Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


КАТЕГОРИЯҲОИ АСОСИИ ИЛМИ АХЛОҚ

Илми ахлоқ мақом ва хусусияти категорияҳоро дорад: мафҳум, фазилат, арзиш. Ва албатта ҳар яки онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Категорияҳои этика некӣ ва бадӣ маъмултарин мебошад. Мисол, некӣ дорои мафҳуми васеъ мебошад, ҳар як олиму шоирон оиди некӣ гуфторҳо ба қалам овардаандНақша:

Мафҳум – фазилати (сифат) арзиш.
Некӣ ва бадӣ категорияҳои асосӣ.
Адолат – эътидоли кулли амалҳо.
Мафҳуми шуҷоат, ватандўстӣ, башардўстӣ ва ҳикмату покӣ.
Виҷдон ва қарз – фазилатҳои нодиру омир.
Илми ахлоқ мақом ва хусусияти категорияҳоро дорад: мафҳум, фазилат, арзиш. Ва албатта ҳар яки онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Категорияҳои этика некӣ ва бадӣ маъмултарин мебошад. Мисол, некӣ дорои мафҳуми васеъ мебошад, ҳар як олиму шоирон оиди некӣ гуфторҳо ба қалам овардаанд. Яке аз олимони бузург Сино некиро чун зуҳуроти тараққиёт ба қалам овардааст. Некӣ дар ҷамъияти мо дар рафтори одамон муайян намудани раво ва хато хизмат мекунад. Ба мафҳуми некӣ инсон орзуву амал, талабу манфиатҳои умумитарини худро ифода мекунад. Ба воситаи идеали некӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва рафтори одамон баҳо медихад.
Некӣ – яке аз мафҳумҳои асосии ахлоқ ва умумии тафаккур мебошад. Некӣ бештар дар адабиётҳо бо бадӣ вомехурад. Чуноне ки шоир фармуудааст:
Некўи кун чун акнун медихад даст,
Бадӣ бигзор, агар чи қудратат ҳаст.
Ки некўи накўй оварад пеш,
Ва гар бад мекунӣ бад оядат пеш.
Некӣ ва бадӣ – категорияи асосӣ мебошанд. Категорияҳои шуури ахлоқӣ, ки шаклҳои мутакобилаи (мусбату манфии) рафтору амали одамон ва ҳодисаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад он мақсади илмӣ ахлоқро муайян месозад. Чунончи ба андешаи ў ахлоқ чун қисмҳои ҳикмати амалӣ, неку бадро тамиз дода, барои хушбахтии инсон ва дар хайрияти тому саодати хақиқи зистани ў рафтору кирдори ўро дар бар гирифта меомўзад. Категорияи бадӣ бошад, тасаввуроти умумие оиди бемаънавиёт ва разолат буда, чизҳое, ки бояд маҳкум ва рад кард, ифода мекунад. Бадӣ дар он ҷое ба вуҷуд меояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ носолим ва зиддиинсонӣ буда, қадру қиммати шахс поймол мегардад. Ба гуфт Ибни Сино «вазифаи ахлоқ омўзиши некию бадист» пас, некӣ чист ва чӣ мохият дорад? Шайхурраис ба ин савол дар «Донишнома» ва «Рисолаи ишқ» чунин ҷавоб додаст: ҳамаи чизҳо ба сўи камолот майл доранд. Ин майл ба камолот некист. Пас, некӣ қоими моҳият буда, майлу ращбат ба он воҷиб аст. Ин фикрро мутафаккир дар мисоли ҷабҳаҳои фаъолу мафъули ашёю ҳодисаҳо низ баён кардааст. Ба ақидаи ў, ҳодисаҳо ду ҷиҳат доранд: фаъол ва мафъул.
