Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Қарордод (Договор, Контракт)

Қарордод ҳуҷҷатест, ки дар ҳуҷҷатнигории  муосир ба номҳои гуногун – Созишнома (соглашение), Муоҳида (договор, соглашение), Шартнома (соглашение), Қарордод (контракт) ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтааст. Ибораҳои “Шартномаи меҳнатӣ”, “Созишномаи меҳнатӣ” дар забони тоҷикӣ услубан ғалатанд, ба табиати забони тоҷикӣ бегонаанд, чунки онҳо тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи “трудовое соглашение”-и русӣ мебошанд. Мақбултар, мо ибораҳои “Созишномаи иҷрои кор”, “Шартнома оид ба иҷрои кор”, “Қарордод”-ро медонем ва истифода аз онҳоро тавсия медиҳем.
Қарордод (созишнома, муоҳида) санадест, ки байни ду тараф (ҷониб) оид ба барқарор намудани муносибатҳо, яъне иҷрои коре баста мешавад ва шароити иҷрои кор, мушаххасоти муносибатҳои байниҳамдигарии тарафҳо (ҷонибҳо), ки яке “Корфармо” ва дигаре “Иҷрокунанда” ном мегиранд, сабт мегардад. Мавриди бастани Қарордод, Созишнома, Шартнома, Муоҳида (номгузорӣ ба салоҳдиди муассисаи корфармо) хеле зиёданд, дар ин ҷо чанде аз онҳоро ном мебарем:
– ба кор даромадан ба корхона;
– дохил шудан ба мактаби олӣ;
– барои таҳсил ба литсей ва гимназия бурдани фарзанд;
– ба нашриёт супурдани дастнависи китоб, рисола ва ғайра барои ба табъ расонидан;
– гузоштани маблағи пул ба бонк ва ғайра.
Ҳангоми ба коре шурӯъ кардан дар муассиса ва ё корхонае албатта шартнома баста, онро ба имзо расонидан лозим аст. Агар кори мӯҳлатноки кӯтоҳмуддату хурд, масалан, таъмири хона, иштирок дар кори савдо, ҳифзи амвол ва ғайра бошад ҳам, қарордод мебояд баст. Одатан, қарордод дар ду нусха таҳия мешавад. Як нусха дар дасти корфармо, нусхаи дигар дар дасти иҷрокунанда нигаҳ дошта мешавад. Агар қарордод баста нашавад, шахс қурбони фитнаву иғво, фиребу найранг мешавад ва барои кори иҷрокардааш маблағе намегирад. Агар иҷрокунанда дар даст як нусхаи қарордод дошта бошад, корро босифат, мувофиқи дар қарордод муайяншуда, дар мӯҳлати зикргардида ба анҷом расонида бошад, барои дархости маблағи кори худ метавонад ба мақомоти дахлдор, масалан додситон (суд) муроҷиат намояд.
Қарордод тақрибан ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Номи ҳуҷҷат;
2. Таърихи тартиб дода шудан (дар тарафи чапи варақ);
3. Шумораи сабт (дар тарафи рости варақ);
4. Маҳалли таҳияи Қарордод;
5. Номи тарафҳои ба ҳамдигар Қарордод мебастагӣ, муносибат барқарор мекардагӣ бо зикри вазифа, насабу номҳо ва номи падарашон (пурра, мувофиқи Шиноснома);
6. Мавзӯи Қарордод;
7. Шароити кору хидмат, ки тарафҳо иҷрояшонро ба ӯҳда мегиранд. Ин ҷузъ худ матни Қарордод аст, ки дар он шартҳои пардохти музди меҳнат, кафолати иҷтимоӣ сабт мегарданд;
8. Муддати эътибори Қарордод (агар Қарордод ба мӯҳлате пешбинӣ шуда бошад, мӯҳлатро нишон медиҳанд, агар бемӯҳлат, доимӣ бошад, нишон додани мӯҳлат зарур нест);
9. Насаб, ном, номи падар, нишонӣ, телефони тарафҳо ва мӯҳр (агар корхонаҳо бо ҳамдигар қарордод бубанданд). Агар тарафи дуюм, иҷрокунанда шахси алоҳида бошад, насаб, ном, номи падараш, мушаххасоти шиносномааш ва нишониаш навишта мешаванд ва имзо мегузорад.
Намунаҳо:

