Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МАФҲУМИ АСОСИИ АХЛОҚИ КАСБӢ

Этикаи касбӣ яке аз шоҳаҳои илми этика буда, таърихи дурру дароз дорад. Олим-табиби Юнони Қадим Гиппократ ҳанўз дар асри 1У-Ш т.м. оиди этикаи касбӣ тадқиқоти илмӣ гузаронидааст ў сабаби пйдоиши касбҳоро дар таксимоти меҳнат мебинад, яъне аз шикорчигӣ ҷудо шудани чорводорӣ, аз чорводорӣ ҷудо шудани зироатчигӣ ва зироатчигӣ ҷудо шудани ҳунармандиро муайян кардааст.Нақша:

Мафҳуми этикаи касбӣ.
Меъёр ва принсипҳои этикаи касбӣ .
Кодексҳои ахлоқ дар ҷомеа.
Этика ва замони муосир.
Этикаи касбӣ яке аз шоҳаҳои илми этика буда, таърихи дурру дароз дорад. Олим-табиби Юнони Қадим Гиппократ ҳанўз дар асри 1У-Ш т.м. оиди этикаи касбӣ тадқиқоти илмӣ гузаронидааст ў сабаби пйдоиши касбҳоро дар таксимоти меҳнат мебинад, яъне аз шикорчигӣ ҷудо шудани чорводорӣ, аз чорводорӣ ҷудо шудани зироатчигӣ ва зироатчигӣ ҷудо шудани ҳунармандиро муайян кардааст. Гиппократро асосгузори «Этикаи касбӣ» номидан мумкин аст, зеро ў нахустин шахсест,ки дар бораи талаботҳои дакик, махфӣ ва ба ҳуд хоси этикаи касбӣ ақидаҳо баён кардааст. Вай қоидаҳои ахлоқи омўзгор, табиб, зироаткор, олим, подшоҳ ва ғайраро ба тартиб даровардааст. Гиппократ талаботҳои этикаи табибро ба низом даровард, ки то имрўз дар дунё бо номи «Қассами Гиппократ»дар соҳаи илм тиб амал мекунад.
Ҷомеа танҳо он гоҳ вуҷуд дошта метаванад, ки неъматҳои моддии ва маънавӣ истеҳсол карда шавад. Аз ин ру, этикаи касбӣ муносибати инсонро ба уҳдадории касби муайян менамояд, ки он бо ҷомеа ва одамон алоқаманд мебошад.
Этикаи касбӣ ин маҷмуи меъёр, принсип ва қоидаҳои рафтори мутахассисро дар фаъолияти меҳнатии касбҳоро дар бар гирифта меомўзад. Этикаи касбӣ қисми ҷудонашаванда ва таркибии фаъолияти меҳнатии ҳар як мутахассис мебошад.
Этикаи касбӣ чунин масъалаҳоро меомўзад:

Муносибати коллективи меҳнати нисбат ба ҷомеа.
Муносибати мутаҳассис нисбат ба ҷомеа ва аҳли он.
Рафтори аҳлокии мутахассис, ки он иҷрои ўҳдадориҳои касбӣ.
Муносибати байниҳамдигарии мутахассисон ва одамон, ки асоси объекти фаъолияти онҳо мебошанд.
Мақсад, хусусият ва усули тарбияи касбӣ.
Яке аз талаботҳои асосии этикаи касбӣ ин бовичдони соф иҷро намудани уҳдадориҳои касбӣ мебошад. Дар замони муосир меъёр ва принсипҳои этикаи касбӣ аз этикаи умумиинсонӣ сарчашма гирифта ба кодекси ахлоқӣ табдил дода шудаанд. Меъёрҳои этикаи касбӣ ин қоидаҳое, ки дар асоси идеалҳои гуманистии ахлоқ ба тарбиб дароварда шуда, интизоми меҳнатро риоя кардани шахсро ифода мекунад. Дар ҳолати беэътибори нисбати ўҳдадории касбӣ кормандон аз кор сабукдўш карда мешаванд. Барои он ки чунин ҳолати ногувор руй надиҳад, меъерҳои касбии зеринро бояд дар ҳотир дошт:
а) аз руи талабот ва бомаҳорат иҷро кардани ўҳдадориҳои касбӣ;
б) нигоҳ доштани ҳолати объективона ва нишон надодани
ҳарактерҳои шахсӣ дар ҷараёни кор;
в) муносибати ҷиддии меҳнатӣ кардан бо ҳамкасбон ва зердастон;
г) дар рафти кор муносибати ғайри касбӣ накардан бо ҳамкасбон, роҳбарон ва зердастон;
д) риоя кардани принсипи ҳамкорӣ ва муҳокима накардани ҳамкасбону зердастон дар назди мизоҷони худ;
е) роҳ надодан ба табъизи наҷоти, синну соли, гендерӣ, миллатчигӣ ва маҳалчигӣ дар муҳити атроф;
Принсипҳои касбӣ ин талаботҳое, ки дар кодекси ахлоқии ин ё он ихтисос инъикос гардидаанд.
Принсипҳои этикаи касбӣ инҳоанд;

