Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


МАВЗЎЪ ВА ВАЗИФАИ ИЛМИ ЭТИКА МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛУ ТАКОМУЛИ АХЛОҚ. АФКОРИ АХЛОҚИИ ФОРСУ ТОҶИК ТО МЕЛОД ВА АХЛОҚИ ЮНОНИ ҚАДИМ

Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмўи норма ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарии оилавӣ ва ҷамъиятии одамон мебошад. Ахлоқ – бунёди маънавии тамаддуни инсонист, як аз шаклҳом шуури ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ буда барои ҳифз ва бузургдошт қадру инсон худшиносӣ ва саодат вай хизмат намуда ба роҳи мардумӣ, яъне зиндагии оқилона ҳидоят мекунад, идеалӣ одаму дамигарӣ мебошад.Нақша:

Истилоҳи «ахлоқ» ва «адаб»
Этика ва фалсафа
Вазифаҳои хулқшиносӣ
Илми ахлоқ дар замони муосир
Таҳаввули таърихии мавзўи илми ахлоқ
Равияи Демокрит ва равияи Афлотун
Қисм ва шохаҳои илми ахлоқ
Ҳар ки дар ў сирати некўбувад,
Одами аз одамии ў бувад
Некии мардум на некрўи аст
Хуи некў моли некўи аст.

Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмўи норма ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарии оилавӣ ва ҷамъиятии одамон мебошад. Ахлоқ – бунёди маънавии тамаддуни инсонист, як аз шаклҳом шуури ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ буда барои ҳифз ва бузургдошт қадру инсон худшиносӣ ва саодат вай хизмат намуда ба роҳи мардумӣ, яъне зиндагии оқилона ҳидоят мекунад, идеалӣ одаму дамигарӣ мебошад. Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро этика меомўзад. Ахлоқ дар ҷамъияти ибтидоӣ дар муборизаи зидди офатҳои табии ба вуҷуд омадааст. Бе ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар одамони ҷамъияти ибтидоӣ зиндагӣ карда наметавонистанд. Бинобар ин, ахлоқ барои ба тартиб даровардани муносибатҳои байни одамон омили муҳим буд. Мазмуни ахлоқро муносибати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, базиси иқтисодӣ муайян менамояд. Ахлоқ дар рафти тараққиёти таърихи тағйир меёбад. Баробари пайдо шудани ҷамъияти синфи ахлоқ ҳам хусусияти синфӣ пайдо мекунад.
Рафтор ин амалу ҳаракати инсон ва ҳайвонҳост, ки муносибати онҳо бо муҳити табии ифода мегардад. Рафтори инсон маҷмўи ҳаракатҳои шахсияти бошуур, ки дар он пеш аз ҳама муносибати одам ба муҳити иҷтимоӣ акс меёбад. Байни рафтори инсон ва ҳайвонот, албатта, фарқи ҷиддӣ мавҷуд аст. Дар сурате, ки инсон бо рафтори худ воқеиятро дарк мекунад, бошуурона ва мувофиқи мақсад тағйир медиҳад, ҳайвон бошад, фақат ба муҳити воқеи мутобиқ мегардад. Дар рафтор чигунагии инсон, ҷихатхои характери талабот, ақида, завқи ў зоҳир мегардад. Дар бобати ба низом даровардани рафтор эмотсия ва ҳиссиёт мавқеи калон дорад. Бо рафтор ва фаъолияти одам вазъи системаи асаби ў низ тагйир меебад. Рафторро шароити ҳаёти ҷамъиятӣ, ва тамоми системаи муносибатҳои одам ба воқеият муайян мекунад. Аз ин рў, ба рафтори одам аз нуктаи назари муносибатҳои ҷамъияти баҳо бояд дод. Баъзан рафтор одате буда метавонад, ки дар шароити муайяни ҳаёт ва тарбия ҳосил гардидааст. Масъалаи дағалӣ ва густохӣ на ҳамеша аз муносибати ҳавобаландона бехурматонаи ба одамон шаходат медиҳад, мисли хушмуомилагӣ, ки он ҳам на ҳама вақт аломати хайрхохист. Бинобар он, ҳамаи шаклхои рафтор мақбул аст, ки дар он муносибат хақиқатии инсон ба воқеият пеш аз ҷамъият ифода меёбад. Ҷихати мақбули иҷтимоии рафтор дар протсесси ҳаёти ҷамъиятии одам дар натиҷаи тарбияи ў ташаккул меёбад. Одам дар рафтори худ одатан қоидаҳои муайянро ифода мекунад, ки ин е он принсипхои маънавиро ба рохбари мегирад.
