Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


БИОСФЕРА ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ЭКОЛОГИИ ОН

Тараккиёти босуръати илми-техники на ин ки диккати олимони сохаи зистшиносиро ба биосфера хамчун мухити зисти организмхои зинда, балки дигар сохахои илм (риёзи хукук, этика, фалсафа ва гайра) ва чамъиятро ба худ чалб кардааст. Хар сол майдони зиёди чангалзорхо нест карда шуда, чойи чамоахои организмхои табииро сунъи иваз мекунад ва баъзе намудхои хайвонхои як вактхо микдорашон хеле зиёдбударо то нести меоранд.Накша:

Таъсири илмии – техники ба кабатхои биосфера.
Аз биогенез ба ноогенез.
Таъсири ниҳоӣ ба қабати биосфера.
Офатҳои табии ва таъсири он ба қабатҳои биосферӣ .
Тараккиёти босуръати илми-техники на ин ки диккати олимони сохаи зистшиносиро ба биосфера хамчун мухити зисти организмхои зинда, балки дигар сохахои илм (риёзи хукук, этика, фалсафа ва гайра) ва чамъиятро ба худ чалб кардааст. Хар сол майдони зиёди чангалзорхо нест карда шуда, чойи чамоахои организмхои табииро сунъи иваз мекунад ва баъзе намудхои хайвонхои як вактхо микдорашон хеле зиёдбударо то нести меоранд. Партофтхои саноати, хусусан, радионуклидхо ва карбогидридхо тамоми экосистемахои оби, хоки ва хавоиро олуда мекунанд, ки хамаи ин ба вайрон шудани асоси биологи хаёт-ирсият тахдид мекунад. Норасогии об, гизо ва гайра хакикати воке шудааст ва бо афзоиши ахоли боз хам шадидтар мегардад.

Гизо. Инсон кобилият дорад, ки бе истифодаигизо то 45 руз, бе об 25 руз ва бе хаво 5 дакика умр бинад. Барои хамин одам барои фаъолияти хаётии худ бояд, ки об гизо ва хаворо истифода барад. Дар асоси маводхои ФАО хисоб карда шудааст, ки хачми махсулоти биосфера, ки ба сифати гизо истифода мешавад кариб 650.10 т-ро ташкил медихад. Талаботи ахолии руи замин ва гизо соли 1963 ба 670 милн. т ( ахолии сайёра 3,11 млрд.), соли 1970 ба 775 млн. т (ахолии сайёра 3,63 млрд.), соли 2000 ба млрд. т (ахолии 6 млрд), ва соли 2040 ба 1500 млрд.т (ахолии зиёда аз 10 млрд) мерасад.

Аз руи хисобхои олим А.А.Ничипорович шароити имрузаи сайёра кобилият дорад 10-11 млрд. одамро бо гизо таъмин кунад.

Аз сабаби нобаробар таксим шудани махсулотхои биосфера кариб 1,5 млрд. ахолии руи Заамин, хусусан дар кисми чануби-шаркии Осиё ва баъзе мамлакатхои китъаи Африка но расоии гизо мушохида мешавад. Хар сол дар сайёраи Заамин то 80-90 млн. нафар одам зиёд мешавад ки ин дар оянда талаботи одамонро ба гизо боз афзунтар мекунад.

Об. Захирахои оби нушоки (ошомидани) хам хеле мураккаб аст. Барои организми одам дар як сол 1метр куб об лозим аст. Лекин саноат хочагии кишлок ва г. талаботи онро 1000 маротиба ба сари як одам зиёд мекунад. Мисол, дар мамлакатхои тараки карда (ИМА, Олмон, Канада ва г.) сарфи об ба сари хар як одам зиёда аз 1200 метр кубро ташкил медихад. Хачми оби олудашудаи (аз хисоби саноат, наклиет, ахолии шахрхо, садамахои бахри ва г.) сайёраи Замин зиёда 1млн. км. Кубро дар як сол ташкил медихад. Ба туфайли фаъолияти одамон гирдгардиши табии оби нушоки дар руи Замин ба камшави ва сифати он аз, як тараф ба нобудшавии гидробиондхо, яъне вайроншавии геосфера ва аз дигар тараф ба махдудшавии инкишофи саноат ва шахрхо таъсир мерасонад. Олудашавии экосистемахои оби ба паст шудани фаъолнокии фотосинтетикии фитопланктонхо, ки асоси хосилшавии оксиген мебошанд, оварда мерасонад. Донистан лозим аст, ки дар рафти чараёни фотосинтези фотопланктонхо кариб 70% оксигени сайёра хосил мешавад. Солхои охир барои камкардани олудашавии обхо усулхои механики, кимиёви, физико-кимиёви ва биологиро истифода бурда, усулхои навро коркарда мебароянд.

