Пятница, Апрель 26Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Месяц: Март 2019

Ҷашни Наврӯз муборак бошад!

Ҷашни Наврӯз муборак бошад!

Новости сайта
Мӯҳтарам истифодабарандагони сомона ва ҳамдиёрони азиз! Эй ғунчаи фархунда, Наврӯз муборак бод! Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод! Маъмурияти сомона бо арзи эҳтироми беандоза, ҳамаи Шумоёнро ба муносибати Иди пирӯзи баҳориву меъросии ниёгон - Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон осоишу хушбахтӣ, файзу баракат ва муҳаббати покро таманно дорад ва бигзор ҳамаи орзуҳои неки Шумоён амалӣ гарданд! Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам, Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам. Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор, Дунёра ба як қарор кай мебинам. Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, наврӯзатон фирӯз бод! Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бошад!!! Бо як орзуву таманниётҳои нек, Маъмурияти сомона!

Луғати коргузорӣ (русӣ ба тоҷикӣ)

Ҳуҷҷатнигорӣ
1. Аваль - кафолатнома; 2. Автограф - дастнавис, соядаст; 3. Автореферат - фишурдаи рисолаи илмӣ; 4. Агент - намоянда, коргузор; 5. Адрес - нишонӣ; 6. Аквизитор - ҷалбкунанда, ҷалби манфиат; 7. Акт - санад, таъйиднома; 8. Аккредитация - мансубият, мансуб кардан; 9. Алимент - нафақаи фарзанд; 10. Аннотация - мазмуни мухтасари китоб, мақола ва ғайра; 11. Анкета - пурсишнома; 12. Анонимка - мактуби беимзо; 13. Апелляция - шикоят, арз; 14. Аргумент - бурҳон, далел; 15. Аргументация - далел овардан, исбот кардан; 16. Аттестат - гувоҳнома, шаҳодатнома; 17. Афёра - қаллобӣ, фиребгарӣ; 18. Афиша - эълоннома; 19. Баланс - тарознома, мувозина; 20. Билет (поезд, автобус, тайёра) - сафархат, чипта; 21. Билет (имтиҳонӣ) - саволнома; 22. Билет (кино) намоишхат, вуруднома; 23. Бонд

Суратмаҷлис (Протокол)

Ҳуҷҷатнигорӣ
     Протокол калимаи фаронсавист - protocole, ки аз калимаи юнонии protocollon - "саҳифаи якуми дастнавис" гирифта шудааст. Ҳуҷҷати расмиест, ки дар он ягон ҳолату вазъияти ба вуқӯъ омада (рафти маҷлис, амалиёти судӣ (додситонӣ), амалиёти бозрасии ҷиноят) сабт мегардад. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ протокол ҳуҷҷати расмии аҳдномавӣ, аслан замимаест ба шартномаи асосӣ. Протоколи дипломатӣ - қоидаҳои маъмулӣ ва анъанавие, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ риоя мешаванд (тартиби ташрифи сарварони давлатҳову ҳукуматҳо, шаклҳои гузаронидани вохӯриҳо, сӯҳбатҳо ва ғайра).      Протоколи оддӣ санадест, ки дар он ҷараёни маҷлис, машварат, конференсия ва дигар ҷамъомадҳо акс меёбад.      Дар ҳар як корхона, муассиса, ширкат ва ғайра шахси масъуле ҳаст, ки ҷараёни маҷлисро сабт менамояд. Ин шахс котиб а