Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Табрикнома

Ҳуҷҷати расмӣ ва ғайрирасмӣ, нигоштаест, ки дар он эҳтиром, меҳру садоқат, дӯстиву рафоқат ва дигар эҳсосоти хоси инсониву башардӯстӣ ифода меёбанд.
Табрикномаҳои расмӣ ба номи сарварони давлатҳо ба муносибати ҷашнҳои бузурги миллӣ – Истиқлолият, ба мансаби олии давлатӣ интихоб шудан, ба муносибати ҷашнҳои миллӣ ва ҷашнҳои аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид таъингардида, масалан Наврӯз, ҷашнҳои Рамазону Қурбон (байни давлатҳои мусулмонӣ) ва ғайра ирсол карда мешаванд. Ҳамин гуна табрикномаҳоро вазоратҳои кишварҳо ба ҳамдигар, вазоратҳову кумитаҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ширкатҳо, роҳбарони мактабҳои оливу миёнаи як кишвар (масалан, Тоҷикистон) ба ҳамдигар равона мекунанд.
Табрикномаҳои ғайрирасмиро шаҳрвандон, устодон, хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ ба муносибати ҷашнҳои оғози соли таҳсил, Рӯзи муаллимон, Соли нав, Рӯзи Артиши миллӣ (23 феврал), Рӯзи модарон (8 март), Наврӯз (21-22 март), Рӯзи Ғалаба (9 май), Рӯзи забони давлатӣ (5 октябр), зодрӯз ва ғайра ба ҳамдигар мефиристанд, ё дар лавҳаҳо, тахтаҳои табрикотии муассисаҳо, дар газетаҳои деворӣ ва ғайра сабт менамоянд.
Намунаи табрикоти ғайрирасмӣ, ки донишҷӯён метавонанд ба падару модар, хешовандон, устодон, ба ҳамдигар (рӯзи 23 феврал духтарон ба писарон, рӯзи 8 март писарон ба духтарон) бинависанд.
Намуна:

Табрикнома

Устоди гиромӣ (агар дар газетаи деворӣ ё лавҳа, ё ин ки дар тахтаи табрикнома бошад, устодони гиромӣ) Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи муаллимон аз самими дил табрик менамоям (-ем). Ба Шумо тани дуруст, умри дароз, дар пешаи пуршарафатон – тарбияи насли наврасу ҷавонон комёбиҳои беназир орзумандам (-ем).

Бо эҳтиром, шогирди (шогирдони) Шумо (насаб, ном ва ё кадом синфу гурӯҳ).

Табрикнома

Устоди мӯҳтарам! Шуморо ба муносибати иди Соли нав табрику муборакбод мегӯям. Орзумандам, ки дар Соли нав сиҳату саломат бошед, комёбиҳову дастовардҳои тоза ба тоза насибатон гардад.

Бо эҳтиром, шогирди Шумо (ному насаб).

*(Ҳамин гуна табрикномаро аз номи ҳамаи аҳли гурӯҳ ба ҳар як устод навиштан мумкин аст).

Духтарони гурӯҳ метавонанд ба таври алоҳида ба ҳар як ҳамгурӯҳашон (писарон) ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ (23 феврал) табрикнома бинависанд ё дар варақае ё газетаи деворӣ ҳамаи мардон – устодону ҳамгурӯҳони худро табрик намоянд.

Намуна:

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз! Мо аҳли гурӯҳи ___ шӯъбаи (ихтисоси) _________ Шуморо ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ аз самими дил табрик менамоем. Ба Шумо, ҳомиёни Ватан сиҳативу саломатӣ, бозуи тавоно чун Рустами Достон, муҳофизи амну рушди кишвар будан чун Исмоили Сомонӣ, комёбиҳои фаровон дар кору касаба, ба шогирдонатон таҳсили хубу аъло орзумандем.

Аҳли духтарони гурӯҳи _____ ихтисоси _____

Эзоҳ:
Дар табрикнома ба муносибати Наврӯз агар як ё ду байт аз сурудаи шоирон илова карда шавад, таъсири он бештар мегардад. Дар поён байтҳо ва пораҳои шеъриро ба муносибати Наврӯз пешниҳод менамоем.

Табрикнома

Устодон ва донишҷӯёни мӯҳтарам!
Мо, Шуморо ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб муборакбод гуфта, тандурустӣ, бахту саодат ва хушиҳои рӯзгорро бароятон орзумандем. Дар пешаи пуршарафи омӯзгориятон комёбиву бурдборӣ хоҳонем.

Ихтисоси андоз ва андозбандӣ, курси 1, гурӯҳи “Д”

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.

*     *     *

Наврӯз рӯзи хуррамии беадад бувад,
Рӯзи тавофи соқии хуршедхад бувад.
Маҷлис ба боғ бояд бурдан, ки боғро,
Мафраш кунун зи гавҳару маснад зи над бувад.
Оби гуҳарфишонро ҳар рӯз бист бор,
Хандидану гиристану ҷазру мад бувад.

