Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


АҲЛОҚ ВА ОИЛА

Никоҳ ва оила яке аз муҳимтарин ҷабҳаҳову тарафҳои аҳлоқ мебошад, ки он муносибатҳои зану шавҳари ва хешу табориро дар бар мегирад. Мақоми никоҳ ва оила дар ҳаёти ҷамъият шаклҳои таърихии онҳо, бо шароити иқтисодии ҷамъият, сохтори муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи тамадуни ҷамъиятӣ ва боз бо маданият муайян карда мешуд.Нақша:

Мақоми оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳаёти инсонӣ.
Аҳлоқ ва оила.
Муҳаббат ҳамчун ҳиссиёти зебои аҳлоқӣ.
Бунёди маънавиву аҳлоқӣ.
Мақоми оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва инсон
Никоҳ ва оила яке аз муҳимтарин ҷабҳаҳову тарафҳои аҳлоқ мебошад, ки он муносибатҳои зану шавҳари ва хешу табориро дар бар мегирад.
Мақоми никоҳ ва оила дар ҳаёти ҷамъият шаклҳои таърихии онҳо, бо шароити иқтисодии ҷамъият, сохтори муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи тамадуни ҷамъиятӣ ва боз бо маданият муайян карда мешуд.
Пайдоиши оила зуҳуроти таърихиву табиист. Таърихи инсоният ду шакли оиларо медонад: полигамӣ (гуруҳӣ) ва моногамӣ (якканикоҳӣ).

Моногамия шакли баландтарини оиладорист. Пайдоиши моликияти хусусӣ, синфҳои муносибатҳои синфӣ боиси ташаккули оилаҳои моногамӣ гардидиааст. Масъалаи ғун намудани сарват омили асосии устуворгардии оилаҳои моногамӣ буд.
Пас аз ғалабаи инқилоби октябр, вақте шароити нави таърихи-сотсиализм пайдо мешавад, асосҳои иқтисодӣ, аҳлоқию ҳуқуқӣ ва муносибати аъзоёни оила ба тартиб дароварда мешаванд ва табиати оила ба кулли тағйир дода мешавад. Акнун манбаи асосии фаъолияти оиларо даромади меҳнатии аъзоёни он ташкил медиҳад. Сарватҳои меҳнатии оила мувофиқи талаботи аъзоёни он тақсим мешавад. Дар айни ҳол аз он барои аъзоёни қобили меҳнат набудаи оила ҳисса ҷудо карда мешавад. Аз тарафи ҷамъият ба зимма гирифтани парастории ҳаматарафаи кўдакон, пиронсолон ва маъюбон кору тафтиши оиларо сабук мегардонад. Мустақилияти иқтисодии аъзоёни оила баробарии комилии байни зану шавҳар, ҷавонон ва пирон, падару модарон ва фарзандон оварда мерасонад. Фароҳам овардани чунин шароит ба маҳви ҳуруфотҳои оилавӣ мусоидат мекунад. Аъзоёни оилаҳои мустақил дар кўшиши онанд, ки мушкилотҳои ҳаррўзинаи ҳудро бе мудохилаи касони бегона якҷоя ҳал намоянд.
Мавҷудияти фарқияти иҷтимоӣ инчунин гуногунии дараҷаи маданиятнокӣ ва маънавии аъзоёни ҷамъият боиси нобарории тарбияи насли наврас дар оилаҳо мегардад.
Дар замони ҳозира муносибатҳои оилавию никоҳиро давлат танзим мекунад. Оила дар паноҳи давлат аст. Давлат дар ҳаққи оиларо бо роҳи барпо намудан ва зиёд кардани муассисаҳо, ташкилотҳои бачагона ва такмил додани хизмати маишӣ, ёрдампулию мададрасонӣ ғамхорӣ мекунад. Ҳаёти ҷамъият ва оила ба ҳам хеле вобастаанд. Бинобар он, сохтмони ҷамъияти мутараққӣ аз дигаргунсозии оила, яъне мустаҳкам гардонидани он аз ҳар ҷиҳат сар мешавад, зеро оила ячейкаи ҷамъият мебошад.