Хаво. Ба туфайли партовхои саноати хар сол танхо CO2 ба микдори 6 млрд.т ба атмосфера партофта мешавад. Бо суръат зиёдшавии он микдори онро дар атмосфера (хозир 0,045%ро ташкил медихад) ду баробар афзун мекунад ки ин харорати миёнаи сайёраро 3-5 баланд хохад кард.

Баландшавии харорати Замин бошад, аз руи пешгуихои олимон ба обшавии яххои Антарктида, Гренландия, Арктика оварда мерасонад, ки ин баландии сатхи окёнуси чахониро то 60 м. мекунад. Дар натича зиёда аз 10% сатхи хушки (5млн. кл2) кам мешавад ва бисёр пастхамихои Аврупо, Чин, Хиндустон ва Амрикозери об мемонанд. Аз 1/3 хиссаи кисми захирахои оби нушоки кам мешаванд. Хамаи ин таксимшавии массаи сайёраро дигар карда, ба тагйирёбии суръати гардиши Замин ва кунчи моили мехвари замин меорад, ки чараёнхои куххосилшави, заминчумби ва куххои оташфишонро пурзур мекунад.

Ба гайр аз CO2 ба атмосфера микдори зиёди оксидхои карбон (0,5 млн т), 26 хазор т оксиди нитроген, 100 хазор т. карбогидратхо ва г. дар як шабонаруз партофта мешавад. Сол аз сол омехтаи гидрогенсулфит, бензол, пайвастагихои хлор, пайвастагихои фтор ва дигар моддахо афзун шуда истодааст. Хисоб карда шудааст, ки зиёдшавии микдори наклиёти замин ва хаво, истгоххои баркии гармидихи ва саноат талаботи сарфи оксигенро зиёд карда, мувозинати онро дар байни атмосфера (кам мешавад) ва пустлохи Заамин (зиёд мешавад) вайрон мекунанд.

Канданихои фоиданок. Инкишофи саноат коркарди канданихои фоиданокро метезонад. Хар сол кариб 4 км3 маъдан ба болои замин бароварда мешавад, ки микдори симоб, кобалт, кургошим, уран, арсен ва г-ро дар атмосферазиёд мекунад. Аз руи хисоби академик Н.Н. Семенов (1972) захираи сузишвории маъдани тахминан баъди 60-130 сол ба охир мерасанд. Албатта, роххои дигари ба даст овардани энергия мавчуд аст, мисол, бор охи истифодабарии таассуротхои гармии зиёд чудо мешавад, ки ин ба баландшавии харорати сайёра меорад. Олимони солхои охир чидду чахд доранд, ки аз дигар сайёрахо элементи гелийро (Не) бо ёрии киштихои кайхони ба замин оварда, аз он энергия хосил кунанд. Лекин дар солхои наздик ин масъала халли худро намеёбад.

Организмхои биогени. Фаъолияти инсон хам бо организмхои зиндаи биосфера ва хам худи инсон зарари чидди мерасонад. Пеш аз хама то экосистемаи чангалхо, ки кобилияти баланди идоракуни доранд, вайрон шуда истодаанд. Кам шудани майдони чангалхо таносуби обии сайёраро дигар карда, системахои экологи оби, хокиро вайрон мекунад. Парандахо, хайвонхо ва хашаротхои энтомофаги нобуд шуда, ба зиёд шудани микдори зараррасонхои зироатхои хочагии кишлок оварда мерасонад. Чангалхо хаворо аз захрхои олудашуда тоза карда, микдори зиёди заррачахои радиоактивиро дар худ нигох медоранд, яъне нобудкунии чангалхо, як чузъи мухими тозакунандаи хаворо бартараф мекунад.