Чанде аз пайдоиш ва сайри таърихии мафҳуми этика ёдовар мешавем.
Ба ҳама мафхмҳои хушбахтӣ, некхоҳӣ, инсоф, виҷдон аз наздик маълум мебошанд. Гарчанде фахмиши онҳо дар одамон ҳокимияти бузургро дар бар гирифта бошад ҳам, фахмиши онҳо наонкадар осон аст.
Қувваи он дар чист?
Чи тавре ки хаст, зиндаги кардан мумкин, аммо бо баробар кушиш намудан боз хам бехтар ва сазовортар умр ба сар бурдан мумкин аст. Фахмиши инсони комил ва инчунин фахмиши тоза ва хубро дар хаёт ва дар замонои имруза ба мо илми кадими хулқшиноси, яъне этика меомузад. Термини этика ба калимаи қадимаи «этнос» тааллуқ дорад, ки дар аввал истиқоматкунанда ё худ ҳамроҳ истиқоматкунандаро ифода мекард. Сонитар ин калима, яъне этнос фаҳмиши навро ба вуҷуд овард, ки урфу одат, характер, образу ақидаро дар бар гирифт. Фалсафаи антиқа ба он фаҳмиши терминологиро супорид, ки он табиати инсониро нишон медихад. Калимаи «этнос» ин акидаро мустаҳкам намуд, ки характери одамон дар истикоматгоҳи умумӣ ба вуҷуд меояд. Этика аз илмҳои қадим ва шариф ба шумор меравад.
Аввалин маротиба этикаро донишманди юнонӣ Арасту асос гузоштааст. Маънии луғавии этика одат, қоидаҳои рафтор аст. Этика аз замони қадим, яъне аз замони Юнони қадим ба мо омада расидааст. Арасту «этика»- ро асос гузошта, онро ҳамчун илми ахлоқ ҷорӣ намудааст.
Ҳамин тавр, дар асри IV пеш аз милод илми этика номи худро муқаррар кард. Истилоҳи ахлоқ аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш – одат, рафтор мебошад. Дар забони тоҷики истилоҳи адаб низ маълум мебошад, ки онҳо муродифи ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд.
Илми ахлоқ дар таърихи фарҳанги тоҷик муродифҳо, яъне синонимҳои зиёде дорад: «ҳикмати амалӣ», «хулқият», «тибби руҳонӣ» ва ғайра. Ба ғайр аз этика дигар илмҳо низ ахлоқро меомўзанд, аммо онҳо паҳлуҳои онро ба шакли том дида намебароянд. Илми ҳулкшиносӣ бошад, ба пуррагӣ инчунин қоидаҳои умумитарин ва ташаккулу такомули онро дида баромада меомўзад.
Вазифаи асосии этика аз он иборат аст, ки ў:
1.Тахқиқ мекунад.
2.Таълим медиҳад
3.Ахлоқи ҳамидаро парвариш менамояд.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷое, ки хоҳӣ.

Муққадимияти ахлоқ дар дини ислом низ ба таври мушаххас тасдиқ гардидааст. Вакте ки аз Муҳаммад пайғамбар мепурсанд, ки дин чист? Дар ҷавоб мегуяд: «Ахлоқи ҳамида» аст.
Ахлоқ бо сиёсат, ҳуқуқ, санъат, фалсафа, дин барин шаклҳои шуури ҷамъияти зич алоқаманд аст.
Ахлоқ ва хуқуқ аз масъалҳои муҳимтарини илм ба ҳисоб мераванд. Ҳуқуқ ҳам мисли ахлоқ нормаҳои муносибати байни одамонро меомўзад. Давлат баъзе нормаҳои ҳуқуқиро ба ҳуқми қонун дароварда, дар иҷрои онҳо ба органҳои давлатӣ ва қувваи ҳоқимият такя менамояд. Қоидахои ахлоқ дар шуури ҷамъиятӣ ҷой дорад, ҳарду аз силсилаи нисбатан комили қоидаҳои рафтор мебошад, ки маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятро дар бар мегиранд. Ҳуқуқ бо чунин соҳаҳо ба монандӣ: ҷиноятӣ, меҳнатӣ, никоҳу оила, шаҳрвандӣ, байналхалқӣ алоқа дорад. Оинҳои онҳо дар маҷмуи қоидаҳои махсус гирд оварда шуда, қоидаҳои ахлоқ дар шуури шахс ҷой гирифтаанд. Ахлоқ бо ёрии афкори умумӣ риоя карда мешавад ва ба он такя менамояд. Дар ҳар ахлоқи синфи ҷиҳатҳои ахлоқӣ умумиинсонӣ мавҷуд аст.
