Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛУ ТАКОМУЛИ АХЛОҚИ КАСБИИ ПЕДАГОГӢ

Этикаи касбӣ фанни назариявӣ ва амалӣ буда, масъалаҳои тарбия, таълим ва маълумотро меомўзад. Ҷамъият мунтазам тараққӣ карда, ба тарбия ва маълумоти одамон талаботҳои нав пешниҳод мекард, доираи тарбия васеъ мешуд, зарурати барои маълумот ва тарбияи мақсадноки одамон донишгоҳҳои махсус пайдо мешуд.Нақша:

Этикаи касбӣ ҳамчун соҳаи дониши гуманитарӣ ва фалсафӣ. Мафҳумҳои асосии этикаи касбии педагогӣ.
Мавқеи этикаи касбӣ дар системаи фанҳо дар бораи шахсияти инсон.
Функсияҳои илми педагогӣ дар ҷамъият: назариявӣ, амалӣ, пешгўяндагӣ.
Соҳаҳои фанни этикаи касбии педагогӣ.
Алоқаи этикаи касбии педагогӣ бо дигар фанҳо.
Этикаи касбӣ фанни назариявӣ ва амалӣ буда, масъалаҳои тарбия, таълим ва маълумотро меомўзад. Ҷамъият мунтазам тараққӣ карда, ба тарбия ва маълумоти одамон талаботҳои нав пешниҳод мекард, доираи тарбия васеъ мешуд, зарурати барои маълумот ва тарбияи мақсадноки одамон донишгоҳҳои махсус пайдо мешуд.
Дар ибтидои ба вуҷуд омадани ҷамъияти инсонӣ одамон маҳсулоти тайёри табиатро аз худ мекарданд. Дар рафти ба даст овардани воситаҳои мавҷудот бачагон ҳам барвақт иштирок мекарданд. Тараққиёти чорводорӣ, зироаткорӣ, ҳунарҳои гуногун ба васеъшавии таҷрибаи меҳнатии одамон бурда расонд. Фаъолияти меҳнатӣ минбаъд мураккаб шуда, ба ташаккулёбии одамон, ба инкишофи ҷамъият мақоми муҳим бозид. Меҳнат тарбияро талаб кард. Аввалин маҳоратҳое, ки инсон дар ҷараёни меҳнат аз худ мекард, ба наслҳои нав дода мешуданд. Ба андозаи мураккаб шудани фаъолияти меҳнатӣ, ҷамъ шудани таҷрибаи меҳнатӣ ва баъд дониш дар бораи ҳаёти ҷомеа худи тарбия ҳам тағйир меёбад. Дар давраҳои аввали ҳаёти ҷамъиятӣ одамони калонсол бачагонро дар меҳнат тарбия кунанд, баъдтар баробари тараққиёти ҷамъият чунин роҳи додани дониш ва таҷриба ба талаботи ҳаёт ҷавоб дода натавонист. Бинобар он ба тарбиядиҳӣ шахсони донишманду таҷрибанок машғул шуданд машғулиятҳо шакли муташаккилона гирифт, ҳамин тавр мактабҳо пайдо шуданд. Ба андозаи такмил ёфтани тарбия, хусусан баробари пайдоиши мактаб фаъолияти тарбиядиҳӣ, шакли махсуси фаъолияти касбӣ шуд. Касби махсус-педагог-омўзгор пайдо шуда буд.
Мафҳумҳои (категорияҳои) умумӣ ва асосии этикаи касбии педагоги: тарбия, таълим, маълумот мебошад.
Тарбия-таъсиррасонии мақсаднок ва муташаккилона ба инкишофи ҷисмонӣ, руҳӣ, ҷаҳонбинӣ, симои маънавӣ, идеалу завқи эстетикии шахсият, бо маҳорату малакаҳо мусаллаҳ гардонидан ва ба ҳаёту меҳнат тайёр кардани онҳо мебошад. Тарбия категорияи доимӣ аст, вале мазмун, шакл ва методҳои он бо дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбад.
Таълим-ҷараёни мақсаднок, муташаккил буда, дар рафти он талабагон бо роҳбарӣ ва ҳамкории омўзгор дониш, маҳорат, малака ҳосил менамоянд.
Маълумот-ҷараён ва натиҷаи аз худ намудани маҷмўи дониш, маҳорат ва малакаҳои ба система даровардашудаи шахс мебошад.
