Вторник, Май 21Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Барқия (Телеграмма)

Барқия ҳуҷҷатест, ки ба воситаи телеграф фиристода мешавад. Барқия барои ба тезӣ хабареро расонидан, огоҳ сохтани шахсе аз корҳои дар пеш буда, вазъи саломатӣ, огоҳ сохтан аз замони парвоз дар тайёра ва ё сафар дар қатора (поезд) ва ғайра фиристода мешавад. Телеграмма бо услуби ба худаш хосе, дар идораи почта, дар варақа (бланк) – и махсусе пур карда шуда, ба ходими почта супурда мешавад. Телеграмма ду навъ аст: оддӣ ва фаврӣ. Навъи телеграмма дар варақи телеграмма сабт мегардад. Телеграммаи фаврӣ ба тезӣ расонида мешавад. Нархаш аз телеграммаи оддӣ се баробар зиёдтар аст. Баъзан, ба воситаи телеграмма аз вазъи бади саломатии хешованде хабар медиҳанд ва ба тезӣ расида омаданро талаб менамоянд. Дар ин гуна телеграмма духтур ҳам имзо мекунад ва мӯҳр мегузорад. Ходими почта мавҷуд будани имзои духтур ва мӯҳрро дар барқия сабт менамояд. Шахси ин нав барқияро гирифта, тибқи қоидаи муайянкардашуда, бо нишон додани сабти имзои духтур аз фурудгоҳҳои кишварҳои дунё барои парвоз бе навбат, ба хатсайри соати наздиктарин билети тайёра харида метавонад.
Дар барқия кӯтоҳбаёнӣ, мухтасаргӯӣ чизи асосӣ аст. Ҳиссаҳои ёвари нутқ, пайвандакҳову пешояндҳо навишта намешаванд. Агар зарурат набошад, аломатҳои китобатро намегузоранд. Ин амал бо мақсади сарфаҷӯӣ дар хароҷоти маблағи барқия (фиристонанда барои ҳар як калима пул медиҳад, нуқта ҳам як калима ҳисоб мешавад) ва ҳам барои осон кардани кори ходими почта – ирсолкунандаи барқия сурат мегирад. Як навъи дигари барқия бо номаи тасдиқкунандаи расиданаш ба дасти шахсе, ки барқия ба ӯ фиристода шудааст, мебошад. Ба забони русӣ ин навъ барқияро “С уведомлением” мегӯянд. Дар матни барқия фиристонанда ному насабашро мухтасар менависад; баъзан як ном кифоя аст. Аммо дар варақаи барқия фиристонанда суроғаи худро пурра сабт менамояд. Матни суроға фиристода намешавад ва аз он маблағ намеситонанд. Дар сурати пайдо карда нашудани шахсе, ки ба ӯ барқия фиристода шудааст, почта аз рӯйи ҳамин суроға фиристонандаро меёбад ва ӯро аз нарасидани барқия ба дасти шахси таъиншуда огоҳ менамояд.
Ба Русия ва ё аз Русия барқия ба забони русӣ навишта мешавад, чунки ходимони почта забони тоҷикиро намедонанд, агар забонро донанд ҳам, дар фиристонидани барқия мушкилӣ мекашанд. Дар дастгоҳи ирсоли барқия ҳарфҳои тоҷикӣ – ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ нестанд. Бе думчаҳои ҳарфҳо (ба ҷойи қ – к ва ғайра.) аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ва дар худи Тоҷикистон ҳам барқия фиристодан мумкин аст. Инчунин метавон барқияро ба забони тоҷикӣ, вале бо ҳарфҳои лотинӣ (англисӣ) фиристод. Дар дастгоҳи ирсоли барқия алифбои лотинӣ (англисӣ) мавҷуд аст.
Имрӯз номаҳо ва ё иттилооти монанд ба барқия ба воситаи компютер ва ё факс низ фиристода мешаванд, вале ин гуна номаҳо дар сурате ба дасти шахси таъиншуда мерасанд, ки вай компютерашро ба кор бидарорад ва дар интернет номаҳои ба ӯ фиристодашударо аз назар бигузаронад. Дар сурати кор кардани дастгоҳи факс ҳам шахси қабулкунанда метавонад номаи ба ӯ ирсолшударо бубинад.

Намунаҳо:
Кулоб кучаи Гулрезон 65 хонаи 5
Ба Амирхонов Неъматулло
Бо рӯзи таваллудат табрик менамоям умри дароз сиҳативу саломатӣ комёбиҳо орзумандам
Бо эҳтиром дӯстат Анвар ______________________
Шаҳри Душанбе – 64 (734064), кӯчаи Навои 00 хонаи 00
Сангов Анвар

*     *     *

Барқия ба Русия

Москва улица Дмитрия Ульянова 5
квартира 152 Сангову Ахрору
Рӯзи 25 октябр бо хатсайри 632 аз Душанбе парвоз мекунам

Абдуллоев Аҳмад

*     *     *

Аз Русия лозим меояд, ки барқия ба забони русӣ навишта шавад:
Таджикистан город Душанбе улица Шохин 25 квартира 25
Сатторову Ахрор
Вылетаю 20 октября рейс 632 встречай Абдуллоев Аҳмад
_____________________________________________
Суроғаи пурраи фиристонанда

Аз Тоҷикистон ба Русия, ба забони русӣ:
Русия Москва проспект Мира 65 квартира 65 Салимову Хуршед
Прибуду поездом на Казанский вокзал 25 октября встречай
Абдуллоев Аҳмад
_____________________________________________
Суроғаи пурраи фиристонанда

*     *     *

Ба Америка аз Тоҷикистон ба ҳуруфи лотинӣ:
USA New-York Peter street 45 department 45 Ahrorov Anvar
Ba tuyi barodarat 25 oktyabr biyo
Abdulloev Ahmad
_____________________________________________
Суроғаи пурраи фиристонанда

Ба кишварҳои Аврупо суроға, номи шахсе, ки барқия ба ӯ таъин гардидааст, бо забони маъмул дар ҳамон кишвар сабт мегардад. Матни барқияро ба забони тоҷикӣ ба ҳуруфи лотинӣ (англисӣ) метавон навишт.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.