Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ИЛМИ ФАРҲАНГШИНОСИ

Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои ҷомеавй буда, таърихи хело куҳан дорад ва комёбиҳои давраҳои гу-ногуни ҷомеаро дарбар мегирад. Омӯзиши он комё-биҳо олимони зиёдеро ба чунин хулоса оварданд, ки таълими илми фарҳангшиносиро ба роҳ монанд, то ки мардум аз комёбиҳои бузурги фарҳангию тамаддунии аҳли башар ва паҳлӯҳои ҷолибу дилпазири адабиёт, санъат, шеваи ҳунармандии халқҳои ҷаҳон баҳраманд гарданд.\’ Дар ин маврид ҳар як фарди ҷомеа метавонад ба гузаштаи бунёдкоронаи аҷдоди хеш назар карда, суннатҳои аз байн рафтаи аҷдоди хешро барқарор на-муда, ба пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷомеаи ҷаҳо-нӣ ҳисса гузорад.Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои ҷомеавй буда, таърихи хело куҳан дорад ва комёбиҳои давраҳои гу-ногуни ҷомеаро дарбар мегирад. Омӯзиши он комё-биҳо олимони зиёдеро ба чунин хулоса оварданд, ки таълими илми фарҳангшиносиро ба роҳ монанд, то ки мардум аз комёбиҳои бузурги фарҳангию тамаддунии аҳли башар ва паҳлӯҳои ҷолибу дилпазири адабиёт, санъат, шеваи ҳунармандии халқҳои ҷаҳон баҳраманд гарданд.\’ Дар ин маврид ҳар як фарди ҷомеа метавонад ба гузаштаи бунёдкоронаи аҷдоди хеш назар карда, суннатҳои аз байн рафтаи аҷдоди хешро барқарор на-муда, ба пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷомеаи ҷаҳо-нӣ ҳисса гузорад.
Бузургони илму фарҳанг Форобӣ, Тойнби, Э. Тэй-лор, Викко, Шпенглер, Сорокин, Бердяев, Данилев-ский, Уайт ва дигарон низ дар замони хеш аҳамияти илми фарҳангшиносиро дарк намуданд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX омӯзиши илми фар-ҳангшиносиро инчунин дар Аврупо ба роҳ монданд, ки он мақсад ва вазифаҳои худро дошт. Пеш аз ҳама тавассути омӯзиши он инсон дар бораи комёбиҳои фар-ҳангиву тамаддунии марҳилаҳои муҳими ташаккули ҳаёти худ маълумоте пайдо намуда, аз он баҳраманд гашта, ба комёбиҳои бузург ноил мегардад.
Аз ин хотир олимон омӯзиши илми фарҳангши-носиро зарур ва ҳатмӣ донистаанд, зеро тавассути он мо метавонем дар бораи олами андешаҳои қадима ҷадид ба дарёфти ҳақиқати фарҳангӣ ноил гардем. Инчунин мардум бо донишу маърифатнокӣ ва ҷаҳон-бинии хеш мушкилотҳои иҷтимой, иқтисодӣ ва фар-ҳангии ҷомеаҳоро дарк намуда, барои бартараф на-мудани он мушкилотҳо рӯ меоранд.
Модоме, ки инсон дар раванди ташаккули ҷоме-авй ба комёбиҳои фарҳангиву маданӣ ноил гардид пас ягон фарде худ мадание тавлид наёфта, балки дар раванди ташаккули ҷомеавӣ хусусиятҳои маданиро аз бар менамояд ва зина ба зина онро сайқал дода, дар ҷомеа обрӯю эҳтироми худро пайдо мекунад. Дар ҷомеаи инсонӣ афроде ёфт мешаванд, ки онҳо аз рӯи рафтору кирдор, маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии худ ба пешрафти фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми бу-зурге мегузоранд. Ва ё баракс шахсоне ёфт мешаванд, ки бо рафтору кирдори сатҳи пасти маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии худ ба пешрафти фарҳангу тамаддун таъ-сири манфӣ мерасонанд.
Аз рӯи маълумоти олимон бармеояд, ки хусуси-ятҳои маданӣ ва предметҳои маданият аз тарафи инсон аз давраҳои қадим то айни замон ба даст овар-да шудаанд. Аз ин хотир инсон бо маданият ва маданият хоси инсон дониста шуда, фарҳанг ҳамчун субъект инсонро ба объекти худ қарор додааст. Аз ин рӯ олимон илми фарҳангшиносиро новобаста ба илми ҷомеавй буданаш боз илми зиндагӣ ва илми дую-ми табиат низ меноманд, чунки қонуниятҳои омӯзиш ва амалияи фарҳанг тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мод-дию маънавии инсонро меомӯзад. Пайваста ба ин инсон предметҳои ғайримадании тайёри табиатро бо мақсадона истифода бурда, аз он предметҳои маданӣ офарида, мушкилотҳои зиндагии хешро бартараф ме-намояд.