Қарордод

Шумораи сабт №1
1 январи соли 2018                                                                                     шаҳри Душанбе

Корхонаи, муассисаи, ширкати ___________________ дар шахси __________, ки дар асоси Оиннома амал менамояд, баъдан “Корфармо” ёд мешавад ва шаҳрванд _____________, ки баъдан “Иҷрокунанда” зикр мешавад, дар ин бобат Қарордод бастанд:

1. Мавзӯи Қарордод

1.1. Шаҳрванд ______________________ ба вазифаи _____________ дар шӯъбаи _____________ пазируфта мешавад ва мутобиқи дастурамали вазифавӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва санадҳои меъёрӣ ва ҳамин Қарордод фаъолият менамояд.

2. Шароити истихдом

2.1. Қарордод аз рӯзи ба имзо расиданаш аз 1 январи соли 2018 амал менамояд. “Иҷрокунанда” аз рӯзи ба имзо расидани Қарордод ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ мекунад.

2.2. Дар сурати тағйир ёфтани шароити кор ва самтҳои истеҳсолот ба Қарордод, аз ҷумла ба фасли “пардохти музди меҳнат” тағйирот ворид карда мешавад.

2.3. Амали ин Қарордод, ки бемӯҳлат баста шудааст, метавонад пеш аз мӯҳлат бо ташаббуси ин ё он тараф қатъ карда шавад. Ташаббускори қатъи Қарордод ӯҳдадор аст аз тасмими худ ба таври хаттӣ ду ҳафта пеш аз қатъи Қарордод тарафи дигарро огоҳ намояд.

2.4. Ҳангоми қатъ карда шудани Қарордод бо ташаббуси “Иҷрокунанда” вай бояд ба “Корфармо” оид ба вазъи корҳои ба анҷомдодааш ҳисоботи мукаммал таҳия намояд, сабабҳои қатъи Қарордод ва санаи қатъро нишон бидиҳад. Дар сурати боварибахш дониста шудани сабабҳо ва узрпазир будани онҳо аз ҷониби “Корфармо”, Қарордод метавонад қатъ карда шавад.

2.5. Қатъи Қарордод пеш аз мӯҳлат бо ташаббуси “Корфармо” бад-ин сабабҳо сурат мегирад:
а) иҷро нашудани вазифаҳои ба ӯҳда гирифташуда аз ҷониби “Иҷрокунанда”;
б) вайрон карда шудани интизоми меҳнат аз ҷониби “Иҷрокунанда”;
в) дархости роҳбаре, ки “Иҷрокунанда” дар тобеияташ мебошад;
г) хулосаи комиссияи аттестатсионӣ дар хусуси аз ҷиҳати тахассус мутобиқ набудани “Иҷрокунанда” ба вазифаи ишғолкардааш.
“Корфармо” сабаб ва санаи қатъи Қарордодро нишон медиҳад.

2.6. Ҳангоми қатъи Қарордод бо ташаббуси “Иҷрокунанда” музди меҳнати ӯ барои ҳамаи рӯзҳои кор ва рӯзи қатъи Қарордод пардохта мешавад. Дар хатми соли кор музди меҳнату мукофотпулиҳои пешбинишуда пардохта намешаванд. Ин шартҳо ҳангоми қатъи Қарордод бо ташаббуси “Корфармо” низ амал менамоянд.

2.7. Ҳангоми аз ҷониби “Иҷрокунанда” канда шудани муносибатҳои корӣ бе қатъи Қарордод “Корфармо” метавонад нисбат ба ӯ барои дар доираи зарари овардааш даъво пешниҳод намояд.

2.8. Ҳангоми қатъи Қарордод дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати он ё пеш аз мӯҳлат “Корфармо” барои аз вазифа озод кардани “Иҷрокунанда” фармон содир менамояд.

2.9. Ҳангоми дигар шудани вазифаи “Иҷрокунанда” ва ё ҷадвали бастҳо мутобиқи вазифаи нав ва ё ҷадвали бастҳои нав Қарордод аз нав баста мешавад.

