Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ахлоқи омўзгор дар фаъолияти меҳнатӣ

Омўзгор бо тарбияи одобии худ дар назди толибилмон бояд намунаи ибрат бошад ва ба дуруштмуомилагӣ, ҳавобаландӣ, тезфеълӣ роҳ надиҳад. Омўзгор бояд дар ҳама ҳолатҳо пурбардошт бошад. Ў бояд ботамкин буда бо хонандагони бетарбия ва бадфеъл низ ботамкин бошад, зеро бо шахси дағал дуруштмуомилагӣ кардан натиҷаи мусбӣ намедиҳад. Бараъкс вазъияти вазнин ба амал омада, шароити низоӣ пайдо мешавад, ки дахолати маъмурият ба миён меояд.Нақша:

Маданияти меҳнати -таълимӣ, ҳамчун хусусияти касбии омўзгор.
Қобилиятҳои корӣ ва шартҳои нигаҳдории он дар рўзи меҳнат ва истироҳат.
Роли корҳои мустақилона дар раванди таълим.
Омўзгор бо тарбияи одобии худ дар назди толибилмон бояд намунаи ибрат бошад ва ба дуруштмуомилагӣ, ҳавобаландӣ, тезфеълӣ роҳ надиҳад. Омўзгор бояд дар ҳама ҳолатҳо пурбардошт бошад. Ў бояд ботамкин буда бо хонандагони бетарбия ва бадфеъл низ ботамкин бошад, зеро бо шахси дағал дуруштмуомилагӣ кардан натиҷаи мусбӣ намедиҳад. Бараъкс вазъияти вазнин ба амал омада, шароити низоӣ пайдо мешавад, ки дахолати маъмурият ба миён меояд.
Омўзгор дар навбати худ бо хонандагон боадабона рафтор намуда, табъи хира ва эҳсосоташро худдорӣ намуданаш, шарти муҳим мебошад.
Дар одобӣ омўзгорӣ ҷои махсусро талаботҳои ба монанди: намуди беруна аз ҷумла сару либос, ки ба зебоипарастӣ алоқаманд аст ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Либоси номувофиқ ва бемаврид, мўйҳои бетартиб, зару зевари зиёд диққати толибилмонро ба худ ҷалб менамояд. Бинобар ин бояд омўзгор ба қоидаҳои этикию эстетикӣ риоя намояд.
Муаллим бояд пайваста дониши худро аз ҳисоби осори нави илмиву тадқиқоти вусъат бахшад.
Бинобар он дар адабиёти педагогӣ мафҳумҳои «маълумоти муттасил», «такмили ихтисос», «худомўзӣ» вомехўранд.
Таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳои махсус шоҳид аст, ки кўшишҳои худомўзӣ, маҳорат ва малакаҳои азхудкунии мустақилона дар мактабу донишгоҳҳо ташаккул меёбанд. Миқдор ва сифати дониш ба маҳорату малакаҳои худомўзӣ пайваст мебошад. 40% толибилмон аз қаноатманд набудани худ оид ба таҳсил, маҳорати мустақилона кор карда натавонистани худро изҳор менамоянд. Барои омўзгорони оянда мунтазам пурра кардани дониши худ на фақат зарур аст, балки аҳамияти ихтисосию касбӣ дорад. Зеро, ки омўзгор мунтазам савияи дониши худро баланд мебардорад (бо воситаи мустақилона худомўзӣ) аз он ҷумла, маданияти меҳнатии таълимиро ба хонандагон меомўзонад. Мафҳуми маданияти меҳнати – таълимӣ дар адабиёти педагогӣ гуногун маънидод карда шудаанд: Гигиенаи меҳнати фикрӣ ба монандӣ: донистани қоидаҳои нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани қобилияти корӣ: аз ҷумла, дар амал иҷро кардани он, инчунин услуби меҳнати фикрӣ ва донистани усулҳои самарабахши фаъолияти фикрӣ ва маҳорати иҷрои он мебошад.
Таҷрибаи омўзгорони пешқадам, мушоҳидаҳои бисёрсолаи дар донишгоҳҳо гузаронидашуда шаҳодат медиҳанд, ки маданияти ба нақша гирифтани фаъолияти таълимӣ, кўшишу ҳаракатҳо ба таҳсил мансубанд.
Таҳсил дар мактаб меҳнати зиёду саъю кўшиши ҳар як толибилмонро металабад. Бинобарин, кори самараноки толибилмон на танҳо ба ташкили ҷараёни таълим, балки ба қатъӣ риоя намудани реҷими меҳнату истироҳат низ вобастагӣ дорад. Тадқиқотҳо шаҳодат медиҳанд, ки қобилияти корӣ низ ба риояи тартиби рўз алоқаманд аст.
