Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


МЕТОДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МУАММОҲОИ ОМЎЗГОРИ ОЯНДА ДАР ХУДОМЎЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ

Маҳорати педагогии омўзгорон-асосгузорони назария ва амалияи маълумот ва тарбияи ҷавонони имрўза асосан вобаста аз таълиму тарбияи насли наврас сарчашма мегирад аз ҳамин сабаб қобилиятҳои педагогӣ, этикаи касбӣ ва такти педагогӣ дар раванди таълиму тарбия асоснок аст.Нақша:

1.Маҳорати педагогии омўзгорон-асосгузорони назария ва амалияи маълумот ва тарбияи ҷавонони имрўза.
2.Алоқамандии таълим ва тарбия бо худомўзӣ ва худтарбиякунӣ.
3.Моҳият ва мундариҷаи худтарбиякунии касбӣ.
4.Худомўзӣ ва худтарбиякунии касбӣ.
5.Қисмҳои таркибии худомўзӣ ва худтарбиякунӣ.

Маҳорати педагогии омўзгорон-асосгузорони назария ва амалияи маълумот ва тарбияи ҷавонони имрўза асосан вобаста аз таълиму тарбияи насли наврас сарчашма мегирад аз ҳамин сабаб қобилиятҳои педагогӣ, этикаи касбӣ ва такти педагогӣ дар раванди таълиму тарбия асоснок аст.
Қобилиятҳои педагогӣ, этикаи касбӣ ва такти педагогӣ
Қобилияти педагогӣ – ин дарк карда тавонистани объекти фаъолияти худ – шахсияти инкишофёбандаи тифлон мебошад.
Дар асоси таҳлили асарҳои илмӣ ва методӣ сохти зерини қобилиятҳои педагогӣ муайян карда мешаванд.

Қобилияти коммуникативӣ (тавоноии муошират, муомила карда тавонистан, хайрхоҳӣ)
Қобилияти перспективӣ (эҳсосӣ, эмпатия, дўстдории одамон)
Қобилияти таъсиррасонии иродавӣ ва боваркунонии мантиқӣ
Қобилияти худдорӣ (устувории эҳсосӣ)
Дурнамои оптимистӣ (боварӣ ва беҳшавии кор, фаъолият)
Қобилияти эҷодкорӣ.
Этикаи касбӣ. Омўзгор чун шахси боэътимоди ҷомеа бояд дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ бошад: ҳақгуй ва ростқавлӣ; меҳнатдустӣ; поквиҷдонӣ; хоксорӣ; ҳозирҷавобӣ; муҳаббат ба тифлон ва ба меҳнати педагогӣ; ба вуҷуд оварда тавонистани муҳити психологию ахлоқии мусбӣ дар ҷомеа; хушмуомалагӣ; тавоноии омўзиши хусусиятҳои фард ҳар як шахс ва ғайраҳо.
Такти педагогӣ – ин таъсиррасонии мақсадноки омўзгор нисбат ба шахсияти хонанда, маҳорати бароҳмонии муомилаи самарабахш.
Дар ҷараёни азхудкунии такти педагогӣ амал кардани қоидаҳои зерин муҳим аст:
-Дўстдории бача, нишон дода тавонистани муҳаббати худ нисбат ба ў;
-мушоҳидакорӣ, дида тавонистани сабабҳои ботинии рафтори ў;
-баҳо дода тавонистан нисбати вазъияти ба вуҷуд омада;
-сўҳбат карда тавонистан бо тифлон;
Дар ташаккули такти педагогӣ азхудкунии хусусиятҳои зерин аҳамияти калон дорад: худдорӣ, ҳақгуй, худидоракунӣ, муносибати эҷодӣ нисбат ба таҷрибаи дигарон, инкишофи техникаи педагогӣ, эҳсос ва муносибати актерӣ.

