Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


День: 05.09.2019

Сафарбаркунии қобилиятҳо

Сафарбаркунии қобилиятҳо

Бизнес, успех и мотивация
Инсон қобилиятҳои худро он вақт дарк мекунад, ки агар кӯшиш кунад онҳоро нишон диҳад. (Санека Младший) Як одами бой будааст. Ва ӯ як духтари зебое дошт. Ӯ мехоҳад ӯро ба шавҳар диҳад, аммо шубҳа мекард, ки ҷавонон ӯро барои муҳаббат ба занӣ мегиранд ё танҳо барои пулаш? Ва ӯ қарор кард, ки имтиҳон гузаронад. Ӯ одамонро ҷамъ кард ва гуфт: "Касе, ки ин ҳавзро шино карда мегузарад, мувофиқи хоҳишаш яке аз ин се боигарии маро мегирад: аз се як ҳиссаи заминам, аз се як ҳиссаи пулам ва ё духтарамро ба занӣ мегирад. Лекин Шумо бояд донед, ки дар ҳавз 10-то тимсоҳ шино мекунад". Ӯ суханашро ба охир нарасонида, аллакай як ҷавонписар худро ба ҳавз партофт. Бой ҳайрон шуд - чӣ қадар мардонагӣ бояд дошт ва чӣ қадар хоҳиш ва қарордод лозим буд барои ин кор. Тимсоҳҳо аз паси ӯ дарафтоданд, лекин ҷав
Корро аз куҷо бояд оғоз кард?

Корро аз куҷо бояд оғоз кард?

Бизнес, успех и мотивация
Тақдири худро худат роҳбарӣ кун, вагарна каси дигар бо он машғул мешавад. (Ноел Тичи) Сараввал бояд идора кардани пули камро ёд бигиред, то он даме, ки идоракунии пули камро ёд нагиред, пули зиёдро идора карда наметавонед. Мувофиқи омор аз ҳар як сад нафар шонздаҳ нафар сарватманд мешаванд, аммо танҳо як нафар метавонад бойгарии худро то охири ҳаёт нигоҳ дорад. Ва маҳз ӯ одами бой ба ҳисоб меравад. "Пул кор кардан осон аст, нисбат ба нигоҳ доштани он". Касе, ки бисёр сарватманд шудан мехоҳад, бояд ин қоидаи асосиро дар хотир нигоҳ дорад: "Имкониятҳои худро аз пул боло гузоред - он вақт пул ба назди шумо меояд ва барои шумо хизмат мекунад, агар шумо имкониятҳои худро аз пул поён гузоред - он вақт пул муайян мекунад, ки шумо чӣ хӯред, чӣ пӯшед, ба куҷо барои истироҳат равед, чӣ барои наз

Аз таърихи пули миллии Тоҷикистон

Финансы и кредит
Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии хахоманишиянд (асрҳои VI - V то милод), ки дар бозёфти машҳури "Хазинаи Амударё", ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд. Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост қисмати муҳими империяи Хахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналхалқии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд. Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV - миёнаи асри III то милод) рушд пайдо качрд. Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сикках

Қарордод (Договор, Контракт)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Қарордод ҳуҷҷатест, ки дар ҳуҷҷатнигории  муосир ба номҳои гуногун - Созишнома (соглашение), Муоҳида (договор, соглашение), Шартнома (соглашение), Қарордод (контракт) ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтааст. Ибораҳои "Шартномаи меҳнатӣ", "Созишномаи меҳнатӣ" дар забони тоҷикӣ услубан ғалатанд, ба табиати забони тоҷикӣ бегонаанд, чунки онҳо тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи "трудовое соглашение"-и русӣ мебошанд. Мақбултар, мо ибораҳои "Созишномаи иҷрои кор", "Шартнома оид ба иҷрои кор", "Қарордод"-ро медонем ва истифода аз онҳоро тавсия медиҳем. Қарордод (созишнома, муоҳида) санадест, ки байни ду тараф (ҷониб) оид ба барқарор намудани муносибатҳо, яъне иҷрои коре баста мешавад ва шароити иҷрои кор, мушаххасоти муносибатҳои байниҳамдигарии тарафҳо (ҷонибҳо), ки яке "Корфармо" ва дигаре "Иҷрок