Вторник, Май 21Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Месяц: Февраль 2019

Маълумотнома (Справка)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Маълумотнома санадест, ки дар он оид ба фаъолияти шахс, вазъу ҳолати дар зиндагӣ рӯйдода, доир ба фаъолияти меҳнатӣ, таъмини нафақа, миқдори музди меҳнат, даромад, собиқаи кор, вазъи саломатӣ, оид ба таҳсил кардан дар таълимгоҳҳо, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҷойи истиқомат, ҳайати оила, масоҳати манҳил ва ғайра дода мешавад. Далелҳое, ки дар маълумотнома сабт меёбанд, бояд аниқ, дақиқ, асоснок, пурра бошанд. Нуқтаҳои зерин дар маълумотнома акс меёбанд: 1. Номи муассисае, ки маълумотномаро медиҳад; 2. Шумора ва таърихи рӯзи дода шудани маълумотнома; 3. Унвони санад; 4. Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба вай маълумотнома дода мешавад; 5. Матлаби (матни) маълумотнома; 6. Номи муассисае, ки маълумотнома ба он ҷо пешниҳод мегардад; 7. Имзои сардор (роҳбар) - и муассисае, ки маълум

Барқия (Телеграмма)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Барқия ҳуҷҷатест, ки ба воситаи телеграф фиристода мешавад. Барқия барои ба тезӣ хабареро расонидан, огоҳ сохтани шахсе аз корҳои дар пеш буда, вазъи саломатӣ, огоҳ сохтан аз замони парвоз дар тайёра ва ё сафар дар қатора (поезд) ва ғайра фиристода мешавад. Телеграмма бо услуби ба худаш хосе, дар идораи почта, дар варақа (бланк) - и махсусе пур карда шуда, ба ходими почта супурда мешавад. Телеграмма ду навъ аст: оддӣ ва фаврӣ. Навъи телеграмма дар варақи телеграмма сабт мегардад. Телеграммаи фаврӣ ба тезӣ расонида мешавад. Нархаш аз телеграммаи оддӣ се баробар зиёдтар аст. Баъзан, ба воситаи телеграмма аз вазъи бади саломатии хешованде хабар медиҳанд ва ба тезӣ расида омаданро талаб менамоянд. Дар ин гуна телеграмма духтур ҳам имзо мекунад ва мӯҳр мегузорад. Ходими почта мавҷуд будани имзо

Дархост (Заявка)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Дархост санадест, ки дар он аз мақомоти расмӣ, сардор, роҳбар матлабе дархост карда мешавад. Он ба унвони мақомоти расмии муассисаву корхона навишта мешавад. Ҷузъҳои асосии дархост: 1. Номи муассиса ва ному насаби роҳбар; 2. Номи санад; 3. Матн; 4. Ному насаб ва вазифаи дархосткунанда (ё дархосткунандагон); 5. Имзо; 6. Таърихи навишти санад. Намунаҳо: Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ⁄  ⁄  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон профессор Одинаев С. Дархост       Аксари факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз хизматрасонии шабакаи Интернет баҳравар мебошанд. Донишҷӯёни факултаи иқтисод ва идора хоҳиши ба шабакаи Интернет пайваст шуданро доранд, ки ин талаботи замони муосир мебошад. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои дар факултаи мо насб намудани ин шабака иҷозат ф

Баёнот (Тавзеҳнома, Объяснение)

Ҳуҷҷатнигорӣ
Баёнот санадест, ки дар он хонандагон, донишҷӯён, устодон, кормандони корхонаву муассисаҳо, баъзе шаҳрвандон сабаби иҷро нагардидани амру фармоиш, вайрон кардани интизоми меҳнат, сабаби наомадан ба дарсҳо, риоя накардани қоидаву қонунҳои муқарраршударо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Баёнот бо талаби сардори корхона, шахси масъул тартиб дода мешавад. Оғози баёнот ба ариза монанд аст. Аз қисмҳои зерин иборат аст: 1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари роҳбар; 2. Насаб, ном, номи падар, вазифа, унвон, дараҷаи илмии тартибдиҳандаи баёнот; Ин ду ҷузъ дар тарафи рости варақи А4 аз мобайни варақ сар карда навишта мешаванд (ба монанди ариза); 3. Номи ҳуҷҷат (дар мобайни саҳифа); 4. Матни ҳуҷҷат (Баёнот); 5. Насаб, ном ва номи падари тартибдиҳанда (ба шакли кӯтоҳ) ва имзо; 6. Санаи