Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ОЗОДӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚӢ ДАР ЭТИКАИ КАСБӢ

Бисёр муттафаккирони замони гузашта дар ҳалли масъалаи инсон озодона рафтор карда метаовнад ё ба зарурати объективии беруна тобеъ аст, кушидаанд. Материалистони асри XVIII франсуз Голбах, Гелвесий, Дидро ва дигарҳо ин масъаларо ба манфиати зарурат ҳал карда, изҳор доштаанд, ки ҳар ҳодиса, фарқ надорад, ки он ҳодисаи калон аст ё хурд, маҳз ҳамон тариқ, ҳамон вақт ва ба ҳамон шакл ба амал меояд, ки бояд аз рўи зарурати қонунии объективӣ ба амал меомад.Нақша:

Файласуфон дар бораи моҳияти озодӣ
Озодии маънавӣ
Озодӣ ва ирода
Озоди ва масъулият
Дар бораи дарачаи масъулият
Бисёр муттафаккирони замони гузашта дар ҳалли масъалаи инсон озодона рафтор карда метаовнад ё ба зарурати объективии беруна тобеъ аст, кушидаанд. Материалистони асри XVIII франсуз Голбах, Гелвесий, Дидро ва дигарҳо ин масъаларо ба манфиати зарурат ҳал карда, изҳор доштаанд, ки ҳар ҳодиса, фарқ надорад, ки он ҳодисаи калон аст ё хурд, маҳз ҳамон тариқ, ҳамон вақт ва ба ҳамон шакл ба амал меояд, ки бояд аз рўи зарурати қонунии объективӣ ба амал меомад.
Гурўҳи дигари философҳо исбот кардани мешуданд, ки одам дорои озодии маънавӣ буда, он ба ҳеҷ як шароиту сабаби беруни вобаста нест. Философи асри ХVIII немис Иммануил Кант ба он диққат мекард, ки одам натанҳо зуҳуроти табиат (феномен), аст, балки ба қонунҳои вай итоат мекунад, ва соҳиби аклу шуур буда, қодир аст мустақилона ба қароре ояд ва интихоб кунад. Ва модом, ки ҳамин тавр аст, одам дар интихоб комилан озод ва барои он пурра ҷавобгар аст.
Философ экзистенсиалистии муосири франсуз Ҷан Пол Сартр исбот кардани мешавад, ки одам, сабабу вазъият чӣ гунае, ки набошад, дар интихоб озод аст.
Вобастагии силсилаи монеаҳо аз он мақсадҳое, ки одам дар назди худ мегузорад, дар ҳақиқат вобастагӣ дорад
«Озодӣ он нест», ки одам худро чунон тасаввур карда, аз қонунҳои табиат вобаста набошад, – навишта буд Ф.Энгелс, балки он аст, ки ин қонунҳоро донад ва дар асоси ин донишҳо барои мунтазам маҷбур кардани қонунҳои табиат, ки ба мақсадҳои муайян амал мекарда бошанд, имконият пайдо кунад. Ин ҳам ба қонунҳои табиати беруна ва хам ба қонунҳои ҳастии ҷисмонӣ ва маънавии худи инсон дахл дорад…»
Мафҳуми озодӣ гуногун аст. Дар ҳар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар он инсони бошуури сохибирода дар назди худ мақсади муайян гузошта, барои расидан ба ин мақсад кўшиш мекунад, озодии маънавӣ пайдо мекунад. Одам ба чизе, ки дучор наояд, ба офати табиат, ба иродаи одами хайр, ниҳоят, ба майлу ращбати худ, – дар ҳар ҳолат мазмуни мафҳуми озодӣ дигаргун мешавад, зеро роли одам ва вобастагихое, ки аз он роли фаъолияти инсон каму беш шуда метаовнад, тагйир меёбад.
Озодии маънавӣ ҳаргиз мавҷудияти кадом як соҳаҳои махсуси маҳдуди ҳаёти ҷамъияти набуда, балки дар дохили он озоди ба даст оварда мешавад. Озодии маънавӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои рафтори инсон ва муносибати тарафайни одамон зоҳир мегардад. Ҳам дар оила ва ҳам дар ҷои кор, дар вақти истироҳат ва дар протсесси истеҳсолот вазъияти маънавӣ руй дода, дар онҳо озодии маънавӣ маънии муайян пайдо мекунад.