Фаъол – ҳастии воқеӣ ва мафъул – ҳастии имонии ҳодисаҳост. Сурат фаъол ва мода мафъул аст. Бинобар ин Сино гуфтааст, ки некӣ дар фаъол, яъне сурат набуда, балки дар модда аст. Аммо вай дар камолот, яъне ба сурат майл дорад ва ба ин васила аз имконият ба воқеият табдил меёбад. Ин мақсаду мазмуни ҳаёти тамоми чизҳо ба шумор меравад. Пас, некӣ азалӣ буда, чун имкон дар ашёю ҳодиасҳо мавҷуд мебошад. Бинобар ин, байни некию бадӣ тафовуте ба назар мерасад: некӣ ба мода ва бадӣ ба одам шабеҳ аст. Аз ин рў, некӣ не, балки бади сади роҳи ҳаракат мешавад. Ба гуфти Сино, некӣ он аст, ки чизҳо ба сўи он ҳаракат мекунанд, ин гуна чиз камолот аст.
Чуноне ки маълум аст, будан некӣ ва набудани камолот бадӣ аст. Вале агар бадӣ набошад, некӣ низ муҳол аст. Ё агар некӣ набошад, бадӣ низ номумкин аст. Пас, некӣ ва бадӣ, яъне будан ва набудан байни худ то андозае алоқаи зич доранд. Ибни Сино некию бадиро эътироф намуда, ба камолот майл ва таваҷҷуҳи ашёю ҳодисаҳоро низ қайд кардааст. Ба андешаи ў, ҳасти ду гуна аст: комил ва щайрикомил ё «тамомӣ» ва «нотамомӣ» комил он аст, ки табиатан бе айбу иллат буда, ба чизи дигар мўҳтоҷ нест. Вале щайрикомил ноҳис аст.
Ибни Сино вобаста ба некию бадӣ лаззату аламро низ тадқиқ кардааст. Ба қавли Сино лаззат идроқи некӣ буда, ба воситаи он инсон ин ё он талаботи худро конеъ мегардонад. Чунончи ў бо ёрии ширинӣ ва овоз эҳтиёҷи қувваҳои ҳиссӣ, монанди таъм ва мунавоиро қонеъ гардонида метавонад. Вале олам маърифати бадист.
Ба андешаи Ибни Сино, вақте ки инсон характери худро такмил медиҳад, кирдорҳои нек ҷиҳатҳои мусбати ўро мустаҳкам мекунад. Вале агар инсон дар интихоби бадию некӣ душвори кашад, характерашро вайрон мешавад. Характери дар аснои тарбия тамоили нодуруст пайдо кардаро дар натиҷаи таъсири рафторҳои нек ислоҳ намудан мумкин аст. Вале ба характери инсон таъсирбахши омилҳо ба макону замон ва дигар ҳолатҳо низ алоқаманд аст.
Ба фикри Ибни Сино, некию бадӣ характери нисбӣ доранд. Чунончи, каҳру щазаб худ ба худ ба ду олам аст. Вале агар барои душман щолиб омадан зарур шавад, нек аст. Ё инсон зоҳиран либосу хўрокро нек ва болаззат мешуморад. Илми ахолоқ як қатор фазилатхои худро дорад: адолат, муҳаббат, кқрз, садоқат, ватандустӣ ва щайра.
Адолат – (аз калимаи арабӣ– додраси, накукорӣ) яке аз категорияҳои этика ва ҳуқуқ, ки ба воқеияти конкретӣ мувофик омадан ё наомадани моҳият ва ҳуқуқи инсонро ифода менамояд. Ба воситаи адолат шаклҳои шуури чамъиятӣ – ҳуқуқ ва ахлоқ бо якдигар алоқаманд мегардад. Адолат бар хилофи некӣ ва бадқ, ки ба воситаи онҳо бо ин ё он ҳодиса баҳо дода мешавад, таносуби байни чандин ҳодисаро аз нуктаи назари дар байни одамон тақсим шудани хайру шарри мавҷуда шарҳ медиҳад. Файласуфони машшаия (Фороби, Абу али Ибни Сино, Насируддини Тусӣ), инчунин намояндагони фалсафа – Муҳаммади Щаззолӣ, Фахруддини Розӣ ва дигарон қайд кардаанд, ки аз се фазилат – ҳикмат, шуҷоат иффат бармеояд. Ҳар кадом аз фазилати мазкур ба кувваҳои гуногуни нафсии инсон – хирад, щазаб, шаҳват мансуб аст. Ба туфайли ахлоқ одам дар ҳама кор ҳадди эътидолашро риоя карда, ба ифрат роҳ намедихҳд. Аммо муттафаккирони форсу точик (Рудакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон) адолатро ба тарзи идораи давлат ва фаъоляити сардори мамлакат вобаста намуда, зуҳуроти онро дар щамхорӣ дар ҳаққи мардуми меҳнаткаш, риояи конун ва даст кашидан аз зулм медиданд. Баъзе мутафаккирони форсу тоочик (Фирдавсӣ , Ҷомӣ) бошанд, аз идеали шоҳи одилу хайрхоҳ то ба тарҳияи ҷамъиятӣ идеалие, ки дар он ҳама баробаранд, расидаанд. Вобаста ба тащир ёфтани шароити ҳаёти иҷтимоӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ ва ҳаёти маънавии ҷамъият адолат мазмуни нав мегирад.