3. Шартҳои пардохти музди меҳнат

3.1. Барои иҷрои вазифаи ба ӯҳда гирифтааш ба “Иҷрокунанда” музди меҳнат дар ҳаҷми _______ сомонӣ дода мешавад.

3.2. Ба “Иҷрокунанда” дар ҳудуди ҳаҷми таъиншуда дар Низомномаи корхона оид ба додани мукофот, мукофотпулӣ дода мешавад.

3.3. Дар охири сол ба “Иҷрокунанда” барои собиқаи корӣ дар ҳаҷми таъиншуда дар Низомнома мукофотпулӣ дода мешавад.

3.4. Дар охири сол “Иҷрокунанда”ба гирифтани мукофотпулии иловагии ҷамъбасти сол дар ҳаҷми пешбинишуда дар __________________ ҳуқуқ дорад.

3.5. Дар сурати ба рухсатӣ рафтан “Иҷрокунанда” ӯ барои гирифтани кӯмакпулии моддӣ мутобиқи Созишнома ҳуқуқ надорад.

4. Кафолати иҷтимоӣ

Ба ғайр аз кафолатҳои меҳнатӣ ва ҷубронпулиҳо, ки дар қонунҳо оид ба меҳнат пешбинӣ шудаанд, ба “Иҷрокунанда” боз кафолатҳои зерин дода мешаванд:

4.1. Ҳифз ва бехатарии меҳнатӣ мутобиқи тартиботи муқаррарӣ.

4.2. Барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти кории ба “Иҷрокунанда” расида ҷубронпулӣ мутобиқи тартиботи таъиннамудаи қонун дода мешавад.

4.3. Ҳангоми рӯй додани ҳодисаи бадбахтӣ ва фавти “Иҷрокунанда” бо гуноҳи корхона, ба оилаи ӯ мутобиқи тартиботи таъиннамудаи қонун кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Баҳсу нофаҳмиҳо, ки ҳангоми иҷрои Қарордод ба миён меоянд, мутобиқи тартиботи таъиннамудаи қонунгузроиҳои ҷорӣ ҳал карда мешаванд.

“Корфармо” _____________________

“Иҷрокунанда” _____________________

_____________________        _____________________

         (Мӯҳр)

*     *     *

Созишномаи иҷрои кор

Шумораи сабт № ____

«____» _______ соли 201__                                                                ш.Душанбе

Муассисаи _______________________ дар шахси _____________, ки дар асоси Низомнома амал менамояд ва минбаъд “Корфармо” ёд хоҳад шуд, аз як ҷониб ва _______, ки минбаъд “Иҷрокунанда” ёд хоҳад шуд, дар ин хусус бо ҳамдигар ба созиш омаданд:

1. “Корфармо” фармоиш медиҳад, “Иҷрокунанда” иҷрои кори ____________ ба ӯҳда мегирад.

2. “Корфармо” ба “Иҷрокунанда” пардохти маблағро дар ҳаҷми ___________ ба ӯҳда мегирад.

3. Ҳамаи баҳс, нофаҳмиҳои байни ҷонибҳои ин Созишнома ба тариқи гуфтушунид ҳал карда мешаванд. Дар сурати ба мувофиқа наомадан баҳсу нофаҳмиҳо мувофиқи тартиби дар қонунгузории ҷорӣ таъингардида ҳал карда мешаванд.

4. Ҷонибҳо ҳуқуқ доранд Созишномаро пеш аз мӯҳлат қатъ намоянд, дар ин сурат ҷонибе, ки ин иқдомро пеш гирифтааст, бояд ҷониби дигарро 10 рӯз пешакӣ огоҳ намояд.

5. Нишонии расмии Ҷонибҳо:

“Корфармо”: (номи муассиса, нишонӣ, рақами телефон, суратҳисоби расмӣ дар бонк).

“Иҷрокунанда”: (нишонии ҷойи истиқомат, рақами телефон, мушаххасоти шиноснома).

