Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


МАДАНИЯТИ ҶОМЕАИ ИБТИДОӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН

Заминаҳои маданият ва предметҳои он дар сохти ҷомеаи ибтидой бо баробари пайдоиши инсон шурӯъ гардида, зинаҳои камолот (ба мисли маданияти замо-ни антиқӣ, эҳёи мусулмонӣ, ренессанс, маданияти мая, маданияти муосир) ва тамаддунро дар бар мегирад.Заминаҳои маданият ва предметҳои он дар сохти ҷомеаи ибтидой бо баробари пайдоиши инсон шурӯъ гардида, зинаҳои камолот (ба мисли маданияти замо-ни антиқӣ, эҳёи мусулмонӣ, ренессанс, маданияти мая, маданияти муосир) ва тамаддунро дар бар мегирад. Аз оддитарин олоти офаридаи инсон, ки сангӣ буд, сар карда, то дарки асрори оташу кашфи тиру камон, борут, пайдоиши дину забон, хату алифбову санъат, дав-лату давлатдорӣ, илму адабиёти шифоҳй, бинову кор-хонаҳо, китобу мусаввараҳо, либосу асбобҳои рӯзгор, истиқоматгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ ва ғайраҳо дар маҷмӯъ сарватҳои маданианд.
Аз нигоҳи дигар маданият тарзу тариқаи рафтор, тафаккур ва фаъолияту амали одамонро дар соҳаҳои мушаххаси ҳаёти ҷамъиятӣ (маданияти меҳнат, сухан-гӯӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои фардӣ) ифода мекунад. Дар ибтидо маданиятро чун таъсири мақсадноки одам ба табиат (коркарди замин) ва тарбияи худи инсон медонистанд. Фарҳангшиносон бо далелу санадҳо со-бит менамоянд, ки маданият дар тӯли мавҷудияти худ шаклҳои гуногунро касб кардааст. Маданияти ҷомеаи ибтидоиро аз рӯи хусусиятҳояш маданияти синкритӣ номиданд, ки маънояш дағал, дурушт, омехта ва сод-далавҳона будани предметҳои он давраро мефаҳмонад. Яъне предметҳои маданияти моддию маънавиро якҷоя дар маҷмӯъ предметҳои маданият меноманд. Бештар ба фаъолияти меҳнатии инсон (касбу кор) раванди ма-даниро шарҳ медиҳанд.
Дар марҳилаҳои ҷомеаи ибтидоии инсонй дар ҳа-ёти мардумӣ дигаргуниҳои ҷиддии таърихй ба амал омаданд. Инсоният аз масраф барои захираи меҳнат ба тавлид ва истеҳсоли он қадам гузошта, ҷои шикор ва ғизоғундориро зироат ва чорводорӣ гирифт. Мада-нияти ҷомеаи ибтидой давра ва ё марҳилаҳои гуногун-ро ба монанди асрҳои сангӣ, биринҷӣ ва оҳаниро дар-бар гирифта, аз ҷиҳати дараҷаҳои баланди тараққиёти маданияти моддию маънавиашон фарқ мекарданд. Аз комёбию дастовардҳои мадании он давраҳо дар таъ-рихи башарият осорҳои зиёде боқӣ мондааст. Пас аз ин марҳилаҳо давлатҳои зиёде ба ҷои якдигар таъсис ёфта, аз худ меросҳои зиёде боқӣ гузоштаанд. Гуфта-ҳои боло имкон медиҳад, ки давраҳои тараққиёти ҷа-ҳонро аз давраи неолит, ки дар таърихи инсоният ҷа-ҳиши муҳиме рӯй дода буд одамон аз дасторандагони иқтисод ва хоҷагии истеҳсолкунанда ба зириаткорию чорводорӣ омада расидаанд.
Дигар хел карда гӯем, одамон на танҳо барои таъ-мини талаботи худ амал мекарданд, балки барои ин фаъолият роҳу усулҳо меандешиданд.Таърих шаҳодат медиҳад, ки аксари тамаддунҳои қадим маҳз дар со-ҳилҳои дарёҳо ба вуҷуд омадаанд. Дарёҳо дар ҳақиқат дар ҳаёти инсонияти ибтидоӣ нақши муҳимеро мебо-зиданд. Дарё одамони ибтидоиро на фақат бо хӯрока таъмин менамуд, балки онҳо тавассути дарёҳо аз ман-зили худ берун рафта, бо ҳаёти мардуми ҷаҳони ди-гар, тарзи зиндагӣ ва маданияти онҳо бевосита шинос мешуданд. Онҳо аз ҳамдигар меомӯхтанд ва таъсири худро ба ҳамдигар мерасониданд. Аз ин хстир олими рус Мечников Л.И. дарёҳоро «бузургтарин мураббиё-ни инсоният» номидааст.
Давраҳои маданияти ҷомеаи ибтидоӣ инҳоянд:

Давраи асри сангӣ
Давраи асри биринҷӣ
Давраи асри оҳан
ХУСУСИЯТҲОИ МАДАНИЯТИ ҶОМЕАИ ИБТИДОИ (МАДАНИЯТИ СИНКРИТӢ)

Бемақсадона будани
предметҳои ҷомеаи
ибтидоӣ

Соддалавҳона будани
предметҳои маданияти
ҷомеаи ибтидоӣ

Якҷоя будани предметҳои
маданияти моддӣ ва
маънавӣ

Дағал ва дурушт будани предметҳои ҷомеаи 1 ибтидой

Паст будани сатҳи маънавӣ (шуурнокӣ)

Истифодабари аз предметҳои тайёри табиат

Омехтагии предметҳои
маданияти моддию
маънавӣ

Меҳнати ҷисмониро
асоси комёбии маданият
эътироф кардан


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.