*     *     *

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод.
                                                                     Фирдавсӣ

Баҳорон омада хушрӯз бошед,
Ҳама масти рухи Наврӯз бошед.

*     *     *

Бодо муборак гӯямат, Наврӯзи ман, Наврӯзи ту,
Аз файзи он гул мекунад, имрӯзи ман, имрӯзи ту.

Наврӯзӣ

(Тарона)

Наврӯз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Паёғоми навбаҳорон,
Бар кӯҳу ёла орад.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат бар бӯстон муборак.
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст.
Аз рӯзгори дерин,
Зеботарин нишон аст.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат бар бӯстон муборак.
                                                                          Лоиқ

Наврӯзу Урмузду маҳи Фарвардин расид,
Хуршед аз нишеб сӯи авҷ сар кашид.
Ҷоми Ҷам аст сафҳаи таърихи рӯзгор,
Монда ёдгор зи даврони Ҷамшед.
                                          Маликушшуаро Баҳор

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз Дай, ки гузашт ҳар чӣ гӯӣ хуш аст,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

*     *     *

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту хоҳад руст.

*     *     *

Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат ҳаст.
Май нӯш ба хуррамӣ, к-ин чархи куҳан,
Ногоҳ туро чу хок гардонад паст.
                                                     Умари Хайём

Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,
Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.
                                                                  Анварӣ

Андар дили ман, маҳо, дилафрӯз туӣ,
Ҳастанд дигарон, валек дилсӯз туӣ.
Шоданд ҷаҳониён ба Наврӯз, ба ид,
Иди ману Наврӯзи ман имрӯз туӣ.
                                            Ҷалолиддини Румӣ

Зи боғ, эй боғбон, ҳаме моро бӯйи баҳор ояд,
Калиди боғ маро деҳ, ки фардомон ба кор ояд.
Калиди боғро фардо ҳазорон хостор ояд,
Ту лахте сабр кун чандон, ки қумрӣ бар чанор ояд.
Чу андар боғи ту булбул ба дидори баҳор ояд,
Туро меҳмони нохонда ба рӯз сад ҳазор ояд.
Кунун гар гулбунеро панҷу шаш гул дар шумор ояд.
Чунон донӣ, ки ҳар касро ҳаме з-ӯ бӯйи ёр ояд,
Баҳор имсол пиндорӣ ҳаме хуштар зи пор ояд.
                                                Фаррухии Сиистонӣ

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.
Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пурдебо шавад,
Бод ҳамчун таблаи аттор пуранбар шавад.
Рӯзи Ҳурмузӣ биафзояд чу қадри шаҳриёр,
Бӯстон чун бахти ӯ ҳар рӯз барнотар шавад.
                                                                          Унсурӣ

Ҷавон бод бахти ту дар Фарвардин,
Чу дар Фарвардинмоҳ рӯи замин.
                                                                       Фирдавсӣ

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми “Мири наврӯзӣ…”
Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,
Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.
                                                                Ҳофизи Шерозӣ

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил биёфт шабоб аз паси машиб.
                                                                      Рӯдакӣ

Гули сурху сафеди арғувонӣ,
Бароят мекунам ман боғбонӣ.
Гули сурху сафед аз ман рамидӣ,
Магар ҳарфи баде аз ман шунидӣ?
                                                                  Аз халқ

Биё, эй булбули бехонумонам,
Биё, эй дилбари ширинзабонам.
Биё, эй бӯи райҳони баҳорам,
Биё, ки аз фироқат дилфигорам.
                                                                 Аз халқ

Гули бодом бӯи нози Наврӯз,
Гилеми сабза пойандози Наврӯз,
Ба роҳаш абри найсон дур бипошад,
Ки тундар оварад овози Наврӯз.
Замин аз мақдамаш пурзебу фар шуд,
Шамимаш накҳати боди саҳар шуд.
Табассум кардааст Наврӯз имрӯз,
Ки фавҷи лола дар саҳро бадар шуд.
                                                      Боқӣ Раҳимзода

Он саҳни чаман, ки аз дами Дай,
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акун зи баҳори Монавитабъ,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
                                                                   Рӯдакӣ

Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,
Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ.
Бар бӯстон гузаштӣ ё дар биҳишт будӣ?
Шод омадию хуррам, фархундабахт бодӣ!
Хоҳам, ки бомдоде берун равӣ ба саҳро,
То бӯстон бирезад гулҳои бомдодӣ…
                                                       Саъдии Шерозӣ

Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,
Ки басе гул бидамад бозе ту дар гил бошӣ.
Ман нагӯям, ки кунун бо кӣ нишину чӣ бинӯш,
Ки ту худ донӣ, агар зираку оқил бошӣ.
Чанд дар парда ҳамин медиҳадат панд, вале,
Вазъат он гоҳ кунад суд, ки оқил бошӣ…
                                                         Ҳофизи Шерозӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.