агар дар тамоми кураи замин фаъолияти паррандаҳоро ба назар гирем, он гоҳ гуфта метавонем, ки ҷамъи онҳо 85 95 % фоида ва танҳо 5 -15 % зарар мерасонанду халос.
хайвоноти бемӯҳра ҳам аҳамияти амалӣ доранд ва ба муҳофизат мӯҳтоҷанд. Бемӯҳраҳо миқдори зиёди биомассаро дар табиат ташкил дода, дар гардиши моддаҳо иштирок мекунанд.
Гурӯҳи ҳайвоноти бемӯҳра аз ҷиҳати ҳаҷм хурд бошанд ҳам, шумораю хелҳои онҳо хеле зиёданд. Баъзе намудҳои бемӯҳраҳо дар обҳои гарм 70 -90 * 0, дар яхҳҳои қутби шимоли Антарктида, дар обу хушкӣ, дар боғу саҳро, дар чӯлу биёбон, умуман дар ҳама ҷои биосфера вомехӯранд.
Мувофиқи маводҳои конференсияи умумииттифоқии энтомологҳо аз он даме, ки олимон ба усули биологии мубориза бар зидди зараррасонҳо эътибор доданд ва дар соҳаи кишоварзӣ татбиқ намуданд, зарарбинии растаниҳо аз ҳашарот 50 % кам шуд. Дар табиат намудҳои бемуҳраҳои фоидарасон кам нестанд, зарарашон нисбат ба фоидаашон камтар аст, аз ин лиҳоз муҳофизат намудани ин намудҳо бо чорабиниҳои махсус ба инобат гирифта шудааст.
Барои нигоҳ доштану муҳофизат намудани ҳолати табиӣ аз ҷумла олами ҳайвонот мавқеи мамнуъгоҳҳо ва парваршигоҳҳо хеле назаррас аст . Хусусан дар Тоҷикистон, ки аз олами ҳайвонот бой ва гуногун намудии хеле зиёд дорад, ин марзҳои махсусҳифзшаванда аҳамияти хеле калон доранд, зеро дар марзи Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди ширхӯрон, 365 намуди паррандагон, 49 намуди хазандагон, 40 намуди моҳҳо, зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашаротҳо паҳн гардидаанд.
Маҳз марзҳои махсусҳифзшаванда бо функсияи экологии худ шароит медиҳад, ки ҳайвонотҳо ва умуман ҳолати табиӣ нигоҳ дошта шавад, зеро дар ҳудуди онҳо сохтмони ягон корхонаи саноатӣ, хоҷагӣ, кофтани қабатҳои замин, буридани дарахту бутаҳо, алафдаравӣ, шикорчигӣ, ҷамъ намудани гиёҳҳои доруворӣ, чарронидани чорво, истифодаи ҳамагуна заҳрхимикатҳо, туризм ва истироҳат мумкин нест.
Солҳои охир дар давлатҳои тараққӣ карда ба ғайр аз боғҳои истироҳатӣ боз боғҳои миллӣ ташкил шуда истодааст, ки барои боз ҳам наздик шудани инсон бо табиат шароит фароҳам меоварад.
Бо ин мақсад алакай дар нақша ҳаст, ки дар солҳои наздик водиҳои хушманзари табии кишварамонро ба чунин боғҳо , ки барои истироҳат намудани мардум равона карда шавад ташкил намоем.
Мамнӯъгоҳи Бешаи палангон аввалин мамнӯъгоҳест, ки соли 1939 мувофиқи қарори Комиссариати халқии зироати ҷумҳурят барои муҳофизати сарватҳои комплекси табиии бешазори соҳили дарёҳои Осиёи Миёна аз ҷумла, барои муҳофизати ҳайвоноти камёб ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ташкил карда шудааст. Ин мамнӯъгоҳ дорои гуногун олами ҳайвонот буда, яке аз моҳие, ки дар обҳои ин мамнӯъгоҳ умр ба сар мебарад, белбинӣ ном дошта , ин намуд моҳӣ дар дунё танҳо дар дарёи Аму ва Сир, дар ҳавзаҳои Мессисипии Америкаи Шимоли дучор мешавад. Гуногунии хазандагон дар мамнӯъгоҳ ҷолиби диққат буда мори айнакдор, афъӣ, гурза, калтакалос бештар дучор мешавад.