Хусусиятҳои озодии маънавиро муайян карда, ҳудуди ахлоқ ва ҳудуди ҳуқуқро ҷудо накардан мумкин аст. Аввалин чиҳате, ки дар вақти муқоисаи ахлоқ ва ҳуқуқ ба назар мерасад, «минтақаи» умумии ба тартиб овардан аст. Дар аксар ҳолатҳо ҷазои ҳуқуқӣ бо ҷазои маънавӣ қаробат дорад; касе, ки ҷазои хуқуқӣ мегирад, маънан мазаммат карда мешавад. Аммо, агар сухан дар бораи хусусияти озодии маънавӣ равад, онҳо фарқ доранд ва ин онхо бащоят муҳиманд. Вайрон карда шудани қоидаҳои ахлоқро атрофиён дар ин ё он шакл мазаммат мекунанд. Муносибати одамон, афкори ҷамъиятӣ, ё кирдор ва тарзи рафторро махкум мекунанд, – ҳамаи ин дар шуури маънавии ҷамъият роли реалиро мебозад, ки озодии маънавии одам дар дохили он ҷойгир аст. Тартиботи ҳуқуқӣ бошад, тамоман дигар аст. Одаме, ки қонунро вайрон мекунад, мумкин аст ҷазо дода шуда, аз озодӣ маҳрум ва аз ҷамъият ҷудо карда шавад, ки товони зарари ба давлат ва ҷамъият расонидаашро бо меҳнати вазнину пурмашаққат диҳад. Маҳдудияти доираи ахлоқ нисбатан сабуктар бошад ҳам, таъсираш ба одам хеле калон аст.
Чунин ба назар мерасад, ки қонунҳои ахлоқ озодии маънавии шахсро маҳдуд мекарда бошад, доираи озодии маънавӣ ҳамон андоза маҳдуд мешавад. Философи асри ХIХ немис Макс Штирнер, ки ўро аксар «пайгамбари эгоизм» меномиданд, масъалаи озодиро маҳз ҳамин тавр ба миён гузошта буд. Вай китоби худ «одами яккаву ягона ва сарвати ў» – ро бо суханҳое сар карда буд, ки дар онҳо ҳамаи он корҳое, ки ҳар одам бояд иҷро кунад, бо нафрат номбар мекард.
Танҳо ба назари касе, ки рўяки мушоҳида мекунад, чунин менамояд, ки гуё даст кашидан аз ҳамаи қонунҳои маънавӣ ба одам озодии доимӣ мебахшад. Худсарии ҳама, ки аз чунин анархизм ба вуҷуд меояд, ҳар касро аз он озодии реалие, ки бо маҳдудияти маънавӣ муяссар мешавад, маҳрум мекунад. Чунки «озодшавӣ» танҳо баргаштан ба подаи ҳайвонот, подаи зоологӣ мебуд, ки дар байни онхо як ҳуқуқ – ҳуқуқи пурзўр ҳукмрон асту халос.
Қоидаю маҳдудият ва тавсияҳои ахлоқ, ки дар ҷамъият ба миён меоянд, воситаи ба амал баровардани зарурат, яъне шарти озодии маънавии реалии ҳар шахс мебошад.
Як гурўҳ аз тарси мазаммати одамон мувофиқи қоидаҳои ахлоқ рафтор мекунад, дигаре бо мақсади сазовор шудан ба ҳурмату эҳтироми атрофиён худро маҳдуд мекунад, сеюми бошад, ба ҳеч як омилҳои беруни умед набаста, ба риояи интизом вазифадор будани худро ботинан ҳис карда, мувофиқи ахлоқу одоб рафтор мекунад, ва, ниҳоят, одамоне ҳастанд, ки зарурати хушахлоқиро натанҳо мефаҳманду халос, балки аз хушахлоқии худ лаззат мебаранд.
Озодии маънавӣ ба андозаи он меафзояд, ки ахлоқ аз воситаҳои зоҳирии батартибандозӣ, ки аз ҷамъият бармеояд, ба воситаи батартибандозии ботинӣ табдил ёфта, воситаи худтартибшавӣ мегардад.
Агар унсурҳои зарурии батартибандозии ахлоқ мавҷуддияти маҳкумкунанда ё маъқулкунандаи афкори чамъиятӣ бошад, оё онро мукаммал ҳисоб кардан мумкин аст? Равшан аст, ки дар ин дараҷаи тараққиёти шахс ў танҳо зери назорат хушахлоқ буда метавонад. Вақте, ки одам худаш танҳост ва ягон шоҳид нест, ўро чӣ маҷбур мекунад, ки аз рўи ахлоқу одоб рафтор кунад? Барои касоне, ки барои на «аз рўи виҷдон», балки «аз тарс» риоя кардани қоидаҳои ахлоқ одат кардаанд, дари пўшидаи хонаашон ҳудудест, ки дар паси он ҳар кор мумкин ва равост, ин амалро Тартюфи Молер бо чунин суханон ифода кардааст:
Хушомад задан-пеши хар як гунох аст,
Гунохи нихонӣ – магар ин гунох аст?