Рўзи кории толибилмон 8 – 10 соатро ташкил медиҳад ( яъне 6 соати дарсӣ ва 2, 5 – 3 соати кори мустақилонаи берун аз аудиторӣ). Бо ин мақсад тартиби рўзро мувофиқи мақсад истифода бурдани толибилмон аҳамияти калон дорад. Мўҳлати аз хоб бархестан ва ваҳти машғулиятҳоро муқаррар кардан барои кори мустақилона, истироҳати маданӣ, истеъмоли хўрок ва хоб вақт ҷудо кардан зарур аст.
Олимон М.В. Антропова А.Г. Хрипкова К. Киямов Н. Ивазов реҷими (тартиби) тахминии рўзи кории толибилмонро таври зерин пешниҳод намуданд: Вақти аз хоб бархестан ва гимнастикаи пагоҳӣ – 600-700, ба машғулият рафтан – 730-800, машғулияти дарсӣ – 800-1300, истеъмоли хўроки нисфирўзй, сайр дар ҳавои тоза – 1300-1500, кори мустақилона -1900, хўроки шом – 1900-1930, истироҳати маданӣ, такрори материалҳо- 1930-2200, сайру гашт дар ҳавои кушод- 2200-2300, вақти хоб – 2300-600.
Барои ноил шудан ба қобилияти баланди корӣ дар фаъолият, намудҳои машғулиятро бо навбат давом дода пас аз ҳар соати машғулият 10-15 дақиқа танаффус ё истироҳати кўтоҳмуддат зарур аст. Барои хуб нигоҳ доштани қобилияти корӣ ҳавои хонаро тез – тез нав карда истодан, сайру гашт карда бо варзиш машғул шудан судбахш аст. Ба назар гирифтан лозим аст, ки дараҷаи фаъолияти амалиётҳои фикрӣ, қобилияти корӣ дар давоми рўз як хел набуда, тағйир меёбад. Қисми аввали рўз (аз соати 8 то соати 15) хеле самарнок мегузарад, дар айни ҳол, қобилияти баландтарини корӣ аз соати 10 то 13 зуҳур меёбад, пас аз он, аз соати 16 то 19 ва шабонагоҳ аз соати 20 то соати 24 дараҷаи диққат, қувваи ҳофиза, хотира суст шудан мегирад.
Комёбиҳои толибилмон на фақат ба самаранок ташкил намудани ҷараёни таҳсил, риоя намудани реҷими меҳнату истироҳат, инчунин ба дуруст риоя намудани тартиби хўрокхўрӣ низ алоқаманд аст.
Лексия яке аз шаклҳои асосии ташкили таълим дар донишгоҳ ва мусаллаҳ намудани толибилмон бо системаи донишҳо ва маҳорати амалӣ, воситаи муҳими тайёр намудани муаллимони оянда ба фаъолияти касбӣ ва дар онҳо ташаккул додани малакаҳои мустақилона маълумотгирӣ мебошад.
Материали лексия комёбиҳои илм ва техникаро дар бар гирифта, толибилмонро на танҳо бо ахбори навин, шинос менамояд, балки ба онҳо дар шакли тайёр низ дастрас мегардад. Лексия толибилмонро ба олами адабиёт шинос мекунад, онҳоро ба кори системаноки эҷодӣ, раҳнамо месозад. Тайёрии толибилмон ба лексия чиҳоро дарбар мегирад? Пеш аз лексия толибилмон бояд бо мақсади пайдо кардани тассавурот дар бораи мазмуни умумии лексия ва онро дуруст дарк намуда тавонистан, фарқияти байни материали дар китоби дарсӣ дода шуда ва материали аз тарафи омўзгор дар лексия дода шударо дуруст пай барад. Толибилмон бо мазмуни лексияи оянда шинос шуда, саволҳои бисёре пайдо мекунанд. Бинобар ин, бояд саволҳои душворро навишта гиранд ва ҳангоми лексия онҳоро бо ёрии устод ислоҳ намоянд.
Дар рафти тамоми лексия бодиққат будан зарур аст. Аз аввали саршавии лексия аз суханони аввалини устод ба дарки моҳияти он шурўъ кунанд. Диққатро танҳо ба қабули материали лексия равона намуд. Масъалаҳои асосии лексияро навишта гиранд. Самаранок гўш кардани лексия инчунин ба алоқамандии материали омўхташаванда бо дарсҳои гузашта, ба онҳо баҳо дода тавонистани толибилмон ва таҷриба ҳосил намуда масъалаҳои асосиро дар хотир дошта тавонистан аст.
Ҳамин тавр, ҷараёни таълим шакли ягонаи тайёр намудани мутахассис набуда, танҳо дар пайвастагӣ ба корҳои мустақилонаи илмию таълимӣ проблемаи тайёр намудани мутахассисон ҳал карда мешавад. Ҳаминро низ бояд қайд кард, ки барои мукаммал аз худ намудани касб ҳамчунин корҳои зеринро ба сомон расондан лозим аст: мушоҳида намудани ҷараёни педагогӣ дар мактабҳо, омўхтани адабиёти соҳавии ватанӣ ва хориҷӣ, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.