Муттаҳиддии касбӣ
Дарки қарзи касбӣ ва қадри инсон;
Ҷавобгарии махсус, ки ба шароити кори мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, асоси этикаи касбӣ ин талаб кардани муносибати эҳтиромона ба табиат ва одамони атроф мебошад. Ин талаботи асоси буда ба ҳаммаи ихтисосҳо ва муассисаҳо тааллук дорад.
Иҳтисос – ин намуди муайяни фаъолияти меҳнатӣ, ки дониш ва таҷрибаи кориро талаб мекунад.
Этикаи касбӣ коидаҳои этикии касбҳоро муайян мекунад, яъне ҳар як ихтисос аз кормандни худ талаботҳои ахлоқии касбиро талаб менамояд. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳуқуқ ва ғайра мутаҳассисони боахлоқро талаб мекунанд. Дар мисоли барои табиб зарур аст, ки бо беморон меҳрубононаю ғамҳорона муносибат намоянд, зеро онҳо ҳифзкунандаи саломатии инсон мебошад: барои омўзгор лозим аст, ки бо меҳру муҳаббат бо толибилмон муносибат намоянд, зеро омўзгор барои тарбияи насли наврас дар назди ҷомеа ҷавобгу мебошанд; ўҳдадории касбии олим бошад, поквиҷдонона ҳақиқатро ҷустуҷў намуда, дастоварди илмиро ба нафъи инсоният равона созад, кормандони соҳаи ҳуқуқ бошанд, вазифадоранд адолатро дар ҷомеа пойдор созанд.
Ҳар як намуди этикаи касбӣ маҷмуи принсип ва меъёрҳои махсуси этикии ҳудро доранд, ки дар кодексҳои ахлоқи нъикос гардидаанд.
Кодексҳои ахлоқӣ – ин муносибати ахлоқии байниҳамдигариро фаро мегирад. Кодексҳои ахлоқии касбҳо инчунин нисбати рафтори мутахассис мукофот ва ҷазоро муайян менамояд. Кодексҳои ахлоқии касбҳо чунин пешниҳод гардидаанд:
– аз ҷониби ширкатҳо, муассисаҳо, корхонаҳо;
– аз ҷониби соҳаҳои меҳнат ва ихтисосҳо;
– аз ҷониби коллективҳои меҳнатӣ минтакаҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва гайра;
Донистани этикаи касбӣ барои ҳар як мутахассис зарур буда, он дар фаъолияти меҳнати аҳамияти калон дорад, зеро ҳар як касб этикаи ҳудро дошта, софдилона ва поквиҷдонона иҷро намудани ўҳдадориҳои касбиро талаб менамояд.
Этикаи муосир аҳлоки нав ва пешқадами ҷамъиятиро кашф карда онро тасдиқ намуд. ки он барҳам додани зиддият байни шахс ва ҷомеа, баркарор кардани муносибатҳои нав ва ҳавасмандии ягона байни шахс ва ҷомеа; инкишофи кувваҳои эчодкорнаи аҳли меҳнатро дарбар мегирад.
Принсипҳои аҳлокии этикаи муосир маҳсули асрҳои зиёди ҷамъиятӣ мебошанд:
ГУММАНИЗМ – калимаи юнонӣ буда, маънояш « ҳоман» – «инсон» мебошад. Моҳияти ин принсип аз ҳама чизи олӣ ва начиб дар рўи замин инсон буда,онро қадр кардан аст. Гуманизм яке аз принсипҳои асосии этикаи муосир ба шумор меравад.
ИНТЕРНАСИОНАЛИЗМ – калимаи лотинӣ буда, маънояш «байни халкҳо» мебошад. Интернатсионализм ин муносибати муътадил, дустию рафоқат ва ҳамкорию ҳамдилии байни одамон, қавҳо, миллатҳо ва наҷотҳоро ифода карда ба он мусоидат менамояд. Ба принсипи интернатсионализм ҷараёнҳои сионизм, шовинизм, фашизм, натсизм мухолиф мебошад.
КОЛЛЕКТИВИЗМ аз ҷиҳати мақсад ва идеал муттаҳид шудани гуруҳи муайянро дорад. Коллективизм ин меҳнати якҷояи одамон, ки ба манфиати ҷомеа равона карда шудааст. Коллективзм ҳанўз дар ҷомеаи ибтидоӣ ба вуҷуд омадааст. Дар замони муосир коллективизм муттаҳидии тамоми одамонро фаро гирифта, мақсади он ба даст даровардани некуаҳволӣ мебошад.
ПАРИОТИЗМ – калимаи юнони буда, маънояш «ватан», «меҳан» мебошад. Принсипи патриотизм муҳаббат ба Ватан, миллат, анъанаҳои беҳтарини одами ва ғайраҳоро ифода мекунад.
МЕҲНАТДЎСТӢ – маҳз меҳнат инсонро офарида, боиси ташаккули он гардид. Меҳнат – ин амали бошууронаи инсон буда, мақсади он истеҳсоли моддӣ ва маънавӣ мебошад. Навъҳои меҳнат: ҷисмонӣ, фикрӣ ва техникию технологи.
Ақлоки имрўза риояи принсипҳои номбурдаро аз ҳар як шахс тақозо менамояд. Этикаи муосир исбот кард, ки ахлоки нек боиси прогрессии пурраю умумии ҷомеа ва давлат ҳоҳад буд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.