Натичахои кофии ба тартиб андозии маънавии рафтори аъзоёни ҷамъиятро таъмин карда наметавонад. Бахудназораткунии ботинӣ табдил ёфтани батартибандозии зоҳирии маънавӣ шахсро дорои шуури маънавӣ мекунад. Дар ин сурат шахс барои мустакилона, яъне озодонатар, эчодкоронатар иштирок кардан дар ҳаёти маънавии ҷамъият қобилият пайдо мекунад.
Қоидаҳои ахлоқ ҳар қадар оқилона буда, маҷмўи таҷрибаи ахлоқии чандин наслро дар бар гиранд ҳам, оқилона ва пурмақсад будани онҳо бештар ба худи одамоне вобастааст, ки кору амал мекунанд.
Яке аз шартҳои инкишофи озодии маънавии одам қобилияти вай аст, ки пеш аз ба қароре омадан чӣ натиҷа бахшидани онро донад.
Одам ба ҳамаи он ҳолатҳое, ки дар ҳаёт рўй медиҳад, ҳар қадар бошуурона муносибат намояд, амали вай ҳамон дараҷа озод аст.
Ҳар кас кореро ба ҷо оварда, бо ҳамин як тариқи имконпазирии рафторро ба амал мебарорад. Худи мавҷудияти ин тариқҳо (имконияти хар хел рафтор кардан) ва донистани онҳо шарти муҳимест, ки ҳамаро водор месозад сабабҳои амалиёташ ва оқибатҳои онро андеша кунад. Аммо бо ин интихоби одам маҳдуд намешавад. Вай интихоб карда, ба таъсири пурзўри ҳам беруна ва ҳам дохили дучор мешавад, ки ҳар кадоми онҳо дар интихоби як қарори муайян роли омилро мебозад. Чунин таъсирро оила, хешу ақрабо, рафиқон, афкори ҷамъиятӣ ва ниҳоят шавқи худи кас расонида метавонад.
Ба ин муносибат масъалаи аҳамияи ирода дар озодии маънавии одам хеле муҳим аст. Бояд қайд кард, ки дар зимни ин сухан дар он хусус меравад, ки одам ба мақсади дилхоҳаш бо чи гуна кўшишу щайрат ноил мешавад. Дар доираи озодии маънавӣ ирода ҳамчун воситаи ба амал баровардани идеяҳо ва қарорҳое мебошад, ки маънии конеъ кардани талаботи шахсӣ ва ҳимояи манфиатҳои шахсиро надорад. Зиёда аз он, дар доираи ахлоқ иродае, ки ба бартараф кардани майлу хоҳиш ё манфиатдории шахсӣ қодир бошад, аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Хушахлоқӣ ҳамеша ба худпарастӣ зид аст ва бинобар ҳамин ҳам, ҳарчанд ба андозаи тараққии маънавии шахс дараҷаи иродаи барои ин кор зарур суст шавад ҳам ҳатман унсурҳои худбартарафкуниро дар бар мегирад. Дар баъзе вазъиятҳо зиддияти беруниро, ки аз одам қувваю щайрати зиёд талаб мекунад, бартараф кардан лозим аст.
Ба ақидаи бисёр психологҳо вобастагии муҳимтарин иродаро бо шуур алоқаманд мекунад. Дараҷаи иродаро мустаҳкам гирифтани одам аз он вобаста аст, ки вай дар назди худ чӣ мақсад гузоштааст, иҷрои он барои вай ва барои ҷамъият чӣ аҳамият дорад.
Ҷиҳати осонтарин дар тараққии ирода фаъолияти пурмақсад аст, ки он сифатҳои нави мусбати одамро мустаҳкаму қавӣ мекунад.
Одатан, дар бораи озодӣ сухан ронда, мо онро бо чунин мафҳумҳо, ба монанди бахту саодат, неъмат, ҳаёт баробар мешуморем. Танҳо як зумраи хурди мутафаккирон мефаҳманд, ки ин неъмати басо мушкил буда, худ аз худ фароҳам намеояд, балки ба он дар мубориза бо мушкилиҳо, маҳрумиятҳо, дар муборизаи худ бо худ муваффақ мешаванд.
Озод будан, мустақил будан маънои масъул буданро дорост. Ин алоқаи озодӣ ва масъулият аксар вақт ба он сабаб мешавад, ки одамон аз озоди дида тобеиятро алвотар медонанд. Фармонбардору таҳти васоят будан хеле тинҷтар аст.
Масъулияти маънавии одам ба чӣ асосс ёфтааст? Якчанд асосро номбар кардан мумкин аст, ки масъулияти маънавиро муайян мекунад. Пеш аз ҳама ҳар кас дар ҷамъият зиндагӣ мекунад ва ҳар он чӣ ўро ташаккул медиҳад, таъмин мекунад ва тараққи медиҳад, ҳамаи ин маҳсули фаъолияти ҷамъиятӣ буда, бо кўшишу щайрати одамон бисёр ба вуҷуд оварда мешавад.