Дар олами ҳайвоноти мамнӯъгоҳ, асосан паррандагон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Дар тӯқайзорҳои мамнӯъгоҳ бештар аз 34 намуди ширхӯрон мавҷуд буданд, ки ҳоло бошад аз байни онҳо паланги тӯронӣ маҳв шудааст. Охирин маротиба изи паланги тӯрониро моҳи марти соли 1953 қайд карда шуда, солҳои 1972 – 1973 он аз тӯқайзори Афғонистон ба сарзамини Тоҷикистон чандин маротиба гузаштааст.
Дар мамнӯъгоҳ гург, паланг, шағол, рӯбоҳ, ҷайра, гурбаи ёбоӣ ва баъзе намудҳои ҳайвоноти дарранда зиндагонӣ мекунад.
Дар зонаи биёбони мамнӯъгоҳ оҳу, дар тӯқайзорҳояш хукҳои ёбоӣ низ вомехӯранд.
Дар кӯҳҳои Хоҷақозиён бошад, гӯсфанди ёбоӣ – муфлонҳо дучор мешаванд.Яке аз намудҳои гаронбаҳои ин мамнӯъгоҳ гавазни тӯқай ё хонгул мебошад, дар замони муосир саршумори ин намудҳо хеле кам шуда истодааст.
Дар мамнӯъгоҳ 28 намуди ширхӯрон, 143 намуди паррандагон ба қайд гирифта шудааст.
холо дар мамнӯъгоҳ нутрия парвариш карда мешавад, ки бори аввал онро аз Озарбойҷон оварда шуда буд. Дар ин фаъолият натанҳо мутобиқ намудани ҳайвонотро ба нақша гирифта шудааст, ҳамчунин барои баланд намудани иқтисодиёти давлат ин фаъолият кӯмаки зиёд мерасонад.
Мамнӯъгоҳи Бешаи палангон бо гуногунии нодиру нотакрори табиат ва сарватҳои он дар ҷаҳон шӯҳратёб гаштааст, зеро ин мамнӯъгоҳ ягона мамнӯъгоҳест, ки дар зонаи субтропикӣ ҷойгир аст.
Мамнӯъгоҳи Ромит дар доманаҳои ҷанубии силсили кӯҳҳои хисор соли 1959 ташкил карда шуд. Майдони мамнӯъгоҳ бештар аз 16 ҳаз га. буда, дар байни дарёҳои Сорбо ва Сардаи Миёна воқеъ гаштааст.
Гуногуншаклии ҳайвонот дар мамнӯъгоҳ мавқеи муайянро дорад.
Дар дарёҳои мамнӯъгоҳ яке аз моҳии гаронбаҳо гулмоҳии ҷайҳунӣ зиндагӣ мекунад. Мувофиқи маълумоти олимон , гулмоҳии ин ҷо калон буда, вазнаш то 3 кг мерасад.
Аз хазандагони мамнӯъгоҳ ду намуди мори заҳрдор – гурза ва шитомордник ( мори калтадуми сиёҳранг ) зиндагӣ доранд. Дар зонаи бешаҳои куҳӣ олами паррандагон гуногуншаклу ҷолиби диққатанд. Асосан паррандагони хушхон – зарғилдоқи ҳиндустонӣ диққати касро бештар ба худ ҷалб менамояд. Умуман мамнӯъгоҳ аз олами паррандагон бой аст. Кабк, мурғи кӯҳӣ , кабӯтарони ёбоӣ, говкабӯтар яке аз намояндагони асосии мамнӯъгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Олами ширхӯрони мамнӯъгоҳи Ромит низ бо гуногуншаклии худ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Хирси нохунсафед, бузҳои кӯҳии чанбаршох, гавазни бухороӣ, рӯбоҳ, шағол, ҷайра, паланги барфӣ намояндагони асосии бошандагони мамнӯъгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Манӯъгоҳи Дашти Ҷум дар қисми ҷанубии Тоҷикистон ҷойгир шуда, соли 1983 бо мақсади нигоҳ доштани шумораи морхӯр – бузи кӯҳӣ ва комплекси марзхои табиӣ ташкил карда шуд. Нигоҳ доштани популятсияи морхӯр хеле муҳим аст, зеро соҳои охир шумораи он торафт кам гардида истодааст. Fайр аз ин морхӯр метавонад дар оянда аҳолии маҳаллиро бо шир , гӯшт таъмин намояд.
Фаунаи ширхӯрони мамнӯъгоҳи Дашти Ҷумро асосан хирси тияншонӣ, гург, рӯбоҳ, хояндагони ҷангалӣ ташкил мекунанд. Дар тобистон гуногунии паррандагон ба монанди кабк, уқоб, гунчишкакшаклон,бедона, мурғи даштӣ хеле назаррас аст.