Ахлоқ ва оила чизҳои ба ҳам зич алоқаманданд. Оила нафақат хушбахтӣ ё бадбахтии шахсӣ аст. Оиладори вазифаи ҷамъиятии инсон аст, зеро оила аввалин ячейкаи ҷамъият аст. Корҳои дигари оянда аз он вобастаанд. Дар он насли оянда камолу тарбия меёбад ва чун одам дар интиҳоби дилдодаи ҳуд дар изҳори эҳсоси ҳуд соҳибихтиер аст, пас вазифадор аст, ки риштаи ҳаёти ҳудро бо каси дигар бошуурона пайваста, ҳамчунин бошуурона ба вазифаи соҳиби оила – ҳамсар, падар, модар – ба вазифаи граҷданӣ муносибат кунад. Ҳеҷ касро ба никоҳ шудан маҷбур намекунанд. Аммо ҳар кас, ки никоҳ шуд, бояд ба итоати қонуни никоҳ маҷбур карда шавад. Асосҳои маънавии оила аз чӣ борат аст? Барои оила барпо кардан муҳаббатро пойдор кардан ва то охир поймол накарда, идома додан чӣ бояд кард? Оила барпо кардан яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёт аст ва бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти инсон ба ҳалли ҳамин масъала вобаста аст. Ҷавони танҳо оғози муҳаббат аст, чунон ки субҳ оғози рўз аст. Аксар вақт оғози муҳаббат осон нест, аммо онро давом додан, ҳисси пайдошударо пос дошта, дар давоми ҳаёти оилавӣ ва мушкилиҳои он эҳтиёт кардан боз ҳам мушкилтар аст. Одатан ҳамаи мушкилиҳою душвориҳои пас аз барпо шудани оила сар мезанад. Зарур аст, ки ҷавонон пеш аз ақди никоҳ бояд чунин ҷиҳатро ҳуб мулоҳиза кунанд. Муҳаббат танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад. Муҳаббат маҷбур мекунад, ки одамон якдигарро беҳтару алвотар донанд. Ин хуб ва ҳам бад аст. Хуб аст, агар ин ба беҳтар шудани одам сабаб гардад. Бад аст, агар симои тасаввуршуда ба шахси ҳақиқӣ мувофиқ наояд, зеро ин боиси дилхунукӣ мешавад. Дахолати дигарон аксаран муҳаббатро барбод медиҳад. Мустаҳкам кардани мустақилияти иқтисодӣ ва баробарҳуқуқии иҷтимоии занон барои барпо кардани оилаи хушбахт торафт бештару беҳтар шарту шароит муҳайё кард. Ҳамаи ин дар муносибатҳои никоҳи оилавӣ «таносуби» аз як тараф носозиҳои психологӣ аз тарафи дигар мунокишаю моҷарои психологиро меафзояд. Чунин озору ранҷишҳое, ки дар оилаҳои замони пеш ба эътибор гирифта намешуданд, моҷарову ихтилофҳое, ки хеле осон ҳал карда мешуданд, дар оилаи муосир яке аз масъалаҳои асоси шудаанд ва ба ягонагии оила як зайл таҳдид мекунанд. Ва одам ҳар қадар нозуктабъ ва эҳсоси вай ҳар қадар таъсирнопазир шавад, ин моҷарою ихтилофҳои психологӣ барои пойдорию тифоқии оила ҳамон қадар хавфи калон дорад.
Беҳбудию осудагии оила ва тарбияи дурусти фарзанд аз муҳити оила ва аз он вобаста аст, ки падару модар ба ҳамдигар, ба падару модарони ҳуд чӣ гуна муносибат доранд ва ҳоказо.
Тарбия карда ба воя расонидани фарзанд вазифаи падару модарон дар назди ватан, дар назди ҳалқ мебошад ва бахту саодати шахсӣ, ки албатта ҳар як ҷавон ва духтар барои он кўшиш мекунад, шарти иҷрои беҳтарини ин вазифа мебошад, ки он вазифа дар назди ҳуд, дар назди ояндаи худ аст.