Фаъолияти инсон ба он оварда расонид ки чои биосенозхои табииро, биосеносхои сунъи ишгол карда истодаанд. Мисол, картошка ва чуворимаккаи америкои дар дигар китъахои чахон пахн шуда, майдонхои кишти Осиёи Миёна ва Точикистонро бошад пахтаи мисри ишгол кардааст. Пешрафти илми тиб, баланд шудани дарачаи маданияти санитарии ва мавхи як катор беморихо сабаби кам шудани муриши кудакон гардид ки ин ба афзуншавии ахолии сайёраи Заамин оварда расонд, аммо баъзе нишондихандахои сифатии он хеле истироб овар аст. Чунки шумораи зиёди навзодон зиштруй ва гайри мукаррари таваллуд мешаванд. Сабаби ин пеш аз хама баланд шудани нурои иони мебошад, ки дар натичаи таркиши ядрои, олудашавии обхо ва хаво аз хисоби партовхои саноати атоми ба амал меояд. Ахолии зиёди Хиросима ва Нагасаки баъди истифодаи бомбаи атомиаз тарафи ИМА ба бемории лейкос гирифтор шуданд. Сол аз сол шумораи одамон ба бемории саратони шуш гирифтор шуда ах хисоби олудашавии (об ва хаво) карбогидридхо зиёд шуда истодааст. Хамин тавр дар пешрафти илмию техники багайр аз таъсирхои мусбат, тарафхои манфи хам чой доранд. Барои пешгири кардани окибатхои нохуш ба инсон лозим меояд, ки нисбат ба биосфера мавкеъ ва муносибати худро дигар кунад.
2.Аз биогенез ба ноогенез
Инкишофи олами узви якчанд зинахоро гузоштааст. Зинаи якум, ин ба вучудоии гардиши биотики биосфера, зинаи дуюм- мураккабшавии сохторхои даврии хаётии дар натичаи хосилшавии организмхои бисёрхучайра. Ин ду зина бо таъсири омилхои биологи амали шуда, даври биогенезро номгирифтааст. Дар зинаи сеюм бошад, чамъияти одамон пайдо мешавад. Новобаста аз он ки фаъолияти инсон аз руи максад бошуурона бошад хам, дар микеси биосфера бисёр холатхо вайронкунанда буда, инкишофи минбаъдаро махдуд мегардонад. Барои хамин хам нисбати биосфера бояд тавре рафтор кунем ки охиста –охиста онро ба кураи аклу хират- ноосфера мубаддал кунем.

Мафхуми ноосфераро якумин бор соли 1927 дар илм олими риёзишиноси фаронсави Э.Леруа истифода кард. Ноосфера аз нигохи Леруа кабати Заминие мебошад, ки ба он чамъияти одамон бо тамоми саноат, забон ва дигар намуди фаъолияти аклии у дохил мешаванд. Дигар олими фаронсави палеонтолог ва теолог П. Тейяр д Шарден дар китоби худ « Одами беназир « зинахои пеш аз хаёти (пеш аз биосферави) , хаёти (биосферави) ва одами беназирро яъне ноосфераро пешниход кард, ки онхо дар пайдархами бояд якдигарро иваз кунанд. Ба акидаи у ноосфера ин табакаи акл мебошад, ки саёраи заминро печидааст ва берун аз биосфера пайдо шуда, таксим шудааст.
Ба акидаи В. И. Вернадский ин зинаи баркароршавии ноосфера буда дар он на танхо инкишофи биосфера ва чамъият, балки хар як одами алохида бояд амали шавад.
М.И. Будқко алокамандии одам ва табиатро омухта ба чунин хулоса омадааст.
1. Одам як чузъи курраи инкилоби илми техники шуда, тамоми саёраро аз худ кардааст.
2. Бозсозии алокахо ва мубодилахо барои ноосфера хамчун организми ягонаи пурра шудаанд, ки тамоми кисмхои он бояд дар мувофикиятии якдигар амал кунанд.
3. Кашф намудани сарчашмахои навъи энергия, чунки дар ноосфера бе микдори зиёди энергия каноат кардан мумкин нест.
4. Дар ноосфера хамаи одамон аз руи макоми ичтимои ва некуахоли бояд баробар бошанд.
5. Вобаста аз инкишофи ноосфера имконияти идора кардани холати биосфера ва талаботи чамъияти одамон пайдо мешавад.