Ахлоқ категорияҳои худро дорад, ба монандӣ: неки, бади, адолат, бахт, виҷдон, шўҳратпарасти, ҳисси коллективизм дохил мешавад. Ахлоқи давраи муосир нормаҳои асосии ахлоқи умумиинсониро, ки оммаи халқ дар давоми ҳазорҳо сол ба муборизаи зидди зулми иҷтимои ва иллиатхои ахлоқи ҳосил кардааст, дарбар мегирад.
Ахлоқи муосир ифодакунандаи намунаи рафтору кирдор ва муносибати инснӣ мебошад, ки Ленин онро «муъҷизаи олии маънавӣ» номидааст. Принсипҳои асосии ахлоқи муосир дар кодекси ахлоқӣ нишон дода шудааст.
Қонунҳои вай дар ягон соҳа маҳдуд нагашта, дар фаъолияти гуногунӣ одамон ва ҳаёти серҷабҳаи иҷтимоӣ ҷой дошта, вазифаи бисёри иҷтимоӣ, таърихиро иҷро менамояд. Ахлоқ метавонад сохти ҷамъиятиро муҳофизату мустахқам намояд ё худ онро сусту вайрон намояд. Ба инсон мақсаду маънии зиндагӣ ва қадру қиммати ҳастиатро ошкор намояд ё худ ба сўи хаёлҳои хом барад. Дар шахс лаззату хурсандии хақиқӣ ато созад. Метавонад шахсони гуноҳ содиркардаро ба азоби виҷдон ва пушаймонӣ гирифтор намояд.
Ахлоқ яке аз шаклхои махсуси маърифат ба ҳисоб меравад. Ахлоқ ҷунин тарзи маърифат аст, ки ба тавассутаи рафтори одамон аз назари некиву бадӣ танзим мегардад. Вазифаи маърифатии ахлоқ бо дониши илмӣ айнияте надорад, яъне вай барои шахс дониши маҳз чизҳоро надода, балки рафторашро ба танзим медарорад. Яке аз хусусиятҳои асоситарини ахлоқро қайд кардан ҷоиз аст, ки сарватҳои маънавиро раҳнамоӣ менамояд. Ахлоқ имкон медихад, ки бо ёрии интуитсия арзёби бо асрори ботинӣ ва дунёи маънавии шахсӣ дигар бохабар гашта, сабабу мақсади рафтори вайро дарк карда тавонад.
Ба монанди халқиятҳои ибтидои, юнониҳои қадим низ асрҳои аср ҷирмҳои осмонӣ ва зуҳуроти мудхиши табиатро, ки дар намуди аслҳои одам шакли муктадир доимо ба ҳаёти одамон дахлдор мешавнад, мефаҳмиданд. ёдгориҳои муъҷизаноки ин давру замонҳо то замони мо дар «Иллиада» омада расидаанд. Аз ин ҷо маълум мегардад,ки фаҳмиши маънавии ҳамон давра чунин хислат дошт, ки ҳоло мо чи гуна хислатҳоро дар одамони ваҳши бештар вомехўрем. Аммо дар он вақте халқиятҳои бисёр дар ин зинаи тараққиёти тўлони боз истодаанд, дар Юнони қадим аллакай баъди чандин садсолаҳо, яъне баъди зиёда аз 600 сол то саршавии солшумории мо мутафаккироне пайдо шуданд, ки мафҳумҳои ахлоқиро дар одамон натанҳо дар назди Худо, вале инчунин бо фаҳмидани табиати худ: худэҳтиромкунӣ, ҳиссиёти иззати нафс ва дарки ақлӣ ва маънии мақсадҳо кўшиш намуданд Ба ҷои тасаввуротҳо оиди худоҳои одамшакли ҷудогона дар Юнони қадим хусусан дар пифагорчиён мафҳумҳо оиди кадом қувваҳои умумӣ, ки ҳаёти дунявиро офаридаанд, пайдо шуд. Ин гуна фаҳмишҳо оиди «оташ», ки тамоми дунёро фаро мегирад, оиди ададҳо, яъне қонуниятҳои математикӣ ҳаракат; оиди гармония, яъне қонуниятҳои табиати ҳаёт ва аз тарафаи дигар чунин мафҳумҳое оиди ягонагии махлуқе, ки тамоми дунёро идора мекунад, пайдо шуданд.
