Четверг, Октябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Демография

Демография ва маълумотҳои ройгон, вале муфид оид ба ин масъала

Шумора ва динамикаи миқдори аҳолӣ

Демография
Шумораи аҳолӣ, таркиб, сохтор ва тарзи таҷдиди аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва нуқтаи ибтидоии омӯзиши демографию географии аҳолӣ ба шумор меравад. Зеро тавсифи аҳолии ҳар кадом воҳиди территорӣ (деҳот, шаҳр, ноҳия, мамлакат ва ё региони ҷаҳон) аз муайян кардани миқдори одамони дар он иқоматкунанда оғоз меёбад. (далее…)

Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он

Демография
Калимаи \"демография\" аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: demog-халк ва grapho-менависам, яьне \"халқнависӣ\" ва ё тасвири аҳолӣ аст. Вале демография аз ибтидои таърихи наздик 3,5 асраи худ фақат ба тасвири аҳолӣ машғул нашуда, ҳамеша предмети омўзишу тадқиқоти он масьалаҳои мухталиф ва васеъро дарбар мегирифт: шумораи аҳолӣ ва тағйирёбии он, сохтори демографии аҳолӣ (ҳайати ҷинсӣ, синну солӣ, ҳайати оилавии аҳолӣ), ҳодиса ва равандҳои демографии аҳолӣ (таваллуд ва таваллуднокӣ, фавт ва фавтнокӣ, издивоҷ ва талоқ), таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он ва ғ.Мавзўи асосии демография ҳамчун илм тадқиқи қонунҳои таҷдиди табиии аҳолӣ аст, ки онҳо характери ҷамъиятӣ-таърихӣ доранд. Зеро қонунҳои инкишофи демографӣ қисми ҷудонопазир ва таркибии қонунҳои рушди чамъият ба шумор мераванд. Дар ҷамъият тамоми

Таваллуд, таваллуднокӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Демография
Мафҳуми таваллуд аз модар ба дунё омадани фарзандро ифода мекунад. Истилоҳи таваллуднокӣ бошад, раванди оммавии омории бачазоӣ дар маҷмeи модарон, ё худ зудии (суръати) таваллуди фарзандони зинда дар муҳити муайяни иҷтимоиро ифода мекунад. Мафҳуми таваллуднокӣ дар демография ифодакунандаи шиддатнокист, яъне шиддатнокии таваллуд дар маҷмeи занон мебошад. (далее…)

Фавт ва фавтнокӣ, омилҳои ба он таъсиркунанда

Демография
Фавтнокӣ дар қатори таваллуднокӣ ва пас аз он дуюмин раванди муҳими демографӣ ба шумор рафта, дар якҷоягӣ бо таваллуднокӣ ва дар тавсири мутақобила ба он таҷдиди аҳолиро ташкил медиҳад. Фавт ба мисли таваллуд ҳодисаи биологист. Мафҳуми фавт мурдани фард, даргузаштан, вафот, марги шахси танҳо-фардиро ифода мекунад. Зери мафҳуми \"фавтнокӣ\" бошад раванди мурдани насл фаҳмида шуда, он чун раванди омории оммавӣ аз миқдори зиёди фавтҳои алоҳида ташаккул меёбад, ки дар аҳолии синну соли гуногун ба амал омадааст. (далее…)

Хусусиятҳои иҷтимои демографии, қобилият ва рафтори кормандон

Демография
Калимаи «демография» аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: демос халқ графос менависам, яьне «халқнависӣ» ва ё сабти аҳолй аст. Вале демография аз ибтидон таърихи наздик 3,5 асраи худ фақат ба тавсифи аҳолӣ машғул нашуда, омӯзишу тадқиқи масьалаҳои мўҳтали физайл предмети онро ташкил мекунанд (далее…)