Намояндагони зиёди илму фарҳанги Шарқу Ғарб ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Насриддини Тӯсӣ, Носири Хусрав, Ибни Рушд, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Абунасри Форобӣ, Афлотун, Арасту, Тойнби, Викко, Тэйлор, Бердяев, Данилевский, Уайт ва дигарон дар маҳсули эҷодиёти худ ибораҳои гу-ногуни маданиро истифода бурда, оид ба илми фар-ҳангшиносӣ ибрози ақида намуданд. Аз он ҷумла оли-мони давраи муосир А.Кребер, К.Клакхон, Коган, Шербина, Д.Лоренс, В.Е.Рожнов ва дигарон таъриф-ҳои гуногуни маданиятро аз рӯи хусусиятҳояшон ба монанди таърифҳои тавсифӣ, таърихӣ, меъёрй, арзи-шӣ, равонӣ (психологӣ), сохторӣ (структуравй), гоявӣ, рамзй ва ғайраҳо табақабандӣ намудаанд.
Аз рӯи андешаҳои Ҷ.Асрориён ва Н.Сайвалиев дар миёни ин таърифҳо навиштаҳои Абӯнасри Форобӣ хеле ҷолибанд. Ӯ ба тафсири фалсафаи Арастую Афлотун дар асараш «Китоб-ул Мадинат-ул-фозила», «Ас-сиё-сат ул-Мудуния» лоиҳаи иттиҳоди ормонии одамонро пешниҳод намудааст, ки аз рӯи он мардум дар итти-ҳод дар асоси амали қонун арзи хоси зист доранд ва ҳукми қонун кафили хушиву хуррамии одамон аст. Ба андешаи Форобӣ шаҳри ҳақиқй бояд дар ҷои мувофиқ бунёд ёфта талаботи мардумро қонеъ намояд, миёни аҳолӣ ахлоқи нек ва эҳтироми якдигарро пойдор со-зад. Дар шаҳри намунавии Форобӣ ҳамаи табақаҳои мардум паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд, яьне мафҳуми «Маданӣ»дар баъзе ҳолат ба маънои Садри шаҳр ва ё Ҳакими одилу хирадманд истифода бурда мешаванд.
Аз назари А.Кребер «Маданият – кулли фаъолияти ҷамьиятии инсон аст», аз диди Г.Рейтер бошад «Ма-даният чизҳои моддй ва ғайри модии аз ҷониби инсон бунёд шуда» мебошад. Д.Лоренс бошад «Маданиятро рафтору кирдори ба қоидаву қонун даровардашуда медонад». То ба имрӯз зиёда аз 260 намуди таърифи онро ба вуҷуд овардаанд, ки мазмуну моҳияти онҳо дар таърифи мушаххаси фарҳанг ҷой дода шуданд. Ин таъриф давраҳои қадим, имрӯз ва ояндаро дарбар гирифта инкорнашаванда мебошадЖулосаи тамоми таърифотро ба тариқи зайл нишон додан мумкин аст: Маҷмӯи (арзишҳои) дастовардҳои моддй ва маъ-навие, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеа ба даст овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд. Ибора-ҳои маданӣ – ба мисли ибораҳои некй, бофарҳанг, мар-дй, меҳнатдӯстӣ, қаҳрамонӣ, хирадмандй, ватанпарва-рй ва ғайраҳо хусусиятҳоеро нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногуни ҷомеа фаъолияти хуби ба анҷом-расидаро маънидод мекунад ва мардумро ба ин рӯ-ҳия ҳидоят менамояд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки инсон аввалин предметҳои мадании худро аз пред-метҳои тайёри табиат истифода бурда, то ихтирои оташу яроқҳои оташфишон, техникаҳои азимҷусса, қасрҳои бузург ва ғайраҳоро ба даст овардааст.
Албатта ҳамаи ин комёбиҳо вобаста ба мақсаду мароми инсонй буда, барои аз байн бурдани мушки-лотҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст. Хулоса гар-чанде, ки омӯзиши илми фарҳангшиносӣ дар давраи муосир ба роҳ монда шуда бошад ҳам, предметҳои он аз давраҳои қадим дар илмҳои дигар ба монанди, иҷтимоиёт, санъат, фалсафа, забон, адабиёт, ахлоқ, ҳуқуқ, риёзиёт, таърих ҷуғрофия ва ғайраҳо истифода бурда мешуд. Ин масъала илмҳои табиию ҷамъиятиро пурмазмунтар гардонида, қадру қиммати онҳоро ба-ланд мегардонд. Фарҳангшиносй дар пешрафти ҷомеа ва комёбиҳои инсонӣ аҳамияти бузурге дорад. Аз ин рӯ омӯзиши он дар замони имрӯз ва оянда зарур аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.