Дар ощози ҷамъияти ибтидоӣ адолат дар риояи тартиботи ҷории сохти ҷамъиятӣ ифода мегардид. Сонитар мафҳуми адолат дар истифодаи неъматҳои модӣи баробар будани тамоми аъзоёни ҷамъиятро ифода мекардагӣ шуд. Аммо бо пайдо шудани моликияти хусусӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ адолатро аз баробарӣ фарқ карданд.
Акнун дар ҷамъият мавқеи баланд ишщол кардани одамонро мефаҳмонд. Ахлоқи феодалӣ қадри инсонро дар аслу насаб, ахлоқи бурҷуазии бошад, дар кобилияту саъйи щун кардани сарват медид. Дар ҷамъияти сотсиалистӣ қадри инсонро на баромади иҷтимоӣ ё моликият, балки фаъолияти босамараи ҷамъиятии ў муайян мекард. Чунин фаҳмиши адолат дар принсипи сотсиалистии тақсимот аз рўи меҳнат таҷассум ёфтааст. Доимо афзудани ҳуқуқу озодии граҷданҳои советӣ ба тараққиёт ва мустаҳкам шудани вазифаҳои ахлоқию ҳуқуқии онҳо зич вобастаанд, зеро сотсиализм зиёд шудани масъулияти граҷданҳоро дар назди давлат, ҷамъият, коллектив, оила ва щайра дар назар дорад. Мувофиқати пурраи адолат бо баробарии иҷтимои дар ҷамъияти коммунистӣ ба амал меояд, ки ин дараҷаи олии адолат аст. Баробарии комил боиси инкишофи харҷонибаи кобилияти одамон, бархам зурдани тафовути асосии характери мехнат, ба вукуъ пайвастани принӣипи коммунистии «аз хар кас мувофики кобилияташ, ба хар кас мувофики талаботаш» мешавад.
Мухаббат – (арабӣ – меҳр, дўстдорӣ) хисси дилбастагӣ, умумияти муносибати каробати байни одамон, ки ба манфиат ва раuбати тарафайн асос ёфтааст. Инчунин хиссиети ахлокию эстетики, майлу рагбати беадоза нисбат ба шахс, чамоаи инсони идея е амале.
Мухаббати хакики асоси мустахкамии никох ва мунсибатхои оилави, бакои насл ва сарчашмаи илхому кахрамонист:
Бе мухаббат нашавад кори кассе хеч тамом,
Гардам аз ишк, ки шуд пухтагари хоме ___.
Зафархон Чавхари
Садоқат – (арабӣ, дeстии самимӣ)
Яке аз он сифатҳоест, ки ахлоқ ва рафтори фардро муайян мекунад, вобастагии шахсро ба синф, партия ва чамъият ифода мекунад. Садокати шахс дар мухаббати ё ба халку Ватан зохир мешавад. Он бо дигар категорияхои ахлок дўсти, рости, самимия алоқаманд буда, зимни фаъолияти чамъиятии инсон амали мегардад. Садоқат ба гояхои баланди инсондўсти ва манфиатхои меҳнаткашони тамоми чахон яке аз мухимтарин талаботи ахлоки коммунистист.
Дар афкори ахлокии мутафаккирони асрхои миёнаи Шарк садокат хамчун хислати нек ва мухими инсони тараннум шудааст.
Садокатро яке аз унсурхои мухими адолат низ донистаанд.