6. Имзоҳо:

“Корфармо” ___________________

“Иҷрокунанда” ___________________

___________________         __________________

         (Мӯҳр)

*     *     *

Шартномаи иҷрои кор

№ ____

«____» _______ соли 201__                                                                ш.Душанбе

Мо имзокунандагон, дар симои ____________, ки дар асоси (Низомнома, Оиннома ва ғайра) амал мекунад ва минбаъд бо унвони “Супоришдиҳанда” зикр мегардад, аз як тараф ва аз тарафи дигар дар симои ____________, ки минбаъд “Иҷрокунанда” ном мегирад, ҳамин шартномаи иҷрои корро аз рӯйи шартҳои зерин ба имзо расонидем:

1. “Супоришдиҳанда” ба тариқи шартномавӣ вазифа мегузорад ва “Иҷрокунанда” иҷрои корҳои зеринро ба таври фармоишӣ ба ӯҳда мегирад: ____________

2. “Иҷрокунанда” ӯҳдадор мешавад, ки супоришҳоро дар мӯҳлати шартномавӣ мувофиқи талаботи “Супоришдиҳанда” ба анҷом медиҳад.

3. Мӯҳлати адои супоришҳо :

Оғоз: «____» _______ соли 201__

Анҷом: «____» _______ соли 201__

4. Тарафайн арзиши корҳои анҷомдодашударо бо маслиҳати ҳамдигар _________ сомонӣ ба таври фармоишӣ муқаррар намудаанд.

5. Маблағгузорӣ барои корҳои анҷомдода ____________ татбиқ мегардад.

6. Тағйироту иловаҳое, ки бо шартномаи мазкур дохил мешаванд, бояд аз рӯйи қоидаҳои муайян ба таври хаттӣ тартиб дода аз ҷониби тарафайн тасдиқ карда шаванд.

7. Шартномаи иҷрои кор аз лаҳзаи ба имзо расиданаш аз ҷониби тарафайн қонунӣ мегардад ва дар ду нусха, барои ҳарду тараф тартиб дода мешавад.

8. Шартномаи иҷрои корро яке аз тарафҳо метавонад пеш аз мӯҳлат қатъ ва ё дароз намояд ва тарафи дигарро камаш ____________ рӯз пештар аз қабули қарор оид ба қатъ ва дароз намудани шартнома огоҳ бисозад.

9. Маълумот оид ба тарафҳо:

“Супоришдиҳанда”                                                              “Иҷрокунанда”

____________________

____________________

____________________

10. Имзои тарафайн:

“Супоришдиҳанда”                                                              “Иҷрокунанда”

____________________

____________________

____________________

*     *     *

Муоҳида оид ба иҷрои кор

№ ____

«____» _______ соли 201__                                                                ш.Душанбе

Мо, ашхоси дар зер имзогузошта _________________, ки баъдан “Фармоишгар” ёд мешавад, аз як ҷониб ва мӯҳтарам __________________, ки баъдан “Иҷрокунанда” ёд мешавад, аз ҷониби дигар ин муоҳидаро дар ин хусус бастем:

1. “Фармоишгар” вазифадор менамояд, “Иҷрокунанда” иҷрои корҳои зеринро ба ӯҳда мегирад: ____________.

2. “Иҷрокунанда” ӯҳдадор мешавад корро дар вақти таъингардида ва комилан мутобиқи вазифаи додашуда иҷро намояд. “Иҷрокунанда” оид ба риоя накардани қоидаҳо ва берун рафтанаш аз доираи вазифаи супурдашуда бояд “Фармоишгар”-ро ба таври хаттӣ огоҳ созад.

3. Мӯҳлати иҷрои кор ___ рӯз аз «____» _______ соли 201__ то «____» _______ соли 201__.

4. Барои кори бо сифати баланд ва дар мӯҳлати таъингардида баанҷомрасида ва аз тарафи “Фармоишгар” қабулшуда “Фармоишгар” ба “Иҷрокунанда” ба маблағи _____ ҳаққи заҳмат медиҳад.

Нишонии ҷонибҳо:

“Фармоишгар”                                                              “Иҷрокунанда”

__________________                                                     _________________

__________________                                                     _________________

Имзоҳо: “Фармоишгар” ____________________ 

                “Иҷрокунанда” ____________________  


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.