Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Этика и эстетика

Этика и эстетика

Одоби сухангуи

Статьи, Этика и эстетика
Бо сухан мардум омадааст падид, Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳуш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд: Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст. Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад. Пайдост, ки

11 тарзхои дурусти одоби хурдан

Советы и постановления, Этика и эстетика
1. Шустани дасту даҳон қабл ва баъд аз хӯрдани ғизо мӯҷиби баракати ғизо аст; 2. Қабл аз хӯрдани ғизо «Бисмил-л-Лоҳ» бигӯй; 3. Бо дасти рост бихӯр; 4. Аз ҷулӯи худ ғизо бихӯр, яъне ба ҳар тарафи коса даст наандоз ва аз пеши худат бихӯр; 5. Ҳаргиз бо дасти чап хӯрду нӯш макун, зеро шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад; 6. Ҳар касе дар косае ғизо бихӯрад ва баъди онро соф кунад (яъне ҳеҷ ғизое дар он намонад ва комилан тамиз шавад), коса барояш дуои хайр мекунад; 7. Ҳар гоҳ луқмае аз дастатон афтод (дар ҷои тамиз), он чиро, ки бар он часпида ҷудо намуда ва бихӯред ва барои шайтон нагузоред. Ҳар гоҳ аз ғизо фориғ шудед, қабл аз шустан ангуштонро билесед, зеро шумо намедонед дар кадом қисмати ғизо баракат вуҷуд дорад; 8. Аз васати коса нахӯред, балки аз канорҳо бихӯред, зеро дар васати коса

Тарзхои одоби шогирдон нисбати муаллимон

Советы и постановления, Этика и эстетика
Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст, то охири умр ҳамин хел меравад ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад, ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад. Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигуй ҳашт: 1. Чун дарояд салом кунад ё салом диҳад; 2. Дар пеши устод кам сухан гуяд; 3. Сар дар пеш андозад; 4. Ба ҳар тараф нигоҳ накунад; 5. Агар хоҳад масъала пурсад, иҷозат гирад; 6. Чун ҷавоб гуяд эътироз накунад; 7. Дар пеши устод ба касе гушакӣ накунад; 8. Ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад. Ҳамаи ин одобро шогирд аз мактаб меомӯзад. Мактаб муқаддастарин ҷой, сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дон