Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Мавзўъ ва вазифаҳои этикаи касбӣ

Этикаи касбӣ яке аз қисмҳои ахлоқ ба ҳисоб рафта мавзўъи асосии тадқиқоти он ахлоқ дар шароити фаъолияти корӣ мебошад. Ба забони русӣ этикаи касбӣ бо номи профессионалная этика омўзонида мешавад.Нақша:
1.Истилоҳи этикаи касбӣ.
2.Этикаи касбӣ ва фалсафа
3.Афзоиши омили ахлокӣ ва этикаи касбӣ дар шароити демократия ва шароити бозоргонӣ.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол системаи тайёрии касбӣ.
5.Касбҳо дар мавқеи худ ба ихтисосҳо.

Этикаи касбӣ яке аз қисмҳои ахлоқ ба ҳисоб рафта мавзўъи асосии тадқиқоти он ахлоқ дар шароити фаъолияти корӣ мебошад. Ба забони русӣ этикаи касбӣ бо номи профессионалная этика омўзонида мешавад. Калимаи профессия аз лотинӣ гирифта шуда «объявляю свои делом» яъне корӣ ё худ фаъолияти асосии худ мебошад, ки асосан ба ходимони дини насронӣ рост меомад, аммо дар давраи протестаити бори аввал ақида ба вуҷуд омад, ки инсон низ бояд ба фаъолияти кори худ ҳамчун диди ахлоқ назар кунад.
Термини этика аз калимаи etnas юнонӣ-грекӣ гирифташуда, яъне хулқу хўй, одат қонун ва тарзи зист мебошад.
Этикаи касбӣ ахлоқ, талаботҳои ахлоқӣ, принсипу нормаҳои фаъолияти муттахассиси ин ё он соҳаи фаъолияти инсониро дар бар мегирад.
Этикаи касбӣ дар баъзе ҳолат этикаи деолтологӣ низ номида мешавад, ки он яъне деонтология – (долг) қарзро ифода менамояд. Аввалин маротиба деонтология як қисми таркибии мутахассис ба ҳисоб рафта он хатарноки шуҷоатнокиро ифода менамояд.
Ҳар як шахс дар вақти холи яъне берун аз корхона ё кор вазифаҳои умумӣ дорад. Ахлоқӣ касбӣ дар ҷамъият ҳамчун як нормаи ахлоқии ҷомеавӣ вуҷуд дорад. Аммо ҳар як кас нормаҳои асосии худро дорад, ки инсон бояд мувофиқи он фаъолият намояд.
Этикаи касбӣ асосан дар дохили ҷамъият ба вуҷуд омада дар он инкишоф меёбад ва дар ҷамъияти вуҷуддошта нормаҳои асосии ахлоқии худро ба вуҷуд медоранд, аммо нисбати ҳар як касби вуҷуддошта талаботҳои ахлоқии мутахассиси новобаста аз нормаҳои умумиинсонӣ рафтори ҷомеа ба танзим дароварда мешаванд. Бо баробари тарақкиёти ҷомеа ва тақсимоти умумии меҳнат дар ҷамъият ба вуҷуд омадани касбҳои бисёр қарзи касби худ низ ба вуҷуд меояд. Бо баробари ба вуҷуд омадани сохти патриархарӣ ахлоқи ҷамъият ба ду гурўҳ ҷудо мегардад. Худӣ ва бегона, муносибат бо худиҳо нисбатан дўстона буда бо бегонаҳои аз нуқтаи назари душманӣ назар намудан мебошад. Дар давраи насронӣ бошад, муҳаббат ба наздикон дида мешавад. Дар давраи баъдина бошад ахлоқи муҳаббат ба шахсони дигар низ хеле хуб ба чашм мерасад. Аз муносибатҳои байниҳамдигарӣ муносибатҳои касбӣ низ бармеояд. Аз ҳамин сабаб мутахассис бисёр вақт метавонад, нисбати муносибатҳои байниҳамдигарӣ аз ин ё он фаъолият даст кашад. Ба монанди падар (агар вай адвокат) аз ҳимояи писар. Мутахассис инчунн метавонад суолҳои беҷо диҳад аз он сабаб, ки танҳои барои ў иҷозат дода шудааст.
Дар баъзе давлатҳо суоли даромади шахсӣ дар рафти сўҳбат ноҷоя ҳисобид мешавад. Дар ин маврид ўро Шумо аз андоз, инспектор мепурсанд, барои он ки танҳо ба коркуни ин шўъба чунин суолҳо раво мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо муносибатҳои байниҳамдигарӣ барои иҷрои ин ё он вазифа халал мерасонад. Асосан дар муносибатҳои динӣ. ба монанди ба мард дидани зани бараҳна.
Дар фаъолияти табиб, омўзгор, психолог ва ҳуқуқшинос ба монанди мутахассисони соҳаҳои дигар дар назари аввал чунин бармеояд, ки нормаҳои рафтор, қабул ва хусусиятҳо барои омўзиши айнан ба этикаи касбӣ хосанд, дар бисёр маврид этикаи касбӣ дар он ҷой инкишоф меёбад, ки муносибати байни одамон вуҷуд дорад. Аз ҳамин сабаб мутахассис қарзи касбии худро дониста кўшиш менамояд, ки сиёсатро- шаффоф, иқтисодро-боадолатона, санъатро – зебо намояд. Беасос нест, ки онҳо метавонад баръакс низ инкишоф ёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол системаи тайёрии касбӣ ба вуҷуд омадааст, ки унсурҳои зеринро дарбар мегирад:

