Воскресенье, Февраль 17Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Ҳуҷҷатнигорӣ

Шпаргалка по документам

Дархост (Заявка)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Дархост санадест, ки дар он аз мақомоти расмӣ, сардор, роҳбар матлабе дархост карда мешавад. Он ба унвони мақомоти расмии муассисаву корхона навишта мешавад. Ҷузъҳои асосии дархост: 1. Номи муассиса ва ному насаби роҳбар; 2. Номи санад; 3. Матн; 4. Ному насаб ва вазифаи дархосткунанда (ё дархосткунандагон); 5. Имзо; 6. Таърихи навишти санад. Намунаҳо: Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ⁄  ⁄  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон профессор Одинаев С. Дархост       Аксари факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз хизматрасонии шабакаи Интернет баҳравар мебошанд. Донишҷӯёни факултаи иқтисод ва идора хоҳиши ба шабакаи Интернет пайваст шуданро доранд, ки ин талаботи замони муосир мебошад. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои дар факултаи мо насб намудани ин шабака иҷозат ф

Баёнот (Тавзеҳнома, Объяснение)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Баёнот санадест, ки дар он хонандагон, донишҷӯён, устодон, кормандони корхонаву муассисаҳо, баъзе шаҳрвандон сабаби иҷро нагардидани амру фармоиш, вайрон кардани интизоми меҳнат, сабаби наомадан ба дарсҳо, риоя накардани қоидаву қонунҳои муқарраршударо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Баёнот бо талаби сардори корхона, шахси масъул тартиб дода мешавад. Оғози баёнот ба ариза монанд аст. Аз қисмҳои зерин иборат аст: 1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари роҳбар; 2. Насаб, ном, номи падар, вазифа, унвон, дараҷаи илмии тартибдиҳандаи баёнот; Ин ду ҷузъ дар тарафи рости варақи А4 аз мобайни варақ сар карда навишта мешаванд (ба монанди ариза); 3. Номи ҳуҷҷат (дар мобайни саҳифа); 4. Матни ҳуҷҷат (Баёнот); 5. Насаб, ном ва номи падари тартибдиҳанда (ба шакли кӯтоҳ) ва имзо; 6. Санаи

Ариза (заявление)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Ариза калимаи арабӣ буда, маънои арз, баён ва изҳорро дорад. Ариза мазмуни дархостӣ ва арзу шикоятӣ дошта, аз ҷониби як ё якчанд нафар ба унвони сардори муассисаву корхона ва мақомоти расмӣ навишта мешавад. Ариза аз ҷузъҳои зерин иборат аст: 1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ному насаби роҳбари муассиса; 2. Вазифа ва ному насаби аризадиҳанда; 3. Номи ҳуҷҷат; 4. Матн (сабаб ва мақсади иншои ариза); 5. Имзои муаллиф; 6. Таърихи навишта шудани ариза. Аризаро дар варақи А4 аз боло 2 см, аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1 ё 0,5 см ҳошия гузошта, ба даст менависанд, ё дар компютер чоп мекунанд. Навишти қисми ариза, ки дар он вазифа, унвон, ному насаби роҳбари корхона(муассиса) ва вазифаву ному насаби аризадиҳанда сабт мегардад, аз мобайни варақ, бе сархат(абзатс) оғоз меёбад. Дар ҷойи

Тарҷумаи ҳол (Зиндагинома, Автобиография)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Тарҷумаи ҳол (баъзан шарҳи ҳол, ҳолнома, зиндагинома ҳам мегӯянд) санад - маълумотномаест, дар бораи ҳаёт, ҳолу аҳволи ин ё он шахс, ки аз тарафи худи ӯ навишта мешавад. Ин санад ба мисли  баъзе ҳуҷҷатҳо қолабӣ  нест. Он дар шакли дастнавис таҳия мешавад. Дар ин ҳуҷҷат тартиби замонии маълумот бояд риоя гардад. Ҳангоми навишти шарҳи ҳол ҷузъҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: ному насаб, таърихи таваллуд, таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ, шуғл, ҷоизаҳо (агар дошта бошад), ширкат дар умури иҷтимоӣ, маълумот дар бораи падару модар (ному насаб ва макони зист, касбу кор), вазъи хонавода ва таркиби он, нишонии ҷойи зист, таърихи таҳияи санад, имзои муаллиф. Тарҷумаи ҳол одатан ҳангоми ба ягон муассиса ба кор дохил шудан навишта мешавад. Намуна: Тарҷумаи ҳол Ман, Саъдуллоев Саидакрам Ёдго

