Пятница, Март 22Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Маълумотнома (Справка)

Маълумотнома санадест, ки дар он оид ба фаъолияти шахс, вазъу ҳолати дар зиндагӣ рӯйдода, доир ба фаъолияти меҳнатӣ, таъмини нафақа, миқдори музди меҳнат, даромад, собиқаи кор, вазъи саломатӣ, оид ба таҳсил кардан дар таълимгоҳҳо, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҷойи истиқомат, ҳайати оила, масоҳати манҳил ва ғайра дода мешавад. Далелҳое, ки дар маълумотнома сабт меёбанд, бояд аниқ, дақиқ, асоснок, пурра бошанд.
Нуқтаҳои зерин дар маълумотнома акс меёбанд:
1. Номи муассисае, ки маълумотномаро медиҳад;
2. Шумора ва таърихи рӯзи дода шудани маълумотнома;
3. Унвони санад;
4. Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба вай маълумотнома дода мешавад;
5. Матлаби (матни) маълумотнома;
6. Номи муассисае, ки маълумотнома ба он ҷо пешниҳод мегардад;
7. Имзои сардор (роҳбар) – и муассисае, ки маълумотнома медиҳад;
8. Мӯҳр.
Дар баъзе маврид дар корхонаву муассисаҳо шакли тайёри маълумотномаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки дар ҷойҳои (сатрҳои) холӣ матлаби зарурӣ навишта мешавад.
Намунаҳо:

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Маълумотнома

№ ____   ________   ________________ соли 20_____

      Дода шуд ба ________________________________________ дар хусуси он, ки номбруда ҳақиқатан _____________________________________________ кор мекунад. Музди меҳнаташ _________________________ мебошад.

      Маълумотнома барои пешниҳод кардан ба ҷойи дархосткунанда дода шуд.

      Сардори шӯъбаи кадрҳо _________________________________________
                                                          имзо               насаб, ном, номи падар
      Мӯҳр

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ

Маълумотнома

№98                                                                                                                       2 апрели соли 2018

      Оқилова Шаҳло Бобоевна дар Шӯъбаи илмию тадқиқотии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи китобдор кор мекунад. Музди меҳнаташ 300 (сесад) сомонӣ мебошад.
      Маълумотнома барои пешниҳод кардан ба Шӯъбаи маорифи шаҳри Душанбе дода шуд.
      Сардори шӯъбаи кадрҳо ________________ Асламова Т.
                                                               имзо
      Мӯҳр

*     *     *

Идораи №8 истифода аз манзили ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Маълумотнома

№105                                                                                                                    25 октябри соли 2018

      Дода шуд ба шаҳрванд Бобоев Дилшод Ризоевич дар ин хусус, ки вай дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Навоӣ 00, ҳуҷраи 00 зиндагӣ мекунад.
      Ҳайати оилааш чунин аст:

  1. Падар – Бобоев Ризо Акбарович, соли таваллуд 1946;
  2. Модар – Бобоева Зебо Аҳмадовна, соли таваллуд 1950;
  3. Бародар – Бобоев Шодӣ Ризоевич, соли таваллуд 1974;
  4. Хоҳар – Бобоева Гулсифат Ризоевна, соли таваллуд 1979.

      Маълумотнома барои пешниҳод кардан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дода шуд.

Раиси идораи №8 истифода
аз манзили ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе               ________________                 Фузайлов М.С.
                                                        имзо

      Мӯҳр


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.