Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Фармон

Фармон ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби сарвари давлат, раиси ҳукумат, сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, яъне аз сатҳи олӣ то ба сарварони корхонаҳову муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ширкатҳо, фирмаҳо, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонии миёна ва ғайра барои ҳалли масоилу мушкилоти ба миёномадаи марбути ҳаёти ҷомеа, барои ба роҳ мондани фаъолияти дохилӣ ва назорати он, кору фаъолияти кормандон, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ содир карда мешавад. Фармонҳои вобаста ба созмону сохтори корхонаву муассиса, расонидани дастурҳои мақомоти болоӣ ва иқдомот барои ба эътибор гирифтану иҷроиши онҳо, ки бевосита ба корхона дахл доранд, фармонҳои меъёрӣ мебошанд. Фармонҳоеро, ки ба кормандон, донишҷӯён оид ба қабул кардан ба кор, аз кор озод кардан, ба рухсатӣ рафтан, мукофот ё танбеҳ додан, қабули донишҷӯ ба мактаби олӣ, хориҷ кардан аз сафи донишҷӯён, барқарор кардан ба сафи донишҷӯён дахл доранд, фармони шахсӣ ё инфиродӣ мегӯянд.
Фармон аз қисмҳои зерин иборат аст:
– номи мақомоти болоӣ;
– номи муассиса, корхона;
– номи ҳуҷҷат;
– шумора, макон ва санаи содир шудан;
– сарлавҳа, унвони фармон;
– матн;
– асос, далел;
– имзои сардори муассиса, корхона.
Намунаҳо:

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи милли Тоҷикистон

ФАРМОН

№23-ш                          ш.Душанбе                             31.08.2019

Дар хусуси ба вазифаи дигар гузаронидан
Саъдизода Меҳроҷиддини Алишер – котиби Кафедраи забони тоҷикӣ аз 01.09.2019 ба вазифаи оператори компютери кафедраи мазкур бо музди меҳнати мутобиқи ҷадвали бастҳо гузаронида шавад.
АСОС: Аризаи Саъдизода М.А. ва ризоияти роҳбарият.

РЕКТОР                                                                                  Н.Азизов

*     *     *

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

ФАРМОН

№25-с                          ш.Душанбе                            02.10.2019

Дар хусуси ба вазифаи дигар гузаронидан
Диловарзода Барзуи Манучеҳр – муаллими калони Кафедраи забони тоҷикӣ бо мақсади барқарор намудани робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо марказҳои илмӣ ва омӯзишу парвариши Ҷумҳурии исломии Эрон, дастрас намудани китобҳои илмӣ ва таълимӣ, андӯхтани таҷриба оид ба методҳои омӯзишу парвариш ба мӯҳлати 30 рӯз, аз 02.10.2019 то 02.11.2019 ба Ҷумҳурии исломии Эрон ба сафари хидматӣ фиристода шавад.
АСОС: Пешниҳоди мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ризоияти роҳбарияти донишгоҳ.

РЕКТОР                                                                                  Р.Паҳлавонзода

Нусха аз фармон ҳуҷҷатест, ки аз ҷиҳати сохтор ва қисмҳо ба фармон айният дорад. Нусха аз фармонро шахсе мегирад, ки фармон ба ӯ дахл дорад ва ба мақомоти дахлдоре, ки аз ӯ овардани ин ҳуҷҷатро талаб кардаанд, мерасонад. Масалан, донишҷӯ аз фармоне, ки дар он оид ба қабул шуданаш ба донишгоҳ сухан меравад, нусха гирифта, ба Комиссариати ҳарбии ҷойи зисташ мебарад ва ӯ аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешавад. Корманди ба нафақа мебаромадагӣ нусха аз фармонро оид ба қабул шуданаш ба кор ба мақомоти таъинкунандаи нафақа мебарад.
Нусха аз фармонро сардор ё нозири Шӯъбаи кадрҳои корхона ба навиштаи “Нусха ба аслаш мувофиқ” имзо ва муҳр тасдиқ менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.