Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Омилҳои экологӣ. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера

Аз дарсҳои гузашта маълум шуд, ки муҳит, яъне мавқеи ҷойгиршавии организм, ки бавосита ё бевосита ба инкишоф, афзоиш ва паҳншавии он таъсир мерасонад, дар навбати худ аз унсурҳои зиёди табиӣ ва сунъи иборат аст.1.Мафҳуми умумӣ.
Аз дарсҳои гузашта маълум шуд, ки муҳит, яъне мавқеи ҷойгиршавии организм, ки бавосита ё бевосита ба инкишоф, афзоиш ва паҳншавии он таъсир мерасонад, дар навбати худ аз унсурҳои зиёди табиӣ ва сунъи иборат аст.

Омилҳои экологи чист?
Он унсурҳои муҳитиро, ки барои организмҳо лозиманд ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад, омилҳои экологӣ меноманд. Ба ибораи дигар, дар экология омил гуфта, маҷўи ҳодисаҳои табиию сунъиро меноманд, ки баҳаёту фаъолияти организмҳо таъсир мерасонанд.
Таҳлили омилҳои гуногун нишон медиҳад, ки онҳо ба се гурўҳ тақсим мешаванд: абиотӣ, биотӣ ва антропогенӣ.

2.Омилҳои абиотӣ (омилҳои ғайризинда)
Омилҳои абиотӣ (аз калимаи юнони гирифташуда «а» – не, «био» – ҳаёт мебошад) маҷмўи омилҳои муҳити ғайриорганикии ба организм таъсиркунанда мебошанд ва вобаста ба таркибашон ба омилҳои химиявӣ (таркиби химиявии ҳаво, обҳои шўр ва ширин, ҳок боқимондаҳои таҳшини замин) ва физикӣ (ҳарорат, фишор, омилҳои абиотӣ ва тарҳи замин (релеф), тавофути геологию иқлимӣ, ки таърихан дар ҳаёти олами зинда мақоми ҳосса доранд вобаста аст.
Ин омилҳо хеле гуногунанд. Масалан, организмҳои дашту биёбон ҳама вақт муҳтоҷи об, организмҳои обӣ муҳтоҷи миқдори муайяни оксигенӣ дар об ҳалшуда мебошад.

3.Омилҳои биотӣ (омилҳои зинда).
Омилҳои биотӣ (аз калимаи юнонӣ «био» – ҳаёт мебошад) маҷмўи таъсироти фаъолияти ҳаётии як организм нисбат ба организми дигар мебошад, ки дорои ҳосиятҳои гуногунанд. Масалан, организми зинда метавонад чун ғизо (растани барои ҳаёвон, ҳайвон барои дигар ҳайвонҳо дар), муҳити зист (хўҷаин барои муфтхўр, растаниҳои азимҷуса барои эпифитҳо), мусоидат карданд барои афзоиш (гардолудкунии растаниҳо), таъсири химиявӣ, физикавӣ ва ғайра хизмат намояд. Омилҳои биотӣ нафақат бавосита, балки бевосита низ ба муҳити ғайризинда таъсир мерасонанд, ки онро дар мисоли таъсири бактерияҳо ба ҳок, таркиби он ва ивазшавии иқлим (ивазшавии иқлим дар масоҳатҳои хурд) дар пардаи болоии рўи замини ҷангалзор мушоҳида кардан мумкин аст. Омилҳои биотиро ба гурўҳҳои фитогенӣ (растаниҳо), зоогенӣ (ҳайвонҳо) ва микрогенӣ (микроорганизмҳо) тақсим мекунанд.

4.Омилҳои антропогенӣ.
Омилҳои антропогенӣ (аз калимаи юнони гирифташуда «антропос» – одам, «огенӣ» – пайдоиш) маҷмўи таъсироти инсон мебошад, ки дар рафти фаъолияти ҳаёташ ба табиат мерасонанд ва дар натиҷаи он тағйироти маҷмўи омилҳои экологӣ ба вуҷуд меояд. Мисоли одди чуни наст. Ҳангоми нафаскашӣ одам дар як сол ҳазорҳо тана гази карбонро ҷудо мекунад ва ё талаботи солонаи инсоният нисбат ба ғизо ба ккал баробар аст.
Биосфера чист?
— Ин қабати махсуси сайёра буда, маҷмўи ҳамаи организмҳои зиндаро дар бар мегирад, биосфера номида мешавад. Ба ибораи дигар «Ҳамаи экосистемаҳои замин қисмҳое мебошанд, ки ба таркиби як экосистемаи бузурги тамоми масоҳати сайёраро фарогиранда мансубанд, ки ин экосистемаи глобалиро биосфера меноманд».
Биосфера аз калимаи юнони гирифташуда «био» – ҳаёт, «сфера» – кура мебошад.
Олими барҷастаи рус, академик В.И.Вернадский яке аз асосгузорони илми геохимия, асосгузори омўзиши илмии биосфера буда, муайян кардааст, ки «биосфера пардаи берунии сайёраи Заамин, пардаи ҳаётии Заамин аст». Биосфера дар навбати худ аз ҷузъҳои зерин иборат аст:
— моддаҳои зинда (органикӣ), ки маҷмўи ҳамаи организмҳои зинда (растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо – моддаҳои биогенӣ) – ро дар бар мегирад;
— моддаҳои органикию минералӣ ё маҳсулоти органикӣ (торф, ангиштсанг, нафт);
— моддаҳои биокоснӣ, ки маҷмўи маҳсулоти организмҳои зиндаро да якҷоягӣ бо табиати ғайризинда (об, фазо, ҷинсҳо, кўҳ ва ҳок) гирд овардааст.
Биосфера тамоми масоҳати хушкӣ, баҳрҳо, уқёнусҳо ва ҳамаи биогариҳоизаминро бо ҷинсҳои дигар, ки маҳсули фаъолияти организмҳои зинда мебошанд, дар бар мегирад.
Дар атмосфера (фазо, ҳаво) сарҳади ҳаётро қабати озонӣ, ки дар баландии 16 – 20 км ҷойгир аст, муайян мекунад. Қабати озонӣ нурҳои ултрабунафши офтобро, ки барои тамоми мавҷудоти рўи Замин марговаранд, нигоҳ медорад.
Дар қабати обии саёра, аниқтараш дар уқёнус ҳаёт то чуқурии 10 – 11 км вуҷуд дорад. Дар қисми сахтии замин ҳаёти мўътадил то чуқурии 3 км (бактерияҳо дар мавзеъҳои нафтдор) ҷой дорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.