Забонхат (Расписка)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Бо ин санад гирифтани маблағи пул ва ё миқдори муайяни мол тасдиқ карда мешавад. Он ба шакли дастнавис дар як нусха таҳия мегардад. Миқдори пул ё моли гирифташуда бо рақам, сипас бо ҳарф навишта мешавад. Ҳангоми зарурат ному насаб ва имзои шоҳидон низ оварда мешавад. Забонхатро то баргардонидани қарз қарздиҳанда нигоҳ медорад. Забонхат аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад: 1. Номи санад; 2. Ному насаб ва вазифаи шахсе, ки забонхат медиҳад ва ному насаби шахсе, ки аз ӯ маблағи пул ва ё мол гирифта мешавад; 3. Маблағи пул ё миқдори моли гирифташуда; 4. Имзои шахсе, ки забонхат медиҳад; 5. Таърихи навиштани санад. Намунаҳо: Забонхат       Ман, Муқимов Акбар Тоҳирович, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносӣ, сардори гурӯҳи буҷавӣ аз ҷонишини декан оид ба таълим, профессор Қаҳҳоров Ҷонибе

Тавсифнома (Хислатнома, Характеристика)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Тавсифнома ҳуҷҷатест, ки ба хатмкунандаи мактаби миёна бо имзои роҳбари синф ва сарвари мактаб, ба донишҷӯи мактаби олӣ маъмурияти донишгоҳ, ба донишҷӯёни курсҳои 1-5 дар сурати зарурат (ба кор дохил шудан, агар кор пас аз дарсҳо бошад, ба мақомоти расмӣ-милитсия, додситонӣ ва ғайра, агар кори донишҷӯ ба ин мақомот дахл дошта бошад) ба корманди муассиса барои ишғоли вазифаи нав, барои гузаронидани аттестатсияи мутобиқат ба вазифаи ишғолкарда, дохил шудан ба аспирантура, сафар ба кишварҳои хориҷӣ, пешниҳод ба мукофот ва ғайра дода мешавад. Вобаста ба ҳар яке аз ин навъҳо тавсифнома ба шакли гуногун ва бо мазмуну мундариҷаи мувофиқ тартиб дода мешавад. Ҷузъҳои тавсифнома: Қисми якум: 1. Номи санад; 2. Ному насаби шахсе, ки ба ӯ тавсифнома дода мешавад; 3. Унвони илмӣ (агар дошта бошад),

Эълон (Объявление)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Эълон санадест, ки дар он аз баргузории чорабинӣ ё рӯёдоде пешакӣ иттилоъ дода мешавад. Эълон ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Номи санад; 2. Маҳал ва вақти баргузории чорабинӣ; 3. Мазмуни чорабинӣ; 4. Созмондиҳандаи чорабинӣ. Намунаҳо: Эълон       Рӯзи 22.05.2018, соати 12:30 дар толори калони донишгоҳ вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Саъдиев С. бо донишҷӯёни  факултаи кимиё баргузор мешавад. Иштироки ҳамаи донишҷӯён ҳатмист. Садорати факулта Эълон       Ба диққати донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ расонида мешавад, ки мӯҳлати супоридани маблағи таҳсил то рӯзи 12.09.2018 муайян гардидааст. Дар сурати насупоридани маблағи таҳсил донишҷӯёни қарзи молиявидошта аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд. Садорати факулта