Мамнӯъгоҳи Зоркӯл мамнӯъгоҳест, ки дар асоси парваришгоҳ ташкил карда шудааст, мақсади ташкил намудани ин мамнӯъгоҳ нигоҳ доштани комплекси нодири табиӣ буда, ҳифз намудани алоҳида компонентҳои табиӣ ба монанди олами ҳайвонот ба ҳисоб меравад. Дар ин мамнӯъгоҳ асосан ба ғозҳои кӯҳӣ аҳамияти хос дода шуда барои нигоҳ доштани онҳо чораҳои мушаххас андешида шудааст.
хамчунин парваришгоҳҳо амал мекунанд, ки маҳз намудҳои олами ҳайвонот дар ҳолати табиӣ барқарор карда мешаванд . Аз 15 парваришгоҳе, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, 5 парваришоҳ парваришгоҳи давлатӣ ба ҳисоб рафта, як қатор намудҳои олами ҳайвоноти ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Аз он ҷумла: Парваришгоҳи давлатии Зарафшон асосан фазани зарафшонӣ нигоҳ дошта мешавад, парваришгоҳи Дашти Ҷум барои нигоҳ доштану барқарор намудани шумораи бузҳои шохашон печон, парваришгоҳи давлатии Камароб барои танзими шикори ҳайвонот , парваришгоҳи давлатии Сагвор , ки яке аз марзи асосии ҷойгиршавии намуди эндемики ширхӯрони ҳашаротхӯр ( бухарский бурозубка), парваришгоҳи Зоркӯл нигоҳдорандаи шумораи ғози кӯҳӣ ба ҳисоб мераванд..
хамин тариқ мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ин як системаи чорабиниест, ки барои нигоҳ доштану муҳофизат намудани комплекси табиӣ ва сарватҳои алоҳидаи он аз ҷумла олами ҳайвонот нигаронида шудааст.
Китоби Сурх ин ҳуҷҷати давлатӣ буда, дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мавқеи хоси худро дорад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон барои муҳофизат намудану нигоҳдоштани олами ҳайвонот ва растанӣ бо қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Китоби Сурхи Тоҷикистон 1 марти соли 1979 барои ба нашр омода кардан қарор махсус № 67 қабул карда шуд.Мазмуни асосии ин китоб – ҳуҷҷати давлатӣ дар он аст, ки олами ҳайвонот ва набототро ба 4 гурӯҳ ҷудо намуда барои беҳтар шудани ҳолати намуд,дар шароити табиӣ нигоҳдоштани генофонди онҳо ин гурӯҳҳо кӯмак хоҳад расонд.
Ба гурӯҳи 0 – наудҳое, ки шояд барҳам хӯрдаанд ( хелҳое, ки дар муддати чандин сол вонахӯрдаанд ва мумкин аст, ки дар баъзе мавзеъҳои ҷудогона мондаанду халос).
Ба гурӯҳи 1 – намудҳое, ки дар зери хавфи нестшавианд (намудҳое, ки ба ҳадди нестшавӣ расидаанд ва барои ҳифзи онҳо тадбирҳои махсус андешидан лозим).
Ба гурӯҳи 2 – намудҳои нодир ( намудҳое, ки ба ҳадди нестӣ нарасидаанд, вале камшуморанд, ё дар маҳалли махсуси маҳдуд мерӯянд ва ба зудӣ аз байн рафтанашон мумкин).
Ба гурӯҳи 3 – намудҳое, ки миқдоран кам шуда, дар мӯҳлати муайян рушдгоҳи онҳо аз омилҳои табиӣ, мудохилаи инсон ё таъсири муштараки онҳо маҳдуд шудааст.
хамин тариқ барои ҳифз намудану нигоҳ доштани олами зинда тадбирҳои зерин ҷустан ҳатмист:
1. хифзи олами ҳайвонот дар марзҳои махсуси ҳифзшаванда. Ба хоҷагиҳо истифодаи тамоми ландшафт, маҳалли рушд ё гурӯҳи растаниҳоро манъ кардан зарур аст.
2. хифзи маҳалли зист. Натанҳо ҳифзи намудҳои ҷудогона балки ба таври муштарак андешидани тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми истифодаи оқилонаи ландшафти табиӣ. Муқаррар кардани захира, маҳдуд намудани тадбирҳои мелиоративӣ, қисман ё дар мавсимҳо маҳдуд кардани истифодаи намудҳое, ки дар хоҷагӣ аҳамият дорад.
