Контактная информация
Ариза калимаи арабӣ буда, маънои арз, баён ва изҳорро дорад. Ариза мазмуни дархостӣ ва арзу шикоятӣ дошта, аз ҷониби як ё якчанд нафар ба унвони сардори муассисаву корхона ва мақомоти расмӣ навишта мешавад.
Ариза аз ҷузъҳои зерин иборат аст:
1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ному насаби роҳбари муассиса;
2. Вазифа ва ному насаби аризадиҳанда;
3. Номи ҳуҷҷат;
4. Матн (сабаб ва мақсади иншои ариза);
5. Имзои муаллиф;
6. Таърихи навишта шудани ариза.
Аризаро дар варақи А4 аз боло 2 см, аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1 ё 0,5 см ҳошия гузошта, ба даст менависанд, ё дар компютер чоп мекунанд. Навишти қисми ариза, ки дар он вазифа, унвон, ному насаби роҳбари корхона(муассиса) ва вазифаву ному насаби аризадиҳанда сабт мегардад, аз мобайни варақ, бе сархат(абзатс) оғоз меёбад. Дар ҷойи холии тарафи чап роҳбари корхона(муассиса) андешаи худ(раводидаш)-ро оид ба тасдиқ ё радди матолиби дар ариза омада сабт менамояд. Аризаи маъмулӣ, ки аксаран кормандон онро менависанд, аризаи ба кор дохил шудан, ба мураххась(отпуск) рафтан(пас аз 11 мощи кор дар муассиса) ва ё аз кор рафтан мебошад. Пас аз зикри вазифаву унвон, ному насаби роҳбари корхона, ному насаби аризадиҳанда, баъд аз 3 см ҳошия матни ариза оварда мешавад.

Ба кор дохил шудан:
Хоҳишмандам, маро ба вазифаи _______________________
дар корхонаатон қабул намоед.
Бо эҳтиром(ному насаб, таърихи рӯз)

Ба мураххасӣ(отпуск) рафтан:
Хоҳишмандам, барои ба мураххасӣ рафтани ман аз 1 декабри соли 2019 иҷозат бидиҳед.
Бо эҳтиром(ному насаб, таърихи рӯз)

Аз кор рафтан:
Хоҳишмандам, маро бо хоҳиши худам аз кор озод намоед.
Бо эҳтиром(ному насаб, таърихи рӯз)

Ғалатҳои маъмулӣ дар навиштани ариза:

(Аризаҳо ба номи шартии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – ДМТ навишта шудаанд. Донишҷӯёни Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон(ДИТ) ва дигар донишгоҳҳо дар вақти навиштани ариза бояд номи донишкадаи худашон, ному насаб ва унвони ректор, факултаҳо, ихтисосҳову курсҳои худро бинависанд).

Ба ректори Д.М.Т,  мӯҳтарам Саъдиев М.Б.
аз номи донишҷӯи соли сеюми факултаи
молиявию иқтисодӣ, ихтисоси молия
ва қарз Сафаров Нодир.

Ариза

      Дар баробари навиштани ариза худ ба шумо маълум менамоям, ки ман аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон – Шуғнон барои таҳсил ба Д.М.Т. омадаам. Дар шаҳри Душанбе барои истиқомат манзил надорам. Хоҳишмандам амр фармоед, ки ба ман аз хобгоҳ ҷой дода шавад.
Қаблан ба шумо арзи сипос менамоя.
2 сентябри соли 2018
Имзо

Намунаи дурусти ин ариза:

Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
профессор Саъдиев М.Б. аз донишҷӯи
соли сеюми факултаи молиявию иқтисодӣ,
ихтисоси молия ва қарз Сафаров Нодир

Ариза

      Ба Шумо маълум менамоям, ки ман аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон – Шуғнон барои таҳсил ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омадаам. Дар шаҳри Душанбе барои истиқомат манзил надорам. Хоҳишмандам, амр фармоед, ки ба ман аз хобгоҳ ҷой дода шавад.

Имзо   ⁄               ⁄       Сафаров Н.

2 сентябри соли 2018

(Аризаи дархостӣ барои қисман пардохт намудани маблағи таҳсил)

Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
профессор Саъдиев М.Б. аз донишҷӯи соли
дуюми факултаи молиявию иқтисодӣ,
гурӯҳи шартномавии ихтисоси молия
ва қарз Алиев Парвиз

Ариза

      Ба сабаи мушкилоти иқтисодии оилавӣ ман имконияти пурра супоридани маблағи таҳсилро барои соли хониши 2018-2019 надорам.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои 50(панҷоҳ) дар сад супоридани маблағи хониш иҷозат бидиҳед.

