Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ДИНҲО ВА ПАЁМБАРОНИ ОНҲО

Дини зардуштӣ Зардушт 1000 то милод
Дини яҳудй Мусо- 1400 то милод
Дини масеҳй- Исои Масеҳ 1 то милод
Дини ҳиндуи Кришно 3000-1400 то милод
Дини ислом Муҳаммад (570-632)-и (УП)-и милодиДини зардуштӣ Зардушт 1000 то милод
Дини яҳудй Мусо- 1400 то милод
Дини масеҳй- Исои Масеҳ 1 то милод
Дини ҳиндуи Кришно 3000-1400 то милод
Дини ислом Муҳаммад (570-632)-и (УП)-и милоди
Дини баҳоӣ – Баҳоуллоҳ 1817- 1892 милодӣ ва Дини бобӣ – Боб 1819- 1850милодӣ
Дини буддоӣ Буддо 566 то милод

КИТОБҲОИ МУҚАДДАСИ ДИНҲО

«Таврот»- и Мусо
«Авасто»-и Зардушт
«Типитака»- и Буддо
«Инҷил»- и Исо
«Кодзик»-и Амитарас
«Қуръон»-и Муҳаммад
«Забур».- и Довуд

МАДАНИЯТ ВА ТАМАДДУН
Бештар аз ду аср аст, ки муҳаққиқон сари ин мав-зӯъ баҳс мекунанд ва ҳар нафаре аз диди хеш маданият ва тамаддунро аз ҷиҳати мустақилй ва фарқу робитаи онҳо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Агар фалсафаи маданият дар асрҳои ХУШ-Х1Х аксаран маданияту тамаддунро қариб ҳаммаъно дониста бошад, пас файласуфони асри XX ин мафҳумҳоро аз рӯи моҳияту аломатҳои дар худ доштаашон мустақил шинохта, ба маданият паҳлӯҳои мусбати ашёву падидаву ҳодисот ва ба тамаддун бисёр мавридҳо ҷиҳатҳои манфиро вобаста медонанд.
Фардо моро чӣ сарнавиште дар пеш аст? Ҳеҷ коре инсонро ба изтироб намеорад, магар ҷуз, ки тақ-дираш. Дар зиндагии худ халқҳои олам бӯҳронҳои шадидеро аз сар мегузаронанд, ки оид ба он мо бояд ҷиддитар андеша намоем. «Ақрабаки соати таърихи ҷаҳон, ишора ба соати шуми инсоният дорад, соате, ки торикӣ мерасад ва айни вақт аст то чароғ бигиронем ва ба шаб тайёрӣ бубинем» – навишта буд бо изтироб Н. А.Бердяев. Ин гуфтаҳои боло маънои онро дорад, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд ба фарҳангу тамаддуни гу-заштаи хеш назар кунад, онро омӯзаду баҳра барад, то ки дар оянда мушкилоти ҳаёти худро бартараф карда тавонад.
Бо ибораи дигар, агар маданият бо пайдоиши ин-сон ба вуҷуд ояд, тамаддун дар марҳилаҳои муайяни камолоти инсоният сурат мегирад. Дар адабиёти мо бошад вожаи «тамаддун» аз назари таркиб ва истилоҳ аз ҳамон мафҳуми маъмули маданият баромадааст. Аз рӯи моҳият ва фаҳмиши имрӯза бештар дараҷаи мин-баъдаи равнақи маданиятро дар зинаҳои баландтари тараққиёти ҷамъиятӣ дар назар дорад.
Аз нуқтаи назари А. Вебер маданият шаклҳои зо-ҳиршавии маънавиётро инъикос мекунад ва тамаддун хосияти фавқулодда хидматрасонӣ ва ёридиҳанда до-рад. Тамаддун бошад таърифи муайяну мушаххасро доро набуда, балки онро аз рӯи аломату нишонаҳояш аз маданият ҷудо мекунанд. Агар ба маданият беш-тар ҷанбаҳои маънавиро нисбат диҳанд, тамаддунро ҳаммаънои маданияти моддӣ мешуморанд. Тамаддун берунтари маданият, олами чизҳои моддии дигаргун-сохтаи одам, вале маданият бошад ин сарвати ботинии худи инсон мебошад. Яъне тамаддун зинаи баланди ҷамъиятию таърихиест, ки нерӯи тавонои илмию тех-никӣ дорад ва мутаносибан ба бештар ва самаранок аз худ кардани захираҳои табии ва фаровон шудани неъматҳои моддй мусоидат мекунад, ки моли онро дар нақша нишон хоҳем дод.
Дар таърихи маданият кӯшиши ба навъ (тип)-ҳо ҷудо кардани тамаддун ба назар мерасад. Аз рӯи да-раҷаи инкишофи истеҳсолии ҷамъият. тамаддунҳо индустрӣ, постиндустрӣ, технотронӣ ва аз рӯи хусу-сиятҳояшон минтақавӣ ва мазҳабӣ низ мешаванд, ки давраҳои гуногунро дарбар мегиранд. Масалан: та-маддуни Шарқи бостонӣ, тамаддуни Атиқаи Аврупо, тамаддуни Африқо, тамаддуни Амрико, тамаддуни Миср, тамаддуни Ҳинд, Чин, Эрон, Юнон, Рим, та-маддуни исломӣ, масеҳӣ, буддоӣ, ва ғайраҳоро номбар намудан мумкин аст. Бояд гуфт, ки барои пешрафти тамаддуни ислом дар давраи ҷаҳони муосир саҳми ша-ҷарраи Оғохон ниҳоят бузург аст. Бо кӯмаки эшон дар мамлакатҳои зиёди Шарқу Ғарб иншоотҳои бузурги маданию истеҳсолӣ бунёд карда шудааст, ки ба ман-фиати мардуми ҷомеа мебошад. Вале меъёри таърихӣ танҳо ба давраи муайяни инкишофи ҷамъияти инсонӣ такя мекунад, ки се давраи тӯлонӣ ба монанди «Тамад-дуни Атиқа», «Тамаддуни асримиёна» ва«Муосир»-ро дарбар мегирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.