3. Ҷорӣ намудани рухсатномаҳои махсус барои шикор ва ҷамъоварии растаниҳо.
4. Фурӯши хусусии растаниро манъ бояд кард. Муассисаҳои давлатӣ бояд босамар тайёру ҳифз кардани намудҳои ҳайвонотеро, ки дар хоҷагии халқ аҳамият доранд, ҷорӣ намоянд ва ба савдои хусусӣ дар бозорҳо ва қад – қади роҳ иҷозат надиҳанд.
5. Парвариши ҳайвонотҳое, ки аҳамияти иқтисодӣ дорад ба роҳ мондан зарур аст.
6. холати гурӯҳи ҳайвонотро ба зери назорат гирифт, ҳайвонотҳое, ки муҳофизат кардан лозим аст, бояд дар муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб гиранд, бо мақсади илмӣ доштани ин ё он намуд ҳайвонот қатъиян манъ гардад.
Тамоми тадбирҳои муҳофизатиро минбаъд бо қарорҳои дахлдори давлатӣ, ки риояи онҳо ба ҳама муассисаҳои давлатӣ ва шахсони ҷудогона ҳатмист, ба расмият даровардан лозим.
хифзи ҳайвонот аз он ҷумла ҳайвоноти нодир ва камёб вазифаи умумихалқист. Бинобар ин масъала ва вазифаи ҳифзи олами зинда тавассути муассисаҳои тарғиботи оммавӣ – нашрияҳои маҳаллӣ ва радиову телевизион ба амал овардан зарур аст. Муваффакияти ин тадбирҳо ба шуурнокӣ ва маърифатнокии мардуми ҷумҳурӣ вобаста аст.

3. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи олами ҳайвонот.

Дар замонҳои қадим нисбати замони муосир таъсиррасонии инсон ба миқдори ҳайвонот ва гуногуншаклии он кам буд, бинобар ҳамин танҳо маҳфуз нигоҳ доштан ё нисбатан кам таъсир намудан қобилияти барқароршудани ҳайвонот таъмин мекард. Лекин аз маълумотномаҳо бар меояд, ки агар чӣ инсон барои барқарор намудани намудҳои ҳайвонот кӯшиш намуда бошад, ҳам гурӯҳи намудҳои зиёди онҳо низ аз байн рафтанд, ки мисоли он дар қайдҳои боло сабт шуд. Аз ин бар меояд, ки миқдори ҳайвонотро аз дараҷаи муайян кам кардан мумкин нест, зеро он худ қобилияти барқароршавии худро гум мекунад. хангоми аз байн рафтани як намуд, намуде, ки аз он баҳра мебурд миқдоран коста мегардад. Аз ин ҷост,ки зарурияти инкишофи назарияи ҳифзи фауна ба амал омад. Ин назария дар асоси принсипи мураккаб системавор амал мекунад. Дар омӯзиши ин принсип се муносибат ба инобат гирифта мешавад :
1. Экологӣ – принсипи муносибати ба ҳам вобастагии муҳити табиӣ бо организмҳои зинда .
2. Системавӣ – сохторӣ – нигоҳдории гуногуннамудии сифатии табиати зинда.
3. Популятсионӣ – генетикӣ – нигоҳдории тамоми намудҳо ҳамчун системаи ба ҳамалоқамандии популятсия.
Принсипҳои мазкур исбот мекунад, ки ҳаёт танҳо дар асоси
баҳамалоқамандию якҷоя умр ба сар барӣ мавҷуд шуда метавонад. Чӣ қадаре, ки ин ҷамоа мураккаб бошад, ҳамон қадар устувории он амал мекунад. Аз ин лиҳоз :
1. Барои нигоҳ доштани ҳаёт нигоҳдории биосеноз хеле муҳим аст.
2. Барои дуру дароз нигоҳ доштани биосеноз зарур аст, ки мураккабии эволютсионии ҳар як намуд нигоҳ дошта шавад, зеро ҳар як намуд генофонди нотакрор дошта, натиҷаи эволютсия ба ҳисоб меравад. Агар чӣ намуд барои инсон зарар расон, ё худ нолозим бошад ҳам дар табиат мавқеи мушаххаси худро дорад аз ин рӯ набояд,ба олами ҳайвонот баҳо дод.
