Контактная информация
Даъватнома ҳуҷҷатест, ки бо мақсади даъват намудани ашхосе, меҳмонон, кормандон ба ягон маҷлис, чорабинӣ, маърака, шабнишинӣ, маҳфил ва ғайра таҳия мешавад.
Даъватнома расмӣ ва ғайрирасмӣ мешавад. Даъватномаи расмӣ аз сатҳи Ҳукумат сар карда, то ба мақомоти поёнтар, корхонаву муассисаҳо, мактабҳои олӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳо (институтҳо)-и он, Вазорати маориф ва илм ва боз муассисаҳои тобеи он, вазоратҳо, кумитаҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дигар иттиҳодияҳои эҷодӣ, ширкатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ ва ғайра таҳия шуда, фиристода мешавад. Агар дар чорабинӣ даъвати меҳмонони хориҷӣ дар назар бошад, масалан, конференсияҳову симпозиумҳои байналмилалӣ, инчунин агар даъватнома аз сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, он ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, баъзан ба хатти арабиасоси форсии тоҷикӣ навишта мешавад. Дар даъватнома қисмҳои зерин бояд бошанд:
1. Номи ҳуҷҷат;
2. Насаб, ном ва номи падари даъватшаванда;
3. Номи чорабинӣ, маҷлис, маҳфил, маърака;
4. Рӯз, моҳ, сол, соати баргузории чорабинӣ;
5, Номи баргузоркунандаи ҷорабинӣ;
6. Дар аксари даъватномаҳо номи баргузоркунандаи чорабинӣ дар саҳифаи якум, дар боло, дар миёнаи варақ калимаи “Даъватнома”, дар поён шаҳри Душанбе ва соле, ки чорабинӣ гузаронида мешавад, сабт мегардад. Дар саҳифаи дуюм (рӯгардон) матни даъватнома, дар саҳифаи дигар “Барнома”-ро меоваранд.

Намунаҳо:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Даъватнома

 

Душанбе
2018

Дар саҳифаи дигар (рӯгардон)

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Шуморо ба конференсияи илмӣ-амалии устодон ва донишҷӯён даъват менамояд.
       Конференсия рӯзи 17.04.2018 соати 10.00 дар толори конференсӣ баргузор мегардад.
____________________________________________________________
Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони Дӯстии халқҳо 94,
тел.: 2-22-22-22

Кумитаи тадорукот

Дар саҳифаи сеюм “Барнома”-и конференсия бо нишондоди рӯзу соати баргузорӣ оварда мешавад.

*     *     *

Даъватнома

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Бунёди Рӯдакӣ 25 сентябри соли 2018 мутобиқ бо 3-юми моҳи Меҳри соли 1382-и хуршедӣ Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Шӯҳрати ҷаҳонии Рӯдакӣ” созмон медиҳад. Бо камоли эҳтиром аз Шумо даъват мешавад, ки дар ин ҳамоиши илмӣ лутфан ширкат бифармоед.

Макон: толори Академияи илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 33,
Замон: соати 10 субҳ

Бунёди Рӯдакӣ

      (Ҳамин матн ба забони англисӣ ва ба хатти арабиасоси форсии тоҷикӣ дар саҳифаҳои дигари Даъватнома оварда мешавад. Барномаи ин чорабинӣ алоҳида чоп шуда, ба даъватшудагон расонида мешавад).

*     *     *

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи
даври хотимавии озмуни (олимпиадаи) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ (27-30 апрели соли 2018)

Душанбе
2018

Дар саҳифаи дигар давомаш омадааст:

Даъватнома

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок намудан дар ифтитоҳи даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ки 28 апрели соли 2018, соати 9.00 дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват менамояд.

Ифтитоҳ: 28.04.2018 соати 9.00
Ҷамъбаст: 30.05.2018 соати 9.30

      (Дар саҳифаи дигар барномаи кори чорабинӣ бо нишондоди рӯзҳо ва соатҳо оварда мешавад).

*     *     *

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Кафедраи забонҳо
Ҷамъияти илмӣ-амалии донишҷӯён

Даъватнома

Душанбе
2018

(Дар саҳифаи дигар)
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро ба сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сенздаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд агар чунонки бояд бишмарӣ.

Рашидии Самарқандӣ

Дар саҳифаи дигар:

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Кафедраи забонҳо Шуморо ба мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ки 29 феврали соли 2018 соати 13.30 дар Кафедраи забонҳо баргузор мешавад, даъват менамояд.

Роҳбарияти кафедра
бо ибтикори дотсент                                                      Н.Сироҷова

*     *     *

Дар рӯи даъватнома

Акси олим

Раҷаб Амонов
80
сол

Даъватнома

Дар саҳифаи дигар – дуюм:

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шуморо ба ҷаласа бахшида ба бузургдошти 80-солагии зодрӯзи академик, доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби шоистаи илмии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, нависанда Раҷаб Амонов даъват менамоянд.