Ноогеника
Солхои охир инкишофи равандхои биосферави аз холати инкишофи табии омилхои биологи (давраи биогенез ба инкишофи идоракунии шуури инсон, давраи ноогенез гузашта истодааст, яъне идора кардани биосфера бояд мувофики техника ва техналогияи нав амали шаванд. Пеш аз хама дар фаъолияти инсон бояд асосхои биосферагие, ки дар давоми милиардхо сол чамъ шудааст ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин маркази илмие лозим аст, ки муносибати байни чамъияти одамон ва табиатро идора кунад, яъне ноогеникаро. Максади асосии ноогеники бояд он накшахои гирифтаи имруз барои бехбудии фардо бошад. Ноогеника танхо вазифаи мухофизатии биосфера нест балки максади дар ноосфера намудхои навъи растани хайвонот ва микроорганизмхоро бароварда гуногуни шакли хаётиро афзун намояд. Намудхои нав ба инсон на танхо хамчун сарчашмаи гизо о2 ва маводи саноати балки одамро барои аз худ кардани табиати гайри зинда дар коинот ёри мерасонад.
Ноогеника хамчун илм оиди идоракунии бошууронаи муносибати одам ба табиат дар сатхи ташаккулёби аст ва тачрибаи инсоният то хол аз ин нигох гайри муташаккилона гузашта истодааст.
Новобаста аз ин инсоният солхои охир харакат карда истодааст муносибати худро бо табиат дигар кунад ки пеш аз хама дар саноати партовааш кам, ёки бепартов истехсолоти даврии сарбаста аз кимиё даст кашида ва бо усулхои биологии нест кардани хашаротхои зироатхои хочагии кишлок гузаштан бор охи биотехнология ба даст овардани гизо ва гайра мушохида мешавад. Одам мушохида мекунад, ки аз хисоби кайхон (дигар сарахо масъалахои энергитикии худро хал намояд ва партовахои захрнок ва радио фаъол, ки биосфераро олуда мекунад, ба кайхон барорад, ки ин хама окибатхои фочеаовар дорад.
Инсоният омухта истодааст ки читавр энергияи нури рушноии офтоб ва кувваи шамолро пурра истифода кунад. Лекин барои кисман кардани саёраи замин энергия ва инсонит лозим меояд.
Якум бор рохи сунъи хосил кардани хлорофид , ё ки ягон моддаи кимиёвии ба у монанд ва 2 хосил кардани гидрагенро аз малекулаи об амали кунад. Дар бисёр самтхои фаъолияти инсон , усулхои ноогени ба чашм мерасад, мисол манъ кардани озмоиши яроки ядрои дар се мухит (хаво, об, хок) шартномахо дар бораи пахн накардани яроки ядро ива паст кардани микдори партовхои СО2 ба атмосфера хифз намудани кабатхои озони ва г.

Инкишофи илми нав ноогеника пеш аз хама аз инкишофи илмхои дигар генетика, тиб, биология, экология, этика, гигиена, педагогика ва г. вобаста буда, барои амали шудани он фаолияти бошууронаи чамъият ва хар як шахси алохида аз кудаки навзод саркарда то пири хиратманд лозим аст.

Таъсири ниҳоӣ ба қабати биосфера.