3. Барои нигоҳдории намудҳои алоҳида нигоҳдории ҷамоа ва системаи экологии он зарур аст, зеро танҳо як намудро дар табиат нигоҳ дошта намешавад , ҳар як намуд ба ҳам алоқаманд ва ба ҳам вобастаанд.
4. Барои нигоҳ доштани гурӯҳи намудҳо бояд системаи ба ҳамалоқамандии дохили ҳамон як намудро ба инобат гирифт.
5. Миқдоран кам шуда намудҳо доимо дар сарҳади маҳвшавӣ қарор дорад ва ҳифзи асосиро талаб мекунад.
Иттиҳоди байналмиллалии ҳифзи муҳити зист , якҷоя бо барномаҳои С.М.М. оид ба муҳити зист ва ҳамҷоя бо фонди Байналхалқии ҳифзи табиат стратегияи ҳифзи табиатро коркарда баромаданд. Мақсад аз он қонеъ гардонидани ҳифзи муҳити зист – сарвати зинда дар муддати кӯтоҳ , ки аз он некӯаҳволии халқ вобаста аст. Ин барнома шароит фароҳам меорад, ки проблемаҳои аввалин дараҷаи ҳифзи ҳайвонот дар тамоми гӯшаҳои дунё муайян карда шавад , чорабиниҳо барои бартарф намудани он ҷуста шавад. Махсусан бедор намудани маърифати экологӣ дар ин самт муҳимтарин вазифа ба хисоб меравад.
Барномаи минимум нисбати алоҳида намудҳои ҳайвонот ин самтҳро дар бар мегирад:
1. – Нигоҳдорӣ аз маҳв намудани тамоми намудҳо .
2. – Нигоҳдории тағйипазирии дохили намудӣ дар ҳар як намуди алоҳида, ки ба қобилияти нигоҳдории популятсия вобаста аст.
3. Таъмин намудани барқароршавии популятсияи намудҳои аз ҳад зиёд истифода бурда шуда .
Меъёри муҳим барои муайян намудани қиммати намудҳои аз байн рафта истода ин андозаи маҳви ген аст,ҳангоми нест шудани як намуд, мо аз як оилаи ҳайвон ва зер намуди он маҳрум мегардем. Аз ин ҷост, ки баробар вазнии табиат вайрон мегардад.
Меъёри дигари чорабинӣ оид ба ҳифзи хайвонот ин меъёри географӣ аст , ки намуде, ки ба он маҳв таҳдид мекунад, дар шароити танги табиӣ ин ё он марзи географӣ паҳн шудааст. Аз ин рӯ нашр намудани Китоби Сурхи ин ё он давлат, кишвар қобили қабул аст.
Меъёри сеюм – ин дараҷаи хатарнокии маҳви ин ё он намуд, ки дар асоси панҷ омил муайян карда мешавад.
1. Намуд ё зернамуд, ки дар сарҳади маҳвшавӣ қарор дошта, бе чорабинии махсус нигоҳ дошта намешавад.
2. Намуд ва зернамудҳое, ки микдори зиёд доранд, лекин кам шудани миқдори онҳо бо суръати тез ҷараён мегирад, дар ояндаи наздик ин ҳолат ба сарҳади маҳвшавӣ меоварад.
3. Намудҳои нодир , ки маҳвшавӣ таҳдид намекунад, лекин бо миқдори кам дар марзҳои маҳдуд мавҷуд буда, дар оянда хатари аз байн рафтан дорад.
4. Намудҳои муайян нашуда ё худ кам аз худ шуда , мумкин аст, ки дар сарҳади маҳвшавӣ қарор дошта бошад, аз ин лиҳоз ба кадом меъёр ворид намудани он аниқ нест.
5. Намудҳои барқарор карда шуда, ки дар натиҷаи системаи чорабиниҳо аз хатари маҳвшудан баромадааст. Миқдори онҳо оҳиста афзуда истодааст, лекин назорат аз ҳолати онҳо доимо бурда мешавад.
Олимон муайян кардаанд, ки барои чорабинии ҳифзи ҳайвонот ба ду омил эътибор бояд дода шавад:

Миқдори умумии намуд на танҳо дар марзи муайян , балки дар табиат ба инобат гиифта шавад.
Аҳамияти намудро дар асоси компоненти ивазнашавандаи таҳмони экологӣ барои ҳайвонотҳои нодир ба инобат гирифта шавад.