Нишонаҳои донишҳои педагогӣ баробари ба вуҷуд омадани тарбия ба ташаккулёбӣ сар мекунанд ва оҳиста-оҳиста инкишофу такмил меёбанд. Онҳо ҷамъбаст карда шуда, дар шакли қоидаҳои ҳаётӣ, зарбулмасалу мақол ҳаёт мебинанд. Бисёрии онҳо то замони мо расида, аз авлод ба авлод гузашта, ганҷинаи этикаи касбии педагогии халқиро ташкил мекунанд.
Дар мамлакатҳои аввалини ғуломдории Шарқи қадим фалсафа, ки донишҳои одамонро дар бораи ҳаёти атроф дар бар мегирифт, ба ташаккулёбӣ сар карда буд. Донишҳои педагогӣ низ қисми таркибии фалсафа буданд. Файласуфони Юнони қадим ба монанди Суқрот, Афлотун, Арасту, Демокрит, мақсади тарбияро бо вазифаҳои сиёсии давлати ғуломдорӣ алоқаманд менамуданд. Тарбия категорияи доимӣ бошад ҳам аз ҷиҳати таърихӣ конкретӣ аст. Тараққиёти ҳунармандӣ ва саноат дар назди ҳаёт талаботи нав гузошт, ки бояд одамони бисёри саводнок тайёр карда шаванд. Дар асрҳои ХV- ХVI шавқу ҳавас ба илму маърифат меафзояд. Масъалаи минбаъда инкишоф додани этикаи касбии педагоги ба миён меояд.
Дар ин давра этикаи касбии педагогӣ ҳамчун илми мустақил ба шаклгирӣ шурўъ мекунад. Дар ин бобат хизмати педагоги бузурги чех Ян Амос Коменский (1592-1670) калон аст. Вай дар бораи маълумоти умумӣ масъала гузошт, системаи тарбияро кор карда баромад, гузориши раванди таълимро дар мактаб ба таври чуқур асоснок кард. Асари ў \” Дидактикаи бузург\” аз аввалин асарҳо оид ба назарияи этикаи касбии педагоги буд.
Дар Осиёи Марказӣ аз асри Х саркарда асарҳои махсус дар бораи таълиму тарбия ба вуҷуд омада буданд. Ба монанди “Рўшноинома” ва \” Саодатнома\” -и Носири Хисрав, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, \” Бўстон\” ва «Гулистон»-и Саъдӣ, \”Ахлоқи Носири»-и Хоҷа Насриддини Тўсӣ, «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи мўҳсинӣ» ва «Рисолаи хотамия»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, \” Баҳористон\”-и Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳамин қабил асарҳои педагогӣ мебошанд.
Системаи педагогии омўзгор, олими бузурги рус К.Д. Ушинский (1824-1871) низ аз бисёр ҷиҳатҳо нав буд. Вай кўшиш мекард, ки этикаи касбии педагогиро дар асоси илмҳои дар бораи инсон дида барояд. + маълумотҳои анатомия, физиология ва психологиро васеъ истифода бурд. К.Д. Ушинский муаллифи асарҳои зерин аст: «Инсон ҳамчун предмети тарбия», «Олами бачагон», «Забони модарӣ».
Дар бунёди этикаи касбии педагогии шўравӣ В. И. Ленин, Н.К. Крупская, Л.В. Луначарский, А. С. Макаренко фаъолона иштирок кардаанд.
3. Системаи педагогӣ ва фаъолияти педагогӣ ҳамчун мавзўи омўзиши фанни этикаи касбии педагоги ба ҳисоб меравад. Системаи педагогӣ ин маҷмўи воситаҳо, методҳо ва равандҳо мебошад, ки баҳри бунёди маводҳои таъсирбахши педагогӣ ба ташаккули шахсияти дорои сифатҳои дилхоҳ нигаронида шудааст.
Имрўз илми муосир шаш ҷузъи бо ҳам пайвасти сохти системаи педагогиро муайян кардааст: хонандагон, мақсади тарбия (таълим), мазмуни тарбия (таълим), ва равандҳои педагогӣ, омўзгор, шаклҳои ташкилии фаъолияти педагогӣ. Ҳамин тавр, таҳқиқ, ба нақшагирӣ ва коркарди системаи педагогӣ мавзўи омўзиши фанни этикаи касбии педагоги мебошад. Фаъолияти педагогӣ ҷузъҳои зеринро дарбар дорад: мақсадҳои ба нақшагирӣ коммуникативӣ (муаллим-хонанда), ташкилотчигӣ (ҷараён ва шаклҳо) ихтироъкорӣ, донишдиҳӣ (омўзгор).