Офатҳои табии ва таъсири он ба қабатҳои биосферӣ .
Таъсири ниҳои ба биосфера асосан бо воситаи инсон ва ҳодисаҳои ногаҳонии табии ба амал меояд.Марзҳое, ки дар натиҷаи ин таъсир ҳолати табии худро гум кардаанд он ба қабати биосфера бетаъсир нест ва ба саломатии инсон, ҳолати табии системаи экологӣ, фонди гении олами растанӣ ва ҳайвонот пеш аз ҳама таъсири худро мерасонад. Сарчашмаи муҳими омили вайронкунанда аз байни таъсири ниҳоӣ ин таъсир инсон ба биосфера мебошад, ки бо як қатор фаъолияти худ боиси дигаргун шавии қабати биосфераро ба вуҷуд меоварад. Махсусан дар ин фаъолият роли ҳарбӣ калон аст. Ҷанг натанҳо ба муҳити табии, экосистемаҳои табии, популятсияи организми зинда балки ба худи инсон низ харобиҳои беандоза овард. Дар вакти ҷанге, ки дар халиҷи Форс моҳи феврали 1991 ба амал омад 1250 сарчашмаҳои нефти тарконида шуда дар натиҷа рӯзе тақрибан 1 млн. т. нефт сӯхта шуда таркиби хаворо вайрон намуд .Таркиши бомбаҳо ба обектҳои градании давлати гославия дар нимаи соли 1999 боиси вайрониҳо ва сӯхтори бузург гашта, таркиби оби дарёи Дунай, ҳавои гирду атрофии онро вайрон намуд, ҳатто ба таркиби об заҳрхимикатҳо ҳамроҳ гашт. Бузургтарин садамаҳои техногени ва офатҳои гуногун низ ба қабатҳои биосфери таъсири манфии худро мерасонанд.
Дар замони муосир фаъолияти муҳими вайрон намудани қабати биосферро яроқи маҳви оммвӣ – ядроӣ, химиявӣ, бактериологӣ ташкил медиҳад . Яроқи ядроӣ бузургии хеле калон дошта , характери маҳвкунандагӣ дорад ва ба муҳити зист , умуман ба қабатҳои биосфера таъсир намуда афканишотро бавуҷуд меоварад, ин боиси заҳролудшудани тамоми қабати биосфера мегардад. Мавҷе, ки дар натиҷаи таркиш ба амал меояд харобиҳои зиёдро бавуҷуд меоварад, ҳатто дарахтони дар ҷангал бударо решакан мегардонад, узвҳои дарунии инсонро « коҳиш» медиҳад. Афканишоти равшанидиҳанда пӯшиши пӯсти инсон ҳайвонотро месӯзонад , ҳатто ба узви бинои таъсири беандозаи худро мерасонад. Яроқи химиявӣ барои заҳролудшавии инсон, биотаҳо бо воситаи модаҳои заҳролудкунанда – газҳо, модаҳои моеъ ва сахт. Дар бани он ракетаҳо, минаҳо, бомбаҳо мавқеи муҳим доранд. Моддаҳои заҳрии химиявӣ қобилияти гардиш карданро дошта ҳамчун занҷир дар ҳаракат аст. Дар замони муосир моддаҳои муосири заҳролудкунанда мавҷуд аст, ки ба системаи асаб таъсир намуда аз фаъолият монондани узвхоро дорад ( зарин, табун, зоман), ҳамчунин моддаҳои заҳролудкунандаи психогенӣ- руҳи ба истифода дода истодаанд, ки таъсири хафакунанда – буғикунандагиро дорад. Хамаи ин ба қабатҳои биосфера паҳн гашта ба сарватҳои табии тасири манфии худро мерасонад ва боиси марги қисми зиёди олами зинда мегардад.
Дар давлатҳои шарқ махсусан Ветнам моддаҳои заҳролудкунанда асосан ба намуди дефолиантҳо ( гербисид) истифода бурда мешавад , ки дар натиҷа боиси тағйирёбии барги растаниҳо , қатъ гаштани сабзиши растанӣ ва вайрон шудани экосистемаи табии мегардад. хангоми паҳн кардани 100 000 т ин намуди заҳролудкунанда аз тарафи армияи И.М.А ба Ветнам 12% ҷангал, 40 % мангр ва зиёда 5 % маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зарари калон дид. Аз 150 намуд паррандагон 18 намуд боқи монду халос, қариб тамоми хашаротҳо аз байн рафтанд, Ба саломатии аҳолии ин давлат низ таъсир намуд , зиёда аз 7 млн. аҳолӣ мачбур шуданд, ки марзи худро тарк кунанд .
Аввалин маротиба аз тарафи А. Галфсон соли 1970 маҳфуми « экосид »- ( ҷанги эколгӣ ) пешниҳод карда шуд , зеро ҷанг сабабгори вайрон шудани массивҳои табии , ҷабатхои биосферӣ гардид .
