Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


МАВҚЕЪИ ҲАМКОРИИ ОМЎЗГОР БО ВОЛИДАЙН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Протсесси тарбияи ахлоқи мураккабию душвориҳои ба худ хос дорад. Ин душвори аз бисёр ҷиҳат ба мувофиқат накардани тарбияи мактабӣ бо тарбияи оилавӣ алоқаманд аст. Аз ин рў, дар тарбияи маънавии бачагон ҳамкории мактаб ва оила роли ҳалкунанда мебозад. Бо падару модарон корҳои мунтазами педагогӣ гузаронидани мактаб шарти муҳими барор гирифтани корҳои тарбиявӣ ахлоқии талабагон мегардад.Нақша:

1. Масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд.
2. Консепсияи миллии тарбия.
3. Роли таълиму тарбия дар инкишофи насли наврас.

Протсесси тарбияи ахлоқи мураккабию душвориҳои ба худ хос дорад. Ин душвори аз бисёр ҷиҳат ба мувофиқат накардани тарбияи мактабӣ бо тарбияи оилавӣ алоқаманд аст. Аз ин рў, дар тарбияи маънавии бачагон ҳамкории мактаб ва оила роли ҳалкунанда мебозад. Бо падару модарон корҳои мунтазами педагогӣ гузаронидани мактаб шарти муҳими барор гирифтани корҳои тарбиявӣ ахлоқии талабагон мегардад. Домани тарбияи ахлоқӣ хеле фарох аст. Роҳбари синф, роҳбарони муассисаҳо бояд ба он кўшиш намоянд, ки нормаҳои ахлоқии ҷавононро ба воситаи амалиёти ибратбахши худи рафиқонашон ислоҳ намоянд. Ба ҳар як рафтори ҷавонон аҳамият додан, хусусияти индивидуалии онҳоро дар машғулиятҳо омўхтан ва муносиби феълу атвори ҳар кадом муносибат кардан боиси баланд шудани маданияти ахлоқии ҷавонон мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз 02.08.2011 №762
Қонун аз 6 боб ва 17 модда ибрат буда, мақсади асосии онпурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Дар Қонуни мазкур вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар, eҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд, eҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд, eҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, eҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, eҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар, xавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд, xавобгарии мақомоти давлатӣ, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, ифода ёфтааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 08.06.2007 №274
Қонуни мазкур аз 5 боб ва 15 модда иборат буда, бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
Асосҳои тарбияи ахлоқи меҳнатӣ бунёдкорона аст. Тарбияи ахлоқии ҷавонон дар мактаб ва оила бояд дар маркази диққати доимии омўзгорон ва падару модарон бошад. Дар тарбияи ахлоқӣ ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷамъият шарти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ақидаҳои ахлоқии ҷавонони муосир дар протсесси фаъолияти якҷояи барпо намудани базаи моддию техники ҷамъиятӣ боз ҳам инкишоф меёбад. Вазифа ва мазмуни нормаҳои ахлоқ дар тарбия аз он иборат аст, ки мактаббачагонро муттасил дар руҳи ватандўстӣ – интернасионалистӣ, миллатдустӣ тарбия намоем. Ба амал баровардани принсипҳои ахлоқӣ дар асоси талабҳои ҷамъиятӣ моро вазифадор менамояд, ки протсесси ташаккули рафтору кирдори ҷавонон дар заминаи коллективизм ёрии ҳамдигарии рафиқона такомул ёбад.
Тарбияи ахлоқӣ дар протсесси таълим ба таври стихиявӣ не, балки бо тамоми тарзи зиндагии ҷамъият кори босуботи омўзгорон ва падару модарон ба даст оварда мешавад. Вазифаи муҳими мураббиён ва падару модарон дар тарбияи ахлоқии хонандагон аз он иборат аст, ки ҳисси садоқат ба халқу ватан, дўст доштани аҳли меҳнат, тайёр будан ба корнамоию фидокориҳо дар онҳо мунтазам талкин кардан аст. Омилҳои таъсири тарбияро дар ду ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст. Аввалан, онҳо аз таҷрибаи ҳаёт гирифта мешаванд, ки ба он оила аҳли ҷамъият коллективи хонандагон ва муҳити зист дохил мегарданд. Омили дуюм, тарбияи мактаб аст, ки он бевосита аз рўи нақшаву барномаи муқаррар шуда таъсири тарбиявии худро мегузаронад. Дар олами маънавии ҳаёти ҷавонон на ҳама вақт хислатхои нек аз бад фарқ карда мешавад, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ботамкинӣ, худдорӣ, қавииродагӣ барин сифатҳои ахлоқиро ба онҳо хотирасон намудан зарур аст.. Маънои некӣ ва бадиро на ҳама дуруст мефаҳманд.
Муносибати наврасон ба меҳнат гуногун аст. Як гурўҳи онҳо бештар табиати дилраборо дўст медоранд, дигаре ба меҳнати бунёдкорона шавқу завқи зиёд дорад, дар ду ҳолат ҳам наврасон бештар ба калонсолон тақлид мекунанд, симои аҳли оиларо дар меҳнату ҷамъият инъикос менамоянд. Бояд падару модарон, бародару хоҳарон бо рафтори неки худ ба бачагон ибрат нишон дода, онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ бой гардонанд, аз ин рў, хушахлоқӣ дар ҳама гуна рафтори калонсолон шарти муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Қайд кардан лозим аст, ки фарзанд бояд самимияти оиларо доимо ҳис намояд. Таъсири тарбия дар он вақт пурзўр мегардад, ки мураббӣ дар назди тарбиятгирандагони худ мақсадро конкретӣ гузошта тавонад. Агар кори тарбиявӣ талаботи руҳии бачагонро қонеъ гардонад, онҳо симои худро дар маҳсули кори худ дарк намуда, тарбиятгарро ба мақсади худ пурра ноил мегардонанд. Дар тарбияи ахлоқии хонандагон анъана, ибрати шахсӣ аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.
Оилаи ҷамъиятӣ нахустин коллективест, ки дар он ҷо бача норма ва қоидаҳои ахлоқро аз худ карда, аввалин малакаҳои интизоми ахлоқиро ҳосил менамояд. Дар оила эҳсосоти хурдтарини ба вуҷуд меоянд, ки онҳо дар ташаккули сифатҳои ахлоқии шахсияти кўдак роли муҳимро мебозанд, муҳити солимонаи садоқатмандӣ, меҳрубон ва ғамхории аъзоёни оила дар бораи ҳамдигар ба ҳиссиёти кўдак таъсири бузурги худро гузошта, дар онҳо талаботи эхсосотиро ташаккул медиҳад. Дар ин гуна муҳит кўдак ҳиссиёти ахлоқи, таҷрибаи дустию муҳаббат ва пеш аз ҳама ҳурмату эҳтиромро нисбат ба модар ҳосил мекунад. Баъдҳо нисбат ба зан боэҳтиром буданро муносиб медонад ва дар ҷамъият низ ба эҳтирому ҳурмати калонсолон ҳамкасбон ва хурдсолонро ба сомон мерасонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.