Пятница, Март 22Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Дархост (Заявка)

Дархост санадест, ки дар он аз мақомоти расмӣ, сардор, роҳбар матлабе дархост карда мешавад. Он ба унвони мақомоти расмии муассисаву корхона навишта мешавад.
Ҷузъҳои асосии дархост:
1. Номи муассиса ва ному насаби роҳбар;
2. Номи санад;
3. Матн;
4. Ному насаб ва вазифаи дархосткунанда (ё дархосткунандагон);
5. Имзо;
6. Таърихи навишти санад.

Намунаҳо:

Ба ректори Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон  ⁄  ⁄  Донишкадаи
иқтисодии Тоҷикистон
профессор Одинаев С.

Дархост

      Аксари факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз хизматрасонии шабакаи Интернет баҳравар мебошанд. Донишҷӯёни факултаи иқтисод ва идора хоҳиши ба шабакаи Интернет пайваст шуданро доранд, ки ин талаботи замони муосир мебошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои дар факултаи мо насб намудани ин шабака иҷозат фармоед.

Мудири кафедраи
ахбор дар системаи
иқтисод, профессор                         ⁄               ⁄       Ҷ. Сатторов
30 ноябри соли 2018

Ба декани факултаи физикаи
Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон профессор
Собиров А. Р.

Дархост

      Дар факултаҳои равияи илмҳои дақиқ гузаронидани маҳфилҳо бо иштироки шахсиятҳои маъруфи соҳа ба манфиати кор буда, ин иқдом ба рушду такомули дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон созгор мебошад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ташкил намудани маҳфили илмии “Хирадманд” (дар се моҳ як бор) иқдом намоед.

      Донишҷӯёни соли чоруми факултаи
мазкур, ихтисоси радиофизика:

Имзо ва ному насаби донишҷӯён
Санаи таҳия шудани дархост

Ба декани факултаи иқтисодиёт ва
молияи Донишгоҳи иқтисодии
Тоҷикистон профессор
Калонова С.

Дархост

      Мо, донишҷӯёни соли аввали шӯъбаи кори бонкӣ (низоми кредитӣ) хоҳишмандем, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 ба мо аз фанни алифбои ниёгон дарс дода шавад. Ёд гирифтани хатти арабиасоси форсии тоҷикӣ барои хондани адабиёти тахассусии дар Эрону Афғонистон чопшуда ба мо ёрӣ расонида метавонад.

Имзо ва ному насаби донишҷӯён
Санаи таҳия шудани дархост


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.