Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

Тарбияи одами нави ҷамъияти ҳозира, аз ҷумла, тарбияи ахлокии шахсият дар маркази дикқати тамоми фаъолиятҳо мебошад. Он диққати азиме, ки ҷамъияти мо нисбат ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ зоҳир менамояд, аз моҳияти сохти ҷамъияти мо муайян мегардад.Нақша:

Мафҳуми тарбияи ахлоқӣ
Шаклу воситаҳои тарбияи ахлоқӣ
Ақидаҳои мутафаккирони форсу тоҷик оиди тарбияи ахлоқӣ
Ташаккули ахлоқ – қисми таркибии идеологияи ҷамъиятӣ
Ахлоқи хуб – зеби инсон
Тарбияи одами нави ҷамъияти ҳозира, аз ҷумла, тарбияи ахлокии шахсият дар маркази дикқати тамоми фаъолиятҳо мебошад. Он диққати азиме, ки ҷамъияти мо нисбат ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ зоҳир менамояд, аз моҳияти сохти ҷамъияти мо муайян мегардад. Яке аз вазифаҳои асосии он ташаккул додани симои маънавии шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаи бунёдкор мебошад.
Ахлоқ чун маҷмўи принсипҳо, қоидаҳо, нормаҳо, ҳиссиётест, ки одамон дар рафтори худ муносибати байниҳамдигарӣ ва умумии ҷамъият дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҳаррўзаашон онро ба роҳбарӣ мегиранд. Ахлоқ дар шароити таърихӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст. Ахлоқи ҳар як ҷамъият, ҳар як синф категория, меъёр ва нормаи рафтори муайяни ба худ хосе дорад. Ба категорияи ахлоқ мафҳумҳое дохил мешаванд, ки онҳо мазмун ва мундариҷаи онро ифода мекунанд. Чунончи некию бадӣ, ҳақиқатҷуӣ, вазифашиносӣ, садоқатмандӣ, ростқавлӣ, мардонагӣ ва ғайра. Ахлоқ баробари талаботҳои умумию конкретӣ, намунаҳои рафтори маънавиро дар бар мегирад, ки одамон онҳоро барои худ муносиб дониста, барои ноил шудан ба онҳо кўшиш намояд. Метавон гуфт, ки ахлоқи ҷамъияти ҳозира марҳилаи олии прогрессии аҳлоқии инсон аст. Ахлоқ дар ҳаёти инсоният роли муҳим мебозад. Моҳияти тарбияи аҳлоқи пеш аз ҳама дар он аст, ки талаботи ахлоқи ҷамъиятиро ба хусусияти пурқиммати ахлоқии шахс табдил медиҳад, яъне ба он муваффақ шудан зарур аст, ки ҳар як шахси ба ҳаёт қадам гузоранда хислатҳои пурқиммати пешқадами ҷамъиятӣ ва ахлоқиро чун неъмати ботинан ба ў зарур дарк намояд. Аз рўи муносибати инсон ба меҳнат метавон дар бораи дараҷаи камолоти ахлоқии ў хулоса баровард. Ҷиҳати ахлоқии тарбияи меҳнати ва инкишофи фаъолияти эҷодии коркун азмустаҳкамшавии интизоми бошууронаи ў, муташаккилии муносибат ба меҳнат иборат аст. Тамоми фаъолияти ҷамъият ва халқи мо ба тарбияи одами хушахлоқ равона карда шудааст, ки он дорои сифатҳои беҳтарини ахлоқӣ буда, тамоми қобилияти худро ба хизмати умум бахшида тавонистан аст. Мазмун ва мундариҷаи ахлоқи ҷамъият, ки он дар шароити ҳозираи мутаракқи инкишоф ёфтааст, дар кодекси ахлоқии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Ин кодекс аз ҷиҳати принсипҳои худ аз тамоми кодексҳои то имрўз дар таърих вуҷуддошта беҳтар ва пурратар мебошад. Вале дар шароити ҳозира вазифаи боз ҳам беҳтар кардани фаъолият, баланд бардоштани самаранокии он, ҷори намудани усулҳои асосноки илмии тарбияи одами нав вазифаи авввалиндараҷа гардидааст. Иҷрои вазифаи тарбияи ахлоқӣ дар коллективҳои меҳнатӣ дар асоси баландгирии ин протсесс дар нақшаҳои инкишофи ҷамъиятию иқтисодии корхонаҳо ва муассисаҳо мегардад. Ба тарбияи ахлоқии бинокорони ҷамъияти ҳозира диққати ҳаррўза ва доими додан вазифаи ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Тарбияи ахлоқӣ асосан аз боғча ва мактабҳо сар мешавад. Дар тарбияи ахлоқӣ мақсаднок гузаронида шудани корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб мавқеи калон дорад. Гузаронидани ахбороту сўҳбатҳо дар мавзуҳои идеявӣ-сиесӣ, ахлоқиву эстетикӣ, санаҳои муҳими таърихӣ, радиошунавониӣ ва намоишҳои телевизион, лекторияҳои мавзуӣ ва походҳои агитатсионӣ ва ғайра дар такомули ахлоқии ҷавонон роли калон мебозад.