Маҳорати касбии омўзгорони навовар ва эҷодкор ғояҳои асосии силсилаи таҷрибаи педагогии омўзгорони навовар:

Муносибатҳои гуманистӣ нисбат ба шахсияти хонанда дар ҷараёни таълиму тарбия;
Таълими озод (зўроварӣ накардан дар ҷараёни таълиму тарбия);
ғояи мақсадҳои душвор;
ғояи такя (такяҳои матнӣ, нишонавӣ);
ғояи интихоби озод;
ғояи пешравӣ;
ғояи мувофиқати мазмун ва шакл;
ғояи худтаҳлилкунӣ;
Муҳити интеллектуалии (ақлии) синф;
Муносабати фардӣ.
Маҳорати педагогӣ – сифатҳои шахсии омўзгор буда, дараҷаи баланди худташкилкунӣ ва фаъолияти касбии педагогии ўро таъмин менамояд.
Маҳорати педагогии омўзгор аз унсурҳои зерин иборат аст:

Равияи инсондўстӣ;
Донишҳои касбӣ;
Қобилиятҳои педагогӣ;
Техникаи педагогӣ.
Тарбия таъсиррасонии мақсаднок буда, ташаккули шахсият ва тайёрии онро бо ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнати истеҳсолӣ таъмин менамояд.
Тарбия фаъолиятест, ки дар ҷараёни он насли наврас бо таҷрибаи ҷамъиятиву таърихӣ мусаллаҳ гардонида мешавад.
Мақсади тарбияро ҷомеа муайян мекунад ва он ба ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият, таъмини фаъолнокии ҷамъиятиву ҳаётии он равона карда шудааст.
Худтарбиякунӣ – идоракунии фаъолият аз тарафи фард буда, ба ташаккули шахсияти худ мутобиқ ба мақсадҳои бошуурона, идеалҳои эътиқодҳои мавҷудбуда равона карда шудааст.
Худтарбиякунӣ бояд мақсади ҳаётии ҳар як шахсият бошад.
Тарбия ва худтарбиякунӣ ду ҷиҳати бо ҳам алоқаманди ҷараёни педагогии ягона аст.Тарбия мақсад, вазифа, равия ва мундариҷаи худтарбиякуниро таъкид менамояд.Тарбия барои ҳар як шахс шароити ахлоқӣ психологӣ, донишазхудкунӣ ва иродавиро ба вуҷуд меоварад.Тарбия имкониятҳои захиравии ботинии шахсиятро бедор мекунад, ба фъолияти бошуурона даъват менамояд. Худтарбиякунӣ бошад, дар асоси кўшишу ғайрати ҳар як фард ҷараён мегирад ва ба дарккунии донишҳои нав, васеъгардонии ҷаҳонбинӣ, азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ, худшиносии шахсӣ, ташаккули сифатҳои беҳтарини маънавӣ равона карда шудааст.

Худтарбиякунии касбии толибилмон ба худинкишофдиҳии мутахассисони оянда равона карда мешавад. Дар шароити гузариш тайёр намудани мутахассисони баландихтисос муаммои муҳими таълиму тарбия дар мактаб мебошад.
Бояд ҳар як толибилм сифатҳои беҳтарини касби омўзгориро дар худ ташаккул диҳад, донишу маҳорат ва малакаро аз худ кунад, яъне бо худтарбиякунии касбӣ машғул бошад.
Омўзгори оянда дар худ идеали умумиинсониро ташаккул медиҳад. Ҳар як инсон имкониятҳои басо зиёди захиравии ботинӣ дорад, ки ба ҳаракат овардани онҳо вазифаи асосии шахсият мебошад.
Худтарбиякунии касбӣ чун ҷараён аз унсурҳои алоҳидаи бо ҳам алоқаманд иборат аст:

Худбаҳодиҳии комилан мувофиқ. (Мутобиқ ба имкониятҳои шахсият). Худбаҳодиҳии комилан мувофиқ қадами авввалини худтарбиякунии касбӣ мебошад, ки дар ин давра толибилми оянда имкониятҳои худро ба мақсад ва вазифаҳое, ки дар назди ў гузошта шудааст, муқоиса мекунад ба он баҳо медиҳад.
Эҳтиёҷоти худтарбиякунии касбӣ. Он дар асоси худбаҳодиҳии комилан мувофиқ пайдо мешавад. Танҳо дар ҳолате, ки шахсият зиддияти ботинии ҷараёни ташаккули сифатҳои касбии худро дарк намояд ва дар роҳи ҳалли он кўшиш намояд, қадами аввалини худтарбиякуниро мегузорад.
Ташаккули мотиватсия. Ҷустуҷўи ҷавоб ба суоле «Барои чӣ ман бо худтарбиякунӣ машғул мешавам?» Мотивҳои шахсӣ: маро ҳурмату эҳтиром кунанд, бисёр чизҳоро донистан, тавонистан, ба мақсадҳои касбӣ расидан, шахси дўстдоштаи одамон будан. Мотивҳои сотсиалӣ: ба ҳурмату эҳтироми атрофиён ноил гаштан, аз дигарон қафо намондан, дар коллектив мавқеъ доштан, ба одамон некӣ кардан, вазифаи ҷамъиятии худро баҷо овардан, вазифаи шаҳрвандии худро баҷо овардан.
Муайян намудани мақсади худтарбиякуни касбӣ – муайян намудани модели ояндаи касбӣ, равияҳои асосии худташаккулёбии шахсият ва дар пуррагӣ тассавур кардани худ дар касби омузгорӣ.
Мураттабсозии барномаи худтарбиякунӣ, нақша ва қоидаҳои он. Барои намуна барномаи худтарбиякунии К.Д. Ушинскийро дида мебароем:
Оромии мукаммал, ҳадди ақал оромии зоҳирӣ.
Ростқавлӣ дар гуфтор ва рафтор.
Андешакорӣ дар ҳаракатҳо.
Боҷуръатӣ, қатъиятӣ.
Дар бораи худ бе зарурият калимае нагуфтан.
Вақтро беҳуда сарф накардан: он кореро кунед, ки худи шумо мехоҳед, на он коре, ки рост ояд.
Кори зарурӣ ва ба шумо хуш омодаро кунед, на бо ҳавою ҳавасро.
Ҳар шаб оид ба фаъолияти рўзона ба худ ҳисоботи боадолат диҳед.
Ҳеҷ гоҳ худро таъриф накунед.

Қабул кардани қарори худтарбиякунии касбӣ
Ин ҳаракати иродавӣ мебошад, ки баъди он ба қафо роҳ нест. Шумо бо худсозӣ машғул мешавед. Яъне шумо ба худ баҳо додед, дар шумо эҳтиёҷоти худташаккулдиҳӣ пайдо шуд, барои чӣ ин корро мекунед ба Шумо маълум аст, барнома ва нақшаи фаъолияти худро муайян кардед. Акнун ба пеш, ба қуллаҳои худинкишофдиҳӣ шурўъ мекунед.

Истифодаи усулҳои худтаъсиркунӣ.
Дар тадқиқоти психологию педагогӣ 3- гурўҳи усулҳои худтаъсиркунӣ нишон дода шудааст.
Усулҳои худшиносӣ (омўзиши шахсияти худ)
Худмушоҳидакунӣ
Худтаҳлилкунӣ
Худбаҳодиҳӣ
Худмушоҳидакунӣ – мушоҳидакунии шахсият, олами ботинии психикии худ ва қайди он мебошад. Дар ҷараёни иҷрои ҳаракатҳои муайян ба он тағйиротҳо дохил карда мешавад.
Худтаҳлилкунӣ – таҳлили гуфтор ва кирдори худ бо ҷавобдиҳӣ ба саволҳои зерин: барои чӣ ман ин тавр гуфта ва карда истодаам?, барои чӣ ман муносибати мазкурро идома диҳам ва ё дигар кунам? Агар каме дигар хел гўям ва кунам чӣ мешуд? Ва ғайраҳо.
Худбаҳодиҳӣ – баҳодиҳии шахсият ба худ, ба имкониятҳо, сифатҳо ва мавқеи худ дар байни дигар одамон.
Усулҳои худдорӣ: а)Худбоваркунӣ, б)Худтанқидкунӣ, в)Худмаҷбуркунӣ, г)Худназораткунӣ, д)Худфармондиҳӣ, е) Худталҳинкунӣ
Усулҳои худдаъваткунӣ:
а) Худрўҳбаландкунӣ,
б) худрағбаткунӣ,
в) худҷазодиҳӣ,

Ҷалб намудани тарбиянокии идеявӣ ахлоқии худ ва фаъолнокии эҳсосию иродавии худ ба худтарбиякунӣ.
Худназораткунии хотимавӣ.
Ташаккули дараҷаи нави худбаҳодиҳии комилан мувофиқ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.