Имзо   ⁄               ⁄       Алиев П.

28 сентябри соли 2018

(Аризаи дархостӣ барои аз дарсҳо озод намудан)

Ба декани факултаи биологияи Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон, дотсент Собиров М.С. аз донишҷӯи
соли дуюми факултаи молиявию иқтисодӣ, гурӯҳи
шартномавии ихтисоси 013100 Ноибов Ҳабиб

Ариза

      Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки рӯзи 27-уми апрели соли равон тӯйи арӯсии бародарам баргузор мегардад.
Хоҳишмандам, маро ба мӯҳлати ду рӯз (аз 26.04.2018 то 28.04.2018) аз дарсҳо озод намоед.

Имзо   ⁄               ⁄       Ноибов Ҳ.

25 апрели соли 2018

(Аризаи шикоятӣ)

Ба декани факултаи биологияи Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон, дотсент Собиров М.С. аз донишҷӯёни
соли чоруми факултаи молиявию иқтисодӣ, гурӯҳи
шартномавии ихтисоси 011600

Ариза

      Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки вазъи синфхонаи компютерии факулта ба талабот ҷавобгӯй нест. Дар фасли сармо дар ин ҷо кор кардан ғайриимкон аст. Бар замми ин, мутасаддии синфхонаи компютерӣ дотсент Қаҳҳоров Б. бо донишҷӯён дағалона муносибат менамояд.
Хоҳишмандем, барои беҳтар гардидани шароити кор дар синфхонаи компютерии факулта чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ному насаби донишҷӯён                                                          Имзоҳо

20 марти соли 2018

(Аризаи барои гузаштан аз як ихтисос ба ихтисоси дигар)

Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
профессор Саъдиев Р.М. аз донишҷӯи соли
дуюми факултаи молиявию иқтисодӣ,
гурӯҳи шартномавии ихтисоси молия
ва қарз Забиров Ҷовид

Ариза

      Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки шавқи беандозаи дар ихтисоси фаъолияти бонкӣ таҳсил намуданро дорам. Ҳамзамон мақолаи илмиеро вобаста ба фаъолияти бонкҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп омода намудаам.
Хоҳишмандам, барои гузаштан аз гурӯҳи шартномавии ихтисоси молия ва қарз ба ихтисоси фаъолияти бонкӣ иҷозат фармоед.

Имзо   ⁄               ⁄       Забиров Ҷ.

26 августи соли 2018

(Аризаи барои аз нав барқарор кардани таҳсил)

Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
профессор Саъдиев Р.М. аз донишҷӯи соли
дуюми шӯъбаи ғоибонаи факултаи таърих,
гурӯҳи шартномавии ихтисоси
кишваршиносӣ Хуршедов Акрам

Ариза

      Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар соли таҳсили 2018-2019 ба сабаби вазъи бади саломатӣ ва оилавӣ имтиҳонҳоро аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва фарҳангшиносӣ саривақт супорида натавонистам ва бо фармони ТС №1330-03 дар таърихи 25.01.2018 аз сафи донишҷӯён хориҷ шудам.
Хоҳишмандам, барои аз нав барқарор шудан дар гурӯҳи шартномавии шӯъбаи ғоибонаи ихтисоси кишваршиносӣ иҷозат диҳед.

Имзо   ⁄               ⁄       Хуршедов А.

25 августи соли 2018

Ба нозироти андози ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе
аз шаҳрванд_______________
______________________
______________________

Ариза

      Хоҳишмандам, маро чун соҳибкор ба қайд гирифта, барои машғул шудан ба соҳибкорӣ_________________________________________________________ба муддати_________иҷозат диҳед.
__________________________________________________________________________
Сол, моҳ, рӯзи таваллуд__________________________________________________
Шиноснома______________________________________________________________
Ҷойи кор ва вазифа______________________________________________________
Нишони ҷойи зист________________________________________________________
Дар сурати давом додани фаъолияти соҳибкорӣ мӯҳлати иҷозатнома(патент)-ро тамдид мекунам.
Маълумоти дигар________________________________________________________
“___” _____________ соли 20___
Имзо______________


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.