Замон: 31 октябри соли 2018, соати 15.00
Макон: Маҷлисгоҳи АИ ҶТ, хиёбони Рӯдакӣ 33

Дар саҳифаи дигар иттилоънома оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Раҷаб Амонов ҷой дода шудааст.

*     *     *

      Даъватномаҳои шахсӣ, асосан даъват ба тӯйи хонадоршавӣ, хонаободии ҷавононанд, ки матни баъзеи онҳоро ба тариқи намуна меорем. Ёдовар бояд шуд, ки даъватномаҳои тӯйи хонадоршавӣ дар кортҳои зебу ороишдодашуда, бо акси арӯсу домод, ангуштаринҳо ва ғайра бо рангҳои сабз, сурх ва дигар навишта мешаванд. Ин навъ кортҳоро метавон аз дӯконҳо дастрас кард ва ё худи хонадоршавандаҳо метавонанд дар матбааҳо фармоиш бидиҳанд. Дар ин навъ даъватномаҳо як ё ду байт шеър ҷой дода мешавад.

Эй дӯст, маросими муборак дорам,
Шодии маро биё, бубинем бо ҳам.
Ин даъвати мо агар ба дил бардорӣ,
Хоки қадамат ба дида мебардорам.

Имшаб ду баҳор бехазон хоҳад шуд,
Имшаб ду ситора ҳамқирон хоҳад шуд.
Имшаб ду ниҳоли боғ пайванд шавад,
Фардо нигаред, гулфишон хоҳад шуд.

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Ҳузури мубораки Шумо дар базми домодию арӯсии фарзандони мо ____________________________________, ки рӯзӣ___________ соати______ дар________________________ороста мешавад, моро шод ва сарфароз месозад.
Бо камоли эҳтиром___________________________

*     *     *

Даъватнома

Эй дӯст, биё ки тӯям обод шавад,
Фарзанди ту ҳам, илоҳо, домод шавад.

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Шуморо ба базми хонаободии фарзандонамон ________________ ва  ________________, ки рӯзӣ___________ соли _________ соати______ дар________________________ баргузор мегардад, лутфан даъват менамоем.
Бо эҳтиром оилаҳои ___________________________

*     *     *

Даъватнома

Дилдода бувад дар бари дилдор дар ин шаб,
Пайваста ба ҳам лаззати дидор дар ин шаб.
Пурфайз аҷаб базмгоҳи шоми арӯсӣ,
Домод бувад ҳамнафаси ёр дар ин шаб.

Дӯсти гиромиқадр ______________________________
      ду даст пеши бар Шуморо, азизи дил, ба базми ҷамшедӣ ба ифтихори рӯзи муроди фарзандонамон ________________ ва  ________________, ки рӯзӣ___________ соли _________ соати______ дар________________________ баргузор мегардад, боэҳтироми хосса хайрамақдам мегӯем.
Бо эҳтиром оилаи ___________________________

*     *     *

Даъватнома

Гул дар бару май дар кафу маъшуқа ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Хоҳишмандем ба базми арӯсии мо, ки рӯзӣ___________ соли _________ соати______ дар________________________ баргузор мегардад, қадам ранҷа бинмуда, хурсандии моро афзун гардонед.

__________________ ва __________________
номи арӯс                                       номи домод

Даъватнома ба оши наҳор

Саҳар бархезу файзи рӯзгоронро тамошо кун,
Қадам баҳри зиёрат ҷониби тӯйхонаи мо кун.

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Лутфан Шуморо ба оши наҳори тӯйи фарзандонамон, ки рӯзӣ___________ моҳи ______ соли _______ аз соати______ то______ дар________________________ баргузор мегардад, даъват менамоем.
Бо эҳтиром ___________________________

Даъватнома

Бахт орад, файз орад тӯй бо оши наҳор,
Нури дида, тоҷи сар, хуш омадед, эё тоҷдора.

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Шуморо ба оши наҳори тӯйи домодию арӯсии фарзандонамон ____________ ва ____________, ки рӯзӣ___________ моҳи ______ соли _______ соати______ баргузор мегардад, даъват менамоем.

Нишонӣ:_________________________________
Бо эҳтиром оилаи__________________________

Даъватнома ба зодрӯз (марди ба синну соли Муҳаммад (с) расида)

Даъватнома

Мӯҳтарам(а) ______________________________
      Ташрифи Шуморо ба манзили мо ба як пиёла чой дар рӯзӣ___________ моҳи ______ соли _______ аз соати______ то______ бо тавозӯъ хоҳишмандем.

Нишонӣ:_________________________________
              (бо кадом нақдиёт расиданро ҳам 
               нишон додан аз фоида холӣ нест)
Бо эҳтиром _______________________________


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.