Воқеаи муддати дароз бо чунин фаҳмишҳои гайривоқеи философияи Юнон қаноатманд нагаштанд. Камтар аз 400 сол то солшумории мо аз як тараф сафистҳо (муҳокимарониҳое) асос гузоштаанд ва аморалистҳо (ки талаботҳои ахлокиро эътироф намекарданд) аз тарафи дигар, мутафаккирон ба монанди Суқроту Афлотун (дар асри V) Арасту (асри IV пеш аз мелод) ва Эпикур (дар асри III), ки ба илмӣ этика, яъне илм оиди ахлоқ асос гузоштаанд, то замони мо қиммати худро гум накардаанд, пайдо шудаанд. Умуман, дар Юнони қадим агар ба майлкунии философияи идеалистӣ назар кунем, дар ин ҷо афзалиятҳои кўшиш, амал кардан ба тарбияи ирода ба фаъолияти ҳаёти ҷамъияти иштирок кардан ва ба тайер кардани инсони пурқувват боақл ва босират пайдо шуданд. Боварӣ ба худоҳое, ки ба рафтори одамон роҳбарӣ мекарданд, аз байн мерафт.
Ҳамаи тартиби ҳаётии Юнониён, ки аз республикаҳои мустақили на он қадар бузург давлат ташкил меёфт, ба дарки табиат ва шинос шудан бо дунёи иҳотакарда ба туфайли якмустамликасозӣ ва саёҳаткунӣ, ки инсонро ба бовар кардан ба мустақилият, ва ба инкори урфу одат ва боварӣ ба озодии ақл ҷалб кард. Бинонбар ин, тараққиёти тези илм ба вуҷуд омад.
Бар зидди сафистҳо аввалин шуда Суқрот баромад кард . Суқрот ба таълимоти худ роҳи оқилонаи зиндагиро пешниҳод карда.
+ дар фалсафаю дин навоварӣ намуда, ҳама чизро ба ақли олии инсон вобаста карда, ва онро ҳосилкунандаи гармонияи дохилии ақл ва ҳиссиетҳои гуногун мешуморид. Суқрот мафҳуми накўкорро бисёр вақт ҳамчун қобилияти муваффақ шудан ба инкишофи ақли ба санъат ва ба эҷодиёт, ки барои ин пеш аз ҳама дониш, дониши илмӣ табии, ҳаёти ҷомеа ва муносибатҳои мутақобилаи байни одамон лозим буд, фаҳмидааст. Накўкорӣ гуфта буд ў, на боварӣ ба Худо, балки дониши асосноки он чизе, ки дар ҳақиқат нащз ва чизе, ки инсон ба дигарон зарар нарасонида, қобилияти зиндаги карданро дорад, ва ба одамон одилона муносибат намуда, барои ҷамъият хизмат карда тавонистанро мефаҳмид. «Ҳамаи бадахлоқиҳо аз бедонишист» – мегуфт , ин назария – фаҳмиши идеалистии ахлоқии таълимоти ўро гардида буд. Афлотун (428 – 348 п.а.м) ақида, таълимоти ахлоқии Суқротро пурратар карда, онҳоро аз рўи фаҳмиши идеалисти таккон дод, гарчанде ў аз нуқтаи назари метафизики фикр ронад ҳам, ба моҳияти ахлоқ чуқуртар нигарист. Таълимоти ўро чунин баён кардан мумкин аст: дар табиат щояи адолат ва некӣ вуҷуд доранд. Дар ҳаёти дунявӣ бадӣ ва беадолатӣ бисёр буда, вале дар назди ин ҳама некӣ мебошад. Ҳамаи ин қувваҳоро худи Афлотун мехост равшан созад ва нишон дихад, ки некӣ ва адолат риштаи пайвасткунанда дар ҳаёти одамон гардад.
Мутафаккири бузург баробари фахмидани робитаи зичи байни ҳаёти инсонӣ ва ҳаёти табиат ахлоқро дар инсон маънидод карда натавонистааст.