Зимнан қайд кардан зарур аст, ки омўхтани қоидаҳои ахлоқ ҳоло ин маънои хушахлоқ гардидани ҷавононро ифода намекунад. Таҷрибаҳои психологӣ ошкор мекунанд, ки ҷавонон қоидаҳои хушахлоқиро дуруст аз худ карда бошанд ҳам, фақат дорои симои некӣ ахлоқӣ мебошанд. Баъзе ҷавонон аз сабаби надоштани таҷрибаи ҳаётӣ, таъсири муҳит ва ё дар натиҷаи беаҳамияти дар рафтори худ нормаю қоидаи ахлоқиро вайрон мекунанд. Бинобар он, ба ҷавонон омўзонидани қоидаҳои рафтор, зиндагӣ, муносибати бошуурона ба меҳнат аз шартҳои муҳими кори тарбия ба шумор меравад.
Нисбати ақидаҳои ахлоқи мутафаккирони тараққипарвари Осиеи Миена ва Шарқи наздик – Фороби, Ибни Сино, Ибни Боҷа, Ибни Рушд ва дигарон ба фалсафаи Юнони қадим, хусусан фалсафаи Арасту бо эҳтироми калон муносибат мекарданд. Мутафаккир дар бисер асарҳояш пеш аз ҳама вазифа ва мақсади илми ахлоқро муайян кардааст. Аз андешаи вай ахлоқ илмест дар бораи худрефлексии инсон, натиҷаи худмушоҳидакунии ў ва муносибати одамон дар одобу рафтор аст. Ба ақидаи мутафаккир ахлоқ қоида, рафтор ва тарбияи одамонро нисбати ба худии худ ва инчунин дигаронро меомўзад. Чунки муносибат ба худи худ албатта сазовори баҳои дигарон мегардад. Бо вуҷуди баъзе ақидаҳои материалистӣ дар афкори ахлоқии Сино маҳдудиятҳо мушоҳида карда мешаванд. Ў дар ҳалли як қатор проблемаҳои этикӣ ва протсессияҳои психологӣ баъзан майли тасаввуфӣ дошта, ба қувваи муъҷиза боварӣ дорад. Ин ҳол албатта бесабаб набуд, зеро Ибни Сино дар чунин шароите зиндагӣ ва эҷод мекард, ки ҳар гуна фикрҳои пешкадами философии бидъат эълон карда шуда, муаллифони он ба ҷазои сахт гирифтор мешуданд. Барои ҳамин ҳам файласуф чун дигар мутафаккирони ҳамон давра андешаҳои озодфикриро дар асарҳояш ба таври рамзи баён мекард. Аз ин рў, ақидаҳои ахлоқии мутафаккир бар хилофи ақидаҳои динӣ нигаронида шудааст. Ин гуна идеяҳои мутафаккир бе чуну чаро бар хилофи идеологияи ислом нигаронида шуда буд ва бинобар ўро бидъат эълон карда, доим таъкиб мекарданд. Яке аз хусусиятҳои ақидаҳои ахлоқии Абуали Ибни Сино дар он мебошад, ки ақидаҳои ахлокиаш бо мушоҳидаҳои психологии у алоқаманданд проблемаҳои ахлоқӣ аз нуқтаи назари ҳиссиёт ҳолатҳои психикӣ ва руҳии инсон тафсир дода мешавад. Таълимоти Ибни Сино дар бораи нафс далели боэътимод аст. Вай нафси инсонро ба ду қувва – амалиётнокӣ ва дарккунӣ ҷудо мекунад. Қувваи дарккунӣ низ ду хел мешавад – назариявӣ ва таҷрибавиӣ. Фаҳмишиӣ назариявӣ ба амалиёт вобаста буда, фаҳмиши таҷрибавӣ асоси рафторро муайян мекунад. Аз ин таълимоти Ибни Сино маълум мешавад, .