Дар тасаввуф садокат вафову чафо ва гаму шодиро дар рохи ишки ирфони донистан аст. Он панч зина дорад:
– сафо – аз олами чисмони даст кашидан
– гайрат – барои расидан ба максади нихои
– зикри махбуб – восил шудан ба хак
Ватандўсти – ватанпарвари, садокат ба ватан, саъю кушиш ба нафъи вай хизмат кардан: «Ватанпарвари яке аз чукуртарин ҳиссиётест, ки дар натичаи садхо ва хазорон сол аз хам чудо зиндаги кардани мамлакатхо, сахт чойгир шудааст». (В.И.Ленин)
Нишонахои ватандўсти дар чамъияти ибтидои пайдо шудаанд. Бо мурури замион хисси дилбастаги ба забон ва замини худ бод арки вазифахои граҷдани дар назди чамъият пайваст гардид. Кушиши одамон барои инкишофи хаети иктисоди, ичтимои ва мадании худ, хифзи ватанашонро аз истилогарони хоричи нишонаи барчастаи ватандусти аст.
Ватандусти дар замони капитализм бо пайдоиши мехнат ва давлатхои мили ба кисми чудонашавандаи шуури чамъияти табдил меёбад. Ба андозаи инкишофи капитализм ва зоҳир гардидани хусусияти мусибатхои чамъияти бруҷуази дар байни пролетариат нисбат ба асосхои иктисоди ва сиёсии душманона ба вучуд меояд.
«Мо забони худ ва ватани худро дуст медорем, мо аз хама зиедтар дар болои он кор мекунем, ки оммахои мехнаткаши онро ба дарачаи хаети бошууронаи демократхо ва соӣиалистхо бардорем.»
Шакли олии ватандусти ватанпарвари мебошад. Ватандустии соӣиалисти ватандустии умумихалки аст. Вай ба шуурнокии баланди омма асос ефтааст. Хусусияти хоси ватандўстии сотсиалисти дар хами наст, ки вай ба мехнати харрузаи оммаи халк пайваст мегардад. Ифодаи равшани он мусобикаи сотсииалисти аст. Ватандустии соӣиалист ибо интернаӣионализми пролетарии узван алокаманд аст.
«Коргароон ватан надоранд. Чизеро, ки онхо надоранд, аз онхо кашида гирифтан мумкин нест.» (Маркс ва Энгелҳс).
Категорияхои карз ва вичдон низ дар шуури ахлоки роли мухим мебозанд. Масалан, вичдон он аст, ки шахс ба хислату рафторхои худ ботинан бахо дода, хешро ба талаботу ахлоки чоемеа вазифаи чамъиятии идеали маънави муқоиса карда, рафторашро мураттаб месозад
Карз – фазилати карз аз муносибатхои иктисоди, сиёси, мафкурави, оилави, маиши ва аз талаботи худи инсон ба вучуд меояд. Шахс барои таракки кардани чамъият бояд карзу вазифаашро ба чо ора. Ин амал на мачбури, балки истисмори сурат мегирад. Зарур аст, ки шахс карзашро аклан ва калбан эхсос кунад ва онро аз рўи талаботи ботини амали гардонад. Карзи чамъиятие, ки ба майли ботини табдил ефт, карзи маъхнави мегуянд. Карзи маънави дар вусъати фахмишу дарки вазифахои чамъияти дар матонату диловари субботкори дар рохи ба даст овардани максади олии хайру неки зохир мегардад.
Вичдон – (араби, дарефтан, донистан). Яке аз кашфиетхои асосии этика дарки масъулияти маънавии шахс дар назди дигарон ва чамъият. Карз ва вичдончун мухимтарин ахлоки психологии шахс барои мухофизат ва шарафи хар як шах схизма мекунанд.
Иффат – (араби, пархезгари, порсои, поки). Сифати ахлоки маънои пархез кардан аз шахватро дорад.
Ҳикмат – (арабӣ, хирад, дониш). Дар фалсафаи Шарқ илмеро гўянд, ки дар бораи ҳақиқати ашё баҳс мекунад.
Аз дида баромадани мавзўи мазкур ба чунин хулоса омадем, ки ҳамаи категорияҳои этикӣ дар хаёти мо дучор мешаванд. ва ҳамаи онхо дар ҳаёти мо роли муҳимро мебозанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.