Шогирди Суқрот Афлотун пайдоиши мафҳуми некиро ба худоҳои Офтоб, Моҳ, раъду барқ ва қувваҳои табиат, ки ба шакли одам таҷассум меёфтанд нисбат надода, дар асоси ҳамонвактаи маърифати ҷомеаи инсонӣ, аст некиро шарҳ дода тавонист.
Бинобар ин, ў маърифати некиро дар идея, дар чизи муҷаррад, ки тамоми дунё, тамоми олам ва инчунин инсонро фаро гирифтааст, ёфт.
Афлотун дар этика дарки олии ахлоқро дохил намуд. «ҷон барои ў якҷояшавии ақл, эҳсосот ва ирода, ки аз онҳо хирадмандӣ, бузургӣ ва эътироз ва таҳаммул бармеояд.» идеяи ў муҳаббат ва дўстӣ буд, вале калимаи муҳаббат дар он вақт маънои бештар васеъро дошт. + дар зери мафҳуми эрос натанҳо пайватагии ду ҷон, инчунин ҷамъиятро, ки дар ризоияти байни орзуҳои шахсиятҳо ва аъзоҳои дигари ҷамъият асос ёфта буд, мефаҳмид.
Арасту асосгузори илми этика мебошад, ки оиди илми ахлоқ як қатор асарҳои худро, аз ҷумла, «Ахлоқи кабир», «Ахлоқи сащир » ва «Ахлоқи некоҳама» – ро эҷод намудааст. Ҳолати миёнаи байни илми табии ва метафизики фаҳмиши ахлоқ таълимоти Арастуро, ки дар асри IV (348-322 то эраи мо) умр ба сар бурдааст, ташкил медиҳад. Шарҳи фаҳмиши ахлоқро Арасту на дар хиради олӣ ва на дар щояи дунявӣ мекофт, балки дар ҳаёти воқеии одамон, дар ҷустуҷўи хушбахтии худ ва хиради инсони ҷустуҷў мекард.
Дар фалсафаи Арасту мо аввалин маротиба худсобиткунии хиради инсониро мебинем.
Фаҳмиши ҳақиқии ҳаётро – мегуфт Арасту – мо танҳо бо воситаи фаҳмидани олам дарёфт карда метавонем.
Фаъолияти илмии Арасту соҳаҳои гуногуни илми қадимро дар бар мегирад. + дар ташаккул ва инкишофи этика ва эстетика саҳми бузург гузоштааст.
Арасту дар таърихи фалсафаи тоҷик ва араб мақоми хос дорад. Дар асрҳои миёна Июни Сино, Ибни Рушд, Муҳаммад Щазавӣ ва щайраҳо таълимоти Арастуро ҳамчун заминаи эҷодиёти худ истифода бурдаанд.
Панднома – маҷмўи нашру ҳикмат ва насиҳату андарзҳо оид ба тарщиби ахлоқи нек ва ахлоқи бад, сиёсат, мазҳаб ва давлатдорӣ мебошад. Пандномаҳои эронӣ дар аҳди шоҳони Эронӣ бостонӣ дар замони Сомониён хоса дар подшоҳии Хусрави Анушервон (543-578) ривоҷ ёфтаанд. Пандномаи Сосонӣ бо пандномаҳои Юнонӣ, Ҳиндӣ ва арабӣ омехта гардидаанд, ки машхуртарини онҳо «Калила ва Димна», «Синдбоднома» -и А.Рўдакӣ, «Офариннома» -и Балхӣ, «Зафарнома»-и А.Сино, «Панднома» – и Анушервон, «Панднома» – и Бузургмеҳр «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ мебошад. Бахшҳои «Панднома» дар асарҳои Н.Хисрав, Низомӣ, Саъдӣ, А.Ҷомӣ низ вомехўранд, ки самтҳои насиҳат ба фарзанд, насиҳат ба подшоҳон дар маснавию китобҳои ахлоқӣ, бахшҳои ҷудогона аз «Қобуснома», «Сиёсатнома» низ ба ҳамин навъи адабиёт дохил мешавад.
Ин навъи адабиёт бо илми этика хеле алоқаманд буда пандномаҳо дар раванди таълим мавкеи хоса доранд, зеро бо воситаи онҳо тарбияи насли наврас осонтар хоҳад шуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.