Пятница, Апрель 26Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Месяц: Ноябрь 2017

Рузи Парчами давлатӣ муборак бошад!

Рузи Парчами давлатӣ муборак бошад!

Новости сайта
Парачами мо санаи 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст Рузи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд: Ранги "Сурх" – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, ҳимояи фарҳанг ва анъанаву суннатҳо миллӣ тасвир намудааст. Ранги "Сафед" – рамзи тоза