Среда, Июнь 19Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Месяц: Декабрь 2018

Соли Нави 2019 муборак бошад!

Соли Нави 2019 муборак бошад!

Новости сайта
Соли Нави 2019 муборак бошад! Ҳамаи истифодабарандагони сомонаро бо самимият ва эҳтироми бепоён ба муносибати Соли нави мелодии 2019 табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, табъи болида, файзу баракат, рузгори саршор аз саодату сарфарозиҳо, бахту иқболи баланд, сарбаландию пирузиҳо ва дар фаъолияти рузмарраатон баҳри татбиқи ғояҳои наву инсондустона комёбӣ орзу менамоем. Ба Шумоён дар Соли нав беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзумандем. Бигузор ҳамаи орзуҳои неки Шумоён амалӣ гарданд ва Соли нав ба кошонаи Шумоён ва ҳама мардуми Тоҷикистон бахту иқбол ва саодати бепоён эҳдо намояд. Пирузиву некномӣ ҳамеша ҳамқадами Шумоён бошад! Соли навро мо якҷоя ба соли комёбиву музаффариятҳои нав табдил медиҳем ва ба қуллаҳои баланд дар ҷодаи илму дониш ва маърифат мерасем!!! Соли Нави 2

Муҳити инсонӣ ва фарҳангии бизнеси байналхалқӣ

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Менеҷмент дар бизнеси байналхалқӣ; Саволи №2. Бизнес дар Амрико ва Аврупо; Саволи №3. Бизнес дар Россия; Саволи №4. Бизнес дар Осиё. Ҷавоб ба саволи №1. Дар бизнеси байналхалқӣ системаи менеҷмент маҷмўи ташкилии воситаҳо, усул ва равандҳои идоракуниву қабули қарорҳо дар мавриди амалӣ гардондани фаъолият дар бозорӣ беруна мебошад, ки дар амали му­тақобил ва равобит қарор дошта, як воҳиди ягонаи динамикиро ба вуҷуд меоварад. Ин раванд аз бисёр ҷиҳатҳо бо гуногунии фарҳангҳову муҳити инсонӣ алоқманд аст. Ба менеҷмент дар бизнеси байналхалқӣ як силсила хислатҳои фарқкунанда хос аст: Хислати инкишофёбӣ (тағйирёбандагӣ), ки дар тағйирёбии муттасили раванди менеҷмент аз рўи самтнокӣ, масъалагузорӣ, хусусияти ҷараён, инчунин дар ди­намика будани ҳаракати марҳилаҳои мухталифи он ва

Бизнес ва одоби муошират

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Одоби муоширати корӣ; Саволи №2. Қоидаҳои рафтор; Саволи №3. Вазъи ҳассос дар гуфтушунидҳо: ҳадди имконпазири гузашткунӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Меъёрҳову қоидаҳои рафтори баодобона дар муо­шират ба ҳампешагони худи кас, тартиботу шаклҳои муомила дар раванди бархурдҳои хидматӣ одоби муо­ширати корӣ номида мешавад. Одоби инзамонӣ ойину суннатҳои амалии қариб тамоми халқҳоро аз қадимтарин замонҳо то рўзгори мо ба мерос. гирифтааст. Қавоиди одоб асосан байналхалқӣ мебошад, зеро дар кулли кишварҳо беш ё кам як хел риоя карда мешавад. Ҳамзамон одоби муоширати ҳар як кишвар мумкин аст ҷаҳатҳои хеле муҳими ба худ хос дошта бошад, ки онро боист суннатҳову урфу одати таърихӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра аст. Одоби муоширати корӣ қоидаҳои ба якдигар салом додану алек гирифтан, худро муаррифӣ к

Таассуроти аввал гузоштан ва дастфишурӣ дар бизнес

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Таассуроти аввал ва одоби сухан гуфтан бо телефон дар бизнес; Саволи №2. Муарифӣ намудан ва даст фишурдан дар бизнеси байналхалқӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Муаррифӣ кардан - Одатан ҳангоми вохўриҳо дар бизнес бо тартиби муайян муарификунӣ, дастфишўрӣ ва мубодилаи карточкаҳои визитӣ ба амал меоянд. Ҳангоми муарифӣ кардан ном, насаб ва номи падарии шахси муарифишударо пурра ба забон овардан лозим аст. Баъзан ҳолатҳое пеш меоянд, ки худро муарифӣ кардан зарур аст. Дар ҳолатҳои зерин метавонед худро муарифӣ намоед: - ба вохўрие ҳозир шудаед, ки касеро намешиносед; - ҳангоме, ки Шуморо ҳеҷ кас муарифӣ намекунад; - ҳангоми хўрок хўрдан, агар дар паҳлўятон шахси ношинос нишаста бошад; - агар эҳсос кунед, ки номи Шуморо фаромўш кардаанд. Дастфишўрӣ - Баъди аз оне, ки худро муарифӣ нам

Бонки тиҷоратӣ чӣ гуна андоз месупорад ҳамчун агенти андоз?

Вопросы и ответы
Ҷавоб: Андоз аз даромади шахсони воқеиро (кормандонро) пардохт менамояд. Меъёри андоз чунин муқаррар шудааст: аз маоши ҳадди ақал ситонида намешавад, то 100 сомонӣ - 8% ва зиёда аз 100 сомонӣ - 13%. *Чунин саволу ҷавобҳо ҳамаруза аз тамоми фанҳо ва соҳаҳо пешниҳоди Шумоён карда мешавад; **Мо метавонем бо ин гуна роҳ савияи дониши якдигарро сайқал дода, баланд бардорем.

Мафҳуми андоз чиро ифода менамояд?

Вопросы и ответы
Ҷавоб: Андоз пардохти ҳатмие мебошад, ки аз тарафи шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ ба қисми даромадҳои буҷети давлат ва захираҳои махсуси давлат ворид карда мешавад. *Чунин саволу ҷавобҳо ҳамаруза аз тамоми фанҳо ва соҳаҳо пешниҳоди Шумоён карда мешавад; **Мо метавонем бо ин гуна роҳ савияи дониши якдигарро сайқал дода, баланд бардорем.

Таркиби хазинаи бонк чанд хел аст?

Вопросы и ответы
Ҷавоб:  - хазинаи воридотӣ; - хазинаи содиротӣ; - хазинаи шабона; - хазинаи бозшуморӣ; - хазинаи нигоҳдории маблағ. *Чунин саволу ҷавобҳо ҳамаруза аз тамоми фанҳо ва соҳаҳо пешниҳоди Шумоён карда мешавад; **Мо метавонем бо ин гуна роҳ савияи дониши якдигарро сайқал дода, баланд бардорем.