Ҳамаи ин гуфтаҳо имкон медиҳанд тасдиқ кунем, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсос лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои бахту саодати одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан муҳим аст.
Вазифаи оила, педагогҳо, воситаҳои ахбори умум аз он иборат аст, ки дар руҳи хислатҳои олии маънави поквиҷдонии некукорӣ, ғамхорию зиндадилӣ, ҳисси вазифашиносию масъулият тарбия кардани ҷавононро ривоҷ диҳанд. Ҷавонон ба никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд: дар ин масъала дониши махсусро аз бар кунанд, зеро онҳо минбаъд бо кори ниҳоят мушкилу масъулиятнок – бо тарбияи насли наврас машғул мешаванд. Ғайр аз ин ҷавонон пешаки бояд донанд ва ба он омодаю тайёр бошанд, ки ақди никоҳ танҳо шодмонии муҳаббати зану шўӣ ва фарзанддорӣ нест, балки он мушкилиҳои ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тараддудҳо ҳам дорад, то ин ки мавриди дучор шудан бо душвориҳо худро ночору ногувор ҳис накунанд. Албатта, дар заминаи фарқияти завқу одат ва ақидаҳо ба ин ё он андоза баҳсу муноқиша ногузир аст. Бинобар ҳамин ҳам мо таъкид мекунем, ки камолоти эҳсосӣ ва маданӣ хеле муҳим аст. Зеро он мадад мерасонад, ки кас ҳамдигарро фаҳмад, пуртоқат бошад, агар тавофут ҷиддӣ набошад, гузашт кунад ё баръакс дар собит кардани масъалаи асоси ниҳоят ҳалимона рафтор кунад. Чунин рафтор хеле муҳим аст. Дар акси ҳол ҳар ҳел, ҳатто ночизтарин ихтилоф метавонад ба ҷангҷол ва ихтилофи доими табдил ёбад ва оқибат байни зану шавҳар ба ҷои муҳаббат ва интизории саодат ба ҳар баҳонаи саҳлу беҳуда хашму ғазаб кардан одат шуда мемонад ва онҳо аз ҳамдигар дилхунук мешаванд. Набояд фаромўш кард, ки ҳатто муҳаббати бепоёнро ҳам эҳтиёт кардан, ташкил карда тавонистан зарур аст.

Зиндагӣ, эй зиндадил, дони кӣ чист,
Ишқи якбин дар тамошои дуист.
Марду зан вобастаи якдигаранд,
Коиноти шавқро муратгаранд.
Зан нигаҳдорандаи кори ҳаёт,
Фитрати ё лавҳи асрори ҳаёт.
Арзи мо аз арҷмандиҳои ё
Мо ҳама аз нақшбандиҳои ё.
Муҳаммад Иқбол
Зиндагии шоиста ва лоиқи инсон иборат аз гузаронидани умри инсон дар ороми осудагӣ, сулҳу амониӣ, роҳату фароғат аст. Умри инсон ҳаргиз дар ҷое беҳаракат намонда, балки доимо дар ҳаракат аст. Ниҳоят ҳазор афсўс ба оҳир мерасад. Мутаассифона, умри гузаштаро ба воситаи ба сарф расонидани тамоми молу мулки дунё ва дороии он пас гардонидан ғайриимкон аст. Пас, лозим аст, ки ин умри ҳело каму кутоҳи инсон ба қадри имкон дар ҳуши, оромӣ ва осудагӣ гузаронида шавад.
Бахусус, инсони боақлу заковат дар кўшиши он аст, ки умри ҳудро дар оилаи мустаҳкам хушбахтона гузаронад.
Оила санги баноӣ ҳар ҷомеаи бузурги инсонист ва дар истеҳкоми равобити иҷтимоӣ ва рушду камоли яке аз аъзоҳои ҷомеа нақши бунёдӣ дорад. Талош дар ҷиҳати устуворсозии равобити ҳонаводагӣ барои саломати ахлоқӣ ва саодати умумии фароҳам меоварад.