ки таҷрибаи дарккунии инсон асоси ахлоқ, одоб ва рафтори инсонро ташкил медиҳад. Вай мисли Форобӣ ба таҳлили категорияҳои некӣ ва бадӣ дикқати махсус дода, ин тавр қайд мекунад: «Ҳамаи мавҷудот бо табиати худ ба сўи камолот майл доранд. Ин майл ба камолот аз ҷиҳати моҳияти худ некист» Ба ақидаи мутафаккир ҳар як инсон аз ноилоҷи ё бо хости худ некӣ мекунад. Файласуф ҳамон некиро некии ҳақиқӣ медонад, ки на ба мақсади муайян, на ба мақсади тамаъкорона, на аз ноилоҷи карда мешавад. Фаҳмиши некӣ- мегуяд Ибни Сино – ду маъно дорад: якум он ҷизе, ки бо табиати худ нек аст; он чизе, ки нек аст барои каси дигар. Дар маънои аввал чизҳо ва ҳодисаҳое дар назар дошта мешаванд, бо табиати худ нек ҳастанд. Сино мафҳуми ахлокии одами некро дуруст маънидод кардааст: мутафаккир ҷунин қайд мекунад: «Некўи фақат аз риоя кардани қоидаҳои динӣ иборат нест, яъне хайрхоҳ будан ва ба ҳамаи одамон, хусусан ба дармондагон ва дар ҳолатҳои зарури дасти ёрӣ дароз кардан иборат аст».
Мутафаккири бузург ҳамеша тарафдори дустии байни одамон ва халқҳо буд. Бе дустии ҳақиқи, – мегўяд ў, – бахти ҳақиқи вуҷуд нахоҳад дошт. Ба андешаи олим, фақат он кас сазовори калимаи дўст шуда метавонад, ки ахлоқан пок, руҳан бой бошад ва ҳамаи хислатҳояш ба нормаҳои ахлоқӣ мутобиқат қарда тавонад. Ибни Сино инчунин дўстҳои номувофиқу бепринсипро зери танқид гирифта, аз ин гуна дўстон даст кашиданро раво донистааст:
Бо душмани чу дўст бисёр нишаст,
Бо дўст набоядам, дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Барои саодатманд шудан мувофиқи нишондоди Сино инсон бояд ба ақлу амал такя кунад. Агар вай дар ин роҳ хирадманду ботадбир бошад, пас ў соҳиби ақли солим ва баръакси он пас вай аблаҳ ва кам ақл аст. Аз ин рў, шароитҳои зарурии ба саодат расидан ба гуфти мутафаккир ба азхудкунии илмҳои назариявӣ вобаста аст. Вай ба қувваи бузурги илм боварии комил дошт. Илм инсонро аз рафтору кирдори бад нигоҳ дошта, ба хулқу атвори нек ҳидоят мекунад. Агар ҳар кас хушбахт шудан хоҳад, бояд ақлу дониши худро ҳамеша такмил диҳад.