Чорабинии дигари ҳифзи ҳайвонот ин мувофиқи назарияи олим Б.М.Ҷитков ба шароити нав мутобиқ намудани ҳайвонот аст, ки барои ин самтро ривоҷ додан хусусиятҳои биологию гуногунии хӯроки онҳоро омӯхта, алоқамандии онро бо дигар муҳити зист донистан лозим аст. Пеш аз мутобиқ намудани ҳайвонот ба ин ё он муҳит, намуди мазкури ҳайвонот дар кадом дараҷа қарор дорад оё аз байн рафта истодааст, ё худ ба хоҷагии кишоварзӣ чӣ гуна фоида мерасонад, умуман ба аҳамияти намуди ҳайвонот, ҳаёти он бояд мароқ зоҳир намуд. Дар натиҷаи ба ин самтҳои омӯзиш эътибор надодан аз ҳад зиёд шудани намуд ҳангоми мутобиқ намудан ба зараррасонӣ оғоз менамоянд, ки ин низ ба муҳити зист ва ҳолати табии костагӣ меоварад.
Дар давраҳои пеш мутобиқ намудани ҳайвонотҳо асосан ба фаъолияти одамони ҷудогона, савдогарон, одамони табақаи боло вобаста буд, зеро онҳо барои дилхушӣ, даромади иловагӣ ба даст овардан гуногун ҳайвоноти ба худ маъқулро аз ҳар гӯшаю канори дунё меоварданд ва дар марзҳои алоҳида онҳро парвариш менамуданд. Ин раванд аз як тараф агар нигоҳ доштани гуногуншаклии ҳайвонот бошад, аз тарафи дигар қонеъ намудани талаботи инсон ба ҳисоб мерафт.
Аз солҳои 40 -уми асри ХХ мутобиқкунии олами ҳайвонот ба таври илмӣ ба роҳ монда шуд, зеро дар ин давра қариб 34 намуди ҳайвонот ба гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ оварда паҳн карда шуд. Бори аввал ондатраро аз шимолии Америка оварданд, ки дертар бинобар афзун гаштанаш ба шикор оғоз намуданд. Дар замони муосир 50 намуди хоҷагии махсуси ондатра парварӣ ташкил карда шудааст, ки мӯинаи ин хоянда дар бозори пӯст яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Ба ҳамин монанд бабр, санҷоб, юрмон, суғур, харгӯш, рӯбоҳ, гавазни шимолӣ, оҳу, сайгак, оҳуи даштӣ, кулан ( хари ёбоӣ), фазан, кабк, ғоз, мурғобӣ низ мутобик карда шуд.
Барои нигоҳдории гуногуншаклии ҳайвонот ва ҳифзи он якчанд чорабиниҳо гузаронида шуда истодааст. Аз он ҷумла
« аквакултура» ё худ « аквамаданикунӣ »ин чорабинӣ асосан барои назорати организмҳои дар муҳити об буда, барои қонеъ гадонидани талаботи ғизоии инсон гузаронида мешавад.
Аз рӯи пешгӯии олимон маданӣ намудани организмҳои баҳрӣ дар солҳои 2010 – 2015 наздик 10 баробар афзуда 50 % -и ҳаҷми аквакултура – аквамаданикунии ҷаҳониро ташкил менамояд. Аз ин лиҳоз бо чунин роҳҳо ин фаъолият ба сомон расонида мешавад:
1. Моҳидорӣ дар обҳавзҳои табиӣ дар асоси ҳамрох намудани моҳичаҳои хурди дар шароити махсус ба даст оварда ба амал оварда мешавад, то ки захираҳои табии моҳиҳо коста нагардад.
2. Барои мутобиқшавии организмҳои зинда, дар ҳолати табиӣ шароит фароҳам овардан.
3. Барои вазн гирифтани моҳиҳои ҷавон қисми муҳити обиро бо сарҳади муайян ҷудо намудан.
4. Зиёд намудани моҳиҳо ва ҳайвонотҳои бемӯҳрагон дар ҷуйборҳои махсус, ки асосан аз оби баҳр иборат аст.
5. Зиёд намудани моҳиҳо дар шинакҳо ( садки), ки дар обҳои баҳр онро соз карда шудааст, он дар асоси системаи сарбаста гардиши обро таъмин мекунад.
Маҷмӯи чорабиниҳои дар боло қайд гашта шароит фароҳам меорад, ки системаҳои мушаххасро интихоб намуда барои барқарор намудану ҳифз кардани олами ҳайвонот кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро олами ҳайвонот қисми муҳими табиат буда, барои ҳаёти организмҳои зинда аз он ҷумла ҳаёти инсон мавқеи муҳимро ишғол менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.