Аз ин лиҳоз, дар роҳи гузаронидани зиндагии шоиста ва лоиқ ба қадри имкон саъю кўшиш бояд кард. Иҷрои ин вазифа ва қарзи муқаддас дар навбати аввал ба ўҳдаи зан аст. Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат, самимият ва дўсти зиндагӣ кардан зан мақоми хоса дорад.
Таҷрибаҳои зиндагӣ борҳо нишон доданд, ки одоб, хушаҳлоқӣ ва хушфеълии зан аксар вақт ба шавҳар таъсири мусбат мерасонад ва ў бо мурури замон дорои ҳамингуна ҳислатҳо ва сифатҳои хуб мегардад.
Агар дар оила дар байни зану шавҳар рафоқат, самимият ва ҳурмати якдигарӣ вуҷуд надошта бошад, он гоҳ пеши ҳар дуи онҳо ҳасрату надомат, мушкилоти зиёд ва машаққат пеш меояд. Дар натиҷа дар хонавода лаззати зиндагӣ, роҳату фароғат, ором ва муҳаббат аз байн рафта, дар оила душмани, адоват, бадбинии яке ба дигаре ба вуҷуд меояд мутаассифона оромӣ, роҳату фароғати фарзандон низ аз байн меравад. Дар охир, корҳои ноҷуя ва нохуш ба миён ҳоҳад омад.
Вайроншавии оила пеш аз ҳама дар ахлоқи фарзандон инъикос меёбад, зеро онҳо зери тарбияи дутарафа мегарданд. Ин ҳодиса бошад, дар ҳаёти ояндаи онҳо нақши бадро мебозад. Бештар, чунин ҳодисаҳоро дар оилаҳое пай бурдан мумкин аст, ки яке аз волидон, ё ҳар дуи онҳо, майпарарст, дузд, авбош бошанд.
Оила кори хеле муҳим, хеле масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила, хусусан дар ҳаети ҷамъият, пеш аз ҳама масъалаи бузургест, ки аҳамияти давлати дорад.
А.С.Макаренко
Бидуни меҳнати бомаънӣ, бидуни меҳнати ҷиддӣ, хушбахтии оилавӣ аз хаёлоти ишқбозӣ дида чизи дигаре нест.
К.Д.Ушинский
Ҳеҷ кас ба никоҳ маҷбур кунонида намешавад, аммо ҳар кас, модом ки никоҳ шуд, ба қонунҳои никоҳ бояд маҷбуран итоат кунонида шавад.
Карл Маркс
Fамхорӣ дар бораи оила, ки дар он манфиатҳои ҷамъияти ва шахсии граҷданинҳо пайваст мешавад, яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошад.

Он касе, ки барои боигарӣ хонадор мешавад, озодии худро мефурўшад.
Герберт
Баъзе одамон ба худ зани нодонро бо мақсади аз болои онҳо сарвари кардан интихоб мекунанд, вале доимо хатогӣ мекунанд.
Самуэл Дҷонсон
Никоҳ бисёр ғамгинӣ меорад, вале беникоҳӣ ягон хурсандӣ намеоварад.
Самуэл Дҷонсон
Оила организми иҷтимоӣ аст. Дар он шахс давом додани насли хеш, ба воя расонидани одам ва тарбияи онро амалӣ мегардонад. Оила аз олами мураккаби хислатҳои инсонӣ, такдирҳо, муносибати байниҳамдигарии аъзоёни он иборат аст.
Никоҳ асоси ҳуқуқии оила буда, дар байни аъзоени як оила масъуилият ва маҷбуриятҳои оилавӣ ва ҷамъиятро муайян менамояд.