Одам ба рафтори худ ҷавобгар аст, ки он ҳар қадар аз сабабҳои берунӣ, вобаста набошад ҳам, бе иродаю шуури вай ба амал намеояд.
Пайдо шудани моликияти хусусӣ, тақсимоти нобаробар боиси пайдоиши дузди гардид, вале ин тамоман он маъноро надорад, ки ҳар кас бояд аз рўи зарурат бо рафторҳои худ ин имконияти бавуҷудомадаро ба амал барорад.
Масъулияти одам боз як шарти муҳими дигар дорад, ки он донистани тавсияҳои мувофиқи маънавӣ ва имконияти пешаки фаҳмидани оқибатҳои кирдорҳои худ мебошад. Бинобар ин, синну солҳои муайяне муқаррар шудаанд, ки кўдаконро аз масъулияти маънавӣ ва ҳуқуқӣ озод мекунанд. Бо вуҷуди он, бояд қайд кард, ки давраи рафтори маънан масъулиятнок назар ба синну соле, ки ба одам ҷазои ҳуқуқӣ додан мумкин аст, хеле пештар фаро мерасад.
Дар таърихи афкори этикӣ борҳо мулоҳиза шудааст, ки дорои масъулияти маънавиро танҳо бо доираи ният маҳдуд кард. Ҳатто таклиф шуда буд, ки байни ахлоқ ва ҳуқуқ доираи масъулият махсус чудо карда шавад: ҳуқуқ одамро барои кирдори содиршуда, ахлоқ бошад, барои корҳои пеш аз содир шудани кирдори азмкардааш ҷазо медиҳад.
Дар ҳақиқат, одам танҳо ягон гуноҳ содир карда, ба ҷазои ҳуқуқӣ гирифтор мешавад. Аммо барои муқаррар кардани андозаи ҷазои суд бояд мазмуни мароми саббабҳои ҳақиқии кори содиршударо донад. Аз тарафи дигар масъуляти маънавиро танҳо ба азму ниятҳои одам муайян кардан мумкин нест.
Танҳо бо кадом азму ирода ба амал баровардани ниятҳо меъёрест, ки дар ҳақиқат ба кадом принсипҳои ахлоқ нисбат доштани одамро муайян мекунад.
Ба ин муносибат қайд кардан муҳим аст, ки одам на аз рўи амали худ, балки амал накарда ҳам хушахлоқ буда метавонад. Ҳолатхое мешаванд, ки вазъият одамро маҷбур мекунад коре кунад: сухани ҳалкунанда гўяд, ба касе ё ба коре ёри расонад, каси ноҳақ айбдоршударо тарафдорӣ кунад. Дар ин ҳолат, ҳар қадар хилофи ақли солим намояд ҳам, одам барои он коре, ки карданаш лозим буду накард, ҷавобгар аст.
Проблемаи масъулияти маънавиро ҳал намуда ду масъалаи гуногунро фарқ кардан муҳим аст: зарурати масъуляти маънавии шахсро муайян мекунад ва ҳақиқатан дорои чунин сифатҳои манавӣ будани шахсоне, ки ба асоси замони ҳозира ин ё он дараҷа нисбат доранд. Кори ба зиммаи одам гузошташуда ҳар қадар муҳим ва масъулиятнок набошад, ҳам он худ аз худ одамро аз сифатҳои маънавии масъулиятнок ки дар ин ҳолат зарур аст, дарак намедиҳад.
Алоқаи амиқу комили ду мафҳум, яъне озодӣ ва масъулиятро фаҳмидан чандон осон нест. Аксаран ҷавонон ин ду мафҳумҳои комилан гуногун тасаввур мекунанд: озодӣ ва соҳаи ҳуқуқ мансубият дорад ва бе озоди бахту саодат амри маҳол аст, онро ҳамчун яке аз вазифаҳои мушкил ва на ҳамеша гуворо мешуморанд.
Мубориза бо бемасъулиятӣ ва форищболӣ, аз як тараф бо худсарӣ ва волюнтаризм, аз тарафи дигар, вазифаи муҳими тарбия буда, аз бисёр ҷиҳат ба ҳалли дурусти назариявии он вобаста аст. Озодӣ дар асоси дарки зарурияти объективӣ мувофиқи дараҷаи дониш имконият ва қобилият худи одам асос ёфтааст. Озодӣ чӣ қадар зёед бошад, одамон имкониятҳои реалии худро ҳамон қадар хубтар дарк мекунанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.