Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


День: 07.09.2019

Фармон

Ҳуҷҷатнигорӣ
Фармон ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби сарвари давлат, раиси ҳукумат, сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, яъне аз сатҳи олӣ то ба сарварони корхонаҳову муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ширкатҳо, фирмаҳо, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонии миёна ва ғайра барои ҳалли масоилу мушкилоти ба миёномадаи марбути ҳаёти ҷомеа, барои ба роҳ мондани фаъолияти дохилӣ ва назорати он, кору фаъолияти кормандон, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ содир карда мешавад. Фармонҳои вобаста ба созмону сохтори корхонаву муассиса, расонидани дастурҳои мақомоти болоӣ ва иқдомот барои ба эътибор гирифтану иҷроиши онҳо, ки бевосита ба корхона дахл доранд, фармонҳои меъёрӣ мебошанд. Фармонҳоеро, ки ба кормандон, донишҷӯён оид ба қабул кардан ба кор, аз кор озод ка