Функсияҳои оила:

Давом додани одамият
Тарбияи насли наврас
Дар бораи ахлоқи оиладорӣ ниёгонамон дар осори хеш чунин зикр намудааннд, аз ҷумла: Насриддини Тусӣ дар осораш «Ахлоқи Носирӣ» оиди пайдоиши оила ва муносибати занушавҳари сухан гуфта, сабаби пайдоиши оиларо дар зарурияти таъмини маош, муҳофизаткунии молу мулк ва бардавомии насли башар ҷустааст. Пос доштани хотири куҳансолон, .падару модар, таъмини хушҳолии зан ва адолату шавқат нисбат ба ў ҷиҳатҳои пешқадами таълимоти муаллифро нишон медиҳад.
Агар наврасонро пешакӣ бо асосҳои муносибатҳои зичтарини дилбастагӣ, дустӣ, оилавӣ шинос кунем, умед бастан мумкин аст, ки ин дараҷаи низоънокиро камтар карда, имконияти якдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро осонтар намоем. Албатта, ягон олими хирадмандтарин оид ба бахт дастури амиқе дода наметавонад, ки ба ҳамаю ҳар кас мувофиқ ояд. Бесабаб нест, ки мегуянд: ишқу муҳаббат, оила ва виҷдон, офаридани худ – намуди махсуси эҷодкорист. Маҳз оила албатта агар ба ин таҷриба бошуурона ва бомасъулият рафтор карда шавад, таҷрибаи универсалии муносибатҳои инсонӣ медиҳад. Барои хушбахтии худ ва ба кадри имкон хушбахт гардонидани наздикон, хешу ақрабо, агар васеъ гирем, барои хушбахт кардани ҳамаи онҳое, ки дар ҳаёт мо бо онҳо хоҳ нохоҳ кордор мешавем, чӣ бояд кард. Вале пеш аз ин, равшан кардан лозим аст, ки мо таҳти калимаи «бахт» чиро мефаҳмем.
Бахт – ин дар натиҷаи ҳаракати инсонӣ ба даст овардани талаботҳои маънавӣ, иҷтимоӣ ва ноил гаштан ба мақсади шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Бахт – зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан.
Бахт – ин барои дунё ҷавоб додан.
Бахт – ин бовари ба ояндаи неки одамон.
Бахт – ин ба пуррагӣ баҳо додан ба ҳаёту фаъолияти хеш мебошад.
Дар луғати фалсафавӣ таърифи оила мухтасар баён ёфтааст: оила ячейка, гуруҳи хурди иҷтимоии ҷамъиятӣ аст, ки ба иттифоқи занушавҳари ва алоқаи хешовандӣ, яъне ба муносибатҳои бисёрсоҳаи байни занушавҳарӣ, волидону фарзандон, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандони якҷоя истиқоматкунандаи дорои хоҷагии умумӣ асос меёбад. Дар ин таърифи оила, муносибати аъзоёни оила ба навбати аввал, хоҷагидорӣ ба навбати дуюм гузошта шудааст, гарчанд онҳо бо ҳам зич алоқаманданд.
Агар фикри баъзе ҷавонони ба никоҳ дарояндаро фаҳмиданӣ бошем, аксар вақт маълум мешавад, ки онҳо ба ақди никоҳ равон шуда, ба фардои худ назар наафқандаанд. Онҳо мақсадҳои гуногун доранд, воситаи ба даст овардани ин мақсадҳо ҳамсарӣ аст.
Яке аз вазифаҳои оила мисли вазифаи шахсӣ алоҳида мебошад: муайян кардани фикри беҳтарини ҳар як аъзои оила ва худи кас, ривоҷ додану боманфиат гузаштани он. Такрори тамоми моҳияти ҳаёт ва беҳтар намудани он мақсади умумӣ ва имтиҳони ҳаётӣ якҷояи зану шавҳар мебошад. Ва табиист, ки пурра ба амал баровардани он танҳо дар сурати мавҷудияти фарзандон имконпазир аст.