Муассисаҳои таълимию тарбиявии касбӣ-техникӣ.
Мактабҳои махсуси миёна: омўзишгоҳ, коллеҷ ва ғайраҳо.
Мактабҳои олии касбӣ: донишкада, донишгоҳ, коллеҷ, академия, бакалавриат, магистратура.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи зиёда аз 600 номгўи касбу ҳунарҳои гуногун тайёрии махсус ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои касбӣ-техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва мактабҳои олӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо толибилмон таҳсил мекунанд.
Мутобиқ ва инкишофи ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа бо ба ҳисобгирии эҳтиёҷоти истеҳсолоти Ҷумҳурӣ аз рўи ихтисосҳои нав тайёрии касбӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёрии касбии мутахассисон бо мамоликҳои хориҷа ҳамкорӣ мекунад. Ҳар соли хониш зиёда аз 200 хатмкунандагони мактабҳои миёнаи Ҷумҳурӣ барои таҳсил ба мамолики хориҷӣ фиристода мешавад. Инчунин, шаҳрвандони мамолики хориҷа ба муассисаҳои таълимию тарбиявии касбии Тоҷикистон барои таҳсил қабул карда мешаванд. Ҳоло дар мактабҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 толибилмони хориҷа таҳсил карда истодаанд.
Касб – фаъолияти меҳнатӣ буда, аз шахс тайёрии махсуси амалӣ ва мутобиқан дорои дониш, маҳорат ва малакаҳои муайянро талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз 50 000 намуди касбу ихтисосҳо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон шаҳрвандон аз рўи зиёда аз 3000 касбу ихтисосҳо фаъолияти амалӣ мебаранд.
Касбҳо дар мавқеи худ ба ихтисосҳо ҷудо мешаванд. Масалан, касби омўзгорӣ ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: муаллими фанни математика, муаллими фанни физика, муаллими синфҳои ибтидоӣ ва ғайраҳо. Касби духтурӣ ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: духтури чашм, духтури ҷарроҳ, духтури бачагона ва ғайраҳо.
Мутобиқ ба объект (предмет)-и меҳнат касбҳо ба панҷ гурўҳ ҷудо карда мешавад:

«Инсон – инсон» – предмети меҳнат одамон мебошанд. (омўзгор, духтур, коркунони соҳаи хизматрасонӣ)
«Инсон – техника» – предмети меҳнат васоити техникӣ мебошад (ронанда, тракторчӣ, машинист)
«Инсон – табиат» – предмети меҳнат замин, об, наботот ва ҳайвонот мебошад (геолог, чорводор, агроном)
«Инсон – силсилаи нишонаҳо»– предмети меҳнат нишонаҳои шартӣ, формулаҳо, калимаҳо мебошад (муҳосиб,барномасоз, мусаҳҳеҳ)
«Инсон – образи бадеӣ»– предмети меҳнат образи бадеӣ ва унсурҳои он мебошад (рассом, санъаткор, заргар).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.