Яроқи бактериологӣ ( биологӣ) – ба ин гурӯҳ бактерияҳо, вирусҳо , заҳрҳо, ки барои маҳви омма равона карда мешавад шомил аст.Асосан роли хояндагон , ҳашаротҳо дар паҳнкунии онҳо хеле назаррас аст. Ин яроқ ҳам ба тариқи маҳлул ва ҳам ба тариқи хока истифода бурда мешавад. Яроқи бактериологӣ қобилияти паҳнкунандаи касалиҳои инфексиониро дорад, ки боиси паҳн шудани халера, тоун, вабои сибирӣ- сӯхтанӣ мегардад. Бисёре аз бактерияҳо қобилияти дурру дароз зистанро дошта спораҳои онҳо дар ҳаво, хок дар муддати даҳсолаҳо умр ба сар мебаранд.
Ба мушкилоти навбатии қабати биосфера таъсири техногении ҳалокатовари экологӣ дохил мешавад. Таъсири техногении ҳалокатовари экологӣ ин садамаҳои техногенӣ ( стансияи атоми, танкерҳо) , ки ба ҳолати ноҷоями табии меоварад ва боиси вайроншавӣ – ифлосшавии қабатҳои биосфера , марги олами зинда гардада ба ин ё он давлат зарари иқтисодӣ меоварад. Саддамаҳо ва ҳолатҳои нҷоям ногаҳон ба амал омада характери мАҳаллӣ, дорад , лекин он оҳиста ба атроф паҳн гашта доираи васеъро дар бар мегирад. Чуноне, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳад таъсири ҳалокатовари экологӣ дар давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ тараққӣ намуда ҳам бавуҷуд омаданаш низ аз эҳтимол дурр нест, зеро вайрон кардани техникаи бехатарӣ, ба камбудиҳо роҳ дода ба хатоги дучор шудан,офатҳои табии дар ҳар лаҳза ба вуҷуд омаданаш мумкин аст,ки дар натиҷа ба ба ҳолати ҳалокатовар меоварад. Хатари экологии зиёдро, ки дар натиҷа ба ҳолати ҳалокатовар меоварад ин объектҳои радиатсионӣ ( стансияи атомӣ,корхонаҳои санатие, ки сӯзишвории хатарнокро коркард мекунад, конҳои уран ва ғайра), корхонаҳои химиявӣ , нефту газӣ,системаҳои нақлиёти обӣ ( нақлиёти роҳи оҳани баҳрӣ ..) маъсуб меёбад.
Бузугтарин дар таърихи инсоният ҳодисаи ҳалокатоварӣ, характери техногенӣ дошта 26 апрели 1986 дар энергоблоки чоруми стансияи атомии Чернобил, ки дар Украина ҷойгир аст ба амал омада аз ҳисоби шуои радиатсия 29 нафар ҳалок гардида , зиёда аз 120 ҳазор нафар ба дигар ҷой кӯчонида шуд, умуман зиёда аз 9 млн. нафар зарар диданд . Нақшҳои ин ҳодисаи ногаҳонӣ то ҳол ба организми зинда , аз он ҷумла ба инсон ва гении он таъсири худро расонида истодааст. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки ҳар ҳодисае, ки дар табиат ба амал меояд, пеш аз ҳама қабати биосфери осеб дида ҳамчун занҷир аз як қабат ба қабати дигар паҳн мегардад. Бағайр аз ин масоҳати зиёдро дар бар мегирад олимон ҳисоб кардаанд, ки масоҳати умумии ифлосшавии радиоактивӣ С.Э.А Чернобил дар рӯзи аввал аллакай наздик 200 ҳазор км*2 ташкил дода, ноҳияҳои зиёди Украина, Белоруссия, инчунин Брянску Калуга ва Тулаи вилоятҳои Федератсияи Россияро фаро гирифта буд. Радионуклидҳо ҳангоми таксим шудан то ба давлатҳои Болгария, Полша, Руминия, Олмон таъсир худро расониданд. То ҳол нигоҳ доштани бехатарӣ барои истифодаи сарчашмаи энергия яке аз мушкилоти муҳим баҳисоб рафта, он ҳангоми якҷоягии мутахассисони ин соҳа бо давлатҳои ҷаҳон халли худро хоҳад ёфт. Барои омӯзиши ин мушкилот қувваи бузурги илмӣ роли муҳим мебозад, ки хизмати академик В.М. Клечковский, Н.П.Дубинин бениҳоят назаррас аст.
Объектҳои химиявӣ ва садамаҳои дар ин объект ба амал омада, низ яке аз муҳимтарин бавуҷудоварандаи ҳолати ҳалокатовар мебошад. Дар ин ҳолат заҳролудшавии қабатҳои биосфера ба вуҷуд омада хатари мАҳви омма ба амал меояд, зеро консентратияи модаҳои заҳрӣ занҷир ба занҷир паҳн мегарданд. Ин ҳодиса низ дар таърих то ҳол сабт шудааст: Соли 1984 дар фабрикаи истеҳсоли пестисид , ки дар хиндустон ҷойгир буда ба компанияи америкои « Юнион Карбайд » таалуқ дошт, зиёда аз 30т пайвастагии фосген ва метилизосианата аз систерн хориҷ гардид. Дар натиҷа садама бавуҷуд омада 3 ҳазор одамон фавтиданд, зиёда аз 20 ҳазор нафар нобино гаштанд , 200 ҳазор нафар ба бемориҳои системаи асаб гирифтор гаштанд . хатто баъди мӯҳлати дурру дароз фарзандони нуқсондор таваллуд гаштанд. Ин садама дар натиҷаи беэътиборӣ ба техникаи бехатарӣ ба амал омад. Чунин ҳодисаҳо (Италия соли 1976,дар бандари Клайпедо 1971) дар давлатҳои ҷахон хеле зиёд ба амал омада буд ва омада истодааст ва боиси паҳншудани бемориҳо, захролудшавии организмҳои зинда, дурру дароз таъсири он ба организми зинда мегардад.