Никоҳ зинаи аввалини барпо намудани оила аст. Ин муносибат байни ду нафар мебошад, ки ба якдигар нигаронида шудааст. Муносибати оилавии зану мард танҳо баробари ба дунё омадани фарзанд ҳақиқӣ мегардад. Зану мард танҳо дар ҷараёни ҳаёту меҳнат ва ғамхории якҷояи дарозмуддат ба такрори пурраю ҳамаҷонибаи худ, моҳияти ботинии худ дар фарзанд умед баста метавонад. Қадру қимати асосии оила ҳамҷунин щахси алоҳида, бартараф кардани монеаҳои берунӣ ва дохилии бо ҳам пайвастани майлу хоҳиши ҳамаи аъзоенаш, имконияту вазифаҳои онҳо мебошад.
Рўзҳои озмоишии вазнинтаре низ ҳаст, ки ба сари зану шавҳари ҷавон меафтанд ва онҳоро ба ҳаёти номуташаккил норасоии пул, ноўҳдабароии ҳоҷагидорӣ муқоиса кардан мумкин нест. Афсўс, ба имтиҳон бисёр ҷуфтҳои ҷавон тоб оварда наметавонанд.
Аксар вақт муносибатҳои байни зану шавҳарро, ки ба ҳам чандон дўст набуда, тез-тез ҷанҷол мекунанду, вале аз якдигар ҷудо зиндагӣ карда наметавонанд, ҳамин эҳсоси шарҳнопазир ва ҳатто нофаҳмо пинҳон медорад.
Пеш аз ҳама барои худ аниқ кардан лозим аст, ки моҳҳои аввалини ҳаёти ширини занушавҳарӣ, ки ҳануз тамкин, шармгинии табии вуҷуд дорад, вақти беҳтарини ҳосил кардани «рефлексҳои муносибатҳои оилавӣ» мебошанд. Зану шавҳар ҷуфтест, ки бори гарони зиндагиро мекашад. Як вақтҳо дар бораи зарурати баргаштан ба тақсимоти анъанавии нақшҳо дар оила сухан мерафт: шавҳар саробон, нонеб, ҳимоятгари аҳли оила, зан – соҳибҳона, тарбиятгари насл мегуфтанд.. Ба назари баъзе одамон ҷавонӣ аз вазъияти ҳақиқии замони гузашта бехабар чунин менамуд, ки ақибравӣ ҳамаи масъалаҳои муносибатҳои ҷангҷолии байни зану шавҳарони ҳозираро ҳал менамояд.
Мо барои он зода мешавем ва зиндагӣ мекунем, ки авлоди худро ақаллан каме такмил диҳем ва ба идеали инсон камтар наздик кунем.
Дар зиндагӣ бо боварӣ умр ба сар бурдани зану шавҳар омили асосиест, зеро боварӣ ва эътимод решаи вафо буда, наҳли бовафоӣ аз ҳамин реша об мегирад, сабзу пурбор мешавадд, ба камол мерасад. Нобоварӣ ва беэътимоди меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад.

Ба ақидаи Ибни Сино, вақте ки инсон хонаю манзил сохта, барои рўзгор молро захира кард, ба каси харҷкунандаи он низ мўҳтоҷ мегардад. Ин кас зану фарзанд аст. Ибни Сино дар рисолаи «Тадбири манзил» никоҳу оиларо тадкиқ намуда, мақому мартабаи онҳо, алахусус, занро дар ҳаёти ҷамъиятӣ собит кардааст. Ба қавли ў, зан шарики шоиста ва некўи мард буда, дар ташаккули оила тарбияи фарзандон саҳми арзанда мегузорад.
