Пятница, Март 22Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Баёнот (Тавзеҳнома, Объяснение)

Баёнот санадест, ки дар он хонандагон, донишҷӯён, устодон, кормандони корхонаву муассисаҳо, баъзе шаҳрвандон сабаби иҷро нагардидани амру фармоиш, вайрон кардани интизоми меҳнат, сабаби наомадан ба дарсҳо, риоя накардани қоидаву қонунҳои муқарраршударо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Баёнот бо талаби сардори корхона, шахси масъул тартиб дода мешавад. Оғози баёнот ба ариза монанд аст. Аз қисмҳои зерин иборат аст:
1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари роҳбар;
2. Насаб, ном, номи падар, вазифа, унвон, дараҷаи илмии тартибдиҳандаи баёнот;
Ин ду ҷузъ дар тарафи рости варақи А4 аз мобайни варақ сар карда навишта мешаванд (ба монанди ариза);
3. Номи ҳуҷҷат (дар мобайни саҳифа);
4. Матни ҳуҷҷат (Баёнот);
5. Насаб, ном ва номи падари тартибдиҳанда (ба шакли кӯтоҳ) ва имзо;
6. Санаи навишта шудани баёнот.

Намунаҳо:

Ба декани факултаи иқтисодиёт ва молияи
Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон,
профессор Калонова С. аз дотсенти
кафедраи забони англисӣ
Ёров Алӣ Қурбонович

Баёнот

      Ба Шумо иттилоъ медиҳам, ки донишҷӯёни факултаи мазкур, ихтисоси кори бонкӣ Рашидов Комрон ва Зубайдов Абдулло ба дарси ман 15 дақиқа дер омаданд. Онҳоро ба дарс роҳ додам, вале дар дарс бетартибӣ карданд. Ба ҳамин сабаб ман онҳоро аз синфхона берун кардам. Хоҳишмандам, дар ин бобат чора бубинед.

Имзо   ⁄               ⁄       Ёров А.

18 ноябри соли 2018

Ба декани факултаи иқтисодиёт ва молияи
Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон,
профессор Калонова С. аз донишҷӯёни
ҳамин факулта, ихтисоси кори бонкӣ
Рашидов Комрон ва Зубайдов Абдулло

Баёнот

      Ба Шумо иттилоъ медиҳем, ки рӯзи 18 ноябри соли 2018 ба дарси забони англисӣ (устод Ёров А.Қ.) дер омадем ва бар замми он ба рафти дарс халал расонидем.
Ба Шумо ваъда медиҳем, ки ин амали номатлуб бори дигар такрор нахоҳад шуд. Мо аз муаллим узр хостем.

Имзо   ⁄               ⁄      Рашидов К.

Имзо   ⁄               ⁄      Зубайдов А.

18 ноябри соли 2018

Ба декани факултаи иқтисодиёт ва молияи
Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон,
профессор Калонова С. аз донишҷӯи
соли дуюми шӯъбаи кори бонкӣ,
гурӯҳи “Б” Абдуллоев Равшан

Баёнот

      Ман, Абдуллоев Равшан Шодиевич, ба сабаби дар мусобиқаҳои варзишӣ (футбол) дар ҳайати командаи Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданам ду ҳафта, аз 15 то 30 октябри соли 2018, ба дарсҳо наомадам.
Ба баёнот нусхаи фармони ректор дар бораи ҳайати командаи варзишии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, ки дар он насаби ман ҳам ҳаст, илова (замима) карда мешавад.

Имзо   ⁄               ⁄      Абдуллоев Р.

4 ноябри соли 2018

Ба декани факултаи иқтисодиёт ва молияи
Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон,
профессор Калонова С. аз донишҷӯи
соли дуюми шӯъбаи андоз ва андозбандӣ,
гурӯҳи “Б” Гулов Ҷамшед

Баёнот

      Ман, Гулов Ҷ.Х., ба сабаби беморӣ 18 соат дар дарсҳо иштирок накардам. Дар бораи бемор буданам аз духтур маълумотнома дорам, ки он ба баёнот илова (замима) карда мешавад.

Имзо   ⁄               ⁄      Абдуллоев Р.

13 октябри соли 2018

Ба Раиси Матбааи №1-и шаҳри Душанбе
мӯҳтарам Розиқов Шӯҳрат Шерович аз
коргари сехи коғазбурӣ Амиров Давлат
Кабирович

Баёнот

      Рӯзи 15 октябри соли 2018 ба сабаби бемор шудани писарам ва ба дармонгоҳ бурдани вай  ба кор ҳозир шуда натавонистам. Дар ин бора маълумотномаи тиббӣ пешниҳод мегардад.

Имзо   ⁄               ⁄      Амиров Д.

16 октябри соли 2018


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.