Дар саҳифаҳои таърих ҳодисаҳои ҳалокатовар бо воситаи ифлосшавии оби баҳру уқёнус мавқеи хоси худро дорад. Дар вақти садамаи танкёри « Эксон вадис » (1989) ба сатҳи об 50 ҳазор т. нефт, августи соли 1983 дуртар аз соҳили уқёнуси Атлантика дар танкёри
« Касти – ло де Белвер » сӯхтор ба амал омадаба уқёнус ғарк гардид ва ба саҳи уқёнус 250 ҳазор т. нефтро ҳамроҳ намуд, наонқадар дуртар аз Франсия бандари Бордо ҷойгир астон соли 1978 ғарқ гашта 230 ҳазор т. нефтро ба сатҳи об ҳамроҳ кард ин садамаҳо бузургтарин садамаҳои таърихӣ будаба ҳаёти ҳазорҳо организми дар об буда хатар оварда онҳоро ба марг дучор намуд.
Агар чанде, ки дар солҳои охир дар аксарият давлатхои ҷаҳон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот паст бошад ҳам, то ҳол садамаҳои техногенӣ ва ҳодисаҳои ҳалокатовар давом дорад. Танҳо соли 1993 дар марзи Россия 134 садамаҳо ва ҳодисаҳои ҳалокатовар ба ҳисоб гирифта шудааст , ки оқибатҳои экологӣ дорад, яъне боиси марги 1050 нафар гардидааст. Ин садамаҳо дар натиҷаи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, хоиҷ намудани газҳои заҳрӣ – аммиак ва пропан , таркиш дар шахтаҳои ангиштсанг ба амал омадааст. Ба мисоли он соли 1993 дар хати нефтии Лиончанск – Тихореӣк таркш ба амал омад дар натиҷа 408 т . нефт басатҳи замин ҳамроҳ гардид ва сӯхтор ба амал омад . Дар натиҷаи сӯхтор қисми зиёди нефт сӯхт ба қабати ҳаво таъсири худро расонд , қисми дигараш ба обҳои зери заминӣ ва сатҳи заминӣ ҳамроҳ гардид ва бақабати хок ,ҷинсҳои кӯҳӣ бетаъсир намонда ба ҳолати биота ва экосистема хатари калон овард . Сарчашмаи таъсири техногенӣ ба сарвати оби вилояти Суғд низ аз эътибор дурр нест, зеро бо таъсири аҳолии Табошар, посёлкаи типи шаҳри Адрасмон, Консой, Куруқсой, Олтин – Топан, пунктҳои аҳолиншин Қаромазор, Тари – Экан, Замбарак, Ҷигдали, Уткасу, Саримсахлӣ, Тол, Такели, ки зиёда 75 ҳазор аҳолӣ ва корхонаҳои тозакунии маъдан доранд ба амал меояд . ҳамчунин бо масоҳати 1773 га дар марзҳои номбурда нигоҳдорандаҳо – хвостахранилиғахо, кони маъданҳои кушод низ сарчашмаи таъсири техногеи буда ба водии дарёҳои Тари- Экан, Уткансу, Олтин – Топкан фишори техногенӣ меовард, хусусан таркибу сифати обро дигаргун карда, обро ифлос месозад, дар натиҷа пўшиши растанӣ коста гашта, сарвати хокро ба эрозия гирифтор месозад.
Таъсири техногенӣ ба сарватҳои об якчанд мушкилотҳоро ба амал меоварад, ки он ба дигар сарватхо низ таъсири худро мерасонад. Маҷмўи ин таъсиррасониҳо холати муҳити табиро дигаргун мегардад, ки боиси хатар ва зарари иктисоди мегардад ..
Қайд кардан ҷоиз аст, ки муҳити табиӣ дар инкишофи иқтисоди роли муҳим мебозад, бинобар ҳамин алоқамандии инсон бо муҳити табиӣ ин низ яке аз мушкилотҳои экологӣ ба ҳисоб меравад.
Сарчашмаи ифлосшавии сарвати об ин корхонаҳои тозакунии маъдан, обӣ шахтаҳо, обҳои колмуналӣ аст, ки ин обро аҳолӣ бе системаи назорати сифат дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Ин ҳолат боиси паҳншавии бемориҳо дар байни аҳолӣ, паст шудани сифтаи сарвати об ва муҳити табиӣ мегардад, Аз ин рў ба масъалаи таъсири техногенӣ ба сарвати оби вилояти Суғд диққати махсус додан мебоист, зеро дар асоси қонуни механикии дифференсиатсия, мигратсияи сарвати об амал омада, таркиби оби ифлосшуда бо гурўҳи элементҳои химиявӣ ба обҳои сатҳии вилояти Суғд ҳамроҳ шуда, оқибатҳои нохуши экологиро бавуҷуд оварданаш мумкин аст.