Сино ба зан ҳафтдаҳ сифатро нисбат додаст, ки дар байни онҳо ҷои аз ҳама асосиро диндори не, балки хирадмандии занон ишғол мекунад. Шайхурраис занро аз беҳтарин офаридаҳои Худо дониста, таълим додааст, ки агар зан оқил бошад, оғозу анҷоми корашро тааммул мекунад ва ба корҳои шавҳараш ёрии амалӣ мерасонад. Ба андешаи Сино зан бо ҳусну латофат ва ақлу фаросати худ сазовори таҳсину тақдири мард аст. Вай натанҳо зебоиҳои дунёро таҷассум кардааст, балки манбаи беинтиҳои зебоӣ низ шуморидааст. Ибни Сино занро рафиқи мард дониста, ба ҷуз хирадмандӣ боз чанд хислати дигарро ба ў нисбат додаст, ки дар байни онҳо бошармӣ, фурутанӣ, садоқат, таваллуд карда тавонистан ва ғайраҳо ҳаст. Ба ақидаи Ибни Сино зани ҳақиқӣ шавҳари худро дўст медорад ва ҳамеша дар хусуси муҳаббати ў фикр мекунад. Мутафаккир занҳои бешарму ҳаёро танқид намуда, собит кардааст, ки зани беишқу вафо эътибори оиларо ба нестӣ бурда, аз боварӣ ва муҳаббати шавҳар маҳрум мегардад. Ибни Сино муносибати марду занро таҳқиқ карда, дар бораи ишқ низ сухан ронда, таъкид кардааст, ки ишқи инсонӣ беҳтарин ва асоситарин ишқи олами моддӣ буда, нисбат ба он эҳтиром варзидани ҳар як инсон комилан шарт ва зарур мебошад. Ба гуфти ў, ошиқон бояд якдигарро ҳурмат карда, ягонаги ва муттаҳидии худро вайрон накунанд. Ў инчунин қайд кардааст, ки асоси ишқро садоқат ташкил медиҳад. Ҳар қадар одамон содиқ бошанд, ҳамон қадар хушбахт хоҳанд шуд, вале агар ба ҷои садоқат хиёнату бевафои ҳукмрон гардад, ишқ пойдор намемонад. Агар ишқ барҳам хурад, зиндагии инсон фасоду қасод мешавад. Зеро мувофиқи таълимоти Ибни Сино асоси мавҷудияти инсон ишқ аст. Вале дар ҳаёт баъзан хиёнату бевафоӣ низ ба амал меоянд, ки ба кашмакашу бадбахтиҳои зиёд боис мешавад.
Ба ақидаи Сино мард пеш аз ҳама раиси оила ва хонавода аст. Аз ин ваҷҳ ў ба воситаи ахлоқи худ ба оила таъсир мерасонад. Ибни Сино мақому мартабаи мардро дар ташаккули оила таҳлил намуда, вазифаҳои ўро аниқ намудааст, ки дар сурати ба амал тадбиқ шуданашон обрўю эътибори ў дар ҷамъияту оила баланд хоҳад гашт. Ин вазифаҳо аз инҳо иборатанд:

Мард бояд зани худро ҳурмат кунад ва озод дорад, зеро агар зан озод бошад, муносибати шавҳарашро мефаҳмад ва ҳурмату эҳтиромаш афзун мегардад, ҳамчунин агар зан озод бошад, шарофаташ баланд мешавад. Баландии шарофати зан натиҷаи тақримӣ мард аст.
Мард бояд занашро дар вазъияти муътадил нигаҳ дорад. Чунки агар инсон, аз ҷумла зан ба ҳаёти муътадил одат кунад, ба азобу уқубати зиндагӣ тобовар мешавад. Ба андешаи Сино ҳаёти муътадил ба хислату рафтору кирдори инсон таъсир мерасонад. Чунончи каси мўътадил осудаҳол ва тандуруст аст, вале каси азобдида хароб ва мушавваш мебошад. Хароби ҷисми инсонро маҷруҳ карда, ҳусну малоҳати ўро барҳам мезанад. Ҳамчунин зиндагии боҳашамат зарар дорад. Он инсон, аз ҷумла занро аз доираи инсонӣ бароварда, булҳавасу фосиқ мекунад.