4. Фанни этикаи касбии педагогӣ вазифаҳои зерин дорад. Вазифаи тафсирӣ: вазифаи мазкур аз он иборат аст, ки далелҳо, ҳодисаҳо, равандҳои педагогиро тафсир менамояд, равшан менамояд, ки дар кадом вазъиятҳо, барои чӣ ҷараёни тарбия мегузарад. Натиҷаҳои таҳқиқ-қонунҳо ва принсипҳои педагогӣ, назарияҳо, консепсияҳо буда онҳоро тадқиқотҳои фундаменталӣ медиҳанд.
Вазифаи дуюм ислоҳотӣ, амалӣ, таҷрибавӣ мебошад, дар асоси маълумотҳои (фундаменталӣ) асосии бунёдӣ, педагогӣ ташкил дода мешавад. Олимон чунин меҳисобанд, ки дастовардҳои паҷўҳиш бояд системаҳо, технологияҳои педагогӣ бошад.
Масалан, дар физика кашфиёт ба ихтирои мошинҳо меоварад, дар этикаи касбии педагоги муайян намудани ҳодисотҳо, назарияҳо ба бунёди системаҳо, методҳо, технологияи педагогӣ меоварад.
Вазифаи дурнамоӣ, пешгўӣ, пешбинӣ намудани инкишофи минбаъдаи мактаб, маориф таълиму тарбия.
Дар зумраи вазифаҳои фанни этикаи касби педагоги, вазифаҳои тарбиявӣ маърифатии онро қайд кардан мумкин аст.
Натиҷаҳои таҳқиқи педагогӣ назарияҳо, системаҳо ва технологияҳои педагогӣ, пешбинӣ намудани дурнамои педагогӣ мебошанд, ки дар шаклҳои маърўзаҳо, мақолаҳо, китобҳо дастурхои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.
5. Сохти илмии этикаи касбии педагогӣ ва қисмҳои мустақили он: аз дидактика, назарияи тарбия, мактабшиносӣ иборат аст.
6. Фанни этикаи ксбии педагогӣ бо фанҳои философия, психология, физиология, гигиенаи мактабӣ, таърих ва ғайра алоқаманд буда, қоида ва қонуниятҳои назариявӣ, методҳои тадқиқоти илмӣ ва натиҷаҳои дастовардҳои паҷўҳиши онҳоро истифода мебарад.
Этикаи касбии педагогӣ ба таҳқиқи қонуниятҳои таълим ва тарбия, принсипҳои фаъолияти мактабҳо, муайян кардани мазмуни таълим ва методҳои фаъолонидани кори таълиму тарбия машғул аст. Тамоми таърихи инкишофи этикаи касбии педагогӣ бо роҳи ҷустуҷўи шакл, роҳ ва воситаҳои таълиму тарбия саршор аст. Этикаи касбии педагогӣ аз ҳисоби тасвироти педагогӣ, кашфиётҳои педагогӣ ва тадқиқотҳои педагогӣ инкишоф меёфт ва инкишоф меёбад.
Методҳои тадқиқот воситаҳоеанд, ки бо ёрии онҳо тарафҳои гуногуни тарбия, маълумот ва таълим омўхта мешаванд.
Тадқиқотҳои имрўзаи педагогӣ бо чунин хусусиятҳояш фарқ мекунад:
а) Андозаи аниқи тарафҳои гуногуни раванди педагогӣ.
б) Санҷиши дастовардҳо бо ёрии нишондиҳандаҳои аниқ.
в) Васеъ истифода намудани методҳои гуногуни тадқиқот.
Дар тадқиқотҳои педагогӣ методҳои зеринро истифода мебаранд:
Методҳои назариявӣ: таҳлил, муқоиса, ҷамъбаст, хулосабарорӣ ва ғайра.
Методҳои эмпирикӣ: Мушоҳидаи педагогӣ, омўхтани дастовардҳои фаъолият, омўхтани ҳуҷҷатҳо, анкета, сўҳбат, мусоҳиба (интервю) ва ғайра.
Методҳои математикӣ, барои муайян намудани бо ҳам пайвастагии миқдории ҳодисотҳо зарур аст. Донишҷўи донишгоҳ методҳои тадқиқотии педагогиро хуб аз худ намуда, онҳоро моҳирона дар рафти таҷрибаи омўзгорӣ дар мактаб, дар тадқиқотҳои кори курсӣ ва дипломӣ истифода намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.