Офатҳои табии ва таъсири он ба қабатҳои биосферӣ .

Ба офатҳои табии ҳамаи он ҳодисаҳои табиие дохил мекунанд, ки ҳодисаҳои ҳалокатоваррро ба амал меоваранд ва дар навбати худ ба биосфера зарари калон мерасонад. Офатҳои табии дар маркази омӯзиш қарор дорад ва гуруҳи олимони давлатҳои дунё дар ин ҷода фаъолияти илмӣ мебаранд. Дар байни офатҳои табии аз ҳама паҳншудатарин ҳодисаҳо ин заминҷунбӣ, сунамӣ, амал кардани вулкан, канда шавӣ, шуста шавӣ, зери об мондани марзҳои гунонун, хушксолӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз маҳз Созмони бонуфузи Миллалӣ Муттаҳид барномаҳои махсусро амалӣ менамояд, ки то қадри имкон паст намудани хатари ин ҳодисаҳост.
Офатҳои табии – ин инъикоси обективии раванди табии эволютсия ба ҳисоб меравад. Ба амал омадани он дар ин ё он марз дар ососи як қатор омилҳо, ки аҳамияти геологӣ, геоморфологӣ, таъсири иқлим бо хусусиятҳои марзи мазкур ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки офатҳои табии микёси бузургро дар бар гиранда ба устувории биосфера таъсир намуда боиси дигаргунии он мегардад.
Аз ҷихати пайдоиш ҳамаи офатҳои табии ба ду тип классификатсия карда мешавад: эндогени, – яъне он вобаста ба энергияи дохилии Замин ва экзогенӣ , ки ба ҳодисаҳои рӯи заминӣ вобаста аст. Ба классификатсияи аввал яъне ҳодисаи эндогенӣ заминҷунбӣ, сунамӣ, фавора задании вулкан дохил шуда. Ба классификатсияи дуюм – экзогенӣ обхезӣ, кандашавӣ, шусташавӣ, хушксолӣ мисол шуда метавонад.
Заминҷунбӣ – яке аз ҳодисаи хатарноку ногаҳониест, ки дар натиҷаи қувваи дохилии Замин ба амал меоя. Дар ҷаҳон ду минтақаи сейсмикии хатарнок мавҷуд аст ин соҳилҳои уқёнуси Ором, ки «ҳалқаи оташин»-ро ташкил мекунад, дуюм минтақаи хатарнок ин аз нимҷазираи Пиреней то архипелаги Малай тӯл кашидааст.Бинобар зиччии аҳолии зиёд доштани минтақаи дуюм миқдори фавти аҳолии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ин чунин хатарноктарин ҳодисаи заминҷунбие, ки ба ҳолати ҳалокатовар овардааст ин дар қисми баландкӯҳи Тибет маъсуб меёбад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки энергияи ин заминҷунбӣ бо энергияи 100 000 бомбаи атомӣ баробар буда., тағйироти релефи сатҳи замин, садои баланди хатарнок


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.