Мард бояд зани худро ба меҳнат машғул намуда, ин ё он ҳунарро омўзонад, ё барои ин шароитро мусоид созад. Ба фикри Ибни Сино меҳнат ду оқибат дорад: 1. Занро аз беҳудагӣ ва беҳуданишини озод карда, ба меҳнати ҷамъиятӣ ҷалб мекунад; 2. Узвҳои занро обутоб ва мустаҳкам мекунад. Ба гуфти Ибни Сино, вақте, ки зан меҳнат мекунад, қадри меҳнат ва зиндагиро низ мефаҳмад. Ин гуна зан аз рафтори қабеҳ низ дур мебошад. Сино занҳоро ба меҳнат даъват кардааст: зане, ки кор намекунад, паҷмурда, афсурдаҳол, дилтанг, тираақл ва торикфикр аст.
Ба ақидаи Сино аҳлоқи занон меъёр дорад, ки он ба иззату ҳурмати мардон низ вобастааст. Агар мард занашро ҳурмат кунад, у ҳам шавҳарашро эҳтиром мекунад. Аз ҳамин ваҷҳ, зан дар шароитҳои зерин мардро ҳурмат ҳоҳад кард:

Агар мард нисбат ба ў ҳурмати кавӣ дошта бошад.
Мурувват нисбат ба зан доштаи худро ҳифз кунад
Дар ваъдаи худ устувор бошад ва онро ба ҷо орад.
Ибни Сино эҳтироми зану шавҳарро ба эҳтироми якдигарии онҳо низ марбут донистааст. Ба фикри ў, зиракӣ, вазнинӣ ва фурутанӣ аз ҳислатҳои некуӣ занон аст. Зан бояд кору кирдори худро хуб андешад, андаки шавҳарашро ба воситаи сарфаҷуӣ зиёд кунад, ҷангу губори ҳузнро аз дили шавҳараш ба воситаи ахлоқи неку забони ширин пок кунад ва ҳукми шавҳарашро бо лутфи мадорон тасалло диҳад.
Агар зан беақл, сабукпо ва бемуҳаббат бошад, ба шавҳар хиёнат мекунад. Он гоҳ дар оила ба ҷои муҳаббати пок, нангу расвоӣ, хорӣ ва бадбахтӣ ҳоким мегардад. Ибни Сино аз ин рў натанҳо аз зан, балки аз мард ҳам ишқу вафо талаб намуда, таъкид кардааст, ки ба мустаҳкамии оила зану шавҳар ҷавобгаранд.
Агар ду ёрӣ мувофиқ ду дил яке созанд,
Фалак ба як тани танҳо чӣ метавон кард?
Муттаассифона, арўсони имрўза дар кушиши онанд, ки алоҳида аз хушдоман ва аҳли оилаи домод зиндагӣ кунанд. Онҳо аз иззату хизмат кардан ба оилаи нави худ саркашӣ мекунанд, ки ин низ боиси дилхунукии хешу табори домод мешавад. Зани шавҳарашро самимона дўст медошта албатта хешу акрабои шавҳарашро эҳтиром намуда, ҳамеша барои хушҳолию хурсандии онҳо хизмати худро дареғ намедорад. Таассуби бемаънӣ, бемавқеъ ва бемарвиди зан бар сари ҳарду (зану шавҳар) санги қулфат ва ташвиш мезанад ва боиси дар хонадон барангехта шудани шуру ғавғо мегардад. Ҳануз баъзе занҳо ҳам ёфт мешаванд, ки аз сабукфикрӣ ва таассубу таклидкуниҳо хушку холӣ нестанд «чаро фалони ин тавр будаасту ман аз ки кам ҳастам, ман аз дигарон чӣ ками дорам, не ман ҳам….» гўён овоз баланд мекунанд, ки ин кори хуб нест. Баръакс, барои ба амал овардани ин ё он матлаб ситодгари намуд ва ба имконияту шароити хонадон нигоҳ карда, қадам пеш гузошт.
Хулоса, оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсони бояд шукуфон бошад Ишқ одамро дар роҳи мурод пухтаву мубориз мегардонад. Дар чунин оилаҳо фарзандони неку хуш рафтор, меҳнатдўсту меҳрубон ба воя мерасанд. Меҳру муҳаббате, ки ҳамсарон ба фарзандонашон мебахшанд, дар оянда, дар наслҳои минбаъдаи онҳо низ боқӣ мемонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.