Психология ва педагогика ва илми ахлоқ ба таври илми исбот карданд, ки дар давраи навҷавони протсесси худшиносии онҳо хеле босуръат ва ҳаматарафа инкишоф меебад. Ҷавонон, ки дар ин вақт дар арафаи интихоби роҳи ҳаёт ва касбу кор меистанд, ба саволҳои «Кӣ бояд шуд?» ва «Чӣ хел бояд шуд? » дучор меоянд. Тавассути ин саволҳои ҳаёти сифатҳои ахлокии худ ва одамони атрофро идрок менамоянд. Дар натиҷа талабот ва шавқашон нисбат ба худ ва олами ботинии дигарон меафзояд. Барои ҷамъияти мо бешак нест, ки насли наврас – бинокори ояндаи ҷамъияти мо чӣ тавр камолот ёфта истодааст. Вай ба чӣ майл дораду чиҳо ўро муттассир мекунад. Шавқу завқи он чи гуна асту ба кадом намунаҳо пайрави мекунад. Ба ин маъни омўхтани проблемаи ташаккули идеалҳои ахлоқии ҷавонон аҳамияти хоса касб мекунад. Идеали ахлоқи, худ, – … тасаввурот дар бораи нормаҳои умумитарин, намунаи рафтори одамӣ ва муносибати ҳамдигарии одамиён ва ифодкунандаи мақсадҳои одамони таърихан конкретбуда дар тарбияи маънавии хонандагон роли калон мебозад. Ҷой доштани идеали ахлоқӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки системаи ақоиди сиесӣ, эътиқоди ҷамъиятӣ ва малакаи қавии рафтори ахлоқии худро ташақкул диҳанд. Зиёда аз он, идеали ахлоқи ҳамчун талаботи маънавии онҳо ба қувваи ҳаракатдиҳандаи фаъолияти онҳо табдил меёбад. Дар он сурат, вай натанҳо дар шуур, балки дар рафтори онҳо низ зуҳур мекунад. М.И.Калинин дар ин бора барҳақ навишта буд, ки ҳаёти одами идеал надошта, гарчанд аз ҷиҳати модди пурра таъмин бошад ҳам, мурда аст, қиммат надорад. Дар вай таппиши пурэҳтироси дил, майл ба истиқболи оянда вуҷуд надорад. Ин ҳаёт набуда, балки тасодуф ва инҷикиҳои бемаънии тақдир аст. Мо ҳоло танҳо доир ба баъзе хусусиятҳои ташаккули идеалҳои ахлоқии ҷавонон истода мегузарем, ки ба фикри мо муайян намудани он дар ҳалли ин пролблема мавқеи муҳим дорад. Идеалҳои шахсии ҷавонон бо идеалҳои ҷамъиятии сохти ҷамъиятӣ ҳамовоз аст. Аз интихоби идеалҳои онҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки идеалҳои онҳо нафақат мизони баҳодиҳӣ ба ахлоқи дигарон, балки ифодакунандаи симои маънавии худашон низ мебошад. Аз ин рў, дар як вақт идеали онҳо ҳамчун воситаи худтарбиякунии онҳо мебошад. Ҳамин тариқ, ба ҳисоб гирифтан ва муайян намудани шароит ва хусусиятҳои ташаккулебии идеалҳои ахлоқии ҷавонон гарави муваффақият буда, ба омўзгорон имконият медиҳад, ки ба протсесси ташаккулебии идеалҳои ахлоқии хонандагон самарабахш таъсир расонанд. Дар чорчубааи қонуни Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки ҳеҷ як чиз монанди ҳаети ҳарруза ва муносибати бошуурона ба кори ҷамъиятӣ ба ташаккули шахсияти инсон таъсире расонида наметавонад, ба шарте ки ягонагии кирдор ва гуфтор нормаи ҳаррузаи ахлоқи гардида бошад. Ин гуна вазъиятро ба вуҷуд оварда, малака ҳосил кунонидан маҳз вазифаи тарбияи ахлоқист.
Дар замонии ҳозира тарбияи шахсият, тарбияи ахлоқии ҷавонон ҷои махсусро ишғол мекунад. Идеале, ки ҳар як оила мактаб ва ҷамъияти мо ба он кўшиш дорад, ин ҳаматарафа тараққи ёфтан, маълумот гирифтан ва одами ахлоқан ва ҷисман солим мебошад. Аммо решаи камолоти шахсияти бача дар тарбияи оила аст


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.